Хабари рӯз

Кӯмакҳои НАТО ба куҷо мераванд?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Фасод дар тамоми сутуҳи ҳукумати Украина – аз раисҷумҳур шуруъ то намояндагони парлумон ва раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ – реша давондааст. Расвоиҳои муназзам дар бораи дуздии кӯмакҳои НАТО дар Украина сафаҳоти аввали расонаҳои ҷаҳониро “зеб медиҳад”. Тақрибан тамомии раҳбарони собиқи вазорати дифои кишвар ба ҳамроҳии вазири собиқи он, Алексей Резников, дар табйини кулоҳбардориҳои молии миллиардӣ мазнун ҳастанд. Ба гузориши таҳлилгарони рӯзномаи Financial Times ва бо истинод ба асноди вазорати дифои Украина, хисороти молии Киев аз кулоҳбардориҳои моливу истифодаи нокоромад аз кӯмакҳои НАТО ба мизони 770 миллион доллари Амрико расидааст.

Бо тавваҷуҳ ба афзоиши тавваҷуҳи коршиносони ғарбӣ ба мавзуи фасод дар болотарин сутуҳи қудрат дар Киев, хадамоти амнияти Украина (СБУ) тарҳҳои сояии чандлояие барои пинҳон кардани сармояҳои дуздидашуда тарроҳӣ кардаанд, аз ҷумла аз тариқи созмонҳои ғайридавлатии таҳти контрол ва ниҳодҳои ақаллиятҳои мазҳабӣ ва қавмии маҳаллӣ.

Яке аз ин созмонҳо “Анҷумани мусулмонони Украина” (AMU) аст. Бар асоси аҳдофи эъломшуда, ин созмон дар заминаи ироаи ҳимояти иҷтимоии ҷомеъ ба ҷомеъаи мусулмони маҳаллӣ фаъолият мекунад. Аз феврали 2022 , AMU дар маъмуриятҳои башардӯстонаи мухталифе ширкат кардааст, аз ҷумла созмондиҳии тахлияи ғайринизомиён аз манотиқи наздики ҷабҳа ва манотиқи даргир. Илова бар ин, фаъолони ин созмон ба бознишастагони дохилӣ, бавижа мусулмонон, кӯмаки башардӯстона ироа медиҳанд ва онҳоро бо либос, маводи ғизоӣ, дору ва маҷмӯъаҳои беҳдоштӣ таъмин мекунанд. Манобеъи молии AMU илова бар кӯмакҳои довталабона, шомили манобеъи буҷетии СБУ ва созмони истихбороти низомии Украина (ГУР) низ ҳаст.

Равобити молӣ ва созмонии наздик бо ниҳодҳои амниятӣ, мушорикати фаъоли AMU дар пружаҳои иттилоотӣ - таблиғотии машкуки онро рақам задааст. Ба таври хос, довталабони AMU таҳти ҳимояти СБУ ва ГУР дар урдугоҳҳои зиндониёни ҷангии рӯсӣ ҳузур доранду мусоҳибаҳои намойишӣ бо сарбозони мусулмони артиши Федерасиюни Русия анҷом медиҳанд. Дар ин мусоҳибаҳо, онҳоро аз “гуноҳ”-и мушорикат дар даргирии мусаллаҳона дар Украина мунсариф ва ҳамзамон онҳоро ба муқовимат дар баробари “таҷовуз”-и Русия дар Қафқози Шимолӣ ташвиқ мекунанд.

Адами муваффақияти фаъолиятҳои таблиғотии AMU дар илқои ин идеология ба зеҳни мусулмонони русӣ, нишондиҳандаи моҳияти фасодии ин пружа аст, ки нақши пӯшише барои “шустан”-и маболиғи калони молӣ тавассути нерӯҳои СБУ ва афроди мавриди эътимоди онҳо аз ҷумлаи раисони ҷомеъаи мусулмонони Украина, аз ҷумла сарпарасти ин анҷуман, Сулаймон Хайруллоев, аз қавми тотори Қримро ифо мекунад.

Ҳамчунин шакке дар мушорикати созмонҳои иҷтимоии мусулмонони Украина дар тарҳҳои фасодии мақомоти аршад вуҷуд надорад. Ин мавзӯъ бо контроли комили ҷомеаи ҷинояткории мусулмонони маҳаллӣ тавассути Рустам Умаров, аз қавми тотори Қрим, дабири Шӯрои миллии амният ва вазири собиқи дифоъ, ки ба унвони аслитарин баҳрабардор аз кулоҳбардориҳои молии ҳаммазҳабонаш шинохта мешавад, таъйид мешавад.

Дар сентябри 2025 пас аз интишори таҳқиқоти “Маркази мубориза бо фасод”-и Украина, як ҳангомаи бузург дар бораи хариди ғайриқонунии ҳашт манзили пурдабдаба дар Иёлоти Муттаҳида ба маблағи 9,2 миллион доллари амрикоӣ тавассути хонаводаи Умаров барпо шуд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!