Аз саросари Афғонистон, бахусус, шаҳри Кобул иттилооти мувассақе дар дастраси "Сангар" қарор гирифтаанд, ки шаҳодат аз шиддати фаъолиятҳои ДОИШ мекунанд. Толибон ба расонаҳо ҳушдор додаанд, то аз арзёбии ахбори марбут ба ДОИШ худдорӣ кунанд. Ҳамзамон, бино ба иттилои восила, раҳбари "ДОИШи Хуросон" - Шаҳоб ал-Муҳоҷир ё "Усомаи дуввум" миёни Кобулу Нангарҳор равуо мекунад ва аз "Шабакаи Ҳаққонӣ" фармон мебарад. Ин мавзӯъро "Сангар" пайгирӣ дорад ва хонандагонашро дар ҷараёни ҳаводис хоҳад гузошт.
Муаллиф: МАҲФУЗ
Амрико ва «Толибон»* дар ҳоли иҷроӣ кардани тарҳҳои муштараке ҳастанд, ки дар замимаҳои пинҳони тавофуқномаи Доҳа рехта шудааст:
АВВАЛ:
Музокироти махфӣ ва алании «Толибон» бо амрикоиҳо бар сари панҷ пойгоҳи низомии Амрико дар Афғонистон ва кунтрули ҳарими ҳавоии Афғонистон тавассути Амрико аст. Агар «Толибон» ин ду хости Амрикоро қабул кунад (,ки мекунад) равобити Амрико ва «Толибон»* одӣ мешавад.
«Толибон» аз тарси аносири зиддиамрикоӣ ва зидди ишғол дар суфуфи худ, зоҳиран аз пазириши ин ду хост иҷтиноб мекунад, аммо бо гузашти замон муқаддамоти ин пазириш фароҳам хоҳад шуд. Аносири зиддиамрикоӣ ё кушта, ё мунзавӣ ва тазъиф, ё аз саф берун ва ё ҳам муҷоб ба пазириш мешаванд. Ҳамкории истихборотӣ байни Амрико ва «Толибон» дар ин замина ҷараён дорад. Комиссияи тасфия суфуф дар иҷрои ин маъмурият нақши калидӣ дорад. Ин ки Аббос Истоникзай бо итминон аз одӣ шудани равобит бо Амрико сухан мегӯяд ва лафзи “иншоаллоҳ”-ро ба кор мебарад, тасодуфӣ нест. Ӯ тавре вонамуд мекунад, ки одӣ шудани робита бо Амрико як кори хайр аст ва аносири мухолиф бояд ин нуктаро дарк кунанд.
Истоникзай мармузтарин ва шайёдтарин чеҳра дар раҳбарии «Толибон» аст, ки тарроҳи ҳамкориҳои муштарак байни Амрико ва «Толибон» ҳамун аст. Ӯ дар муовинияти вазорати хориҷа рӯи тақвияти равобит бо Амрико сахт кор дорад. Дар ибтидои кор як миқдор вай мунзавӣ шуд, аммо бо афзоиши фишори иқтисодии Амрико дубора ба саҳна омад ва бо таъсири каломи қудратманд, бар лузуми беҳбуди равобит бо Амрико таъкид кард.
ДУЮМ
Пулҳои Афғонистон, ки Амрико масдуд карда, ба зарари «Толибон» на, балки як иқдоми санҷидашуда ба нафъи «Толибон» аст. Агар ин пулҳо дар ихтиёр «Толибон» мебуд, то ҳоло ҳайфу майл мешуд ва пуштувонаи молии «Толибон» аз байн мерафт. Амрикоииҳо мунтазиранд, ки низоми «Толибон» мустақартар шавад ва зарфияти истифодаи беҳина аз пулҳоро пайдо кунад. Дар воқеъ масдуд шудани пулҳо як иқдоми барномарезишуда ва тасмими муштарак байни ҳалқаи аслии тасмимгирии «Толибон» ва амрикоиҳо будааст. Ин кор се ҳадафро думбол мекунад: 1) аз ҳайфу майл ҷилавгирӣ мекунад ва эътибори молии «Толибон»-ро ҳифз мекунад; 2) баҳонаи идомаи гуфтугӯ байни Амрико ва толиб, ки рӯйи мавзӯъоти махфӣ анҷом мешавад, фароҳам мешавад; 3) афрод ва ҳалақоте миёни «Толибон», ки мухолифи равобити Амрико ва «Толибон»-анд ва диди сирфан ҷиҳодӣ ва эътиқодӣ ба масоил доранд, муҷоб мешаванд, ки робита доштан бо Амрико ба хайри иморат аст.
СЕЮМ
Музокироти толиб ва Амрико дар бораи «ДОИШ»* ба ин мавзӯъ тамаркуз надорад, ки чӣ гуна бо «ДОИШ» мубориза шавад, балки ҳадаф ин аст, ки «Толибон» бо «ДОИШ» чӣ гуна ҳамкорӣ кунанд. Амрико аз «Толибон» мехоҳад, ки заминаи ҳузур резерфӣ ва ихтифои «ДОИШ»-ро фароҳам созад. Ин як замонати иҷроӣ барои амал кардани «Толибон» ба тааҳҳудоташ дар қиболи Амрико аст. Ҳаргоҳ «Толибон» бихоҳад аз иҷрои тавофуқот бо Амрико сар боз бизанад, «ДОИШ» алайҳ толиб истифода хоҳад шуд. Амрико ҳамон гуна, ки дар фикри ҳифзи султаи ҳавоӣ дар Афғонистон аст, аз «ДОИШ» низ ҳамчун нерӯи заминии пиёданизом ба шакли ниёбатӣ истифода мекунад. «ДОИШ» мисл чашму гӯши Амрико дар Афғонистон фаъол мемонад. Толиб чорае ҷуз тавофуқ бо Амрико надорад. Балки Амрико ва «Толибон» дар ҳоли иҷроӣ кардани тарҳҳои муштараке ҳастанд, ки дар замоими пинҳони тавофуқномаи Доха рехта шудааст.