Дидори ҳайати покистонӣ бо намояндагони Мулло Ҳибатуллоҳ чӣ гуна гузашт?
Нависанда: Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири пешини адлияи Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Манобеъи муътабар гузориш додаанд, ки ҳайате аз Покистон ба раёсати генерал Иноят Ҳусайн, рӯзи 22 октябр ба Қандаҳор сафар кардааст. Ин ҳайат муташаккил аз чаҳор узви бахшҳои амниятӣ ва як намояндаи вазорати хориҷаи Покистон буда ва масъулони умури консулии ин кишвар дар Кобул ва Қандаҳор низ дар он ҳузур доштаанд.
Бар асоси иттилооти манобеъ, аъзои ҳайат соати 9-и субҳи ҳамон рӯз аз тариқи Спинбулдак вориди Афғонистон шуданд, дар Қандаҳор бо мақомоти Толибон дидор карданд ва соати 10-и шаб ба Кветта бозгаштанд.
Дар ин дидор, Мулло Ширин, волии Қандаҳор, Мулло Толиб, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, Садр Иброҳим, муовини вазорати дохилаи Толибон, Муфтӣ Лутфуллоҳ Ҳакимӣ, сармуфаттиши вазорати дифоъи Толибон, ва Мулло Абдулқуддус, раиси истихбороти низомии Толибон, ҳузур доштанд. Гуфта мешавад ин мақомҳо аз Кобул ба Қандаҳор рафта буданд.
Ҳайати покистонӣ панҷ мавзӯъи асосиро бо Толибон матраҳ кардааст:
1 - Таҳвили раҳбарони Таҳрики Толибони Покистон: Покистон хостори таҳвили раҳбарони Таҳрики Толибони Покистон шудааст, ки дар Афғонистон ба сар мебаранд. Гуфта мешавад Исломобод нишонӣ ва мухтассоти маҳалли ҳузури ҳар як аз ононро дар ихтиёри Толибон қарор додааст.
2 - Ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни афғон ба Покистон: Ҳайати покистонӣ хостори ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни афғон ба хоки Покистон ва мушорикати онон дар даргириҳои мусаллаҳона алайҳи ҳукумати ин кишвар шудааст.
3 - Фурӯши амлоки Толибон дар Покистон: Покистон хостори фурӯши хонаҳо, амлок ва дороиҳои Толибон дар ин кишвар ба ҳукумати Покистон ва тарки доимии ин кишвар аз сӯи соҳибони ин амлок шудааст.
4 - Бастани консулгарии Ҳинд дар Ҷалолобод: Ҳайати покистонӣ хостори баста шудани қунсулгарии Ҳинд дар Ҷалолобод шудааст.
5 - Ҷилавгирӣ аз интиқоли кӯмакҳои лужистикии Русия ба Эрон: Покистон хостори ҷилавгирӣ аз интиқоли кӯмакҳои лужистикии Русия аз масири Афғонистон ба Эрон шудааст. Бар асоси иттилооти манобеъ, ин хост бештар дар ростои манофеъи муттаҳидони Покистон матраҳ шудааст.
Мавзеъи Толибон дар баробари хостҳои Покистон
Бар асоси иттилооти манобеъ, Толибон дар мавриди таҳвили раҳбарони Таҳрики Толибони Покистон мавзеъи мусбат нишон додаанд; аммо дар муқобил, хостори баста шудани тамоми дафотир ва марокизи омӯзишии мухолифони худ дар хоки Покистон шудаанд.
Толибон дар ин замина аснодеро ба тарафи покистонӣ ироа кардаанд, ки ба гуфтаи онон, ҳузури дафотир ва марокизи омӯзишии мухолифони Толибон дар Покистон ва вуруди афроди мусаллаҳ аз хоки ин кишвар ба Афғонистон бо ҳимояти омӯзишӣ ва лужистикии Покистонро нишон медиҳад. Дар ин замина, ба даргириҳои Нуристон низ ишора шуда аст.
Дар мавзӯъи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни афғон ба Покистон низ Толибон посухи мусбат додаанд; аммо хостор шудаанд имконот ва будҷае, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ғарбӣ барои ин манзур дар ихтиёри Покистон қарор медиҳанд, ба Толибон мунтақил шавад.
Истидлоли Толибон ин будааст, ки бидуни таъмини имконот ва манобеъи молии лозим, тавоноии кофӣ барои контроли марзҳои шарқӣ ва ҷанубии Афғонистонро надоранд.
Дар мавриди фурӯши амлок ва дороиҳои Толибон дар Покистон низ ин гурӯҳ мувофиқат кардааст; машрут бар ин ки ҳукумати Покистон ин амлокро мутобиқи нархи рӯзи бозор харидорӣ кунад.
Дар бораи консулгарии Ҳинд дар Ҷалолобод, Толибон гуфтаанд, ки бо баста шудани он мувофиқанд; аммо дар муқобил, консулгарии Покистон дар ҳамон шаҳр низ бояд баста шавад.
Дар хусуси интиқоли кӯмакҳои лужистикии Русия аз масири Афғонистон ба Эрон, Толибон ин мавзӯъро рад кардаанд ва таъкид кардаанд, ки дар мунозиъоти миёни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои арабӣ бо Эрон, ҷониби Эронро нахоҳанд гирифт.
Муҳлати якмоҳа ва чашмандози равобити Покистон ва Толибон
Бар асоси иттилооти матраҳшуда, ду тараф барои иҷрои таъаҳҳудоти мавриди баҳс, муҳлате якмоҳа таъйин кардаанд. Бо ин ҳол, бо таваҷҷуҳ ба ихтилофоти амиқ ва беэътимодии мутақобил, амалӣ шудани ин тафоҳумҳо бо душвориҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад буд ва эҳтимоли ташдиди таниш миёни Покистон ва Толибон дар моҳҳои оянда вуҷуд дорад.
Покистон дар ду соли гузашта дар бархӯрд бо Толибон сиёсати якнавохте надошта ва миёни ташдиди фишорҳо ва талош барои коҳиши таниш дар навасон будааст. Ин рӯйкардро метавон бахше аз талоши Исломобод барои ҷалби ҳимояти кишварҳои минтақа, ҳамсоягони Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ғарбӣ дар мунозиъа бо Толибон донист.
Дар муқобил, таъомул ва ҳимояти тактикии Русия ва Эрон аз Толибон, муҳосиботи минтақаии Покистонро печидатар сохтааст. Ин вазъият, дар канори ихтилофоти амниятии ду тараф, чашмандози дастёбӣ ба тафоҳуме пойдорро душвор месозад.
Ба назар мерасад муҳлати якмоҳа, ба ҷои он ки ба ҳалли ихтилофоти бунёдӣ мунҷар шавад, заминаи даври тозае аз фишор ва тақобул миёни Покистон ва Толибонро фароҳам кунад. Агар ду тараф натавонанд ба таъаҳҳудоти мавриди баҳс амал кунанд, эҳтимоли тиратар шудани равобит ва ташдиди буҳрон дар моҳҳои оянда ҷиддӣ хоҳад буд.