Хабари рӯз

Лондон чӣ гуна дар ҷиноятҳои Адураҳмонхон ҳамдаст буд?

Нависанда: Ҷамол Содиқӣ, расонаи “Котиб”

Дар таҳлили саркӯби густурдаи ҳазораҳо дар даҳаи 1270 хуршедӣ (1891–1893 мелодӣ), наметавон нақши қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии вақтро нодида гирифт. Баррасии асноди бойгонии Ҳинди Бритониёӣ (India Office Records) исбот мекунад, ки Императории Бритониё на танҳо аз тамоми абъоди ин фоҷеаи инсонӣ огоҳии комил дошт, балки бо иттихози сиёсати “сукути огоҳона” ва ироаи пуштибонии таслиҳотӣ ва молӣ, амалан заминаи тасҳили ин ҷиноятро фароҳам кард.

Ин ҳамдастии таърихиро метавон дар се меҳвари калидӣ баррасӣ кард:

1 - Стратегияи “давлати ҳоил” дар Бозии Бузург:

Дар авохири қарни нуздаҳум, рақобати шадид миёни Императории Бритониё ва Русияи Подшоҳӣ (маъруф ба Бозии Бузург) бар сари тасаллут бар Осиё ба авҷи худ расида буд. Авлавияти бунёдини дипломатҳои бритониёӣ дар Деҳлӣ ва Лондон, эҷод ва ҳифзи як “давлати ҳоил” (Buffer State)-и муқтадир ва мутамаркиз дар Афғонистон буд, то монеъи нуфузи Русия ба самти Ҳиндустон шавад. Аз дидгоҳи Лондон, Абдурраҳмонхон ҳамон “марди оҳанин”-и мавриди ниёз барои якпорчасозии кишвар буд ва саркӯби худмухториҳои маҳаллӣ, баҳои лозим барои тасбити ин ҳукумати марказӣ талаққӣ мешуд.

2 - Огоҳии комил дар айни беамалии дипломатӣ:

Гузоришҳои рӯзонаи ахборнависон ва намояндагони Бритониё дар Кобул, Қандаҳор ва Кветта нишон медиҳад, ки ҷузъиёти кушторҳо, бозорҳои бардафурӯшӣ, калламанорҳо ва оворагии ҳазораҳо лаҳза ба лаҳза ба ноибуссалтанаи Ҳинд гузориш мешуд. Бо ин ҳол, Бритониё ҳеҷ гоҳ аз абзорҳои дипломатӣ ё сиёсии худ барои фишор бар Амир ва таваққуфи ҷиноёт алайҳи ғайринизомиён истифода накард.

3 - Таъмини таслиҳот ва манобеи молии мошини ҷангии Амир:

Пуштибонии Бритониё аз Абдурраҳмонхон танҳо ба сукути сиёсӣ маҳдуд намонд; Бритониё солона субсидияи молии сангине (байни 12 то 18 лак рупия) ба ҳукумати Кобул мепардохт ва таҷҳизоти модерни низомӣ, аз ҷумла тӯпхона ва туфангҳои пешрафтаи “Мартини Ҳенри”-ро дар ихтиёри артиши Амир қарор медод. Силоҳҳое, ки сангарҳои муқовимати ҳазораҳоро дар сахраҳои Урузгон дарҳам кӯбиданд, мустақиман аз сӯхти молӣ ва таслиҳотии Императории Бритониё тағзия мешуданд.

Бино бар ин, саркӯби ҳазораҳо фақат як фоҷеаи дохилӣ набуд, балки маҳсули “реалполитик” (сиёсати воқеъгароёнаи орӣ аз ахлоқ)-и Императории Бритониё буд, ки ҳуқуқи башар ва каромати инсонии ҳазорон танро қурбонии манофеи геополитикии худ дар минтақа кард.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!