Хабари рӯз

Ин тавофуқ иҷро нахоҳад шуд; Эрон мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт

Нависанда: Профессор доктор Муҳаммад Усмон Рӯҳонӣ (Афғонистон)

Бандҳои тавофуқи пешниҳодӣ миёни Яман ва Арабистони Саудӣ, бо миёнҷигарии Эрон ва тазминҳои Туркия ва Покистон:

1 - Таваққуфи ҳамалот: Таваққуфи фаврӣ ва доимии бомбаборони ҳавоии Арабистони Саудӣ дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Яман, ҳамзамон бо таваққуфи фаврӣ ва доимии ҳамалоти мушакӣ ва ҳамалоти паҳподии Яман ба тамоми манотиқи хоки Арабистони Саудӣ.

2 - Табодули асро ва зиндониён: Озодии тамоми асирони саудии мавҷуд дар Яман ва таҳвили пайкарҳои кушташудагони саудӣ; ҳамзамон бо озодии феҳристе аз зиндониён, ки аз сӯи ҳукумати мустақар дар Санъо ироа шудааст ва шомили теъдоде аз аъзои Ҷунбиши муқовимати исломии “Ҳамос” мешавад.

3 - Бозгушоии фурудгоҳҳо ва бандарҳо: Бозгушоии тамоми фурудгоҳҳо ва бандарҳои Яман ва Арабистони Саудӣ ва тазмини озодии тараддуди ҳавоӣ ва дарёӣ, бидуни ҳеҷ гуна истисно ё табъиз, мутобиқ бо хости ширкатҳои ҳамлу нақл ва тиҷорӣ ва ба дур аз маҳдудиятҳои сиёсӣ ва низомӣ, таҳдидҳо, қаймумият ё бозрасиҳое, ки ҳар як аз тарафҳо алайҳи тарафи дигар эъмол кунад.

4 - Адами анҷоми амалиёти заминӣ: Ҳар ду тараф мутааҳҳид мешаванд, ки барои ҳеҷ гуна амалиёти заминии нерӯҳои яманӣ дар дохили хоки Арабистони Саудӣ ё амалиёти заминии нерӯҳои саудӣ дар дохили хоки Яман барномарезӣ накунанд, дар он мушорикат надошта бошанд ва аз он ҳимоят накунанд.

5 - Хуруҷи нерӯҳои саудӣ: Хуруҷи комили Арабистони Саудӣ аз тамоми манотиқи хоки Яман ва поён додан ба ҳар гуна ҳузури низомии саудӣ дар дохили марзҳои Ҷумҳурии Яман.

6 - Қатъи ҳимоят аз тарафҳои мухолиф: Арабистони Саудӣ мутааҳҳид мешавад, ки мизбонӣ, таъмини молӣ, таслиҳ ё ҳар гуна ҳимояти сиёсӣ, расонаӣ, низомӣ ё молӣ аз ҳар тарафи ямании мухолифи ҳукумати мустақар дар Санъоро ба таври комил мутаваққиф кунад. Дар муқобил, тарафи яманӣ низ мутааҳҳид мешавад, ки аз ҳеҷ гурӯҳи саудии мухолифи Арабистони Саудӣ ҳимоят накунад, ба он паноҳ надиҳад, онро таъмини молӣ накунад ва ба он силоҳ надиҳад.

7 - Эҳтиром ба ҳокимияти мутақобил: Ҳар ду тараф мутааҳҳид мешаванд, ки ба ҳокимияти якдигар эҳтиром бигузоранд ва аз ҳар гуна дахолати мустақим ё ғайримустақим дар умури дохилӣ ё муноқишаҳои сиёсӣ ва низомии тарафи муқобил худдорӣ кунанд.

8 - Поёни расмии ҷанг: Ду тараф мутааҳҳид мешаванд, ки дар ду баёнияи ҷудогона, поёни вазъияти ҷанг миёни худро расман эълом кунанд ва соири тарафҳои яманиро озод бигузоранд, то дар бораи ояндаи Яман, бидуни қаймумияти хориҷӣ аз сӯи ҳеҷ тарафе, бо ҳукумати мустақар дар Санъо музокира кунанд.

Табсира: Ин тавофуқ шомили ҳеҷ гуна амалиёти низомӣ дар дохили хоки Яман ё даргирӣ бо тарафҳое, ки иртиботе бо ин тавофуқ надоранд, намешавад.

Тазминҳои иҷрои тавофуқ

Эрон ва Салтанати Уммон нақши миёнҷӣ ва тасҳилкунандаи иҷрои тавофуқро бар уҳда мегиранд; дар ҳоле ки Туркия ва Покистон тазминҳои сиёсӣ ва амниятӣ барои иҷрои он ироа мекунанд. Ҳамчунин, созукоре рӯшан барои ростиозмоии тааҳҳудот ва ҷилавгирӣ аз нақзи тавофуқ эҷод хоҳад шуд, то поёни даргириҳо тазмин шавад ва сафҳаи ҷадиде дар равобити миёни ду тараф гушуда шавад.

Ман ба ин назар ҳастам, ки ин тавофуқ иҷро нахоҳад шуд; Эрон мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт ва Эрон низ дар посух, минтақаи Халиҷи Форсро ба оташ хоҳад кашид.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!