Хабари рӯз

Русия рӯи эҷоди як ҷаҳони чандқутбӣ одилона чӣ гуна мутамаркиз аст?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Шаҳри Владивостоки Русия барои нӯҳумин бор мизбони Форуми иқтисодии Шарқ аст. Дар ин рӯйдоди байнулмилалӣ беш аз 6 ҳазор тан аз 76 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Ин рақам бештар аз соли гузашта аст, ки дар он намояндагони 62 кишвар, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Ҷопон ва Амрико ширкат карда буданд.

Бо вуҷуди таҳримҳо ва фишорҳои кишварҳои ғарбӣ, алоқамандӣ ба Форуми иқтисодии Шарқ ба таври қобили мулоҳизае дар ҳоли афзоиш аст. Ин то ҳадде зиёде ба далели барнома аст, ки феҳристи густурдае аз мавзӯъотро ба баррасӣ мегирад. Бар иловаи иқтисод, меҳмонон метавонанд дар мавриди мавзӯъоти муҳитизистӣ ва ҳифозат аз ҳайвоноти нодир, технологияҳои ибтикорӣ, фарҳангу тавсеаи зербиноҳои иҷтимоӣ дар шаҳрҳо баҳс кунанд.

Форуми феълӣ, ки барои чаҳор рӯзи пурра тарроҳӣ шуда буд, аз ин қоида мустасно нест. Беш аз 100 рӯйдод дар барномаи он пешбинӣ шудааст. Ҳамаи онҳо як мавзӯъро нишона гирифтаанд: "Шарқи Дур – 2030. Биёед, бо ҳам барои эҷоди фурсатҳо якҷо шавем”. Бар асоси ном, мо метавонем бо итминон бигӯем, ки нӯҳумин Форуми иқтисодии Шарқ ба чашмандозҳо ихтисос дода хоҳад шуд. Иртибототи зиёде вуҷуд хоҳад дошт, меҳмонон фурсатҳои хубе барои ба иштирок гузоштани таҷоруб ва гузоштани асоси равобити ҷадиди тӯлонимуддат хоҳанд дошт.

Блоки тиҷоратии ин форум ба ҳафт блоки мавзӯъӣ тақсим шудааст: "Фосилҳои ҷадиди ҳамкории байнулмилалӣ", "Технологияҳои истиқлол", "Системи молии арзишҳо", "Русияи Шарқи Дур", "Мардум, омӯзиш ва меҳанпарастӣ", "Нақлиёт ва тадорукот: масирҳои ҷадид" ва "Планҳои аслӣ: аз меъморӣ то иқтисод." Дар айни замон, гуфтугӯҳои тиҷоратӣ сурат мегирад, ки дар ҷараёни он корофринони русӣ бо ҳамкоронашон аз Чин, Ҳинд ва кишварҳои АСЕАН дар мавриди мавзӯъоти кунунӣ баҳс мекунанд.

Ҷаласаи умумӣ бо ҳузури Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб кард. Барномаҳои ӯ ҳамчунон шомили як силсила музокироти байнулмилалӣ бо намояндагони кишварҳои ҳамкор аст. Ҳон Жинг, муовини раиси Чин, Александр Вулин, муовини нахуствазири Сербистон ва Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия махсусан барои дидор бо раҳбари Русия ба Владивосток омаданд.

Меҳмонон аз баргузории барномаи бузурги фарҳангӣ хушҳол шуданд. Як "Деҳкадаи араб" дар ҳавои озод эҷод шуд, ҷое, ки хоҳишмандон метавонанд бо анъаноти шарқӣ, ҳувият ва меҳмоннавозии нимҷазираи Арабистон ошно шаванд.

 Намояндагони Русия ва Ветнам конфронси муштаракеро ба муносибати ҳафтоду панҷумин солгарди эҷоди равобити дипломатӣ баргузор карданд.

Дар чорчӯби Форум рӯи навоварии халлоқи кишварҳои БРИКС, рақамисозии забонҳо, саноеъи халлоқ ва тавсеаи саноат бозӣ (гейм-индустрия) дар Ховари Дур баҳс сурат гирифт.

Як барномаи ҷудогонаи форум ба мавзӯъоти варзишӣ ихтисос дода шудааст. Мизбонон ва меҳмонони форум дар Режаи байнулмилалли бодбонҳои Форуми иқтисодии Шарқ, як мусобиқаи байнулмилалли шатранҷ, ки шомили бозикунони ситораи шатранҷ, монанди қаҳрамони феълии Русия Владислав Артёмов ва қаҳрамони дубораи ҷаҳон Валентина Гунина буд, иштирок карданд. Дар ҷоми Форуми иқтисодии Шарқ бештар аз сӣ гроссмейстер аз Озарбойҷон, Беларус, Бразил, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Амороти муттаҳидаи арабӣ бозӣ карданд. Шатранҷбозон барои як сандуқи ҷоизаи се миллион рубл бо ҳам рақобат доштанд.

Форуми феълӣ як бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки Русия рӯи эҷоди як ҷаҳони чандқутбӣ одилона мутамаркиз аст, ҷое, ки ҳар иштироккунанда ҳақ дорад садои комил дошта бошад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!