Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар соли 1988 таваллуд шудааст, на 1989.
ДУШАНБЕ, 11 июл - Сангар, Фирдавси Низом. Бо ин ҳол, ҳаводорони Ҷабҳаи муқовимат имсол ба иштибоҳ ӯро бо 34-солагӣ табрик гуфтанд.
“Сангар” як сол пеш дар матлабе навишт, ки Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон 10 июли 1988 (19 тир (саратон) – и 1367) дар рустои Пиюи вулусволии Варсаҷи вилояти Тахори Ҷумҳурии демократии Афғонистон ба дунё омадааст.
Аммо имсол ҳаводорони Ҷабҳаи муқовимат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ба 34-солагӣ табрик гуфтанд. Шояд ин иштибоҳ ба ин далел бошад, ки дар тамоми манобеъи интернетӣ соли таваллуди Аҳмади Масъуд 1989 зикр шудааст.
Ҳеҷ як аз бастагон, дӯстон ва ҳамсангарони наздики падари Аҳмади Масъуд натавонистанд ба “Сангар” бигӯянд, ки вай дақиқан дар кадом сол таваллуд шудааст, зеро фақат теъдоди каме аз бастагони модараш аз таваллуди ӯ иттилоъ доштанд ва пайвандони худи Аҳмадшоҳ Масъуд, аз ҷумла падараш, танҳо як сол баъд аз меҳмони нав дар хонадони худ иттилоъ пайдо карданд.
Ин ҷузъиёт дар китоби Сиддиқа Масъуд, модари Аҳмади Масъуд, ки бо унвони “Масъуд ба ривояти ҳамсараш” мунташир шуда, тавзеҳ дода шудааст. Ӯ дар ин китоб ба сароҳат мегӯяд, ки писараш Аҳмад дар тобистони 1367-и хуршедӣ ё 1988 мелодӣ ба дунё омад.
Ба гуфта хонум Масъуд, Аҳмадшоҳ Масъуд 20 рӯз пас аз таваллуди писараш аз Панҷшер ба дидор писараш ба рустои Пиюи Тахор омад ва пас аз бозгашти ӯ ба ҷабҳа, ҳамлаи ҳавоии Шӯравӣ сари онҳо сурат гирифт.
Сиддиқа Масъуд менависад: “Моҳҳо буд, ки аз бамборонҳо хабаре набуд. Понздаҳ рӯз баъд аз омадани шавҳарам ҳамалоти ончунон ваҳшиёна ва ногаҳонӣ шурӯъ шуд, ки маҷбур шудем бидуни ин ки ҳатто фурсат кунем, то бо худ чизе бардорем, бо шитоб ба суф паноҳ бубарем ва пинҳон шавем. Мутталеъ шудем, ки шӯравиҳо аз вуҷуди мо бохабар шудаанд ва ҳоло ки аз ҳузури шавҳар ва фарзандам огаҳӣ доштанд, дигар моро раҳо намекарданд”.
Аз сӯи дигар, хурӯҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар 15 феврали 1989 (24 баҳмани 1368) сиҳати суханони модари Аҳмади Масъудро таъйид мекунад. Агар дар назар бигирем, ки соли таваллуди раҳбари Ҷабҳаи муқовимат 1989 аст, пас Аҳмади Масъуд тақрибан шаш моҳ пас аз хурӯҷи нерӯҳои Шӯравӣ ба дунё омадааст.
Аз ин хотир, бо дар назар гирифтани ду истидлол: аввал, достони модари Аҳмади Масъуд, ва дувум, таърихи хурӯҷи Шӯравӣ аз Афғонистон, метавон натиҷа гирифт, ки Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар соли 1988 ба дунё омадааст, на 1989.
Шӯрои мушовараи “Сангар” ҷаноби Аҳмади Масъудро ба 35-солагиаш табрик ва таҳният намуда, барои эшон орзуи саломатӣ ва муваффақият дар анҷоми маъмурияти таърихаш мекунад.