Толибон бо намояндагони истихбороти Амрико, Биритониё ва Покистон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Кобул нишасти маҳрамона баргузор карданд.
Кобул, 21 июл - Сангар, Фарзом Козимӣ. Нишасти дигаре дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх баргузор шуд.
Як манбаъ дар Раёсати умумии амнияти миллии Толибон ба хабарнигори “Сангар” гуфт, ки ин дидорҳо чаҳор рӯз пеш (17 июл) дар Кобул ва ду рӯз пеш (19 июл) дар Мазори Шариф баргузор шуд ва мавзӯъи аслии мавриди баҳс эҷоди як "ҷабҳаи ҷанубӣ" алайҳи Русия дар марзҳои Осиёи Марказӣ буд.
“Амрикоиҳо ва НАТО аз шикаст дар Украина бисёр нигарон ҳастанд. Акнун Толибонро таҳти фишор қарор медиҳанд то мутобиқи тавофуқи Доҳа амал кунанд. Толибон дар Доҳа ба амрикоиҳо тааҳҳуд супурда буданд, ки барои пешбурди сиёсати Амрико дар минтақа ҳамкорӣ хоҳанд кард. Аз ин рӯ, Амрико ба миллиардҳо доллар силоҳро ба онҳо таҳвил дода ва ҳафтагӣ 40 миллион доллар хироҷ медиҳад. Агарчи тибқи додаҳои мо, ин рақам, ки дар расонаҳо ироа мешавад, бисёр кам нишон дода мешавад”, - гуфт манбаъ.
Тавофуқнома Доҳа байни Амрикову Толибон дар 29 феврали 2020 ба имзо расид. Агарчи ба он "тавофуқномаи сулҳи Афғонистон" мегӯянд, аммо дар воқеъ бо таслими қудрат ба Толибон ва нерӯҳои террористии таҳт амри онҳо дар 15 августи 2021 такмил шуд ва то кунун се сафҳа аз ин санад мунташир шудааст. Бар асоси мӯҳтавои онҳо, Толибон муваззаф ҳастанд, ки амнияти Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонашро таҳдид накунанд ва аз ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ даст кашанд. Аммо ба гуфта шуморе аз сиёсатмадорони Афғонистон, ин тавофуқнома замимаҳои пинҳонӣ дорад, ки бар асоси онҳо, Толибон ба унвони “малишаҳои амрикоӣ” ё “Black Waters-и Афғонистон” муваззафанд мутобиқи нақшаҳои Амрико дар минтақа амал кунанд. Вазифаи аслии онҳо бесубот кардани Осиёи Марказӣ гуфта мешавад.
Манбаъи “Сангар” гуфт, ки амрикоиҳо дар нишасти маҳрамона дар меҳмонхонаи “Серена” аз Толибон хостанд, ки амалиёти низомиро дар марзҳои шимоли Афғонистон оғоз карда ва авзоъро дар кишварҳои Осиёи Миёна мутазалзил кунад, то русҳо аз он самт вориди ҷанг шаванд.
Ин манбаъ гуфт: “Амрикоиҳо бар инанд, ки кашондани Русия ба бесуботиҳо дар Осиёи Марказӣ, мувозинаи ҷанг дар Украинаро ба нафъи Амрико ва НАТО тағйир хоҳад дод”.
Ба гуфтаи вай, дар ин нишаст намояндагоне аз Раёсати умумии амнияти миллӣ, вазоратҳои умури дохила ва дифоъи Толибон, ки равобити хубе бо Амрико доранд, ҳузур доштанд.
“Ин ҳамон ҳалқаи Толибон аст, ки мехост бо Эрон ҷангро оғоз кунад. Аммо маълум нест, ки онҳо дар ин ҷаласа бар сари чӣ чизе тавофуқ кардаанд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд: ин нишаст дар толоре дар канори дафтар СиАйЭй (Созмони истихбороти марказии Амрико) дар меҳмонхонаи “Серена” баргузор шуд ва тавассути фарде бо номи мустаори "Ричорд", афсари амрикоӣ, идора мешуд.
Манбаъи “Сангар” гузориш медиҳад, ки ин мавзӯъ ва ҳамчунин теъдоде аз иқдомот алайҳи Эрон дар нишасти дигар дар Мазори Шариф низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
“Амрикоиҳо ба Толибон гуфтанд, ки гурӯҳҳои тарафдори Русия ва Эрон метавонанд дар иҷрои тарҳи онҳо халал расонанд. Аз ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки нерӯҳои ҷангҷӯёни хориҷӣ, қабл аз ҳама Таҳрики Толибони Покистон (TТП) таҳт пӯшиш ноқилини муҳоҷир ба вилоятҳои шимолӣ мунтақил шаванд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манобеъи “Сангар”, чанд рӯз пеш 300 ҷангҷӯи ТТП таҳти пӯшиши ноқилин ба Дараи Ашраф ва Боғи Вазири вулусволии Толаву Барфаки вилояти Бағлон ҷобаҷо шуданд. Барои ҳамкорӣ бо онҳо, як гурӯҳи 30-нафараи аз толибони қандаҳорӣ низ дар минтақа мустақар шуд, ки бо Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон иртиботи мустақим дорад.
Бар илова, интизор меравад, ки ҳудуди 200 тани дигар аз аъзои Таҳрики Толибони Покистон дар Пружаи Ҳамдард, минтақае миёни вулусволии Наҳришоҳӣ ва шаҳри Мазори Шариф мустақар шаванд.
Пеш аз ин аз интиқоли ҷангҷуёни Таҳрики Толибони Покистон ба вилоёти Қундуз, Тахор, Ҷузҷон, Форёб ва Бодғиси ҳаммарз бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ гузориш шуда буд.