Толибон* як захирагоҳи муҳиммоти Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи қувваҳои ҳавоияшонро забт карданд
КУНДУЗ, 09 март – Сангар, Ҷамшеди Бадахшӣ. Ин дар ҳолест, ки қаблан фармондеҳони аршади ғайрипаштуни худро аз мансабҳои низомӣ барканор ва дар вазифаҳои мулкӣ муқаррар карда буданд.
Яке аз афроди наздик ба Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Толибон, ба хабарнигори сомонаи Сангар иттилоъ дод, ки гурӯҳе аз неруҳои Толибон як захирагоҳи муҳиммоти марбут ба Мавлавӣ Амонуддин Мансурро ду рӯз пеш аз вулусволии Кишми вилояти Бадахшон кашф ва забт карданд.
“Афроди Толибон 4 мутари муҳиммот, назири норинҷакандозҳо, мусалсалҳои русиву амрикоии “Калашников”-у М4 ва М16 ва ғайраро, ки марбут ба ин мақоми Толибон буданд, дар рустои Фарҷағониҳои вулсволи Кишм мусодира карда, бо худ ба Файзобод, маркази Бадахшон интиқол доданд. Амонуддин ба афродаш дастур додааст, ки ҳеҷ мухолифате аз худ нишон надиҳанд”, - гуфт манбаъ.
Толибон аз ин роҳ фармондеҳони ғайрипаштунро халъи силоҳ ва салоҳият мекунанд. Тайи даҳ рӯзи ахир як теъдод аз фармондеҳони матраҳи ғайрипаштуни Толибон аз вазифаҳои худ барканор ва дар вазифаҳое таъин шуданд, ки онҳоро аз амалиёти ҷангӣ дур медорад.
Ба гунаи мисол, Қорӣ Салоҳуддин Аюбӣ, фармондеҳи аршади Толибони ӯзбек, ки муовини қулли урдуи 203 “Тундар” буд, муовини вазорати эҳё ва инкишофи деҳот таъйин шуд. Мавлавӣ Атоуллоҳ Умарӣ, фармондеҳи ӯзбектабори қулли урдуи 209 “Фатҳ” дар Шимол низ барканор ва муовини лужистик ё бахши хоҷагии вазорати дифоъ муқаррар гардид.
Ҷолиб ин аст, ки ба ҷои ӯ Мавлавӣ Амирхон Ҳаққонӣ, узви аршади Шабакаи Ҳаққонӣ* омад. Ҳамчунин Ҳоҷӣ Молихон, яке аз хешовандони Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон ва раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ, муовини Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Иморати исломӣ таъин шуд. Ин таъинот дастҳои Қорӣ Фасеҳуддини тоҷикро низ хоҳад баст ва аз ӯ ибтикори амалро хоҳад гирифт.
Қаблан Махдуми Олим, яке аз фармондеҳони матраҳи толибон ӯзбек, низ боздошт шуда буд. Ӯ ба ҷосусӣ ба нафъи ҳукуматҳои қаблӣ ва Амрико муттаҳам мешавад.
Мавлавӣ Наҷиб, як фармондеҳи аршади толибони тоҷик, ки дар Бадахшон нерӯи азиме дорад, аз ҳамон оғози ба қудрат расидани Толибон дар Кобул нигоҳ дошта мешавад. Ба ӯ иҷоза намедиҳанд, ки ба Бадахшон баргардад. Дар натиҷа, бино ба иттилои хабарнигори Сангар, ҷангиёни ӯ ба далели адами маош сафи Толибонро тарк мекунанд. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта 25 толиби рустои Калури вулусволии Роғистон сафи Толибонро тарк карда, бо силоҳҳои дастдоштаи худ ба хонаҳояшон рафтанд.
Вазъи Бадахшон, ки дар қиёс бо манотиқи дигар амн буд, низ ноором мешавад. Ду рӯзи қабл дар дохили фармондеҳии пулиси вилоят байни толибон Ҷурм ва Яфтал даргирӣ сурат гирифта, дар натиҷа 4 касашон маҷрӯҳ шуданд. Ҳамон бегоҳ дар чаҳорроҳии Дашти Шуҳадои маҳаллаи Шаҳри Ҷадиди Файзобод, маркази Бадахшон, як мошини ренҷери Толибон инфиҷор дода шуд, ки дар пайи он чаҳор нафар кушта ва бақия сарнишинон захмӣ шуданд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.