Хабари рӯз

Ҳамалот ва фаъолиятҳои террористии ДОИШ ё ДОИШ-Вилояти Хуросон (ДОИШ-Хуросон) дар Эрон, Туркия, Тоҷикистон ва Русия дар Кобул барномарезӣ шуда буд.

Кобул, 14 март – “Сангар”, Фарзом Козимӣ. Ин ҳамалотро Раёсати умумии истихбороти Толибон бо ҳамкории Шабакаи Ҳаққонӣ ва тавассути аъзои ДОИШ-Хуросон, ки умдатан аз шаҳрвандони Осиёи Миёна, бавежа Тоҷикистон буданд, тарроҳӣ шуда буд.

Дар акс: Ҷавод Саргар яке аз ҳамоҳангкунандаҳои ҳастаҳои интиҳорӣ дар шаҳри Кобул, ки дар замони ҷумҳурӣ тавассути Раёсати амнияти миллии Афғонистон дастгир ва баъдҳо ба гуфтаи худаш, бо пардохти 18 ҳазор доллари амрикоӣ ба яке аз вукалои парлумони Афғонистон, аз банд раҳо гардид. Бархе расонаҳои хориҷӣ ӯро бо Тоҷмир Ҷавод иштибоҳ гирифта буданд. Ҷавод Саргар акнун дар истихбороти Толибон кор мекунад ва ба "шуғли мавриди алоқа"-и собиқи худ машғул аст. Вай дар қасоват ва бераҳмӣ дар шиканҷаи зиндониҳо дар зиндонҳои риёсатҳои 90 ва 40-и истихбороти Толибон, шӯҳрати ваҳшатноке дорад.

Манбаъи Сангар дар Раёсати умумии истихбороти Толибон гуфт, ки тарроҳи аслии ин ҳамалот Тоҷмир Ҷавод, муовини раиси Раёсати умумии истихбороти Толибон буда ва яке аз дастёрони вай ба номи мустаори "Ҳафаза" бар иҷрои ин ҳамалот назорат доштааст.

“Ҳафаза аз номи ДОИШ-Хуросон, се истихдомкунанда бо номҳои мустаори “Сабр Исо”, “Абу Мунзир” ва “Абу Талҳа” аз атбоъи Тоҷикистону Ӯзбекистонро барои ҷазби ҷавонон аз Русия, Туркия, Эрон ва соири кишварҳо ва интиқоли онҳо ба Афғонистон мансуб кард”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, ки ин ҷавонон ба сурати инфироди ё гурӯҳӣ ба Афғонистон меоянд ва дар пойгоҳҳое, ки гурӯҳҳои ДОИШ зери назар ва фармондеҳии Шабакаи Ҳаққонӣ мустақар ҳастанд, ҷобаҷо мешаванд.

“Ин гурӯҳи сенафара, ки гуфта мешуд, аҳли Тоҷикистон буданд ва ҳамлаи интиҳорӣ ба қабри Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмонро анҷом доданд, ибтидо дар Русия ҷазб ва сипас аз тариқи Туркия ба Покистон оварда шуданд. Ин гурӯҳ аз инҷо аз тариқи Читрол (Покистон) вориди Бадахшон (Афғонистон) шуданд. Аъзои ин гурӯҳ муддате дар Дӯзахдара ва сипас дар “Фирқаи Умари Солис” дар шаҳри Файзобод омӯзишҳои лозимро гузаронд. Онҳо ҳамчунин паспорти афғонӣ дар он ҷо дарёфт карданд”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи вай, ба дастури Ҳафаза онҳоро ба Кобул бурда ва барои онҳо, ки акнун табааи Афғонистон буданд, визаи Эрон гирифта ва сипас аз тариқи гузаргоҳи марзии Исломқалъа ба Эрон мунтақил карданд.

“Равиши кори Толибон бо доишиҳо ба ин сурат аст: як гурӯҳро омӯзиш медиҳанд ва ба кишварҳои дигар мефиристанд то ҳамалоти террористӣ анҷом диҳанд, гурӯҳи дигарро дастгир мекунанд ва аз тариқи расонаҳои худ нишон медиҳанд, ки бо ДОИШ меҷанганд. Аммо ин афрод муддати зиёде дар зиндон наменишинанд, онҳо барои анҷом амалиётҳои дигар зудтар аз мавъид озод мешаванд”, - гуфт манбаъ.

Ҳамсӯҳбати Сангар муддаӣ аст, ки Раёсати умумии истихбороти Толибон аз боздоштшудагон барои таблиғот алайҳи кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ва Покистон, истифода мекунад, ки намехоҳанд бо Толибон созиш кунанд ва Толибон аз онҳо хавф доранд.

“Ҳувият ва соири мушаххасоти ин бомбгузорони интиҳориро фақат Тоҷмир Ҷавод медонад. Ин Ҷавод аст, ки ба таври ҳадафманд аз террористҳо ба номи Таҳрики Толибони Покистон, ДОИШ, Алқоида ва ҳар гурӯҳи дигаре, аз ҷумла барои таблиғот, истифода мекунад. Масалан, Толибон аввалин касоне буданд, ки гуфтанд, террористҳои ҳодисаи Кирмон атбоъи Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо аз куҷо медонистанд?" - гуфт манбаъ.

Он рӯзҳо Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон, Тоҷикистону Покистонро муттаҳам кард, ки атбоъи худро ба Афғонистон ва соири кишварҳо барои анҷоми амалиёти террористӣ барои бадном кардани Толибон мефиристанд.

Аммо манбаъи “Сангар” дар Раёсати умумии истихбороти Толибон муддаӣ аст, ки ҳамалоти террористӣ на танҳо дар шаҳрҳои Шерозу Кирмони Эрон, балки дар шаҳрҳои Истамбул (Туркия), Кӯлоб (Тоҷикистон) ва Калуга (Русия)-ро низ Толибон, дақиқан, Тоҷмир Ҷавод ва дастёраш “Ҳафаза” тарроҳӣ кардаанд ва ҳама террористҳо дар Кобул омӯзиши низомӣ ва террористӣ дидаанд.

“Тоҷмир Ҷавод як баталёни хоси интиҳорӣ (ливои шаҳодати Алҳмзаи собиқ)-ро таҳти фармони худ дорад, ки маркази он дар ноҳияи сездаҳуми шаҳри Кобул дар соҳаи Унчи Боғбонон қарор дорад ва раёсати онро фарде ба номи Билол Ҳошимӣ, раиси пешини истихбороти вилояти Бомиён, бар ӯҳда дорад. Маркази дигар дар хонаи генерал Муродалӣ Мурод (муовини собиқи вазорати умури дохилаи Афғонистон) дар Кобул ҷойгир аст, аммо Толибон ағлаб маҳалли худкушони вежаро тағйир медиҳанд" – гуфт манбаъ.

Ҳамалоти террористӣ дар Шоҳчароғ (13 августи 2023) ва Кирмон (3 январи соли ҷорӣ) тавассути аъзои тоҷикистонии ДОИШ ҷони садҳо нафарро гирифт. Ин иттифоқот сарусадои зиёде ба по кард.

Дар 5 январ, ду рӯз пас аз ҳодисаи Кирмон, дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон, ҳамла алайҳи раҳбари маҳаллии Ҳизби демократии халқ, ҳизби раисҷумҳури Тоҷикистон анҷом шуд, ки дар натиҷа худрави вай сӯхт ва худаш захмӣ шуд. Аммо танҳо як моҳ баъд, Тоҷикистон эълом кард, ки ин "оташсӯзӣ" як иқдоми террористӣ буда ва тавассути аъзои ДОИШ анҷом шудааст.

Дар 28 январ ду шибҳи низомии ДОИШ, ки шаҳрвандони Русияву Тоҷикистон буданд, ба калисое дар Истамбул ҳамла карданд ва як нафарро куштанд. Дар 7 март, Хадамоти амнияти федероли Русия (ФСБ) тайи амалиёте ду шаҳрванди Қазоқистонро дар вилояти Калуга, ки мехостанд канисаи Маскавро ба оташ бикашанд, ба ҳалокат расонд. Русия онҳоро ба унвони аъзои "ДОИШи афғонӣ" муаррифӣ кард.

Дар посух ба ин савол, ки “Толибон бо ин фаъолиятҳо чӣ ҳадафиро думбол мекунанд?” ҳамкори “Сангар” гуфт, ҳамалоти террористии ДОИШ бо ҳимоят, дастур ва таъмини молии Созмони истихбороти Амрико (СиАйЭй) анҷом мешавад.

“Тобистони гузашта Тоҷмир Ҷавод бо миёнҷигарии истихбороти Қатар бо яке аз маъмурони олирутбаи СиАйЭй дар Доҳа мулоқоте маҳрамона дошт. Амрикоиҳо дар изои пули ҳангуфте, ки гуфта мешавад миллионҳо доллар аст, ба Толибон дастур доданд то атбоъи хориҷиро ҷазб карда ва амалиёти террористиро дар хоки Эрон, Осиёи Марказӣ ва Русия анҷом диҳанд. Ва он чи имрӯз мебинед натиҷаи ону дигар сафарҳои махфиёнаи Тоҷмир Ҷавод аст”, - гуфт вай.

Мулло Тоҷмир Ҷавод, муовини оперативии Раёсати умумии истихбороти Толибон ва мағзи мутафаккири Шабакаи Ҳаққонӣ, бо СиАйЭй ва АйЭсАй, созмони истихбороти Покистон, ҳамкории наздик дорад. Ҷавод аз соли 2008 ба унвони раҳбари амалиётии интиҳории Шабакаи Ҳаққонӣ дар назар гирифта мешавад, ки пурсарусадотарин ҳамалоти террористӣ, монанди ҳамла ба меҳмонхонаи Интерконтинентал (2011) ва террори генерал Розиқ Ачакзай, раҳбари умдаи зиддитолиб дар Қандаҳор (2018)-ро анҷом додааст.

Масъули тамоси Тоҷмир Ҷавод бо амрикоиҳо ва қатариҳо фарде ба номи Фидомуҳаммад Ҳошимӣ аст, ки асолатан аҳли вилояти Майдон Вардак аст. Ӯ мушовири вежаи Тоҷмир Ҷавод аст ва дар даврони ҷумҳурӣ тавассути Фазлмаҳмуд Фазлӣ барои кор дар дафтари раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ истихдом шуд ва равобити ӯро бо Толибон фароҳам кард.

Пеш аз ин, Сангар ба гузоришҳои мушобеҳи низ дастрасӣ дошт мабнӣ бар ин ки Тоҷмир Ҷавод тобистони гузашта (маълум нест баъд аз сафар ба Қатар ё қабл аз он) ба баҳонаи муолиҷаи чашм ба Покистон рафта ва ду рӯзро дар бемористони низомии Ровалпинди таҳти ҳифозати АйЭсАй сипарӣ кардааст. Эҳтимолан ин тарҳ - ҳамалоти террористӣ ба кишварҳои минтақа - дақиқан дар чунин сафарҳое мавриди баҳсу таъйиди муштариёни аслӣ қарор гирифтааст.

P.S: “Сангар” чопи тамоми иттилооти мавҷуд, ки аз манобеъи худ дар дохили Толибон ба даст омадаро ба далели таҳдиди амнияти онҳо номуносиб медонад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!