Паёми шодбоши “Сангар” барои хонандагони сомона, ки ду сол боз бо мо ҳастанд. Муташаккирем!
Ба қалами Муҳаммад Усмон Наҷиб, генерали мустафъии артиши Афғонистон
Арчанд дар банд будаҳоем ва баҳор надорем, магар роҳи рафтаро берафтор намегузорем.
Баҳоратон хуҷаста!
Бисоти сарду суфраи хунбори охирин рӯзҳои замистон рахти сафар барбастанд ва роҳии анборҳои таърих мешаванд, ки садҳо ҳамчу солҳоро дар коми худ фурӯ бурда ва танҳо номе аз онон монда.
Ҳумоюнии расидани лашкари соли навро, ки охирин сипоҳи замистони сарду поёни рӯзҳои ин солро дарҳам шикаста, ба шумо “ҳумоюн бод” мегӯем.
Баҳор фасли рӯиши сабзиҳост ва мизбони корвони арғувонҳову лолаҳост. Як шаҳр дил дорад ва садҳо ҳазор меҳмонро мизбон аст. Соли нав, бавижа, фасли дурахшандагӣ, шукӯҳу шугуфаҳои нав, хушхонӣ аз хушбӯиҳои борони навини гумонҳо ва намои фараҳбахши навинаҳои шодмонии қавсқаза ё рангинкамон аз саховати беҳисоби фасли муҳаббатҳои Худоянд, ки баҳор мизбонашон аст.
Ва ману туву модари меҳан ҳамвандони ҳамдигарем бар пазируфтории меҳмон ва ҳам мизбон, ки баҳор аст ва меҳмонони баҳор.
Вуруди гуворои сабзи баҳор барои ҳар яки шумо гуворо бувад. Гомҳои пуршукӯҳи шукуфаҳои рангини баҳори дилнавоз, дилангез ва фурӯҳар баландатон бод ва шугуни гомҳои баҳору тӯшаи ангубинии он баргашти сулҳу оромиш ва нобудии накбати ҷангу ситез бод.
Магар ситез барои озодӣ. Ҳар хонаро чандин Ораше бод, ҳар камонеро як Рустаме бод, ҳар тиреро шонаи партоби Суҳроби Самангонӣ бод, ҳар кӯраеро гурзи душманшикани Ковае бод, ҳар бешаеро духти саркаш ва диловаре бод то тозиёнаи раҳоиву тири халос аз бардагиро раҳо кунанд.
Дар баҳори дигар ҳар ки зинда буд, дар ҳавои истиқлол нафс бикашад, ин номаи пур аз орзуҳои ман барои озодиро бархонад ва озодиро аз сӯи ман ҳам агар набошам, бар ҳамагон шодбод гӯяд ва баҳори озодиро дар оғӯш кашад ва моро аз ниёиш барои бахшоиш фаромӯш накунад.
Наврӯзҳои мо то раҳоии сарзаминҳоямон ном доранду садо надоранд, фасл доранду шукӯҳ надоранд. Раҳрав доранду диёр надоранд, сабза доранду боғистон надоранд. Суманак доранду суманакпазон ҳама парон-паронанд...
Лолоии ғам бихонем ё, ки най бо наво бинавозем?
Надонам.