Хабари рӯз

Амрико ва Толибон рӯи ташкили ҳукумати муваққат дар Афғонистон ва сохтор ҳукуматдории ояндаи ин кишвар тавофуқ кардаанд.

МАСКАВ, 26 авг – Андрей Серенко. Паёме дар ин маврид имрӯз тавассути манобеъи мо дар Туркия фиристода шудааст.

Бар асоси иттилооти дарёфтшуда, “сохтори ҳукумати ояндаи Афғонистон тақрибан мушобеҳ ба сохтори давлати Эрон хоҳад буд.”

Пешбинӣ шудааст, ки “Афғонистон тавассути Иморати исломии он (идора/дафтари амир), ки мақарри он дар шаҳри Қандаҳор аст, идора ва раҳбарӣ шавад.”

Манобеъ мегӯянд: “Амир ба салоҳдиди худ, раиси ҳукумат (раисулвузаро ё нахуствазир)-ро дар Кобул таъйин мекунад, ки мудирияти умур дар кишварро ба ӯҳда хоҳад гирифт”.

Вузарои кобина дар Кобул ё аз сӯи раиси ҳукумат таъйин мешаванд ва ё аз сӯи идораи қандаҳори иморат. Дар паём омадааст, ки интихобу таъйини волиёни вилоятҳо ба ӯҳдаи раиси ҳукумат аст.

Нақши парлумонро Шӯрои миллӣ иҷро хоҳад кард, ки дар он интихоботи мустақими мардумӣ баргузор хоҳад шуд, магар рӯйхати номзадҳо, ки дар ин интихобот ба Шӯрои миллӣ рақобат хоҳанд кард, ба шакли муқаддамотӣ ташкил ва бо дафтари амир ва шӯрои вежаи таҳт амри мувофиқа хоҳад шуд. Амир қабл аз роҳандозии тарзуламали интихобот онро тасвиб хоҳад кард.

Ба гуфтаи манобеъи мо, бар асоси тавофуқоте, ки ба даст омадааст, “занон дар радаҳои олии ҳукумат ҳузур нахоҳанд дошт, аммо теъдоди маҳдуде аз онон дар Шӯрои миллӣ кор хоҳанд кард - пас аз он ки мадорики таҳсилиашон аз сӯи дафтари иморат таъйид шавад.” Маҳдудиятҳои кор барои занон ва муқаррарот дар мавриди таҳсилоти онҳо тавассути муқаррароти ҷудогона аз тарафи амир вазъ хоҳад шуд.

Тамоми қавонину тавофуқоти давраи ҷумҳурият дар мавриди сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ лағву таҷдиди назар хоҳад шуд.

Нерӯҳои мусаллаҳ ва нерӯҳои амниятӣ (вазорати умури дохила, истихборот, хадамоти амниятӣ) таҳти фармондеҳии мустақими амир ва раҳбарӣ/идораи иморати исломӣ, бо нақши ҳамоҳангкунандаи вазири дифоъ хоҳад буд.

Расонаҳои Афғонистон таҳти контроли як Шӯрои вежаи исломӣ қарор хоҳад гирифт, ки раёсати онро амир ба ӯҳда дорад.

Будҷаву масорифи давлати муваққати Афғонистон, маошоту таҷҳизоти артиш, пулису нерӯҳои амнияти миллӣ ва ҳамчунин масорифи интихоботи Шӯрои миллӣ “аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъмин ва тамвил мешавад”.

Манобеъ мегӯянд, ки дар ибтидо ҳукумати муваққатро Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин, ду сол аз Кобул раҳбарӣ хоҳад кард. Дар ин муддат, Карзай тадвини Қонуни асосии ҷадиди Афғонистон, Қонуни интихобот ва “қавонини дигар мутобиқ ба шариат исломӣ ва бо таъйид воҷиби амир”-ро тазмин хоҳад кард.

Манобеъ мегӯянд: “Ҳомид Карзай, Ҳаниф Атмар, Мулло Абдулғанӣ Бародар ва Мавлавӣ Шермуҳаммад Истоникзай аз ҷумлаи чеҳраҳое, ки ба ҳукумати муваққати Афғонистон мепайванданд, ном бурда шудаанд”.

P.S. Манобеъи дигари мо гузориш доданд, ки илова бар Ҳомид Карзай, намояндагони Амрико ва Толибон Ҳикмат Карзайро ба унвони раиси эҳтимолии ояндам ҳукумати муваққати Афғонистон дар назар мегиранд. Ҳамон тур, ки дар шӯхии қадими яҳудӣ омада, “то пул аз хонавода хориҷ нашавад...”


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!