Толибон теъдоде аз намодҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхро тахриб карданд.
МАЗОРИ ШАРИФ, 16 январ - Сангар, Қорӣ Аҳмад. Ин намодҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар гузашта тавассути Устод Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх сохта шуда буданд. Ин вазъият хатари тахриби Равзаи Муборак, оромгоҳи Ҳазрати Алӣ, намоди аслии Мазори Шарифро бештар кардааст.
Як манбаъ дар идораи Толибон дар вилояти Балх ба “Сангар” гуфт, ки тахриби намодҳои шаҳри Мазори Шариф ба дастури волии Балх ва бо таъйиди Шӯрои уламои Афғонистон ба раҳбарии Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон, анҷом шудааст.
“Ин намодҳо асосан бутҳое ҳастанд, ки бар хилофи қавонини шариат эҷод шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамзамон, огоҳони аҳвол дар шаҳри Мазори Шариф ба Сангар мегӯянд, ки рӯзи ҷумъаи гузашта нишасти волӣ бо ниҳодҳои мулкӣ ва интизомии Балх дар сохтмони идораи вилоятӣ баргузор шуд ва файсала шуд, ки ба ҳар тариқе он чиро, ки дар замони ҳукумати Устод Атомуҳаммади Нур сохта шуда буд, вайрон кунанд.
“Дар асл, Толибон алайҳи намодҳои таърихӣ ва фарҳангии форсизабонон, умуман ғайрипаштунҳо, эъломи ҷанг кардаанд”, - гуфт манбаъ.
Шанбеи гузашта, 14 январ, афроди гурӯҳи Толибон муҷассамаҳои размандагон ва човандозҳоро, ки чандин сол пеш ба унвони намоди бозии миллии бузкашӣ дар чаҳорроҳии Комгор дар шаҳри Мазори Шариф насб шуда буд, бо тешаву табар тахриб карданд. Пас аз тахриби ин муҷассамаҳо, муҷассамаи кабӯтар дар Кортаи Сулҳ низ сарнагун шуд.
Ба ҳамин тартиб, Толибон дар тӯли як солу ними ҳукумати худ дар Афғонистон, намодҳои таърихӣ ва фарҳангии Балх, монанди аксҳои Исмоили Сомонӣ, Бурҳонуддини Раббонӣ, Абдулалии Мазорӣ (раҳбар ҳазораҳо) ва “Девори фарҳехтагон”- ро дар шаҳри Мазори Шариф тахриб карданд.
“Интизор меравад, ки тамомии намодҳои таърихӣ ва фарҳангии Мазори Шариф аз байн рафта ва номҳои исломӣ ё таърихии паштун ба ҷои онҳо гузошта шавад”, - гуфт манбаъ.
Намодҳои таърихӣ ва фарҳангии Мазори Шариф ба унвони маркази фарҳангии мардумони форсизабон ва ғайрипаштун умдатан дар давраи идораи Устод Атомуҳаммади Нур (2018-2004) эҷод шудааст. Яке аз чаҳорроҳҳои муҳимми шаҳр ба номи Восиф Бохтарии шоир, шаҳраки саноатӣ ба номи Амир Алишер Навоӣ, бунёнгузори адабиёти ӯзбек, фурудгоҳи Балх ба номи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, мадорис ва ҷодаҳо ба номи Зардушт, Авесто, Ҷамшед, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Яъқуб Лайси Саффор, Бурҳонуддин Раббонӣ, Абдулалии Мазорӣ ва дигарон номгузорӣ шудаанд.
Устод Атомуҳаммади Нур дар вокуниш ба ин тахрибкориҳои Толибон дар сафҳаи фейсбукиаш гуфтааст, ки Балх ва шаҳри Мазори Шариф бо ҳазор заҳмат ва ҳимояти мардуми сарбаланди ин диёр, тоҷирони миллӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ обод ва ба улгуие аз бозсозӣ ва навсозӣ мубаддал шуд.
“Шумо, ки наметавонед ва намехоҳед онро обод кунед, беҳтар аст вайронаш накунед ва хотираи вайронгарони таърихро дар Балх зинда накунед”, - гуфтааст волии пешини Балх.
Бино ба ривояти таърихнигорон, ба ҷуз ҳамлаҳои аъробу муғул ин бори дуввум аст, ки осори таърихӣ ва намодҳои Балхи бостон аз сӯи ҳукуматҳои афғон-паштуни Афғонистон тахриб мешавад. Соли 1311 Муҳаммадгул Муманд, намояндаи ҳукумати марказӣ дар Шимоли Афғонистон дар як сӯхтан 400 унвон китоб ба забонҳои туркӣ ва форси ва 237 нусхаи китобҳои қадимиро аз байн бурда, маҳаллҳои таърихӣ, монанди Бурҷи Нақораи Санҷарӣ, Чаҳорсӯйи Бобо Ҷонбоз, мадрасаи Субҳонқулихон, масҷиди Нӯҳгунбад, чанд маъбади буддоӣ, оромгоҳи Робиъаи Балхӣ ва оромгоҳҳои дигар, санги мазори зардуштиҳо ва ғайраро тахриб кард ва нобуд.
Бар хилофи замони Муманд, Толибон акнун ба баҳонаи исломии “шикастани бутҳо” ин осори таърихиро тахриб мекунанд, ҳамон тур, ки дар соли 2001 муҷассамаҳои Буддоро дар Бомиён тахриб карданд.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ низ муҷассамаҳои факултаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Кобулро аз байн бурда буданд.
Дарвоқеъ Толибон ҳамон кори ДОИШ-ро дар Сурия ва Ироқ анҷом медиҳанд, ки даҳҳо асари таърихӣ ва исломиро дар ин сарзаминҳо нобуд карда буданд. Дар ҳоле, ки Толибон худро зидди ДОИШ медонанд, дар амал тафовуте бо онҳо надоранд.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи як манбаъи Сангар, муддатҳост, ки барои нобудии Равзаи Муборак, намод аслии Мазори Шариф, вилояти Балх ва дар кулл Афғонистон, нақша мекашанд. Бар асоси бархе гузоришҳо, Равзаи Муборак яке аз мадфанҳои иддаоии чаҳорумин халифаи одил Алӣ, домод ва писарамаки Ҳазрати Муҳаммад (с), пайғамбари мусулмонон, аст.