Хабари рӯз

Намояндагон 40 калоншаҳр (мегаполис)-и ҷаҳон ояндаи ҳамлу нақл (нақлиёт)- шаҳриро дар Маскав баррасӣ карданд.

Маскав, 24 август – “Сангар”, Толиб Алиев. Аҳамияти амалии иҷлос бо имзои асноди ҳамкорӣ таъйид шуд.

- Ҳамкории байналмилалӣ дар ҳавзаи ҳамлу нақл ба лутфи иҷлоси Маскав ба сатҳи ҷадиде расид;

- Нақшаи метро ба забони арабӣ ва трамвайҳои бидуни ронанда: роҳкорҳои Маскав барои ҳалли масоили идғоми ҷаҳонии ҳамлу нақл;

- Коршиносони 40 калоншаҳри ҷаҳон чашмандози ҳамлу нақлро дар иҷлоси Маскав арзёбӣ карданд.

Маскав мизбони чаҳорумин иҷлоси байналмилалии ҳамлу нақл буд ва ҷойгоҳи худро ба унвони сакуи калидӣ барои гуфтугӯи байналмилалӣ дар заминаи ҳамлу нақли шаҳрӣ тасбит кард. Ин рӯйдод намояндагони 40 калоншаҳр аз кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, Ховари Миёна, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинро гирди ҳам овард.

Барномаи кории иҷлос дар маркази вазъиятии Маскав баргузор шуд, ҷое, ки музокирот ва баҳсҳои аслӣ анҷом гирифт. Ҳайатҳои хориҷӣ ҳамчунин фурсат ёфтанд то ба таври мустақим бо системи ҳамлу нақли пойтахт ошно шаванд.

Таваҷҷуҳи вежа ба метрои Маскав маътуф шуд, ки навадумин солгарди худро ҷашн мегирад ва ба унвони улгуи дар суръати тавсеа ва бакоргирии фановариҳои навин шинохта мешавад. Ширкаткунандагон натанҳо метро, балки навовариҳои ҳамлу нақли заминӣ ва обӣ, аз ҷумла автобусҳои барқӣ ва киштиҳои барқии рӯдхонаиро низ мушоҳида карданд.

Намоиши трамвайи бидуни ронанда алоқаи вежае дар миёни коршиносони байналмилалӣ барангехт. Ба гуфтаи Маким Ликсутов, муовини шаҳрдори Маскав, ин васила дар тӯли озмоишҳо 8 ҳазор километрро бидуни ҳеҷ гуна тахаллуфи ронандагӣ тай кардааст. Дар ояндаи наздик, қарор аст то ниме аз новгони трамвайи пойтахт ба системи бидуни ронанда муҷаҳҳаз шавад.

Ширкаткунандагони иҷлос таъкид карданд, ки ҳамлу нақли шаҳрӣ бахши ҳаётии калоншаҳри модерн аст. Аз он интизор меравад, ки дорои таҳарруки боло, эминӣ, созгории зистмуҳитӣ ва идғоми комил дар системи пуштибонии зиндагии шаҳрӣ бошад.

Сиёсати сармоягузории Маскав бар эҷоди яке аз беҳтарин системҳои ҳамлу нақли ҷаҳон мутамаркиз аст. Ба гуфтаи Владимир Ефимов, муовини шаҳрдор, 50 то 60 дарсади будҷаи барномаи сармоягузории ҳадафманди шаҳр сарфи тавсеаи ҳамлу нақл мешавад, ки дар соли ҷорӣ ҳудуди 600 миллиард рубл аст.

Аҳамияти амалии иҷлос бо имзои асноди ҳамкорӣ таъйид шуд. Дар чорчӯби ин рӯйдод, ёддоштҳои тафоҳум барои тавсеаи ҳамкории ҳамлунақлӣ миёни Маскаву Пекин ва ҳамчунин Маскаву Бангкок ба имзо расид.

Рӯйдоди марказии иҷлос ироаи платформаи онлайни барӯзшудаи проекти байналмилалии таҳлилии Urbantransportdata буд. Ин манбаъ додаҳои муқоисаӣ дар бораи шохисҳои ҳамлу нақл ва беҳтарин таҷрибиёти шаҳрҳои ҷаҳонро фароҳам мекунад. 17 шаҳри ҷадид аз ҷумла Адис-Абеба, Алмаато, Гавана, Лима ва Найроби ба ин проект пайвастанд ва теъдоди кулли ширкаткунандагонро ба 32 калоншаҳр афзоиш доданд.

Дар чорчӯби иҷлос мизигирдҳое дар бораи тавсеа саноатӣ, идғоми фановариҳои пешрафта, хадамоти рақамии мусофирон ва ҳамлу нақли бидуни ронанда баргузор шуд. Барои роҳати меҳмонони хориҷӣ, бавежа намояндагони Ховари Миёна, нақшаи метрои Маскав ба забони арабӣ ироа шуд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!