Раиси Тоҷик милли иттиҳоди Покистон аз 50 соли шебу фарози талошу муборизаҳои тоҷикони ин кишвар суҳбат кард.
КВЕТТА, 23 январ — “Сангар”, Мирато Дарвозӣ. Тоҷикони Покистон ҳанӯз соли 1974 як созмонеро барои иттиҳоди худ таъсис дода буданд, аммо он фақат се соли пеш муваффақ шуд, ба як ҳизби тамомайёр табдил ёбад.
Мунир Аҳмадхони Тоҷик, раиси Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон (Тоҷик милли иттиҳоди Покистон), дар як суҳбати телефонӣ ба “Сангар” гуфт, падараш Малик Муҳаммад Кабир хеле дилчаспӣ дошт, ки як созмоне барои иттиҳоди тоҷикони Покистон таъсис диҳад, зеро мегуфт, тоҷикон як мардуми соҳиби тамаддуну фарҳанги бузурганд ва набояд онҳоро фаромӯш кунанд.
“Умр ба ӯ вафо накард, аммо баъд аз сари ӯ дар соли 1974 бародарам Сардор Хайрмуҳаммад Тоҷик (дар акси боло аз чап) як созмонеро таҳти унвони Иттиҳоди қавми тоҷики Покистон (Тоҷик Қавми Иттиҳод Покистон) таъсис дод, ки маҳдуд ба тоҷикони Кветта ва дар умум Балучистон мешуд. Ҳадаф ин буд, ки тоҷикон дар ақвоми бузургтари ҷомеа Покистон ҳазм нашаванд, бифаҳманд, ки тоҷиканд, як қавме, ки таърих, фарҳанг, забон ва расму русуми худро доранд”, - гуфт Мунир Аҳмадхони Тоҷик.
Вай афзуд, дар Балучистон дар қатори дигар ақвом, аз ҷумла балучҳо, афғонҳо, ҳазораҳо, теъдоди бузурге аз тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ки аксаран сокинони бумӣ ҳастанд, аммо дар замонҳои мухталиф аз Бухорову Эрон ва бахусус, баъд аз шуруъи инқилоб, аз Афғонистон низ тоҷикони дигар омаданд.
“Мо ба як ҷамоати бузург табдил ёфтем. Он гуна ки падарамон васият карда буд, мо ба ҳалли мушкили мардум мепардохтем, бахусус, тоҷиконе, ки аз Афғонистон меомаданд, аз ҷумла барои пайдо кардани манзилу шуғл кӯмак мекардем. Ҳоло бархе тоҷикон дар Кветта соҳиби тиҷоратҳои бузург ва корхонаву муассисаҳо ҳастанд. Ҳадия Тоҷик, собиқ вазири фарҳанги Норвегия, аз ҷумлаи мо буд”, - гуфт раиси Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон.
Ҷомеаи тоҷики Покистон пас аз пайдо шудани интернету дар пайи он шабакаҳои иҷтимоӣ, ки фосилаҳоро барҳам медиҳад ва тамоси мардумро одӣ мекунад, нафаси тоза мегирад.
Ба қавли Мунир Аҳмадхони Тоҷик, то он замон аслан хабар надоштанд, ки дар агентии Хайбар Пахтунхвоҳ, бавижа, водии Свот, Дир, Малоканд, Чорсада, Мансеҳра ва дигар иёлатҳо, низ теъдоди бузурге аз тоҷикон зиндагӣ мекунанд.
“Масалан, тоҷикони Дир дар дараи Свот аз қадимҳо аз замонаҳои тоисломиву Ғуриён дар ин минтақа маскун шудаанд, яъне мо мардуми бумии Покистон ҳастем. Ҳатто шахсе ба номи Сардор Ҳакимхони Тоҷик низ соли 1974 дар ин ҷо як созмони Тоҷик қавми мувмент (Ҳаракати қавми тоҷик)-ро таъсис дода буда, ки писараш Ҷовид Ахтар ҳоло роҳи ӯро идома медиҳад”, - гуфт раиси Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон.
Вай афзуд, худи ӯ соли 2006 Иттиҳоди қавми тоҷики Покистонро ба Иттиҳоди миллии тоҷикон табдили ном кард ва ба ҷуз ин созмон, тоҷикон то замоне, ки ба як ҳизб муттаҳид шаванд, ду созмони дигар – Ҳаракати қавми тоҷикро дар Дир ва Иттиҳоди тоҷикони Покистон дар Свотро низ доштанд.
“Мо бо ҳамаи онҳо тамос гирифтем ва файсала кардем, ки тамоми тоҷикҳоро муттаҳид мекунем. Соли 2021 муттаҳид шудем. Вақте тариқи расонаҳо ахбор пахш шуданд, аз дигар гӯшаҳои Покистон, масалан, Читрол, ки дурафтода аст, ба мо муроҷиат карданд, ки мо ҳам ин ҷо ҳастем”, - гуфт Мунир Аҳмадхони Тоҷик.
Раиси Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси ҳизб сиёсат нест, балки расидагӣ ба мушкилот, тарбияи ҷавонон ва огаҳиву худшиносии тоҷикони Покистон, як хизмат ба Покистон аст.
“Аксарияти кулли онҳо забони форсиро намедонанд. Чаро? Онҳо садсолаҳо пеш омадаанд ва ҳазм шудаанд дар ҷавомеъи маҳаллӣ, ё бо балучҳо ё бо афғонҳо. Аммо ин ҳама солҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаанд, ки тоҷиканд. Як сар ба ҳамин Фейсбук занед, аксарияти кулли онҳо ҳатман вожаи “Тоҷик” –ро тахаллуси худ баргузидаанд”, - гуфт Мунир Аҳмадхони Тоҷик.
Вай афзуд, тоҷикони вақте аз чунин ибтикорот огоҳ шуданд, хеле ба ваҷд омаданд ва бо мо ҳамкорӣ мекунанд.
“То ба ҳол, масалан, дар Кветта таълимро ба забонҳои урдуву инглисӣ мегирифтанд. Ҳоло ҳама мехоҳанд форсӣ низ ёд бигиранд. Мо мардуми хеле боистеъдод дорем ва бовар дорам, онҳо ҳам зуд забонро меомӯзанд ва ҳам зуд бо фарҳанг, илм ва адабиёти волои худ ошноӣ пайдо мекунанд”, - гуфт Раиси Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон.
Вай аз сиёсатҳое, ки духтаронро аз таълим маҳрум мекунанд, интиқод карда, гуфт, таваҷҷуҳи хосро ба таълиму ҳунаромӯзии духтарону занони ҷамоати тоҷикон хоҳанд дод.
“Онҳо аз синни 5-6-солагӣ ба марказҳое ҷалб шаванд, ки ҳам таълим бигиранд, ҳам касб омӯзанд. Шукр, ки духтарони мо ҳунарманду ҳушёру ҷӯянда ҳастанд. Мо мехоҳем, ки онҳо духтур шаванд, инҷинер шаванд, омӯзгор шаванд. Модар аст, ки ҳомили забони модарӣ ва ахлоқу ҳунар аст”, - гуфт Мунир Аҳмадхони Тоҷик.
Раиси Раиси Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон аз шуруъи сохтмони як маркази бузург дар водии Свот гуфт, ки дар он ҳам марокизи омӯзишӣ ва ҳам раёсати маҳаллии созмон фаъолият хоҳанд дошт.
“Мо дар Исломобод, пойтахти кишварамон низ, замин гирифта, он ҷо як дафтари бузургеро мехоҳем барои ҳизбамон бунёд кунем. Тоҷикони Покистон ба ватани худ собиқ ҳастанд ва ҳар чӣ бо фарҳангу тамаддуни худ огоҳ мешаванд, ҳамон қадар хоҳанд фаҳмид, ки тоҷикон дар таърихи Покистон нақши бузурге доштанд. Яъне мо будем, ҳастем ва хоҳем буд”, - гуфт вай.
Мунир Аҳмадхони Тоҷик соли 1956 дар шаҳри Кветта, маркази Балучистони Покистон таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар зодгоҳ ва таҳсилоти олиро дар риштаи тиҷорату иқтисоди Донишгоҳи байнулмилалии Флоридаи Амрико гирифтааст. Ҳоло соҳибмулки “Малик Кабир Истейт”, як ширкатест, ки бо кирояи сохтмонҳои тиҷоратӣ ва маскунӣ машғул аст.