Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммад Осим Малик, директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон (ISI) – ро пазируфт.
ДУШАНБЕ, 30 декабр – “Сангар”. Покистон кишвари поягузор ва мудири Толибон маҳсуб мешавад, аммо Тоҷикистон ҳамеша аз мухолифини онҳо – Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят мекард.
“Ховар”, расонаи давлатии Тоҷикистон, хабар дод, ки мулоқот дар Қасри миллат, мақарри раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе, баргузор шуд ва дар он “вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти таъмини сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва ҳалли дигар масоили доғи ҳамкории ду ҷониб мавриди баррасӣ қарор гирифт”.
“Сарвари давлат зимни изҳори қаноатмандӣ аз раванди босамари робитаҳои сиёсии тарафҳо, сатҳи бовариву эътимод миёни ду давлатро баланд арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат дар баробари таъкиди ҳамёрӣ дар соҳаи амният тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавиро ба суди ду кишвар маънидод карданд. Зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид гардид”, - менависад “Ховар”.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки равобити Покистон бо Толибони Афғонистон рӯ ба сардӣ оварда, дар марзҳои ду кишвар рӯзҳои ахир задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифтаанд ва аз ду ҷониб талафоти ҷонӣ низ ба ҷо мондааст.
Покистон то ин замон поягузор, мудир ва шарики асосии Толибон ба шумор меояд. Дар соли 2021, пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, нахустин ҳукумати онҳо бо мушорикати Файз Ҳамид, раиси пешини истихбороти байниидоравии Покистон (АйЭсАй) (2019-2021) ташкил шуд. Ҳамид дар моҳи августи имсол боздошт шуд. Ӯ бо иттиҳомоти зиёде, аз ҷумла мушорикат дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва суъистифода аз вазифа рӯбарӯ аст.
Тоҷикистон нерӯҳои террористии мустақар дар Афғонистонро як хатари умда ба амнияти худ меҳисобад ва аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Ҳамзамон, бино ба иттилои “Сангар”, Тоҷикистон талош дорад буҳрони Афғонистон аз тариқи музокироти сулҳ миёни тарафҳо ҳалли худро пайдо кунад.