Хабари рӯз

Рост ё дуруғ будани ин хабар дар рузҳои наздик маълум шавад, вале эффекти иттилоотии он барои тағйири дидгоҳҳо нисбат ба Толибон* сабаб хоҳад шуд.

Нависанда: Шералӣ Ризоён

Хабарҳо дар бораи ҳамлаи ДОИШ ба неруҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон аз ҷониби расонаҳо паҳн гардид. Расонаҳои Узбекистон аз қабали “kun.uz”, “podrobno.uz”, “uzdaily.uz” чанд соат қабл хабари дафтари матбуотии президенти он кишварро оид ба воқеият надоштану инкори ҷой доштани ин ҳамларо нашр намуданд. Шерзод Асадов, сухангуи раисҷумҳури Ӯзбекистон изҳор намуд, ки анҷоми ҳамлаи мушакӣ аз Афғонистон ба самти Ӯзбекистон дар минтақаи шаҳри Тирмиз воқеият надорад ва даъват кард, ки мардум ба ҳангома дода нашаванд.

Ба иттилои пойгоҳи “Сангар” ин ҳамла соати 10 рузи 18 апрел сурат гирифта, Толибон онро таркондани минаҳои ҷамъшуда арзёбӣ намуданд. Вале ДОИШ* бо пахши навор анҷоми ин амалиёт бар муқобили Ӯзбекистонро ба душ гирифт.

Ин хабар дар ҳолати рост ва ё дуруғ будан барои Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ паёмад дорад? Ба таври мухтасар бо зикри чанд мулоҳиза онро баррасӣ менамоем:

Якум, мушоҳидаи бархурди давлати Ӯзбекистон ба ҳар гуна ҳодисаҳои фавқуллода собит мекунад, ки ҳамеша таҷрибаи “инкор” васеъ истифода мегардад. Аз ин ру, дараҷаи боварӣ ба хабарҳои расмӣ дар чунин ҳолатҳо паст аст. Худо кунад, ки мо иштибоҳ кунем ва воқеан чунин ҳама сурат нагирифта бошад.

Дуюм, новобаста аз рост ва ё ботил будани хубар мушоҳида мешавад, ки қудратҳои манфиатдор дар Афғонистон аз картаи ДОИШ истифода карданро доранд. Солҳои охир гуфтумон дар фазои иттилоотӣ дар бораи таҳдиди ДОИШ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби мақомдорон ва таҳлилгарони кишварҳои хориҷӣ зиёд садо медод. Ҳодисаи мазкур собит менамояд, ки барномаи истифода шудани ДОИШ бар муқобили кишварҳои Осиёи Марказӣ руи даст гирифта шудааст. Агар ин партоби навбатии иттилоотӣ бар муқобили Ӯзбекистон (инчунин хонда шавад бар зидди Тоҷикистон ва Туркманистон) бошад, пас марҳилаи нави муборизаҳо ва рақобатҳо дар Осиёи Марказӣ шуруъ гардид.

Сеюм, агар ин ҳодиса воқеият дошта бошад, пас сиёсатҳои охири Ӯзбекистонро нисбат ба қудратгирии Толибон ба чолиш мекашад. Тошканд аз ҷумлаи он кишварҳое буд, ки дар ҳамоишҳои охири байналмилалӣ (форуми дипломатӣ дар Туркия ва саммити ҳамсояҳои Афғонистон дар Чин) изҳороти ру ба Толибонро пахш кард. Дар фазои иттилоотӣ бархе коршиносон эҳтимоли эътирофи машруъияти Толибонро аз ҷониби Ӯзбекистон баён намуда буданд. Тошканд нисбат ба Толибон аз асли прагматизми урён амал карда, равобит бо қудрати воқеӣ (новобаста аз машруъият)-ро авло медонад. Ӯзбекистон дар самти Афғонистон таваҷҷуҳи асосиро ба коҳиши таҳдиду хатарҳо ва амалисозии лоиҳаҳои иртиботӣ равона намуда буд. Дируз идоракунии қитъаи роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф аз сарпарастии Тошканд ба дасти Толибон гузашт ва инак ин ҳамла сурат гирифт.  Шояд ин ду ҳодиса ва ҳам иртибот надошта бошанд, вале яқин аст, ки бозбинии сиёсатҳои Ӯзбекистон нисбат ба Толибонро ба вуҷуд меоранд.

Чорум, таблиғи нарми Толибон дар фазои пасошуравӣ ва мавқегирии баъзе кишварҳо бо он асоснок мешуд, ки ин ҳаракати террористӣ бар муқобили ДОИШ ва дигар гуруҳҳои даҳшатафкан дар Афғонистон мубориза мебарад. Дақиқ аст, ки ДОИШ наметавонад бе “иҷоза” ё “сукут”-и Толибон дар қаламрави Афғонистон амалиёте роҳандозӣ кунад. Агар ҳамла ба Ӯзбекистон рост бошад, пас тамоми хушбиниҳо аз Толибон мисли кафк ё пуфаке будаст, ки симои зебо дорад, вале ноустувору шикананда аст. Худи Толибон ва таҷрибаи қудратгирии онҳо дар Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ҳамҷавори шимол аст ва “мутаассифона” ин дид боз собит шуд. Ҳамзамон, агар ин хабар рост бошад, пас эҳтимоли шантажу тарс додани Ӯзбекистон аз ҷониби Толибонро дар кутоҳмуддат мушоҳида хоҳем кард.

Панҷум, сабақ аз ин ҳодиса (новобаста аз рост ё дуруғ будан) ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он аст, ки танҳо худи онҳо манфиатдори суботу амнияти худ ҳастанд. Ӯзбекистон шарики стратегии Тоҷикистон аст ва ду кишвар равобити наздик доранд. Бинобар ин, лозим ба назар мерасад, ки иқдомҳои муштарак бо назардошти арзёбии таҳдиду хатарҳои воқеӣ руи даст гирифта шаванд.

Рост ё дуруғ будани ин хабар дар рузҳои наздик маълум шавад, вале эффекти иттилоотии он барои тағйири дидгоҳҳо нисбат ба Толибон сабаб хоҳад шуд.

*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!