Хабари рӯз

Тақрибан ҳар чизе, ки дар Ғарб дар бораи Венесуэла ба шумо гуфта мешавад, дурӯғ аст.

Нависанда: Крейг Муррей, дипломат пешин, сафири Бритониё дар Ӯзбекистон (2002–2004), рӯзноманигор ва фаъоли ҳуқуқи башар. Ӯ аз наздикони Ҷулиан Ассанж аст ва ба таври фаъол мурофиаҳои додгоҳи бунёдгузори Викиликсро пӯшиш додааст.

Манбаъ: Craig’s Substack

Вақте пас аз як дидори шоду илҳомбахш донишгоҳи Коммунаҳо дар Тайяситоро тарк мекардам, як устоди ҷавон ва ҷиддӣ ба ман наздик шуд ва маро канор кашид. Бисёр ором аз ман пурсид чӣ иттифоқе қарор аст биафтад. Теъдоде аз донишҷӯён бисёр метарсиданд, ки тағйири режим рух диҳад ва онҳо, ки ба унвони роҳбарони ҷавони сотсиалист дар ҳаракати комунаҳо интихоб шуда буданд, зиндонӣ, шиканҷа ва эъдом шаванд.

Ин як бозгашти ногаҳонӣ ба воқеият пас аз як рӯзи олӣ дар ин донишгоҳи навпо буд. Аммо ин воқеият дорад. Ман бо дипломатҳои ҳирфаӣ ва ҷиддӣ дар вазорати умури хориҷа дидор кардам, ки дақиқ медонистанд дар сурати ба қудрат расидани ҷиноҳи рост, ба кадом бахши кӯҳҳо бо силоҳҳои худкор фирор хоҳанд кард ва омодаи зиндагӣ дар ҷанги чирикӣ ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон буданд. Ман ҳеҷ касеро надидам, ки шак дошта бошад тағйири режим дар Каракас ба куштори фаврии чапгароён ва як ҷанги дохилии тӯлонӣ мунҷар хоҳад шуд.

Тақрибан ҳар чизе ки дар ғарб дар бораи Венесуэла ба шумо гуфта мешавад, дурӯғ аст ва бузургтарин дурӯғ ин аст, ки Мачадо, Гуайдо ва гурӯҳҳои атрофи онҳо ба ҳар маъно демократ ё либерал ҳастанд. Онҳо чунин нестанд ва иртибототи хонаводагӣ ва сиёсии мустақиме бо режимҳои хунине доранд, ки пеш аз Чавес бо ҳимояти СиАйЭй барқарор буданд. Онҳо ҳамчунин ҳисобҳои зиёде барои тасфия доранд — барои мисол, хонаводаи Мачадо пеш аз миллисозӣ бар тиҷорати барқ тасаллут дошт.

Бисёре аз “зиндониёни сиёсӣ”, ки Ғарб бисёр нигарони онҳо аст, дар талошҳои кудатои низомӣ ё шӯришҳои хушунатомез дахил буданд, ки талоши намоишии Гуайдо дар соли 2019 танҳо машҳуртарини онҳо буд. Пас аз интихоботи мавриди муноқишаи 2024, бисёре аз боздоштшудагон дарвоқеъ мусаллаҳ буданд — ман бо хонаводаи се ҷавон мулоқот кардам, ки гуфтанд писаронашон гумроҳ шуда ва бо силоҳ ба хиёбон омада буданд ва умед доштанд дар афви кунунӣ озод шаванд.

Таҳримҳо боиси сахтии шадиди иқтисодӣ шуданд, ки бар маҳбубияти давлат таъсир гузошт. Аммо иштибоҳи бузургест, ки норозигӣ аз давлати Николас Мадуроро бо ҳимоят аз Мария Корина Мачадо як донист — тақрибан ҳеҷ мадраке барои дуввумӣ вуҷуд надорад, ҳарчанд ки ҷустуҷӯ кунед. Ин ки Мачадо аз ҳимояти дохилии лозим барои идораи кишвар бархӯрдор нест, яке аз маъдуд маворидест, ки Доналд Трамп ба дурустӣ баён кардааст. Ҷойгузини давлати сотсиалистӣ, ҳарҷу марҷ хоҳад буд.

Бинобар ин Делси Родригес бояд ҳизби сотсиалистро дар қудрат нигоҳ дорад, дар ғайри ин сурат шоҳиди қатли омми ҳаводорон ва оғози як ҷанги дохилӣ хоҳад буд. Дар айни ҳол, ӯ бояд бо талоши ошкор ва истеъморгаронаи Иёлоти Муттаҳида барои контроли дороиҳо ва манобеъи молии Венесуэла муқобила кунад ва ҳамзамон Трампи тундхӯ ва бемантиқро ором нигоҳ дорад.

Биёед, як нуктаро равшан кунем. Ман шахсан бо наздиктарин афрод ба раисҷумҳур Николас Мадуро суҳбат кардам. Бо Франсиско Торреалба суҳбат кардам, ки пас аз Мадуро ба унвони раиси Иттиҳодияи коргарони ҳамлу нақл фаъолият дорад ва ҳамчунин курсии ӯро дар Маҷлиси миллӣ соҳиб шуд. Ҳамчунин бо писари Мадуро, Николас, суҳбат кардаам. Ҳеҷ яке аз ин афрод ҳатто барои як лаҳза бовар надоранд, ки Делси Родригес ба ҳар навъе дар рабуда шудани Николас ва Силия Флорес Мадуро дахил буда бошад.

Чаро тақрибан ҳама дар Ғарб ба ривояте бовар доранд, ки ҳеҷ кас дар Венесуэла ба он бовар надорад ва ман комилан мутмаин ҳастам, ки нодуруст аст?

Ин ривоят ба шумо таҳмил шудааст. Трамп бо тамҷиди алании Делси Родригес ва муаррифии ӯ ба унвони интихоби худ, талош кард ӯро тазъиф кунад. Аммо ҳақиқат чизе дигар аст: ӯ ба унвони муовини раисҷумҳур Мадуро, ба таври табиӣ вазоифи раисҷумҳурро бар ӯҳда мегирад, ҳамон тавр ки тавассути Додгоҳи олии Венесуэла таъйид шудааст.

Талоши ҳамоҳанг барои ироаи иттилоот ба хабарнигорон аз сӯи давлати Трамп, дастгоҳҳои амниятӣ ва венесуэлаиҳои ҳамсӯ бо Мачадо дар Майами, ба расонаҳо достоне муфассал дар бораи музокирот миёни Делси ва бародараш Хорхе Родригес бо амрикоиҳо ироа дод — дар бораи роҳбурде барои ислоҳоти иқтисодӣ, ки шомили канор гузоштани Мадуро низ мешуд.

Ман дубора бисёре аз мақолаҳоро, ки ин ривоятро тарвиҷ мекунанд, баррасӣ кардам ва ҳамаи онҳо ба возеҳ асосан бар манобеи Вашингтон такя доранд. Ин ривоятест, ки Иёлоти Муттаҳида бо диққат ва пофишории фаровон ба шумо илқо кардааст.

Ин пурсишро матраҳ мекунад, ки агар Делси Родригес воқеан лӯхтаки Ғарб аст, чаро сохтори ҳокими Ғарб то ин ҳад муштоқ аст, ки ин мавзуъро ба шумо бигӯяд? Дар ҳар мавриди дигар — монанди подшоҳииҳои халиҷи Форс ё Абу Муҳаммад ал-Ҷавлонӣ — онҳо ҳамеша талош мекунанд ин тасаввурро илқо кунанд, ки лӯхтакҳояшон, лӯхтак нестанд.

Бовари ман ин аст, ки агар давлат воқеан мехоҳад шумо чизеро бидонед, эҳтимолан он чиз дуруст нест — ва ин ҷо ҳам ҳамин тавр аст. Доналд Трамп мехоҳад ин тасаввур эҷод шавад, ки Делси Родригес лӯхтаки ӯст, зеро ин бахше аз ривояти пирӯзии ӯ ва достони сохтагии азамати Трамп аст. Ҳамчунин ҳадафи он эҷоди шикоф ва тазъифи ҷунбиши сотсиалистӣ дар Венесуэла аст.

Бояд ба шаби 3 январ руҷуъ кунем, замоне, ки Николас Мадуро рабуда шуд. Як воқеияти калидӣ вуҷуд дорад, ки боз ҳам дар ривояти ғарбӣ ҷое надорад. Ин худи Мадуро буд, ки ба артиш дастур дод дар сурати талош барои дастгирии ӯ, муқовимат накунанд ва вориди даргирӣ нашаванд. Дарвоқеъ ӯ аз вуқӯъи чунин рӯйдоде огоҳ буд, ҳарчанд таърихи дақиқи онро намедонист. Нигаронии аслии Мадуро ҷилавгирӣ аз ҷанг миёни Венесуэла ва Иёлоти Муттаҳида буд — ҷанге, ки ин кишвари сулҳомезро вайрон мекард.

Муҳим аст таваҷҷуҳ дошта бошем, ки Мадуро огоҳона аз улгуи мураббии худ, раисҷумҳур Ҳуго Чавес, дар моҷарои рабуда шуданаш дар кудатои соли 2002, ки бо созмондеҳии СиАйЭй анҷом шуд, пайравӣ мекард. Пас аз шӯриши мусаллаҳонаи оппозитсия дар 11 апрели 2002, ки дар он 19 нафар аз ҳомиёни Чавес кушта ва 150 нафар захмӣ шуданд, як кудатои низомӣ раисҷумҳур Чавесро дастгир кард ва ӯро бо ҳавопаймое, ки тавассути СиАйЭй иҷора шуда буд, ба ҷазираи Ла Орчила мунтақил карданд.

Раҳбари оппозитсия Педро Кармона тавассути раҳбарони низомӣ ба унвони раисҷумҳур савганд ёд кард ва билофосила аз сӯи давлати Ҷорҷ Буш дар Вашингтон ба расмият шинохта шуд. Ӯ эълом кард, ки тамоми ислоҳоти Чавес фавран лағв хоҳад шуд. Аммо мардум ва бахши умдаи нерӯҳои мусаллаҳ алайҳи кудаточиён бархостанд ва танҳо пас аз 48 соат контролро бозпас гирифтанд. Чавес ба қудрат бозгашт. Ин рӯйдод мабнои мустанади барҷастаи ирландии “Инқилоб, ки аз телевизион пахш нахоҳад шуд” аст (ки албатта ҳаргиз аз телевизион пахш нашуд).

Нуктаи калидӣ, ки бояд дарк шавад ин аст, ки — ба таври шигифтангез — Ҳуго Чавес ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон дар кудаторо эъдом накард, ҳатто низомиёнро. Дарвоқеъ, пайгардҳои қазоӣ андаке буд, аҳкоми зиндон ба таври қобили таваҷҷуҳе сабук буданд ва бисёре — аз ҷумла “раисҷумҳур” Педро Кармона — иҷоза ёфтанд ба табъид “фирор” кунанд. Тӯлонитарин маҳкумиятҳо марбут ба касоне буд, ки воқеан дар куштори 11 апрел ширкат доштанд. Чавес дар декабри 2007 афви умумӣ эълом кард.

Ҳамин сатҳи шигифтангези нармӣ ба Хуан Гуайдо — арӯсаки Ғарб, ки дар 30 апрели 2019 талоши як кудатои низомии музҳикро анҷом дод, низ нишон дода шуд. Агарчи кудатои ӯ як шикасти комил буд ва танҳо ҳудуди 50 низомӣ ба ӯ пайвастанд, бо ин ҳол боиси кушта шудани чор нафар ва захмӣ шудани 230 нафар шуд.

Бори дигар, вокуниши давлати сотсиалистӣ ба таври шигифтоваре мулоим буд. Ҳеҷ кас эъдом нашуд. Барои муттаҳамон маҳкамаҳои қонунӣ баргузор шуд ва ҳатто барои касоне, ки ба хиёнат маҳкум шуданд, низ аҳкоми зиндон нисбатан сабук буд. Қобили зикр аст, ки теъдоди муҳокимаҳо ва мизони муҷозотҳо ба таври қобили таваҷҷуҳе камтар аз аҳкоме буд, ки барои “шӯриш”-и Конгресси Амрико дар Вашингтон дар соли 2021 содир шуд.

Гурӯҳи синафарае, ки дар сафорати Бразилия дар даврони Жаир Болсонаро паноҳ бурда буданд, иҷоза ёфтанд ба таври мусолиматомез кишварро тарк кунанд. Гуайдо ҳаргиз боздошт нашуд ва солҳо иҷоза дошт дар кишвар озодона рафтуомад кунад ва худро “раисҷумҳур” биномад ва ҳатто озодона омадурафт кунад, то ин ки дар соли 2023 тавассути давлати Колумбия ба далели вуруди ғайриқонунӣ ба он кишвар таҳти пайгард қарор гирифт.

Худдории сотсиалистҳо аз хунрезӣ ҳаргиз аз сӯи ҷиноҳи рост муқобилан посух дода нашудааст. Аксарияти бузурги “зиндонёни сиёсӣ”, ки доиман дар бораи онҳо мешунавед, дар ин талошҳо ё дар маҷмӯае аз иқдомоти мусаллаҳонаи камтар шинохташуда дахил будаанд, ё бо шабакаҳои воқеии қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфта муртабит будаанд.

Он чӣ барои ман шигифтовар аст, на иддаои иқтидоргароии давлати сотсиалистӣ, балки баръакс, мизони фавқулодае аз мулоимати он дар баробари оппозитсия аст — дар ҳоле ки борҳо бо талошҳои сарнагунӣ, аксаран мусаллаҳона ва бо ҳимояти СиАйЭй, рӯбарӯ шудааст. Кофист тасаввур кунем ки як давлати ростгарои Амрикои Лотин чи гуна бо талошҳои мукаррари кудатоии мусаллаҳона аз сӯи чапиҳо бархӯрд мекард, то дарк кунем ин мизон худдорӣ то чи ҳад ғайримаъмул аст. Фуқдони хушунат ва интиқомҷӯӣ ҳамвора вижагии вокуниши инқилоби Боливарӣ ба талошҳои кудатоии рост будааст. Гарчи ин рӯйкард аз назари усулӣ қобили таҳсин аст, аммо ҳатто мутмаин нестам, ки ин мизони ифротии тасоҳул хирадмандона бошад.

Дар чорчӯби ин худдории деринаи сотсиалистҳо аз истифодаи хушунат аст, ки бояд тасмими Николас Мадуро барои дастур ба адами мудохилаи нерӯҳои дифоӣ дар сурати амалиёти рабойиш тавассути Амрикоро дарк кард. Ин давлатест, ки фақат аз шиорҳои инқилобӣ истифода намекунад, балки бар асоси онҳо зиндагӣ мекунад ва “сулҳ” яке аз усули калидии он аст. Мадуро тақрибан мутмаинан умедвор буд, ки ҳамбастагии дохилӣ боиси бозгашти сареъи ӯ шавад, ҳамон тавр ки барои Ҳуго Чавес иттифоқ афтод. Баид аст, ки ӯ тасаввур карда бошад Доналд Трамп ба содагӣ — ва бе далел — Мадуроро канор бизанад ва давлати ӯро дар қудрат боқӣ бигузорад.

Чандин манбаъ ба ман таъйид карданд, ки ба нерӯҳои венесуэлаӣ дастур дода шуда буд, ки ақибнишинӣ кунанд. Ман аз маҳалли теппаӣ дар Фуэрте Тиуна боздид кардам, ҷое ки лейтенанти ҷавон, Алехандра дел Валле Оливерос Веласкес, 23 сола (дар акс), аз иҷрои дастур сарпечӣ кард ва бо силоҳи худ дар як маркази ҳаётии иртиботӣ бар фарози теппа ба нигаҳбонӣ идома дод. Ӯ замоне кушта шуд, ки ин таъсисот ҳадафи мушакҳои амрикоӣ қарор гирифт.

Ин низ нуктаест, ки дар ривояти ғарбӣ аз воқеаҳои низомӣ ғоиб аст. Вазъияти дифоии Венесуэла дар асри ҷанги мушакии дақиқ, ба шиддат фарсуда ва нокоромад аст. Сомонаҳои радарӣ ва падофанди ҳавоии он дар нуқтаҳои боз ва қобили мушоҳида рӯи теппаҳо қарор доранд, на дар паноҳгоҳҳои мустаҳкам. Нерӯҳои низомӣ дар подгонҳои боз мустақар ҳастанд — ҳамонанди нигаҳбонони кубаӣ, ки бе далел кушта шуданд.

Хашми ношӣ аз ин ҳамлаи комилан бедалели Амрико, ҳисси бисёр мавриди ниёзи ваҳдати миллиро дар Венесуэла эҳё кардааст. Дар пайомади талхи интихоботи мавриди муноқишаи июли 2024, бисёре аз ҳомиёни давлат, аз ҷумла бархе мақомот, эътироф доранд, ки мавҷи боздоштҳо беш аз ҳад пеш рафт. Ин ифрот ба эътибори ахлоқии давлат дар дохил осеб зад ва абзори таблиғотии муҳиме ба мунтақидони он дар хориҷ дод.

Тамйизи кофӣ миёни муътаризони мусаллаҳ ва ғайримусаллаҳ қоил нашуданд ва ҳарчанд бисёре муътақиданд иқдомоти изтирорӣ барои ҷилавгирӣ аз хушунати фаврӣ ва ҳарҷу марҷ зарурӣ буд, аммо ба таври куллӣ пазируфта шудааст, ки бисёре аз боздоштҳо беш аз ҳад тӯлонӣ шудаанд.

Пазириши ин мавзуъ ба маънои қабули арқоми иғроқомез ва равишҳои сиёсиёшудае нест, ки тавассути созмонҳои ғайридавлатии таъминшуда аз сӯи Ғарб, монанди Форо Пенал ва шарикони байналмилалии онҳо тарвиҷ мешавад. Ин оморҳо маъмулан мухолифони воқеӣ, тарроҳони мусаллаҳ, ширкаткунандагон дар шӯришҳои хушунатомез ва ҳатто муҷримони одиро дар як даста қарор медиҳанд — бисёре аз онҳо мусаллаҳ буда ё бо шабакаҳои кудато муртабит буданд.

Оморҳои иғроқомези ин созмонҳои ғайридавлатӣ, назорати бетарафона бар ҳуқуқи башар нест, балки бахше аз як амалиёти тӯлонимуддати ҷанги иттилоотӣ аст, ки ба таври саховатмандона тавассути ҳамон давлатҳо ва бунёдҳое таъмини молӣ мешавад, ки солҳо аз талошҳо барои тағйири режим дар Венесуэла ҳимоят кардаанд. Хашми гузинишии онҳо ва бузургнамоии мудовими теъдоди “зиндониёни сиёсӣ” ҳадафи комилан сиёсӣ дорад: беэътибор кардани раванди Боливарӣ ва тавҷеҳи мудохилаи хориҷӣ.

Зарур аст, густардатар нигоҳ кунем. Боздоштҳо дар хало ба вуҷуд наомаданд. Онҳо пас аз солҳо фишори иқтисодии ношӣ аз таҳримҳо, талошҳои мукаррари оппозитсия барои тазъифи низоми Қонуни Асосӣ аз тариқи хушунати хиёбонӣ, ихлол дар интихобот — ҳам физикӣ ва ҳам электроникӣ — ва ҳамчунин натиҷаҳои интихоботии ҷаълӣ ё дасткоришуда аз сӯи оппозитсия рух доданд. Вокуниши давлат сангин буд, аммо дар заминаи таҳдидҳои воқеии амниятӣ иттифоқ афтод.

Ривояте, ки мегӯяд оппозитсия дар интихоботи 2024 ҳафтод дарсади ороро ба даст овардааст, барои ҳар касе, ки Венесуэларо бишиносад, комилан ғайримантиқӣ аст. Дар таҷаммуъоти поёнии интихоботӣ, Николас Мадуро ҳудуди як миллион нафарро дар хиёбонҳои Каракас ҷамъ кард, дар ҳоле ки оппозитсия ҳудуди 50 ҳазор нафар дошт. Бисёре аз маводи иддаоии дастгоҳҳои раъйгирӣ, ки тавассути давлати Ҷо Байден матраҳ шуд, ба возеҳ ҷаълӣ буданд — бо дастхатҳои яксон дар маконҳои мухталиф ва мавориди мутааддиди имзои маъмурони интихоботӣ бо аломати “×” дар кишваре бо тақрибан сад дарсад босавод.

Оппозитсия аз ироаи ин мавод ба Додгоҳи олӣ барои баррасӣ худдорӣ кард. Воқеият ин аст, ки раванди раъйгирии электроникӣ (ки ман шахсан тарафдори он нестам) башиддат таҳти таъсири ҳамалоти сайберии хориҷӣ қарор гирифт — тақрибан қатъан аз сӯи Иёлоти Муттаҳида.

Дарвоқеъ, натиҷаи интихобот башиддат мавриди муноқиша буд: давлати Мадуроро бо ҳудуди 51 дарсади оро пирӯз эълом кард, дар ҳоле ки оппозитсия иддао кард ҳудуди 67 то 70 дарсад ороро ба даст овардааст.

Норозигии мардумӣ аз пайомадҳои таҳримҳо вуҷуд дошт ва бисёре аз нозирони ботаҷриба муътақиданд интихобот дар вазъи муташанниқ баргузор шудааст. Ҳаргиз имкони таъйини натиҷаи воқеӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Аммо иддаоҳои Ғарб дар бораи ҳимояти 70-дарсадӣ аз оппозитсия, башиддат иғроқомез аст.

Дарвоқеъ, ман бовар надорам, ки давлат ва ҳатто Додгоҳи олӣ дар асл аз натиҷаи воқеӣ огоҳ будаанд. Ман ҳам мутмаинан намедонам. Аммо ин ихлолоти созмондеҳишуда, ки ба Амрико нисбат дода мешавад, боис шуд таъйини натиҷаи воқеӣ ғайримумкин шавад.

Венесуэла дар асл кишвари нисбатан озод аст. Мардум ба таври аланӣ ва бидуни тарс аз давлат интиқод мекунанд, ҳатто дар муқобили дурбин. Чанд ҳафта пеш як тазоҳуроти оппозитсия дар Каракас баргузор шуд. Ҳузури полис бисёр маҳдуд буд. Суханронон ҳарчӣ мехостанд мегуфтанд (ҳимоят аз Доналд Трамп яке аз мавзуъоти аслӣ буд) ва ҳеҷ кас баъдан мавриди бозҷӯӣ қарор нагирифт. Ҳудуди 500 нафар дар ин таҷаммуъ ширкат карданд. Ман се ё чор постери оппозитсияро дар кӯчаҳои шаҳр дидам ва ҳеҷ кас онҳоро поён намеоварад.

Ман дар маҷмӯъ шаш ҳафта дар саросари Венесуэла филмбардорӣ кардам ва ҳаргиз ҳеҷ мақом ё полис аз ман напурсид, ки чӣ касе ҳастам ё аз ман мадорики шиносоӣ нахост. Ман муҷаввизе аз вазорати иртиботот дарёфт кардам, аммо ҳеҷ кас ҳаргиз онро баррасӣ накард. Ҳеҷ кас ба ман нагуфт чӣ бигӯям ё чӣ чизеро филмбардорӣ накунам.

Ман ба манотиқ ва устонҳои мухталифе сафар кардам. Дар ҳама ҷо фурӯшгоҳҳо пур аз коло ҳастанд ва барҳову ресторанҳо ба таври комил фаъоланд. Мардум ба назар сер ва солим меоянд. Ман ҳатто як муътод, гадо ё бехонумонро надидам. Дар тӯли шаш ҳафта танҳо панҷ истгоҳи бозрасии полис ё низомӣ дидаам — се маврид дар иқоматгоҳи раисҷумҳур, ситоди полис ва Маҷлиси миллӣ; яке барои баррасии лостик ва чароғи мошинҳо; ва яке дар хуруҷии як парки миллӣ барои назорати ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ.

Ман амдан бодиққат ин маворидро сабт мекардам, зеро рӯзноманигорони ғарбӣ маъмулан дар тавсифҳои хаёлии худ аз Венесуэла, ки аз ҳазорҳо километр дуртар навишта мешавад, ҳамеша аз истгоҳҳои бозрасии полис ва низомӣ сухан мегӯянд. Оппозитсияи Мачадо ҳатто ин мавзуъро ба як “мем” табдил карда ва тавсияҳое мунташир карда, ки шумо маҷбур нестед дар истгоҳҳои бозрасӣ мадорик нишон диҳед. Дарвоқеъ пайдо кардани чунин истгоҳе, ки битавонед мадорик нишон диҳед, бисёр душвор аст.

Ин як давлати саркӯбгар нест. Фазои саркӯб комилан ғоиб аст, зеро созубаргҳои саркӯб низ амалан вуҷуд надоранд. Ҳузури сангини полис дида намешавад. Мардум аз хабарчинҳо намеҳарсанд. Ман силоҳи бисёр каме дар дасти полис дидаам ва ҳеҷ силоҳе дар дасти афроди дигар надидаам.

Ривояте, ки акнун бар расонаҳои ғарбӣ мусаллат шуда — мабнӣ бар ин ки ҳар гуна озодсозии иқтисодӣ ё гушоиши амалгароёна таҳти раҳбарии Делси Родригес навъе таслими ногаҳонӣ таҳти фишори Доналд Трамп аст — комилан нодуруст аст. Худ Николас Мадуро солҳо пеш равандҳои озодсозии иқтисодиро оғоз карда буд, ба унвони посухи мустақим барои бақо дар баробари фишори сангини таҳримҳо. Инҳо сиёсатҳои Мадуро ҳастанд. Қонуни ахир барои озодсозии бахши гидрокарбонҳо низ комилан дар давраи ӯ тадвин ва тасвиб шудааст.

Долларисозӣ аз поён шакл гирифт, замоне, ки мардумони одӣ ба дунболи субот буданд; давлат ба тадриҷ контроли қиматҳоро коҳиш дод, мушорикати бештари бахши хусусиро дар воридот ва тавзеъ иҷоза дод ва роҳкорҳое барои фурӯши нафт пайдо кард. Инҳо созгориҳои амалгароёна буданд, ки муддатҳо пеш аз бозгашти Трамп ба Кохи Сафед ба инқилоб таҳмил шуданд.

Ҳамон тавр, ки ба донишҷӯёни донишгоҳи Комунаҳо гуфтам, агар сармоядории мутааххир воқеан ҳамон назми табиии ҷомеа буд, ки иддао мекунад — на маҷмӯае аз ниҳодҳо ва созубаргҳои комилан маснуӣ, ки барои тамаркузи шадиди манобеъ дар дасти нахбагон тарҳрезӣ шудаанд ва дар ниҳоят бо хушунати давлатӣ ҳифз мешаванд — дар он сурат кишварҳои сармоядорӣ ниёзе надоштанд кишварҳое бо низомҳои дигарро аз тариқи таҳримҳои фалаҷкунанда, инзивои иқтисодӣ ва дар ниҳоят нерӯи низомӣ саркӯб кунанд.

Идеологияи бунёдгузори он иддао мекунад, ки сармоядорӣ дар ниҳоят ба таври табиӣ дар ҳар ҷомеае пирӯз хоҳад шуд, ба далели коромадии бештар ва тавзеъи беҳтари манобеъ. Аммо дар амал, ҳокимони кишварҳои сармоядорӣ доиман талош мекунанд ҳар низоми ҷойгузинеро саркӯб кунанд. Онҳо аз ин метарсанд, ки мардумони худашон имкони як масири беҳтарро бибинанд — масире ғайр аз кор кардан монанди бардагон, дар ҳоле ки арзиши тавлидшуда тавассути кори онҳо дар дасти табақаи махсусе тамаркуз меёбад.

Мо ҳаргиз нахоҳем донист, ки инқилоби Боливарӣ бидуни таҳримҳои молӣ ва тиҷорӣ, ки онро фалаҷ карданд, чӣ гуна тавсеа меёфт. Аммо ин нуктаи калидӣ аст: Венесуэла ба далели шикаст ҳадаф қарор нагирифт, балки ба далели муваффақиятҳои чашмгири чавизм ҳадаф қарор гирифт. Фақр ба таври қобили таваҷҷуҳ коҳиш ёфт, дар бархе давраҳо ҳатто то ҳудуди нисф. Ҳадди савод афзоиш ёфт ва ба сатҳҳои бисёр боло расид. Омӯзиш ва хадамоти тиббии ройгон густариш ёфт ва барномаҳои иҷтимоии васеъ иҷро шуд. Теъдоди дарёфткунандагони ҳимоятҳои иҷтимоӣ афзоиш ёфт, хадамоти умумӣ миллисозӣ шуд ва проектҳои густардаи маскани иҷтимоӣ иҷро гардид. Ин дастовардҳо аз ҷумлаи авомиле буданд, ки ба аъмоли таҳримҳо анҷомиданд.

Фурӯпошии иқтисодии соли 2017 ношӣ аз шикасти низоми сотсиалистӣ набуд. Ин фурӯпошӣ ва мавҷи густардаи муҳоҷират пас аз он, комилан натиҷаи режими таҳримҳо буд, бавижа масдуд шудани системаҳои пардохт ва транзаксияҳои молӣ.

Як нуктаи возеҳ вуҷуд дорад, ки ба нудрат дар бораи он суҳбат мешавад: таҳримҳо, бавижа таҳримҳои молӣ, ки монеъи пардохтҳои байналмилалӣ ва каналҳои бонкии одӣ мешаванд, фақат боиси сахтӣ намешаванд.

Таҳримҳо ба таври фаъол фасодро тавлид мекунанд.

Вақте як давлати мустақил аз анҷоми тиҷорат ва умури молии қонунӣ аз тариқи системаҳои ҷаҳонӣ маҳрум мешавад, ба самти касоне савқ дода мешавад, ки дар дур задани таҳримҳо, шабакаҳои интиқоли ғайрирасмӣ ва пулшӯӣ тахассус доранд. Ин ҳамкориҳои иҷборӣ бо аносири хориҷ аз иқтисоди расмӣ, сипас ба даруни сохтори давлатӣ нуфуз мекунад ва масирҳои ҷадиде барои фасод ва сӯистифода эҷод мекунад.

Ин як чархаи маъюб ва қобили пешбинӣ аст, ки тавассути сиёсатҳои Вашингтон эҷод шудааст.

Таҳримҳо давлатҳоро барои бақо маҷбур мекунанд, корҳое анҷом диҳанд, ки ғайриқонунӣ маҳсуб мешаванд ва онҳоро ба ҳавзаи фаъолияти муҷримони воқеӣ мекашонанд. Бархе аз интиқодот нисбат ба давлати Николас Мадуро бояд дар ин чорчӯб дида шавад ва албатта, ҳеҷ давлате дар ҷаҳон вуҷуд надорад ва ҳаргиз вуҷуд надошта, ки комилан орӣ аз фасод бошад.

Ҳукумати Мадуро он шикасти мутлақе нест, ки дар Ғарб ба тасвир кашида мешавад. Иқтисод ба таври қобили таваҷҷуҳ эҳё шудааст. Дар давраи Мадуро, давлат дар ҳавзаи амнияти умумӣ ба муваффақиятҳои қобили андозагирӣ даст ёфтааст. Нархҳои куштор беш аз ду сеюм коҳиш ёфта ва бандаҳои маводи мухаддир тақрибан аз хиёбонҳо нопадид шудаанд.

Амалиёти густарда ба таври чашмгир тавлиди маводи мухаддир ва масирҳои қочоқ аз тариқи хоки Венесуэларо маҳдуд кардааст. Венесуэла ба Комиссиюни маводи мухаддири Созмони Милал гузориш дода, ки дар соли 2025 наздик ба 66 тонна маводи мухаддир кашф ва забт кардааст — болотарин мизон дар ду даҳаи гузашта.

Бар асоси додаҳои Созмони Милал, Венесуэла нақши бисёр маҳдуде дар ҷараёни ҷаҳонии кокаин дорад ва тақрибан дар тавлиди он нақше надорад. Дар мавриди фентанил низ асосан нақше ифо намекунад.

Мадуро то ҳадди қобили таваҷҷуҳе дар контроли маводи мухаддир дар хиёбонҳои Венесуэла ва ҷилавгирӣ аз қочоқ муваффақ будааст. Ин, ки ӯ акнун дар Иёлоти Муттаҳида бо иттиҳоми “наркотерроризм” дар зиндон ба сар мебарад, аз нигоҳи нависанда нишонае аз вазъияти сиёсии Амрико аст, ҳарчанд худи Мадуро ин иттиҳомотро рад карда ва бегуноҳии худро эълом кардааст.

Дар айни ҳол, мизони куллии ҷурм ба таври чашмгир коҳиш ёфт. Шаҳрҳое, ки замоне дар миёни хатарноктарин шаҳрҳои ҷаҳон қарор доштанд, ба таври маҳсус барои шаҳрвандони одӣ амнтар шуданд. Ҳатто венесуэлаиҳое, ки аз ҷанбаҳои дигар аз давлат интиқод мекунанд, низ ин беҳбуд дар зиндагии рӯзмарра ва амнияти шахсиро таъйид мекунанд. Танҳо ду шаб пеш бо як зани венесуэлаӣ, ки аз Олмон ба кишвараш баргашта буд, суҳбат мекардам; ӯ гуфт, ки қаблан аз қадам задан дар хиёбонҳои Каракас дар шаб метарсид, аммо акнун комилан эҳсоси амният мекунад.

Муҳим аст дарк кунем, ки Венесуэла таҳти раҳбарии Ҳуго Чавес ва Николас Мадуро чӣ навъи сотсиализмро дар амал иҷро кардааст.

Проекти Боливарӣ ҳаргиз ба маънои моликияти комили давлатӣ бар абзорҳои тавлид ва тавзеъ, он гуна ки дар матнҳои классикии марксистӣ омадааст, набудааст. Венесуэла ҳамвора дорои як иқтисоди мухталит будааст. Вижагии мутамойиз ва нуқтаи қуввати аслии он иттикои густардаи давлат бар моликияти комили занҷираи санъати нафт, аз истихроҷ то полоиш, барои ҳидояти даромадҳои азими умумӣ ба самти аҳдофи иҷтимоӣ буд: омӯзиши ройгон аз кӯдакӣ то донишгоҳ, низоми саломати миллӣ, ки клиникҳо ва бемористонҳоро ба ҳар маҳалла овард, густариши таъмини иҷтимоӣ, барномаҳои маскан монанди Гран Мисион Вивиенда (Gran Misión Vivienda) ва ёронаҳое ки маводи ғизоии асосиро барои ақшори фақир қобили дастрас нигоҳ медошт.

Миллисозии хадамоти умумӣ — барқ, мухобирот ва об — низ аз ҳамин мантиқ пайравӣ мекард. Аз бисёре ҷиҳатҳо, ин модел шабеҳи улгуи сотсиал-демократии ғарбӣ дар даҳаи 1970 буд, замоне, ки давлатҳои аврупоӣ бо истифода аз молиятҳои тасоудӣ, давлати рафоҳро таъмини молӣ мекарданд, дар ҳоле ки бахши бузурге аз иқтисод дар дасти бахши хусусӣ боқӣ мемонд.

Иқтисоди Венесуэла ба таври кулль таркибе аз бахши давлатӣ ва хусусӣ аст, ки дар он бахши хусусӣ ҳамчунон нақши қобили таваҷҷӯҳе ифо мекунад. Миқёси азими маскани умумии бо кайфияти муносиб ва қимати қобили дастрас дар Венесуэла, барои як кишвари дар ҳоли тавсеа воқеан чашмгир аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!