Хабари рӯз

Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андешакадаи гуфтугӯи таълимии миллати Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Таърихи муосири Афғонистон саршор аз фарозу фурудҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеологӣ аст. Дар миёни раҳбарони сиёсии мазҳабии ин сарзамин, номи профессор Устод Бурҳонуддин Раббонӣ (1320–1390/1940–2011) ба унвони шахсияти мумтоз ва мондагор сабт шудааст. Вай ҳам раисҷумҳури Давлати исломии Афғонистон ва ҳам раҳбари ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва дар вопасин солҳои ҳаёташ раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буд. Шахсияти ӯро метавон намоди “эътидолгароии исломӣ” донист; Зеро дар тӯли ҳаёти сиёсиаш кӯшид миёни арзишҳои динӣ ва илзомоти сиёсиву иҷтимоии замона пайванде маъқул барқарор созад. Ин мақола ба сурати илмӣ ва академӣ, зиндагинома, хатти фикрӣ, амалкарди сиёсиву иҷтимоӣ ва мероси Устод Раббониро баррасӣ мекунад ва ҷойгоҳи ӯро дар давлатсозӣ, миллатсозӣ ва раванди сулҳи Афғонистон барҷаста месозад.

1 - Зиндагинома ва таҳсилот

Устод Раббонӣ дар соли 1320 хуршедӣ дар вулусволии Яфтали Бадахшони Афғонистон мутаваллид шуд. Таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаи худро дар зодгоҳаш ба поён расонд ва сипас вориди Донишгоҳи Кобул шуд. Пас аз фароғат аз риштаи маорифи исломӣ, барои идомаи таҳсил ба Миср рафт ва дар Донишгоҳи Алазҳар, яке аз мӯътабартарин марокизи илмии ҷаҳони ислом, дар риштаи фалсафа ва улуми исломӣ ба таҳсил пардохт.

Иқомат дар Миср ва ошноӣ бо ҷараёнҳои фикрии исломӣ, бавежа андешаҳои “Ихвонулмуслимин” таъсири жарфе бар ҷаҳонбинии ӯ бар ҷой гузошт. Бозгашти вай ба Афғонистон мусодиф буд бо оғози ҷунбишҳои исломӣ дар Донишгоҳи Кобул ва шаклгирии бистарҳои муборизаи фикрӣ алайҳи ҳукумати вақт.

2 - Нақш дар ҷунбишҳои исломии афғонистон

Бозгашти Устод Раббонӣ ба Афғонистон, сароғози марҳалаи навин дар ҳаёти сиёсии ӯ буд. Вай дар Донишгоҳи Кобул ба тадрис пардохт ва ҳамзамон, ба унвони яке аз муассисони ҷунбиши исломии Афғонистон, ҳизби “Ҷамъияти исломии Афғонистон”-ро поягузорӣ кард.

Ҷамъияти исломии Афғонистон нахустин ҳизби сиёсии исломӣ дар кишвар буд, ки бо ҳадафи дифоъ аз арзишҳои динӣ, адолати иҷтимоӣ ва озодӣ фаъолияти худро оғоз кард. Раҳбарии Устод Раббонӣ дар ин ҳизб бо ду вежагии умда ҳамроҳ буд:

1 - Эътидолгароии фикрӣ: муқобила бо ифротгароӣ ва такфир дар миёни ҷараёнҳои исломӣ.

2 - Созмондеҳии илмии фарҳангӣ: тамаркуз бар омӯзиши насли ҷавон ва эҷоди кадрҳои мутафаккир барои ояндаи Афғонистон.

3 - Раҳбари ҷиҳод алайҳи шӯравӣ

Бо ишғоли Афғонистон тавассути Шӯравӣ (1979), Ҷамъияти исломии Афғонистон яке аз муҳиммтарин аҳзоби ҷиҳодии кишвар шуд. Устод Раббонӣ ба унвони раҳбари ин ҳизб, нақше барҷаста дар ҳамоҳангии муборизоти мардумӣ ифо кард.

Вай бар хилофи бархе раҳбарони ҷиҳодӣ, ба думболи эҷоди иттиҳод ва ҳамоҳангӣ дар миёни гурӯҳҳо буд ва бар зарурати “ваҳдати ҷиҳодӣ” барои озодсозии Афғонистон таъкид дошт. Ҳамчунин бо сафар ба кишварҳои исломӣ, бавежа Эрон, Покистон ва кишварҳои арабӣ, тавонист ҳимояти густурдаи сиёсӣ ва молӣ барои муҷоҳидин фароҳам овард.

4 – Раёсатиҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон

Суқути ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ дар соли 1992, нуқтаи атфе дар таърихи муосири Афғонистон буд. Устод Раббонӣ ба унвони раиси Давлати Исломӣ интихоб шуд. Раёсати ӯ дар шароите оғоз шуд, ки Афғонистон даргири рақобатҳои шадиди дохилӣ миёни гурӯҳҳои муҷоҳидин буд.

Муҳиммтарин чолишҳои ҳукумати вай иборат буданд аз:

  • Ҷангҳои дохилии миёни аҳзоби муҷоҳидин;
  • Дахолатҳои хориҷӣ дар умури Афғонистон;
  • Фуқдони ниҳодҳои сиёсӣ ва идории коромад.

Бо вуҷуди ин мушкилот, Устод Раббонӣ ҳамвора кӯшид то чорчӯби исломии мардумӣ барои ҳукумати Афғонистон эҷод кунад. Муҳимтар аз ҳама, пас аз суқути Толибон дар соли 2001, вай қудратро ба сурати мусолиматомез ба Ҳомид Карзай интиқол дод; Иқдоме, ки дар таърихи Афғонистон бесобиқа буд ва улгуе барои ояндаи кишвар маҳсуб шуд.

5 - Хатти фикрӣ ва эътидолгароӣ

Хатти фикрии Устод Раббонӣ бар “эътидоли исломӣ” устувор буд. Ӯ на танҳо бо коммунизм ва бединӣ муқобила кард, балки дар баробари ифротгароии мазҳабӣ низ истод. Вежагиҳои ин хатти фикрӣ чунинанд:

  • Тавозун миёни дину сиёсат: дифоъ аз арзишҳои исломӣ ҳамроҳ бо таваҷҷуҳ ба муқтазиёти замон.
  • Гуфтугӯ ва ҳалли мусолиматомези мунозиъот: эътиқод ба ин ки ҷанг, роҳи ҳалли пойдор барои мушкилоти Афғонистон нест.
  • Эҳтиром ба танаввӯъи қавмӣ ва мазҳабӣ: пазириши касрати фарҳангӣ ва иҷтимоии Афғонистон ба унвони воқеияте ғайри қобили инкор.

Ба ҳамин далел, бисёре аз шахсиятҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳатто мухолифони сиёсӣ ба ӯ эҳтиром доштанд.

6 - Нақш дар Шӯрои олии сулҳ

Дар соли 2010 мелодӣ, Устод Раббонӣ ба унвони раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон мансуб шуд. Ин шӯро бо ҳадафи музокира бо Толибон ва гурӯҳҳои мухолиф ташкил шуда буд.

Раббонӣ бо истифода аз таҷриба ва ҷойгоҳи худ, талош кард то заминаҳои гуфтугӯи миллиро фароҳам созад.

Ҳарчанд ин раванд бо мавонеъи бисёре мувоҷеҳ шуд, аммо ҳузури ӯ умеди тоза барои мардуми Афғонистон буд. Шаҳодати вай дар 29 сунбулаи 1390, дуруст дар масири талош барои сулҳ рух дод ва ба ҳамин далел лақаби “Шаҳиди сулҳ” гирифт.

7 - Мероси фикриву сиёсӣ

Мероси Устод Раббониро метавон дар чанд меҳвар хулоса кард:

1 - Улгуи эътидоли исломӣ: муқобила бо ду ифрот (коммунизм ва такфир) ва ироаи як хатти миёна.

2 - Фарҳанги интиқоли мусолиматомези қудрат: улгуе, ки дар таърихи Афғонистон бесобиқа буд.

3 - Тарбияти насли ҷадиди раҳбарон: Ҷамъияти исломӣ ба унвони яке аз аҳзоби аслии кишвар, ҳамчунон мероси ӯро ҳифз кардааст.

4 - Ҷойгоҳ дар ҷаҳони ислом: эҳтиром ба ӯ фаротар аз Афғонистон, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳони ислом густурда буд.

8 - Шаҳодат ва паёмадҳои он

Террори Устод Раббонӣ дар 29 сунбулаи 1390 (20 сентябри 2011) тавассути як муҳоҷими интиҳорӣ дар Кобул, зойиае бузург барои Афғонистон буд. Ин воқеа на танҳо раванди сулҳро бо чолиш рӯбарӯ кард, балки паёмадҳои сиёсӣ ва иҷтимоии густурдае ба ҷо гузошт. Шаҳодати ӯ ба унвони “хотимаи зиндагӣ дар роҳи сулҳ” дар ҳофизаи ҷамъии миллати Афғонистон боқӣ монд.

НАТИҶАГИРӢ

Устод Бурҳонуддин Раббонӣ шахсияте буд, ки аз Донишгоҳи Алазҳар то майдони сиёсати Афғонистон, роҳе пурчолишро тай кард. Ӯ ҳам раҳбари ҷиҳод буд, ҳам раисҷумҳур ва ҳам “Шаҳиди сулҳ”. Хатти эътидолгароёнааш, улгуе барои наслҳои ояндаи Афғонистон аст; Улгуе, ки бар гуфтугӯ, мадоро, эҳтиром ба танаввӯъ ва ҳалли мусолиматомези мунозеъот таъкид дорад.

Мероси ӯ дар таърихи Афғонистон на танҳо ба унвони як раҳбари сиёсӣ, балки ба унвони як мутафаккири исломӣ ва намоди эътидол боқӣ хоҳад монд. Идома додани роҳ ӯ, бавежа дар шароити кунунии Афғонистон, зарурате асосӣ барои миллатсозӣ ва давлатсозӣ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!