Хабари рӯз

Толибон ҳатто бо қабри Масъуд душманӣ доранд, аммо бо роҳи Масъуд мераванд.

Нависанда: Аҳмад Ҳаноиш, рӯзноманигор (Афғонистон)

Дар яке аз рӯзҳои наздик ба шонздаҳуми сентябри ҳамин сол чанд тан аз ҳамватанони муҳоҷири мо гирд омада буданд, дар бораи авзои ватан ва вазъияти муҳоҷират аз ҳар дар сӯҳбат мекарданд.

Дар миёни ин ҷамъ як дагарволи собиқ, ки дар ниҳодҳои гуногуни амниятӣ кор карда, шахси таҷрибадор аз бародарони ғилҷоии паштун мебошад ва аз рӯйи маслиҳат номашро намегирам, яке аз дидаҳои чашми худ дар бораи таҳаввулоти соли 1380-ро бо зарифии махсус ва бо диққати тамом нақл мекард, ки гӯё ҳавои ҳамон саҳнаи ду даҳсола пешро дар ин ҷо – дар Олмон бо худ оварда бошад.

Қиссаи хотираангорияшро ин гуна баён кард:

“Дар сентябри соли 1380 дар бозори волусволии Қаробоғи вилояти Ғазнӣ дӯсте доштам ба номи Дарёхон Харутӣ, ки пешаи саррофӣ дошт. Бо ин дӯсти худ ба шакли шарикӣ, ман ҳам миқдоре аз сармоя – пули афғониро дар ихтиёраш гузошта будам, то аз он роҳ даромаде дошта бошам. Яке аз рӯзҳо дар дохили дӯконаш нишаста ва машғули ҳисобу китобҳои даромад ва масраф будем, ки дидам се мошини “Дотсан” бо як мошини гаронарзишу дигаргун наздики дӯкон омаданд ва муҳофизони мусаллаҳ бо либоси толибонӣ ба дохили дӯкон даромаданд, ки онҳо муҳофизони Мулло Шоҳмуҳаммад Охунд буданд.

Мулло Шоҳмуҳаммад ҳамзамон масъули ду волусволӣ – Деҳяк ва Деҳҳоҷии вилояти Ғазнӣ буд, аз афроди наздик ва мавриди бовари Мулло Умар – роҳбари Толибон низ маҳсуб мешуд, ки корҳои зиёдеро ба ӯ месупурд. Муҳофизони вижа дошт ва бо ин мавқеъ аз ихтиёроти фаровону зебу зинатҳои ҳукуматӣ бархӯрдор буд.

Мулло Шоҳмуҳаммад тақрибан чил сол дошт ва як ангушти шаҳодати дасти росташ бурида буд. Ӯ аз паштунҳои ғилҷоӣ ва аз волусволии Мақури Ғазнӣ буд. Муллосоҳиб ба дӯкон омад ва баъди як аҳволпурсии кӯтоҳ аз мо, аз дӯкондор хост то бахше аз пулҳояшро, ки дар дӯкони Дарёхон барои тиҷорати муштарак гузошта буд, ба ӯ бидиҳад.

Дӯкондор ҳамзамон бо ҷамъу ҷӯр кардани пулҳо барои супоридан ба Мулло Шоҳмуҳаммад, дар бораи авзои мамлакат сари сӯҳбатро боз кард ва ба расми хушхидматӣ гуфт:

“Имрӯз ахбори Би-Би-Сиро гӯш мекардам, гуфт, ки ба Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамла сурат гирифта, фикр мекунам, ки аз байн рафтааст. Аз вақте ки ин хабарро шунидам, бисёр хушҳолам, хостам ин хабари хушро ба худат ҳам бирасонам”.

Ман, ки нозири ин саҳна будам, дар зеҳнам чунин тасаввур доштам, ки Мулло Шоҳмуҳаммад низ аз хабари ҳамла ба ҷони Аҳмадшоҳи Масъуд истиқболи гарм хоҳад кард, аммо аксуламали волусволи Толибон дар баробари Дарёхони дӯкондор бар хилофи интизори мо чунон хашмгин буд, ки маро низ тааҷҷубзада сохт.

Волусвол бо хашми шадид гуфт:

“Агар нону намакатро намехӯрдам, ҳоло бад ба ҳисобат мерасидам. Аз байн рафтани Аҳмадшоҳи Масъуд маънои онро дорад, ки Афғонистон барои ҳамеша молу мулки панҷобии Покистон хоҳад шуд. Ҳамин ҳоло ду нафар панҷобӣ ба номи “мушовир” амирони ман ҳастанд ва бе иҷозати онҳо наметавонам об бинӯшам ё ба ҳоҷатхона равам. Агар Масъуд набошад, панҷобиҳои Покистон моро ба ду пул арзиш намедиҳанд, вале акнун ба хотири он ки дар баробари Масъуд меҷангем, барои мо пулу имконот медиҳанд, моро ҳимоят мекунанд ва ҳукуматро барои мо қоим месозанд.”

Ровӣ дар ҷараёни суханонаш, ки аз Мулло Шоҳмуҳаммад нақл мекард, қисмате аз гуфтаҳои ӯро ба забони пашту ва бо лаҳҷаи ҷанубӣ чунин баён намуд.

Ба хотири он ки дӯкондори саррофӣ аз Масъуд бадгӯӣ карда буд, Муллосоҳиб аз сарроф хост, ки тамоми пулҳояшро фавран пас диҳад. Дар он замон зиёда аз ҳафт ҳазор лак пули афғонӣ дар дасти Дарёхони сарроф буд. Вақте вулусвол пулро талаб кард, саррофи дӯсти ман бисёр ба таҳлука афтод ва аз тарс ҳолати рӯҳии ӯ ноором шуд.

Ман бо нармӣ ва эҳтироми зиёд дахолат кардам ва ба Мулло Шоҳмуҳаммад гуфтам: “Мулло соҳиб, хайр аст, Дарёхон он қадар савод надорад, танҳо ба хотири он ки фикр кард шуморо хурсанд созад, чунин суханро гуфт. Аз шумо як дархост дорам, ки андаке вақт диҳед, то пулашонро омода кунад.”

Мулло Шоҳмуҳаммад гуфт:

“То асри имрӯз пулро омода мекунӣ, муҳофизонамро назди шумо мефиристам.”

Инро гуфт ва аз дӯкон берун шуд”.

Ин ривоят барои ман аз он ҷиҳат арзиши расондан пайдо кард, ки дар ин шабу рӯз фазои расонаҳо ва муҳити ҷамъият аз ҳаёҳуи ҷанги Толибон ва Покистон пур шудааст. Бо як нигоҳ ба гузаштаи Толибон ва даргирии кунунии ин гурӯҳ бо Покистон чанд нукта қобили таваҷҷӯҳ аст:

  • Агар Покистон барои пайгирии “умқи стратегии” худ ба хотири тасаллут бар Афғонистон рӯйи Толибон сармоягузорӣ кард, пас чӣ шуд, ки ҳоло барои барканор кардани Толибон даст ба кор шудааст?!
  • Агар Толибон аз сатҳҳои болоӣ мисли Мулло Шоҳмуҳаммад аз аҳдофи панҷобиҳои Покистон барои тасаллут бар Афғонистон огоҳӣ доштанд ва онро ба зарари кишвари худ медонистанд ва аз ҷониби дигар Аҳмадшоҳи Масъудро монеи мақосиди Покистон мешумурданд, пас чаро бо ӯ он қадар душманӣ доштанд, ки ҳатто дар муқобили аксҳои Масъуд нафрат ва кинаи худро идора карда наметавонанд?
  • Акнун, ки ҳукумати Покистон, бахусус панҷобиҳо – ҳокимони асосии он кишвар барои нобудии Толибон шиор сар додаанд ва душмании шадид миёни ин ду ҳампаймони қадимӣ шакл гирифтааст, чаро Толибон ҳаққонияти ҷанги Аҳмадшоҳи Масъуд дар баробари Покистонро ҳанӯз ҳам нодида мегиранд?
  • Чаро инро, ки Аҳмадшоҳ Масъуд даъвои дифоъ аз тамомияти арзии тамоми Афғонистонро дошт ва онро дар амал собит кард, нодида мегиранд?!
  • Чаро доштани акси Аҳмадшоҳ дар телефонҳои мобилии афрод ҷурми шадид шумурда мешавад ва зиндонӣ шудан, шиканҷа, сарзаниш ва таънаи сахтро дар пай дорад?
  • Ба назари шумо, ин шиддати нафрат ва зеҳнияти заҳрогин дар баробари Аҳмадшоҳи Масъуд аз куҷо сарчашма мегирад, ки ҳатто бо лагадмол кардани мақбараи ӯ дарди дарунашон ором намегирад?!

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!