Хабари рӯз

Суҳбати телефонии Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳбари асосгузори муқовимати зидди терроризм Афғонистон бо Мулло Умар, асосгузори созмони террористии Толибон ва хусури Усома ибни Лодан, раҳбари “Алқоида”

Навиштаи Руи Гутман, муаллифи китоби "How We Missed The Story", саҳифаҳои 111–112.

Дар моҳҳои сентябр Масъуд мехоҳад ба Мулло Умар телефон намуда ва бидонад, ки оё роҳи ҳалли мусолиматомезе барои ихтилофи онҳо вуҷуд дорад ё не. Ӯ рақами телефони Мулло Умарро аз китобчаи ёддошти Мулло Муҳаммад Ғавс пайдо мекунад, ки дар Мазори Шариф дастгир шудааст.

Ҷамшед, секретари Масъуд, ба рақами Мулло Умар аз тариқи шабакаи Квэтта занг зада ва телефон васл мешавад.

Масъуд ба забони пашту мепурсад: Мулло Умар ташриф доранд?

Дастёри Мулло Умар ҷавоб медиҳад: “Бале, Амир ташриф доранд.”

Масъуд бо забони комилан дипломатӣ аз Мулло Умар мехоҳад, ки: “Лутфан, биёед, якҷо масъалаи Афғонистонро ҳал кунем.”

Мулло Умар мепурсад, ки Масъуд чӣ роҳи ҳаллеро пешниҳод мекунад. Масъуд оташбас, идораи муваққат, як Луи Ҷирга ё маҷмаъи намояндагони мардум ва интихоботи озодро пешниҳод мекунад.

Мулло Умар, назар ба гуфтаи Ҷамшед, дар аввал “эҳсосотӣ ва ҳаяҷонӣ” мешавад, аммо баъдан мехоҳад, ки барояш вақт дода шавад то дар бораи он фикр намуда ва “онро дар муколимаи баъдӣ файсала намояд.”

Масъуд соати 9-и субҳи рӯзи баъд телефон мекунад. Ммизоҷи Мулло Умар тағйир хӯрдааст. Мулло Умар мегӯяд: Мо ба кӯмаки шумо зарурат дорем.

Масъуд мепурсад: “Чӣ кӯмак?”

Мулло Умар мегӯяд: “Бубин, шумо як муҷоҳид ҳастед, шумо аз дигарон фарқ доред. Шумо фосид нестед. Аммо шумо ба як монеъ дар баробари Аморати Исломӣ табдил шудаед. Ин корро накунед. Шумо метавонед як нақши умда дар Тоҷикистон дошта бошед. Тоҷикҳо шуморо дӯст доранд. Шумо метавонед Аморати Исломиро то Тоҷикистон тавсеъа диҳед.

Масъуд посух медиҳад: Мо дар бораи Афғонистон гап мезанем. Дар Афғонистон ҷанг ҷараён дорад ва мардум дар оташи он месӯзанд. Ин роҳи таваққуф ва хомӯш сохтани он нест. Ин ягона чизе аст, ки мо мехоҳем.

Мулло Умар мегӯяд, ки: “Афғонистон бояд як артиши воҳид дошта бошад. Чун мумкин нест гурӯҳҳои мусаллаҳ дар нуқоти мухталиф вуҷуд дошта бошанд.”

Масъуд мегӯяд: “То замоне, ки як роҳи ҳалле ба вуҷуд наояд, ки тамоми мардум онро бипазиранд, ҷанг идома хоҳад дошт.”

Гуфтугӯ доғ мешавад. Мулло Умар мегӯяд: “Мо қудрат дорем. Мо аксарияти мардумро дорем. Мо метавонем боқимондаи кишварро дар як шаб ё як рӯз бигирем. Силоҳи худро ба замин бигузор ва таслим шав!

Аз даст додани Мазор ба таври возеҳ дар зеҳнаш мушоҳида мешавад. Ӯ мегӯяд: Ман ин чор ҳазор толибро аз даст додам то ба касе иҷоза надиҳам, ки дар кӯчаҳо дар бораи ин кишвар тасмим бигирад.

Мулло Умар мегӯяд: Толибон Аморати худро мехоҳанд. Мо ин қурбониҳо-ро ба хотири Аморат додаем ва барои анҷоми он боз ҳам идома хоҳем дод.

Муколима ба поён наздик мешавад.

Мулло Умар бо ин суханон худоҳофизӣ мекунад: “Агар Масъуд намехоҳад ҳамкорӣ кунад, ӯ метавонад кишварро тарк гӯяд. Тоҷикҳо ба Тоҷикистон, ӯзбекҳо ба Ӯзбекистон ва ҳазораҳо ба Эрон бираванд. Мо афғон ҳастем ва ин сарзамин аз мост!”


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!