Агар ахлоқ аз сиёсат ҳазф шавад, раҳзанӣ беҳтар аз сиёсатгарӣ аст.
Нависанда: Ҳафиз Мансур, нависанда ва сиёсатмадор, махсус барои “Сангар”
***
Оқои Муҳаммад Ҳасан Вулусмал дар солҳои ҷиҳод дар шаҳри Пешовар ҳафтаномае ба номи “Муҷоҳиди вулус“ мунташир мекард. Дар ин ҳафтанома дар канори лаъну таън ба Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷосусони он аз танзимҳои ҷиҳодӣ, ки дар он шаҳр марказият доштанд, хӯрда мегирифту шуморае холӣ аз ин матолиб набуд.
Дар он солҳо оқои Гулбуддин Ҳикматёр худро нисбат ба соири сарони ҷиҳодӣ ҷиддӣ ва фаъол нишон медод. Ӯ аз пулиси Покистон хост, то Вулусмалро зиндонӣ кунад, ки ҳамон шуду оқои Вулусмал ба маркази пулис кашонда шуд. Шояд шуморе аз сарони аҳзоби ҷиҳодӣ аз ин воқеа масрур шуда бошанд, зеро як мунтақиди бебоку хашмгин дастгир шуда буду қарор буд ҷазои худро бибинад, вале Устоди Раббонӣ, раҳбари Ҷамъияти Исломӣ ин рӯйдодро ногувор шумурд ва барои раҳоии оқои Вулусмал даст ба кор шуд. Дар фарҷом эшон раҳоӣ ёфтанд ва Устод Раббонӣ дар амри муҳофизати физикии эшон ҳам иқдом кард.
Истидлоли Устоди Раббонӣ ин буд, ки агар ҷилави чунин аъмоли пулиси Покистон гирифта нашавад, дар оянда ҷасорати бештар ба харч дода, фармондеҳони ҷиҳодӣ ва раҳбаронеро, ки хоста бошанд, ба зиндон мебаранд!
***
Дар ҳамин солҳо Сарвар Нуристонӣ, афсари марксисту маъруф дар Нуристон бору бисоте барои худ чида буд ва афродеро дар он вилоят ҳимояти молӣ ва таслеҳотӣ менамуд. Ба далели мавқеъияти ҳассоси вилояти Нуристон, ин афрод гоҳе бар корвонҳои тадорукотии муҷоҳидин эҷоди музоҳимат мекарданд.
Давлати Покистон тасмим гирифта буд, то ин нерӯи мазоҳимро аз сари роҳ бардорад ва бад-ин манзур як амалиёти кумондуӣ тарҳрезӣ шуда буд. Ҳамаи сарони аҳзоби ҷиҳодӣ барои иҷрои чунин амалиёте мувофиқат нишон дода буданд, аммо боз ҳам Устод Бурҳонуддин Раббонӣ мухолифати худро иброз дошту монеъи иҷрои он ҳамла шуд.
Устод Раббонӣ дар ин бора мегуфт, набояд ба покистониҳо иҷозаи мудохила дар қаламрави Афғонистон/Хуросонро дод, зеро ин дастдарозӣ бо гузашти замон тавсеа меёбад ва барои ояндаи кишвари мо зиёнбор аст.
***
Як моҳ пас аз хурӯҷи комили қувваҳои Шуравӣ аз Афғонистон ҷанги Ҷалолобод оғоз ёфт. Дар ин ҷанг барои Аҳмадшоҳ Масъуд қатъи шоҳроҳи Солангро дар назар гирифта буданд, то шоҳраги тадорукотии режими Кобул қатъ шавад. Бад-ин манзур маблағи ду лак доллари амрикоӣ ҳам фиристода буданд, ки шарҳи ин моҷаро дар “Ҷанги ашбоҳ” омадааст. Аҳмадшоҳ Масъуд дар ин ҷанг саҳм нагирифт ва дар Соланг даст ба иқдоме назад, ки боиси масдуд шудани шоҳроҳи Соланг гардад.
Аҳмадшоҳ Масъуд дар мусоҳиба бо як рӯзноманигори ғарбӣ дар ин бора гуфт, режими Кобул аз ҳар тариқ метавонад икмолоти худро анҷом диҳад, аз баста шудани шоҳроҳи Соланг ҳазорон кобулии маҳруму мазлум осеб мебинад, ки ба нони шабу рӯзашон дармондаанд.
***
Дар соли 1368 давлати Покистон дар машварат бо сарони танзимҳои ҷиҳодӣ тарҳи як ҳамлаи чандҷониба болои шаҳри Кобулро рехтанд. Ин барнома пас аз шикасти ҷанги Ҷалолободу шикасти кудатои Шаҳнавоз Танай иттихоз шуда буд. Аҳмадшоҳ Масъуд низ бад-ин манзур ба Покистони даъват шуда буд. Ин танҳо сафараш дар даврони ҷиҳод ба Покистон буд.
Ӯ дар гуфтугӯе, ки бо Мирзо Асламбек, раиси ситоди артиши Покистон дошт, ин барномаро ҳам аз назари низомӣ ва ҳам аз раҳгузари инсонӣ нодуруст собит кард ва аз ширкат дар он амалиёт ибо варзид. Дар натиҷа ҳамлаи васеъе болои шаҳри Кобул, ки тадорукоти он сурат гирифта буд, лағв шуд.
Масъуд мефармуд, ин ҷанг боиси кушта шудани ҳазорон инсони бегуноҳ мешавад ва мо наметавонем дар он иштирок намоем.
***
Замоне оқои Муҳаммад Сиддиқ Роҳӣ, бародари доктор Наҷибуллоҳ, раиси режими Кобул ба Покистон рафт. Аз қавли эшон рисолае зери унвони “Наҷибро бишносед“ ба ду забони порсӣ ва пашту ба ҳазорон нусха чоп гардид. Дар он рисола бештар аз он ки корномаи сиёсии Наҷиб ба нақд гирифта шавад, ахлоқу рафтори шахсӣ ва хонаводагиаш бозтоб ёфта буд. Давлати Покистон ин рисоларо дар миёни муҳоҷирон пахш намуд ва илова бар он, шумори дигарро ба даруни Афғонистон/Хуросон фиристод.
Коко Ҷонмуҳаммадхон, ки дар он замон масъулияти умури тадорукотии Шӯрои Наззорро дар Покистон ӯҳдадор буд, мегуяд: “50 картон аз ин китобҳо барои мо ҳам таҳвил дода шуд, то ба дохил бифиристам. Аз он миён 4 картони онҳоро фиристодам, зеро дар он замон авлавият ба ирсоли силаҳу муҳимот буд, на китоб.
Вақте китобҳо ба ҷабҳа расид, дар аввалин фурсат Аҳмадшоҳ Масъуд яке аз он рисолаҳоро мутолиа карда, пушти мухобира омад ва гуфт:
- Ин китобҳоро кӣ дода ба шумо?
- Давлати Покистон.
- Чанд ҷилд аст?
- 50 картон аст.
- 4 картони он ин ҷо расида, мутабоқӣ назди шумо аст?
- Бале, 46 картони дигари он омода ва мавҷуд аст.
- Ҷони бародар! Ҳамин ки аз пушти мухобира рафтӣ, чанд гелан тел (бензин) гирифта, рӯи онҳо мепошӣ ва ҳариқ мекунӣ. То ахир ҳариқро назорат бикун. Фаҳмида шуд? Ғафлат накунӣ!
Коко Ҷонмуҳаммадхон мегӯяд, мутобиқи дастури Омир соҳиб (Аҳмадшоҳ Масъуд) китобҳоро сӯхтондам.
Вай мегӯяд, чанд моҳ баъде, ки ба ҷабҳа омадам, аз Аҳмадшоҳ Масъуд пурсидам, чаро нагузоштӣ он китобҳо ба ҷабҳа бияёд?
Масъуд посух дод:
- Дуруст аст, ки мо дар ҳоли ҳозир бо Наҷиб душманӣ дорем, аммо ин душмании дарунии мост, Покистон чӣ ҳақ дорад, ки дар бораи як калони Афғонистон чунин баду бераҳ бигӯяд. Агар ҷилави онҳо гирифта нашавад, фардо дар бораи дигарон ҳам табсира мекунанду китоб чоп мекунанд.
Коко Ҷонмуҳаммадхон меафзояд, он солҳо гузашт. Режими доктор Наҷибуллоҳ суқут кард ва ман меҳмондори Наҷиб дар меҳмонхонаи Созмони Милали Муттаҳид шудам. Авқоте бо ҳам қисса мекардем. Рӯзе ҳамин ҳикояти китобу дастури Аҳмадшоҳ Масъудро дар бораи ҳариқи он ба ӯ гуфтам. Доктор Наҷибуллоҳ гирист ва гуфт, мо дар бораи ӯ чигуна фикр мекардем, аммо ӯ чигуна меандешид.
***
Дар солҳои муқовимати аввал шаҳиди мағфур доктори Абдуллоҳи Лағмонӣ яке аз касоне буд, ки миёни ҷабҳа ва Покистон рафту омад мекард. Дар ду навбат дидам зимни номаҳо ва паёмҳое ба касоне фиристода мешуд, Аҳмадшоҳ Масъуд ба генерал Шаҳнавоз Танай пули нақд ба дасти эшон фиристод.
Ба қавли шоир,
Зи деги пӯхтагон нояд садое,
Хурӯш аз мардумони хом хезад.
Мани нопухта эътироз кардам, чӣ ниёз аст ба як кудаточии фирорӣ пул ирсол мекунӣ?
Масъуд гуфт:
- Ҷони бародар! Ҳамин ҳам як рӯзе вазири дифоъи Афғонистон/Хуросон буд, набояд дасташ пеши покистонӣ дароз бошад!
Ман ин рӯйдодҳоро бидуни шарҳ ва табсира навиштам ва шумо хонандагони азиз метавонед дар партави он, ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба сарзамини кишвари моро ба баррасӣ бигиред.
Агар ахлоқ аз сиёсат ҳазф шавад, раҳзанӣ беҳтар аз сиёсатгарӣ аст.