Хабари рӯз

Намоиши шаллоқкории пуштиҳами чаҳордаҳ зан дар ҳузури ҳазорон марди шахбурут дар Лугар, мояи шармсорӣ барои инсоният аст.

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ

Гурӯҳи тундрави Толибон пас аз расидан ба қудрат, бо инҳидоми фарҳанг, маданият ва инсоният дар Афғонистон ба дастури бегонагон мехоҳанд моро аз решаамон ҷудо сохта, Афғонистонро ақибмондатарин мамлакат ва мардуми онро номутамаддинтарин ва ваҳшитарин мардуми ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Толибон, ки дар ақибмондатарин хонаводаҳои афғон бузург шуда, бо омӯзиш дар мадрасаҳои динӣ фитратан маданиятситезу тирафикр тарбият мешаванд, илм, ҳунар ва қонунро барои мардуми Афғонистон мубоҳ эълом намудаанд.

Толибон агар дирӯз пайкараҳои бузурги Буддоро дар Бомиён мунҳадим карданд, имрӯз низ дар тамоми Афғонистон, барои инҳидоми тамоми арзишҳои маданӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ ва ҳатто ҳайсият ва шарофати инсонии мардуми Афғонистон камар бастаанд. Толибон барои ҳазфи занон аз иҷтимоъ, ҳазфи ҳунар, ҳазфи одоб, русум ва арзишҳои маданӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, ҳазфи забони форсӣ дар аксар арсаҳои зиндагӣ ва билохира ҳазфи қонун аз Афғонистон, мехоҳанд Афғонистонро ба гуфтаи Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, воқеан ба шаҳри нафриншуда ва таркшуда аз сӯйи Худо мубаддал созанд.

Бар асоси тозатарин фармони Мулло Ҳайбатуллоҳ раҳбари мафқуди Толибон, ахиран татбиқи шаръии муҷозотҳо (даст буридан, шаллоқ задан ва ғайра) дар малои ом чунон бошиддат ва ваҳшат ба пеш бурда мешавад, ки ин кор кишвари Афғонистонро дар анзори ҷаҳониён ба тамошохонае мубаддал кардааст, тамошохонае, ки инсон, бахусус, зан, дар он ба мазҳакаҳое мубаддал шудааст.

Пахши тасовири ҷараёни шаллоқкории чаҳордаҳ зан ва мард пеши чашмони ҳазорон тамошогари мард дар вилояти Лугар, ки телевизионҳои ҷаҳонӣ онро ба намоиш гузошт, умқи ваҳшат ва ҷиноят дар миёни мардумро ба намоиш гузошт умқи нодонӣ ва бехудиро. Аз ин тасовир одам аз худ шармида ва аз вобаста будани худ ба чунон миллат ва сарзамине пушаймон ва хиҷолатзада мешавад. Ин тасовир мояи шарм барои он идда ҳомиёни галстукпӯши Толибон аст, ки ин гурӯҳи одамкушро наҷотдиҳандаи Афғонистон аз беназмиҳо ва бадбахтиҳо мепиндоранд. Ин тасовир мояи шарм барои амрикоиён низ аст, ки дору надори Афғонистонро дудаста ба ин террористони занситез пешкаш намуданд.

Вақте Ҷо Байден, раисҷумҳури демократи Амрико, Афғонистонро макони таркшуда тавассути Худо эълон менамояд, оё дидани ин тасовир виҷдонашонро такон хоҳад дод?

Вақте ин тасовир нашр ва пахш мешуд, оё ин ҳама созмонҳои бадноми байналмилалӣ, ки фақат бо нашри эъломияҳое басанда мекунанд, аз дидани ин намоиши шармовар дар Лугар, аз мавҷудияти худ хиҷолат намекашанд?

Ба ҳар ҳол, вақте ин тамошохонаро, ки дар он занро ба номи ғайрат беиззат мекунанд, мебинӣ, ба дурӯғҳои шохдор ва газофаҳои бемиқдори таърихӣ пай мебарӣ, ки дар тӯли қарнҳо барои Афғонистон навишта ва ба хӯрдаи мардум додаанд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!