Хабари рӯз

Оё чиптаҳои ҳавопаймо ба парвозҳои Русия арзон мешаванд?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон тақрибан 3 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварамонро ташаккул медиҳад. Аз рӯи маълумотҳои омори ҷаҳонӣ, ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД-и ҷаҳонӣ тақрибан 10 фоизро ташкил медиҳад ва дар баъзе кишварҳое, ки дар бахши сайёҳӣ пешсафанд, ин нишондиҳанда беш аз 80 фоизро ташкил медиҳад. Тамоюлҳои имрӯза чунинанд, ки саёҳат як қисми ҷудонашавандаи хароҷоти истеъмолии мардум дар саросари ҷаҳон гардидааст. Тоҷикистон кишварест, ки метавонад ба сайёҳон мавзеъҳои ҷолиби диданиро пешниҳод кунад - омезиши нотакрори манзараҳои ҷолиби кӯҳистонӣ ва мероси ғании фарҳангиву таърихӣ метавонанд ҳатто сайёҳони ботаҷрибаро ба ваҷд оваранд. Барои он ки соҳаи сайёҳӣ ба яке аз ҷузъҳои асосии иқтисодиёти миллӣ табдил ёбад, ба кишвари мо чӣ намерасад?

Роҳбарияти кишвар хуб дарк мекунад, ки сайёҳӣ на танҳо як бахши даромадноки иқтисодиёти муосир, балки омили муҳими иҷтимоӣ барои таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойи корӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мебошад, аз ин рӯ ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Аз соли 2019 дар кишвар Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 амалӣ карда мешавад. Айни замон, тибқи ин Стратегия, дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ба саноатикунонии босуръати бахши сайёҳӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва пешбурди (таблиғи) маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се марҳиларо дар бар мегирад: марҳилаи рушди босуръат (2019-2022), ба охир расонидани саноатикунонии босуръат (2023-2026) ва пурзӯр намудани иқтидори рушд дар заминаи донишу навовариҳо (2027-2030).

Имрӯз дар Тоҷикистон тақрибан 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият мебаранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки сайёҳонро бо намудҳои гуногуни саёҳатҳои фароғатӣ ба ҳайрат оварданд. Барои мисол, ҳаммуассиси ширкати сайёҳии тоҷикии “Эко  Тур” Алена Сафаргалиева қайд мекунад, ки яке аз самтҳои нави рушди сайёҳӣ дар кишвар аспсаворӣ гардидааст, ки аз соли 2024 инҷониб аз ҷониби ширкати “Эко Тур” ташкил карда мешавад:

«Фоиданок будани аспсаворӣ аз ҷиҳати илмӣ собит шудааст. Машғулият бо аспҳо ба мустаҳкамкуни қувваи ҷисмонӣ, чобукӣ, тобоварӣ ва малакаҳои зеҳнӣ кӯмак карда, барои муошират, ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона имконият фароҳам меорад», - қайд мекунад Алена Сафаргалиева. - Илова бар ин, ширкат дар дараи Қаратоғ лагери худро бо номи ЭКО Кемп дорад. Дар заминаи ин лагер бачаҳо чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фароғатӣ ташкил мекунанд: хаймазанӣ бо барномаҳои гуногун, аз ҷумла тамошои филмҳо дар иҳотаи кӯҳҳо ва шабнишиниҳо дар табиат. Барои кӯдакону наврасон бозиҳо (квестҳо)  бо рафъи монеаҳо дар кӯҳҳо, кӯҳнавардӣ бо иштироки Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда мешаванд».

Чунин барномаҳои фарҳангӣ ҳам барои сайёҳони дохилӣ ва ҳам меҳмонони хориҷӣ ҷолибанд, зеро онҳо дар худ имкони тамошои манзараҳои табиӣ ва шиносоӣ бо хислатҳои маҳаллиро муттаҳид ва фароҳам месозанд. Ба андешаи Алена Сафаргалиева, маҳз ҳамин сайёҳонро ба Тоҷикистон ҷалб мекунад.

Машҳуртарин мавзеъҳои Тоҷикистон барои сайёҳони рус - ин шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл ва кӯлҳои Марғузор  мебошанд.

Дар Тоҷикистон дар масъалаи ҷалби сайёҳони хориҷӣ бештар ба сайёҳони рус таваҷҷӯҳ карда мешавад: гузаштаи умумии даврони  шӯравӣ, мавҷуд набудани монеаи забонӣ, имкониятҳои васеъ барои сайёҳии кӯҳӣ – воқеан сабабҳои ҷолиби диққат будани Тоҷикистон барои шаҳрвандони Русия хеле зиёданд.

Як омили муҳими дигар - робитаҳои хуби нақлиётӣ ва мавҷуд набудани низоми раводид байни кишварҳои мо мебошад. Ширкати ҳавопаймоии тоҷикии “Сомон Эйр” ва ширкатҳои ҳавопаймоии русии «Ютэйр», «Уралские авиалинии», «Северний ветер», S7 ва «Ямал» мунтазам ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳанд. Иртиботи ҳавоӣ бо Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Иркутск, Қазон, Красноярск, Минералние Води, Новосибирск, Самара, Сочи, Уфа ва Челябинск роҳандозӣ шудааст.

Илова бар ин, байни Русия ва Тоҷикистон иртиботи роҳи оҳан низ барқарор шудааст: хатсайрҳои роҳи оҳан аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Волгоград роҳандозӣ шудаанд, инчунин дар охири соли гузашта дар сатҳи вазоратҳои нақлиёт масъалаи азсаргирии хатсайри роҳи оҳан байни Душанбеву Маскав матраҳ гардида буд.

Роҳи дигари сафар байни Русия ва Тоҷикистон – бо автобус низ мавҷуд аст. Дар аввали сол пас аз танаффуси тӯлонӣ хатсайри автобусии «Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд» барқарор карда шуд, ки ҳар 2 рӯз сурат мегирад. Ҳамзамон имкони ифтитоҳи хатсайри мунтазами автобусӣ байни шаҳрҳои дигари Русия ва Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

«Байни Тоҷикистону Русия намудҳои гуногуни ҳамлу нақли мусофиркашонӣ вуҷуд дорад: иртиботи роҳи оҳан, нақлиёти автобусӣ, таксиҳо ё мошинҳои ҳамсафар, ки якчанд нафар дар мувофиқа бо ҳамдигар ба иҷора мегиранд. Вале бо назардошти масофаи байни кишварҳои мо аз ҳама қулайтарин ва зудтарин намуди нақлиёт, бешубҳа, парвози ҳавоӣ мебошад.

Имрӯз ҳиссаи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳудуди 80 дарсади тамоми ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Агар ба дилхоҳ рӯзи ҳафтаи намолавҳаи фурудгоҳи Душанбе назар андозем, ҳатто бо як нигоҳи рӯякӣ мебинем, ки аксари парвозҳо ба шаҳрҳои Русия сурат мегиранд. Ин пеш аз ҳама ба теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ, ки ба Федератсияи Русия мераванд, вобаста аст ва сабаби доим пур шудани ҳавопаймоҳо мебошад. Хатсайрҳои Русия аз сабаби зиёд будани талабот барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ даромади калон меоранд, аз ин лиҳоз дастрас будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо бисёр муҳим аст”, - мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

«Дар баробари иқомат дар меҳмонхонаҳо, чиптаҳои ҳавопаймоӣ ҳиссаи асосии хароҷотҳои сайёҳонро ташкил медиҳанд ва агар хароҷоти парвозҳоро коҳиш дода, истиқомат дар меҳмонхонаҳоро дастрастар гардонем, дар ин сурат метавонем теъдоди бештари сайёҳони русро ба Тоҷикистон ҷалб намуда, ҳамзамон даромаднокии дигар соҳаҳоро, аз ҷумла хӯроки умумӣ, нақлиёти дохилӣ, осорхонаҳо ва ғайраро зиёд кунем, - мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Ба андешаи ӯ, нархи чиптаҳои ҳавопаймо яке аз омилҳои муҳимест, ки ба афзоиши теъдоди сайёҳон монеа эҷод мекунад. Бешубҳа, идораҳои дахлдори кишварҳои мо ин нуқтаро ҳамчун ангеза барои афзоиш додани теъдоди сайёҳон арзёбӣ мекунанд, яъне масъалаи дастрасгардонии нархи чиптаҳои ҳавопаймо имрӯз дар садри дастури кор қарор дорад.

«Ҷалби сайёҳони рус барои кишвари мо муҳим аст, зеро аз рӯи теъдоди сайёҳон Русия, пас аз Ӯзбекистон, дар ҷои дуюм қарор дорад ва ин нишондиҳанда сол то сол меафзояд. Теъдоди сайёҳон, махсусан дар пасманзари бӯҳрони Русияву Украина, афзоиш ёфтааст, зеро бисёре аз самтҳои Аврупо бо сабабҳои гуногун барои сайёҳони рус дастнорас гардиданд: мушкилот дар гирифтани раводид, набудани парвозҳои мустақим ва ғайра. Аз ин рӯ, теъдоди зиёди сайёҳони рус дигар самтҳои алтернативиро, аз ҷумла Осиёи Марказиро интихоб мекунанд.

Тайи 2 соли охир теъдоди сайёҳон аз Русия ба Ӯзбекистон ба таври назаррас афзудааст ва аз нигоҳи таърихӣ, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давлатҳое ҳастанд, ки якдигарро пурра мекунанд. Аз ин рӯ, тамоми имкониятҳо барои ба Тоҷикистон ҷалб кардани теъдоди бештари сайёҳони рус вуҷуд дорад. Аммо агар нархи чиптаҳоро муқоиса кунем, парвоз аз Русия ба Ӯзбекистон назар ба Тоҷикистон хеле арзонтар аст.

Бо тавсияи Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон дар хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар парвозҳое, ки зиёда аз 3,5 соат давом мекунанд, мусофирон бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.

Дар баробари ин, Тоҷикистон бешубҳа барои сайёҳон, инчунин барои дӯстдорони табиат ҷолиб аст.  Тоҷикистон бисёр мавзеъҳои ҷолибу диданӣ дорад ва тавре мебинем, инфрасохтори кишвар сол аз сол беҳтар мегардад: роҳҳо ва меҳмонхонаҳо бунёд карда мешаванд, хизматрасониҳои гуногун ва шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд.

Бисёр сайёҳон аз шоҳроҳи Помир гузаштан мехоҳанд ва ин маънои онро дорад, ки инфрасохтори сайёҳии ин шоҳроҳро инкишоф додан лозим аст. Илова бар ин, Точикистон муддати тӯлонӣ пойгоҳи  варзишгарон, аз ҷумла велосипедронҳое, ки дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон  машқ мекарданд, кӯҳнавардон, дӯстдорони рафтинг ва лижаронҳо буд. Зимнан, барои дӯстдорони лижаронӣ Сафеддара метавонад як макони ҷолиб гардад – дар онҷо инфрасохтори хеле хуб фароҳам оварда шудааст, аммо каме таблиғот намерасад».

Коршинос бар ин назар аст, ки барои коҳиш додани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар хатсайрҳои Русия-Тоҷикистон имкониятҳои иқтисодӣ мавҷуданд: “Агар нархи парвозҳо, масалан, байни Маскаву Душанбе ва Маскаву Анталияи Туркияро бо назардошти якхела будани масофаи байни онҳо муқоиса кунем, нархи чиптаҳо дар баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар масири Москва-Анталия ба маротиб арзонтар аст – ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ захира доранд ва даромад нисбатан зиёд аст, яъне имконият барои коҳиш додани нархи чипта вуҷуд дорад.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ давра ба давра нархҳоро тағйир медиҳанд, дар як самт гоҳ  боло мебаранд, гоҳ поин  – тағйирёбии нархҳо аз фасл вобастагӣ дорад ва ин нишон медиҳад, ки чунин ислоҳи нархҳо ҳадафмандона анҷом дода мешавад ва байни ҷонибҳо оид ба ҳамоҳангсозии нархҳо тавофуқҳои муайян вуҷуд доранд».

Ҳамин тариқ, ҳамкории кишварҳои мо дар соҳаи нақлиёт яке аз омилҳои асосии рушди самараноки сайёҳӣ буда, ҳамзамон ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зиндагии мардум низ мусоидат мекунад.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!