Хабари рӯз

Русия ва Тоҷикистон дар роҳи бунёди паркҳои технологӣ чӣ гуна ҳамкорӣ мекунанд?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Ҳамкориҳои технологии Русия ва Тоҷикистон ба сатҳи нав мебароянд. Дар Душанбе нахустин парки технологии саноатии Русияву Тоҷикистон бунёд карда мешавад, ки як ҷузъи муҳимми рушди саноатии кишвар хоҳад гардид. Лоиҳаи мазкур барои таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷалби сармояҳо ва татбиқи технологияҳои пешрафта, инчунин, барои ба таври назаррас боло бурдани сатҳи иқтисодиёт ва содирот мусоидат мекунад. Амалисозии ин ташаббус бар асоси таҷрибаи муваффақи Русия сурат мегирад.

Рушди технологӣ

Дар Душанбе дар ҳудуди корхонаи «Коргоҳи мошинсозӣ» (собиқ иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш») як парки технологии озмоишии Русияву Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Парки технологии Душанбе аз рӯи намунаи парки технологии саноатии "Технополис Химград"-и шаҳри Қазон бунёд карда мешавад. Дар маҷмуъ Тоҷикистон барои бунёди парки технологӣ ба Русия 9 маконро, аз ҷумла ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар вилояти Суғд ва иқтидори корхонаи трансформатории ҶСК “Трансформатор” дар вилояти Хатлонро пешниҳод кард. Корхонаҳои русии дар он ҷо ҷойгиршуда маҳсулоти талаботнокро истеҳсол мекунанд.

Русия шарики асосии иқтисодӣ ва кафили амнияти технологии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бо дастгирии Русия дар ҷумҳурии мо истеҳсолоти баландтехнологӣ тараққӣ меёбад ва ҳамзамон табодули салоҳиятҳо ва роҳҳаллҳои зарурӣ байни кишварҳои мо сурат мегирад. Таъсиси якҷояи паркҳои технологӣ ва кластерҳои технологӣ яке аз самтҳои ояндадори ҳамкории байни кишварҳои мо мебошад.

Роҳбари Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков қайд мекунад, ки дар соли ҷорӣ пешрафти фаъол дар лоиҳаи бунёди парки саноатии Русияву Тоҷикистон дар ҳудуди КВД “Қоргоҳи мошинсозӣ” дар назар аст. Ба гуфтаи ӯ, то охири семоҳаи аввал ба имзо расидани созишномаи байниҳукуматии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. «Айни замон созишномаи сармоягузорӣ таҳия гардида истодааст, ки дар он шароитҳои имтиёзнок барои иштирокчиёни оянда муайян карда мешаванд. Мо инчунин умедворем, ки корҳои сохтмонӣ имсол оғоз мегарданд. Парки саноатӣ метавонад ба рушди Тоҷикистон таъсири назарраси мусбӣ расонида, барои соҳибкорон, сокинон ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар бартариятҳои зиёд фароҳам орад:

  • Таъсиси ҷойҳои корӣ: паркҳои саноатӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои технологияҳои баланд мусоидат мекунанд, ва чун натиҷа сатҳи бекорӣ коҳиш меёбад.
  • Ҳавасмандгардонии навовариҳо: Ин сохторҳо метавонанд ҳамчун як платформа (майдон) барои лоиҳаҳои нав ва корхонаҳои хурду миёна хизмат карда, ҳамзамон ба коркарди технологияҳои нав ва ҳаллҳои инноватсионӣ мусоидат хоҳанд кард.
  • Ҷалби сармоягузориҳо: паркҳои саноатӣ метавонанд барои сармоягузорони хориҷӣ ҷолиб бошанд, ки ин ба ҷалби сармоя ва технологияҳо ба кишвар мусоидат мекунад.
  • Афзоиши содирот: коркард ва истеҳсоли маҳсулоти баландтехнологӣ метавонад ба афзоиши ҳаҷми содирот мусоидат кунад ва ба тавозуни тиҷоратии кишвар таъсири мусбӣ расонад», - таъкид кард Евгений Коренков.

Дар шаҳри Душанбе парки технологиро ширкати махсус идора карда, ҳамзамон рушд ва ҳамоҳангсозии иқтидорҳои истеҳсолии дар ҳудуди он ҷойгиршударо таъмин менамояд. Барои резидентҳо (ширкатҳои иштирокчӣ) имтиёзҳо, аз ҷумла меъёри пасти андоз ва шароитҳои муфиди иҷора пешбинӣ шудаанд.

Дар охири соли 2024 Русия дар бораи нақшаҳои худ барои дар Тоҷикистон таъсис додани кластери бузурги саноатӣ таҳти идораи худ эълом кард. Дар доираи он корхонаҳои саноати кимиёвӣ, мошинсозӣ ва саноати сабук фаъолият хоҳанд кард. Аллакай созишномаҳо дар бораи ҷорӣ кардани режими махсуси андозбандӣ барои ширкатҳои резидентӣ ба тасвиб расидаанд, ки барои тараққиёти истеҳсолот шароити мусоид фароҳам меоварад.

Таҷрибаи бомуваффақияти кишварҳои ҳамсоя

Тоҷикистон дар бунёди паркҳои технологӣ таҷрибаи Русияро ҳамчун яке аз самтҳои асосии рушди инфрасохтори саноатии худ баррасӣ мекунад. Аз ҷумла, мақомоти кишвар мисолҳои ҳамкориҳои муваффақи Русияву Ӯзбекистонро бодиққат омӯхта истодаанд: дар Ӯзбекистон аллакай ду парки технологии кимиёвӣ-саноатӣ бо иштироки ширкатҳои русӣ фаъолият бурда истодаанд, дар вилояти Тошканд сохтмони маркази инноватсионии истеҳсоли электроника Eltech Industrial ба нақша гирифта шудааст.

Паркҳои технологӣ – ин марказҳои саноатии муосир, ки дар онҳо маҳсулоти баландтехнологӣ ба истеҳсол карда мешавад. Лоиҳаҳои муштарак бо Русия ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки истиқлолияти технологии худро таҳким бахшад, ва ҳамзамон ин лоиҳаҳо ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат мекунанд.

Русия дар ин соҳа пешсаф мебошад: дар 60 минтақаи кишвар беш аз 300 паркҳои технологӣ, аз ҷумла тақрибан 35 кластери саноатӣ танҳо дар Маскав фаъолият мебаранд. Машҳуртарини онҳо Технополиси “Сколково”- бузургтарин маркази навовариҳо мебошад. Илова бар ин, Русия лоиҳаҳои байналмилалиро фаъолона пеш бурда, дар хориҷа паркҳои технологии муштарак таъсис медиҳад. Мисоли чунин ҳамкориҳо парки технологии русию чинии «Дӯстӣ» дар Маскав, инчунин маҷмааҳои саноатии Чанчун, Тсухуа, Харбин, Шенян ва Янтай мебошанд.

Намояндаи тиҷоратӣ идома медиҳад: «Дар доираи татбиқи ин лоиҳа қабули таҷрибаи бузурги Корпоратсияи рушди Ҷумҳурии Бошқирдистон дар назар аст, вале мо хуб дарк мекунем, ки барои Тоҷикистон ин як парки комилан нави саноатӣ хоҳад буд. «Солҳои 2022-2026 дар ҷумҳурӣ солҳои саноат эълон гардидаанд, ки инро нияти таъсис додани 30 парки технологӣ барои мусоидат ба рушди корхонаҳои саноатӣ тасдиқ мекунад. Вобаста ба иштироки Федератсияи Русия, дар назар аст, ки парки асосии технологӣ дар ҳудуди собиқ корхонаи мошинсозии шаҳри Душанбе ҷойгир карда шавад. Имконияти бунёди парки технологии дуввум бо ширкати “Технополис Химград” низ баррасӣ гардида истодааст, аммо майдони мушаххас барои ин лоиҳа ҳанӯз интихоб нашудааст”.

Евгений Коренков, роҳбари намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон: “Дар маҷмӯъ, таъсиси паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон метавонад дар роҳи таҷдиди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори кишвар дар ояндаи дарозмуддат як қадами муҳим гардад.”

Мақомоти Тоҷикистон ният доранд дар тӯли се сол дар 30 шаҳри кишварамон қариб 30 парки технологӣ бунёд кунанд. Дар қатори аввалинҳо парки технологии дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри боақл (Smart City)», ки ба рушди технологияҳои иттилоотӣ нигаронида шудааст, инчунин парки технологии инноватсионӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ тахассус дорад, ба кор андохта мешаванд.

 

Фаъолияти муштарак

Ҳамкориҳо дар дигар соҳаҳо низ идома доранд. Ба андешаи ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Владимир Падалко, дар соли 2025, аз ҷумла бо дастгирии Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон, натиҷаи баланди ҳамкориҳои кишварҳоро бояд интизор шуд: Мо дар самти Тоҷикистон таҳлил гузаронидем ва натиҷаҳо чандон таъсирбахш набуданд – сафарҳо ба минтақаҳои Тоҷикистон хеле кам буданд, аз ин рӯ, мо сиёсати дохилии кишварро аз нав роҳандозӣ кардем.

Дар соли 2022 тавассути Палатаи савдо ва саноат 64 чорабиниҳои муштарак бо шарикони тоҷик, соли 2023 71 чорабинӣ ва соли 2024 44 чорабинӣ баргузор карда шуд. Илова бар ин, ду чорабинии намоишӣ бо иштироки 40 палатаи савдо ва саноат аз 40 минтақа баргузор гардид. Фармондеҳони (пешсафони) ҳамкориҳо вилоятҳои Маскав, Челябинск, Воронеж, Красноярск ва дигар субъектҳои бо Тоҷикистон ҳамкории фаъол дошта мебошанд. Мо кори худро баҳри пурра кардани саъю кӯшиши якдигар равона кардаем.

Зиёда аз 30 лоиҳа, ки айни ҳол амалӣ гардида истодаанд, ба дастгирии молиявӣ ниёз доранд. Дар робита ба ин, мо имкони таъсис додани як фонди алоҳида – яъне як абзори молиявиро, ки ба ширкатҳои русӣ дар амалӣ сохтани ҳадафҳои худ дар Тоҷикистон кӯмак мекунад, баррасӣ намудем. Албатта, унсурҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ хеле муҳиманд, аз ин рӯ мо чунин лоиҳаҳоро дастгирӣ мекунем.

Хамкории мо ҳамаҷониба густариш меёбад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Тоҷикистон наврасон барои ба мактабҳои русӣ қабул шудан дар навбат меистанд. Аз ин рӯ, тамоми ташаббусҳоро дар ин ҷодда бояд дастгирӣ кард ва инкишоф дод. Дар мактабҳо бояд бештар ба рақамикунонӣ таваҷҷӯҳ (тамаркуз) кунанд.

Мо, албатта, корхонаҳои тиҷоратии хурду миёнаро дар Тоҷикистон минбаъд низ пеш бурда, онҳоро бо ширкатҳои русӣ пайваст хоҳем кард. Ширкатҳои тиҷоратии калон ҳамеша имконияти пайдо кардани шариконро доранд, аммо корхонаҳои хурду миёна ба дастгирӣ ниёз доранд. Дар давраи ҷамъоварии ҳосил дар Тоҷикистон мо на ба мушкили норасоии маҳсулот, балки бо мушкили аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ кор карда натавонистани ширкатҳои тоҷикӣ рӯ ба рӯ гаштем. Аз ин рӯ, мо ният дорем ба онҳо бо дастраскунии технологияҳои русӣ кӯмак кунем, то ин ки дар давоми 2-3 соли оянда онҳо содироти меваю сабзавотро на танҳо ба Русия, балки ба кишварҳои дигар низ афзоиш дода тавонанд”.

Чи тавре ки дар боло кайд карда шуд, диққати асосӣ маҳз ба рушд додани технологияҳо равона карда мешавад. Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо таъкид мекунад: «Мо системаи экологии рақамиро рушд дода истодаем ва дар ин самт махсусан системаи ҳамкориҳои байниидоравӣ инкишоф ёфта истодааст, мо дар шаҳр аввалин парки технологиро бо тавсеаи минбаъда ба кор андохтем. Дар фаъолияти он як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла озодкунӣ аз андоз, ба истиснои андозҳои иҷтимоӣ, инчунин дастгирии соҳибкории инноватсионӣ тавассути акселераторҳо ва бизнес-инкубаторҳо пешбинӣ шудааст.

Анвар Ёқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд: “Моҳи апрел дар вилояти Суғд форуми байналмилалии сайёҳии «Суғд – чорроҳаи Роҳи Абрешим», моҳи июн – форуми байналмилалии сармоягузорӣ, инчунин чорабиниҳои алоҳида бахшида ба технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонӣ, омодасозии кадрҳо ва рушди нерӯи инсонӣ баргузор мегарданд. Мо намояндагони палатаҳои савдо ва саноати Русияро аз минтақаҳои гуногун ва намояндагони соҳаи тиҷоратро барои иштирок дар ин чорабиниҳо даъват мекунем.”

Дар Тоҷикистон стратегияи рушди зеҳни сунъӣ амалӣ гардонида мешавад ва мо ба фароҳам овардани замина барои тиҷорати электронӣ, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ширкати Wildberries шурӯъ кардем. Инчунин ҳамкории байни намояндагони бахшҳои хусусӣ фаъолона роҳандозӣ гардида, тамоми фаъолиятҳо ба пешбурди ширкатҳои технологӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар баробари ин, мо дар якҷоягӣ бо Федератсияи Русия пеш бурдани лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва тайёр кардани кадрҳоро пешниҳод мекунем».

Фаъолият дар минтақаҳо низ пай дар пай ва мунтазам пеш меравад. Анвар Ёқубӣ, муовини раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Соли 2024 соли хеле фаъол буд. Ҳанӯз моҳи январи соли гузашта вакилони Палатаи савдо ва саноати Русия аз минтақаҳои гуногун (Липетск, Воронеж, Олтой, Нижний Новгород, Маскав, Санкт-Петербург) ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин равиши  тамоми солро муайян кард. Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Қазон ва ҷаласаҳои шӯрои тиҷоратӣ ҳам ба тариқи онлайн ва ҳам офлайн иштирок карданд. Айни ҳол мо бо таъсис додани кластери алоҳидаи саноатии Русия дар ҳудуди вилояти Суғд машғул ҳастем.

Ҳамчунин дар самти истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва масъалаҳои тағирёбии иқлим, ки рушди технологияҳои устувор ва пурзӯр кардани корҳоро барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва ташкили таҳвили молҳоро дар ҳаҷми калон талаб мекунанд, корбарӣ карда истодаем. Махсусан бояд қайд кард, ки дар самтҳои логистика, металлургия, инчунин лоиҳаҳои таълимӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургӣ фаъолона корбарӣ карда истодаем».

Рушди паркҳои технологии саноатӣ ва кластерҳои саноатӣ дар Тоҷикистон барои иқтисодиёти кишварамон дурнамоҳои нав боз мекунад. Русия дар ин раванд фаъолона иштирок карда, сармоягузориҳо, дастгирии технологӣ ва барномаҳои таълимиро пешниҳод мекунад. Эҷоди муҳити инноватсионӣ, ҷалби истеҳсолотҳои нав ва рушди технологияҳои рақамӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба сатҳи нави рушди саноатӣ баромада, мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!