Хабари рӯз

Ғарб ба онҳо чаро ниёз дорад?

Нависанда: Карим Раҳим, таҳлилгар

Ба ҳама маълум аст, ки нафту тилло - ин на танҳо захираҳои гаронбаҳои табиӣ, балки молҳои муҳимми стратегие мебошанд, ки ба вазъи иқтисодии ҷаҳон таъсир мерасонанд. Аммо маъданҳои фоиданоки дигар низ ҳастанд, ки мавҷудияти онҳо ба кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бартариятҳо медиҳад ва ба муносибатҳои сиёсӣ бо кишварҳои дигар таъсир мерасонад. Оё дар Тоҷикистон чунин захираҳои стратегии муҳим мавҷуданд? Дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов сӯҳбат кардем.

 

Ҷадвали даврии Менделеев

 “Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз захираҳои металҳои нодири заминӣ (МНЗ) бой аст – дар кишвари мо якчанд конҳои кашф ва коркардшуда мавҷуданд. Роҳбарияти давлати мо борҳо изҳор доштааст, ки дар қаъри замини Тоҷикистон қариб тамоми унсурҳои ҷадвали даврии Менделеев маҷуданд, вале яке аз мушкилотҳое, ки Тоҷикистон бо он рӯ ба рӯ аст, ин  дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгир будани ин конҳо ва душвории истихроҷи онҳо мебошад. Тоҷикистон дорои чунин металҳои  нодири заминӣ мебошад: уран, манган, хром, титан, мис, сурб, сурма, руҳ, литий, никел ва ридиум; инчунин, Тоҷикистон бо металҳои гаронбаҳо, аз ҷумла бо конҳои тилло ва нуқра бой аст. Ҳамзамон кони маъдани Консой, конҳои Чоркӯҳ- Дайрон, Адрасмон дар вилояти Суғд, Кони Мансури Калон, Табашар, Қарамазор, кони титани Бошгумбез фаъолона коркард карда мешаванд. Аммо мушкили асосӣ дар он аст, ки дар кишвари мо низоми дурусти коркарди металҳои нодири замин вуҷуд надорад, аз ин рӯ, пас аз истихроҷи онҳо ба ҷуз аз содирот роҳи дигаре надорем.

Аммо, агар дар маҷмуъ ашёи хоми муҳимро ба назар гирем, албатта, кишварҳои Осиёи Марказиро аз рӯи захираҳо дар қатори кишварҳои пешсафи ҷаҳон ном бурдан мумкин нест. Аз ҷиҳати захираҳои таҳқиқшуда дар ин самт ҷои аввалро Ҷумҳурии Мардумии Чин (қариб 44 миллион тонна), баъд аз он Ветнам (22 миллион тонна) ишғол мекунанд. Зимнан қисми зиёди захираҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Чин муттамарказ шудаанд. Ҳамчунин, дар Русия ва ҳамзамон дар Бразилия захираҳои металлҳои нодири заминӣ дар ҳаҷми тақрибан 21 миллион тонна, дар Ҳиндустон 7 миллион тонна, дар Австралия 4 миллион тонна ва дар ИМА 2,4 миллион тонна кашф шудааст. Ва агар ба ҳаҷми истихроҷ таваҷҷӯҳ кунем, пас Чин бо нишондиҳандаи қариб 240 ҳазор тонна дар ҷойи аввал ва баъдан ИМА бо ҳаҷми 43 ҳазор тонна, яъне қариб 6 маротиба камтар, қарор доранд. Дар ҷои 3-юм Мянмар бо ҳаҷми 38 ҳазор тонна, баъдан Австралия – 18 ҳазор тонна, Тайланд – 7,1 ҳазор тонна ва Ҳиндустон – 900 тонна  қарор доранд.

Ҳамин тариқ, тавре мебинем,  кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам аз ҷиҳати захира ва ҳам аз ҷиҳати истеҳсоли металлҳои нодири заминӣ ба даҳгонаи аввал шомил нестанд, гарчанде ки дар самтҳои алоҳида нишондодҳои хуб дорем. Қазоқистон дар истихроҷ ва истеҳсоли уран, ҳамчунин Ӯзбекистон бо тилло ва Тоҷикистон бо сурма дар ҷаҳон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Дар охири соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли сурма дар ҷаҳон ба ҷои дуюм ва аз рӯи ҳаҷми содирот ба ҷои аввал баромад, зеро Чин, ки дар истеҳсоли сурма пешсаф аст, дар содирот ва таҳвили сурма ба бозори ҷаҳонӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ кард” - қайд мекунад коршинос.

Сурма дар саноати ҳарбӣ фаъолона истифода гардида, мустаҳкамии маҳсулотро афзун менамояд: махсусан дар дилчаи тирҳо, тири тӯпҳо, ҳатто дар аслиҳаи ҳастаӣ ва истеҳсоли дигар намуди техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои биниши шабона. Аз ин рӯ, ба шарофати мавҷудияти 11 кони сурма ва коркарди самараноки онҳо кишвари мо барои саноати ҳарбӣ дар ҷаҳон аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз 38% захираҳои ҷаҳонии маъдани манганӣ, 30% хром, 20% сурб, 2,6% руҳ ва қариб 9% титан мавҷуд аст. Ғайр аз ин, дар ин минтақа барои коркард кардани унсурҳои нодири заминӣ, аз қабили скандий, иттрий ва лантаноидҳо, ки дар истеҳсоли электроника, металлургия ва саноати атомӣ васеъ истифода мешаванд, дурнамоҳои хуб маҷуданд.

“Корҳои асосии геологию иктишофӣ оид ба металҳои нодири заминӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳокимияти Шӯравӣ анҷом дода мешуданд: конҳои он замон таҳқиқшуда то ҳол коркард карда мешаванд. Чанде пеш аз ҷониби Хадамоти геологии ИМА тадқиқотҳои нав гузаронида шуданд – ин хадамот тафтишоти (барӯйхатгирии) конҳои маъданҳои фоиданокро дар қаламрави Осиёи Миёна анҷом дод. Он вақт хадамот дар гузориши худ қайд карда буд, ки дар маҷмуъ дар минтақа 384 нишонаҳои маъданҳои нодир, аз ҷумла дар Қазоқистон 160, дар Ӯзбекистон 87, Қирғизистон 75, Тоҷикистон 60 ва дар Туркманистон 2 адад ошкор (пайдо) шудааст” - қайд мекунад Фаридун Усмонов.

 

Алтернатива ба Чин

Ба металҳои нодири заминии Осиёи Марказӣ на танҳо ИМА, балки Иттиҳоди Аврупо низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад: моҳи март Комиссари Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Йозеф Сикела як сафари васеъмиқёс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом дода, дар ҳар як кишвар як қатор созишномаҳои муҳимро ба имзо расонид, ки чанде аз онҳо ба “ашёи хоми муҳим” дахл доранд. Ин мавзуъ дар нишасти дарпешистодаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ низ идома хоҳад ёфт. Пас суоле ба миён меояд, ки ашёи хоми мо ба Ғарб барои чӣ даркор аст?

“Имрӯз мавзӯи металҳои нодири заминӣ дар ҷаҳон хеле маъмул шудааст ва ин ба шарофати мавқеи ИМА дар ин масъала – пас аз ба сари қудрат омадани Трамп дар Амрико дар бораи ашёи хоми муҳим зиёд гап мезадагӣ шуданд, аз ҷумла чанде пеш аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади дастрасӣ пайдо кардан ба захираҳои металҳои нодири ин кишвар муҳокима ва кӯшишҳо барои ба тавофуқ расидан бо Украина пеш гирифта шуданд. Ин аз он сабаб рух медиҳад, ки Трамп сиёсати худро ҳамчун бо Чин рақобаткунанда ба роҳ мемонад, зимнан, Чин бузургтарин тавлидкунандаи маъданҳои нодир ва маҳсулоти коркарди онҳо, инчунин, содиркунандаи асосии ин молҳо мебошад. Қариб 60% корхонаҳои истихроҷи маъдан ва 80% иқтидорҳои коркард дар зери назорати Чин қарор доранд – бо чунин ҳаҷм, қариб ҳамаи истеҳсолкунандагони саноати баландтехнологӣ ва кишварҳое, ки дар соҳаи ҳарбию саноатӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд, аз Чин вобастагии ҷиддӣ доранд. Чин тақрибан 60% корхонаҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва 80% иқтидорҳои коркардро назорат мекунад - бо чунин ҳаҷм, амалан ҳамаи истеҳсолкунандагони саноати баландтехнологӣ ва кишварҳое, ки дар соҳаи саноати ҳарбӣ мавқеи хеле ҷиддӣ доранд, аз Чин вобастагии амиқ доранд.

Дар мавриди Иттиҳоди Аврупо бояд гуфт, ки вазъи ин кишварҳо дар ин масъала хеле бад аст: дар баъзе кишварҳо (Германия, Чехия, Словакия) танҳо баъзе намудҳои маъданҳои нодири заминӣ ва дар ҳаҷми кам вуҷуд доранд. Иттиҳоди Аврупо қисми зиёди маъданҳои нодири заминии барои истеҳсолот заруриро аз Чин ворид мекунад. Аз як тараф, тавре мебинем, муносибатҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Чин хеле хуб инкишоф меёбанд ва байни онҳо ҳамкориҳои муайяни тиҷоратӣ ба назар мерасанд, аммо аз тарафи дигар, бо назардошти вобастагии афзоянда аз таъминоти Чин дар як қатор соҳаҳо, аз ҷумла бо комплекси ҳарбӣ-саноатӣ вобастабуда, кишварҳои Аврупо ба тавсеа ва гуногунсозии  таъминкунандагони худ кӯшиш мекунанд. Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки тайи 4-5 соли охир Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои фаъолро дар масъалаҳои истихроҷи маъданҳои нодири заминӣ ба роҳ мондааст” - қайд мекунад коршинос.

 

Манфиатҳои яктарафа

Мошинҳои гибридӣ, оптикаи нахӣ, энергетикаи ҳастаӣ - ин соҳаҳо аз таҳвили металҳои нодири заминӣ аз Чин вобастагӣ доранд. Илова бар ин, мавҷудияти ин металҳо ба рушди “энергетикаи сабз” низ таъсир мерасонад – Комиссия оид ба гузариши энергетикӣ то соли 2030 400% афзоиш ёфтани талабот ба металҳо ва ашёи хоми муҳимро пешгӯӣ кардааст, ки ин хароҷотҳои калони молиявиро талаб мекунад.  Оё Тоҷикистон дар чунин шароит бояд аз манфиатҳои Ғарб нигарон бошад ва аз ҳамкорӣ бо он худдорӣ кунад? Коршинос Фаридун Усмонов бар ин назар аст, ки ҳеч гуна таъсири ҷиддиро аз ҷониби Аврупо дар масъалаи захираҳо набояд интизор шуд:

“Барои Тоҷикистон, ба мисли кишварҳои дигари минтақа, масъалаи ҷалби сармоя барои азхудкунии захираҳои дар кишвари мо мавҷудбуда хеле муҳим аст. Аммо тайи 30 соли фаъолияти кишварҳои аврупоӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳеч гуна лоиҳаҳои ҷиддие амалӣ карда нашудаанд ва дар ин ҷодда қадамҳои ҷиддие ба назар намерасанд.

Бояд гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ дар минтақа нисбатан бо Қазоқистон робитаҳои фаъол доранд – 70-80% сармоягузории онҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳамин кишвар рост меояд. Маълум аст, ки кишварҳои аврупоӣ Қазоқистонро ҳамчун як масири алтернативии таҳвили захираҳо ва молҳо тавассути “ТРАСЕКА” - долоне, ки аз Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркия ва Иттиҳоди Аврупо мегузарад, баррасӣ мекунанд. Аврупоиҳо хоҳиши тавсеа додани ин масирро доранд, аммо ягон сармоягузории ҷиддие  аз ҷониби онҳо ба назар намерасад. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок дар маблағгузории лоиҳае, ки ба бозори Аврупо нигаронида мешавад ва баъдан метавонад бо амалҳо ва мамнӯъиятҳои Иттиҳоди Аврупо маҳдуд шавад, ҷолиб ва авлавиятнок нест. Дар Тоҷикистон маблағҳои озоди дар буҷаи кишвар мавҷуда барои рушди соҳаҳое, ки дар ояндаи наздик фоидаовар ҳастанд, масалан, энергетика ё истихроҷи маъдани кӯҳӣ, истифода мешаванд.

Мавҷудияти захираҳои зиёди металҳои нодири заминӣ дар кишвар, бешубҳа, омили ҷиддии рушди иқтисодӣ мебошад, ки ҳамзамон қарорҳои мутавозини сиёсиро тақозо мекунад, махсусан ба роҳ мондани шарикӣ дар асоси фоидаи мутақобилаи иқтисодӣ аз коркарди захираҳои маҷуда, бунёди корхонаҳои кокардкунӣ ва истеҳсолӣ дар кишвар ва пешгирии одаткунӣ ба “ашёи хом” – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!