Чаро ҳеҷ кас бо Мулло Ҷумъахон ҳамкорӣ накард?
Нависанда: Абдулманнон Шевои Шарқ, собиқ муовини вазири фарҳанги Афғонистон
Якум: Буҳрони эътимод буд ва ин ки садои ӯ баланд шуд, ки ҳанӯз ҳам аморатӣ аст ва барои парчами аморат мубориза мебарад. Мазмуни гуфтугӯи нашршудаи ӯ бо Фасиҳуддин ҳар мубориз ва низомиро мутмаин сохт, ки ҷанги ӯ бар зидди Толибон ва шикастани ривояти толибонӣ нест.
Дуюм: Бархе аз афроди хоҳишманд барои кӯмак ба ӯ тавониста буданд тамос бигиранд, то силоҳ бигиранд ва дар паҳлӯи ӯ истода, ба ин васила рисолати худро адо кунанд. Вале Ҷумъахон гуфта буд: “Шумо дахолат накунед, ин масъала миёни худи мост ва ба зудӣ ҳал мешавад”.
Сеюм: Агар ба ростӣ Мулло Ҷумъа бар зидди Толибон буд ва ҷиддан хостори мубориза ва поён додан ба парчами толибонӣ буд, ӯ даҳон дошт ва метавонист тавассути як паёми кӯтоҳ ба таври мушаххас аз гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои мубориз бар зидди Толибон кумак дархост кунад. На танҳо ошкоро, балки дар тамосҳои пинҳонии худ низ чунин ҳарфе баён накардааст ва асосан намехост, ки ин кор сурат бигирад.
Чорум: Идораи ҷанг, самтдиҳӣ, барномарезӣ ва мавзеъгириҳои Ҷумъа бештар ҳаводорона буд, на ба монанди як фармондеҳи дорои таҷрибаи низомӣ. Ӯ аввал гузошт, ки рақибаш бо тамоми васоил ва имконот мавқеъ бигирад ва ҳама чизро ҷойгир кунад, сипас даст ба амал зад.
Панҷум: Ҷумъахон дар дохили сафҳои мардум эътимод ва машруъият надошт ва мардуми маҳаллӣ ба далели амалкардҳои гузаштаи ӯ аз вай дилхӯр ва бадбин буданд. Бисёриҳо мегӯянд, ки хуб шуд, ки аз ин бало диламон беғам шуд. Албатта, ҳамин мардум аз идомаи аморат ва Толибон низ нафрат доранд.
Шашум: Амалиёти Дарвоз моҳияти бисёриҳоро ошкор кард. Ҳатто бархе аз онҳо бо вуҷуди тамоми тааҳҳудоти равшанфикрӣ, мардумӣ ва донишгоҳӣ интизор доштанд, ки Ҷумъахони толиб метавонад меҳвари озодихоҳӣ, адолат ва шикастани тилисми толибӣ шавад. Аз ҳамин рӯ, онҳо ташнаи он буданд, ки бо такя ба китфи Ҷумъахон як парчами навро баланд кунанд ва ба ин тартиб дар паҳлӯи ӯ қарор бигиранд, то суханони ҷомеаи муосирро аз зери парчами Мулло Ҷумъа матраҳ кунанд. Чизе, ки нашуд ва номумкин буд. Охир, чӣ гуна мумкин аст чунин интизориро амалӣ кард? Коре, ки ҷуз ба музояда гузоштани арзишҳо чизи дигаре нест.
Ҳафтум: Агар ба сухани ин гурӯҳ ва муборизони эҳсосотӣ ва манфиатҷӯ як гурӯҳ ба сафи Ҷумъахон мепайваст ё вориди амал мешуд, маълум мешуд, ки онҳо хатои стратегӣ мекарданд ва ҳоло дар миёна мемонданд: ё асир шуда, ба рӯяшон тирборон мешуданд, ё боз фирорӣ мегаштанд. Аслан, Ҷумъахони толиб бояд дар ин ихтилофи байнигурӯҳӣ танҳо мемонд ва замингир мешуд. Зеро касе набояд зери парчами толиб рафта мубориза мекард.
Ҳаштум: Чаро бархеҳо мехостанд дирафш ё парчами Мулло Ҷумъа маълум шавад? Ҳадаф ин буд, ки ӯ сафашро аз Толиб ҷудо кунад ва мардум бидонанд, ки интихоби воқеӣ чист. Дар ин миён ҳисоби мардуми одӣ ва шарифи Дарвоз ҷудост, ки қурбонӣ шуданд ва таҳдид гардиданд. Аммо хатои кор бар дӯши Мулло Ҷумъахон буд, ки ҳайратзада монда буд ва намедонист чӣ кор кунад.
Нӯҳум: Пушти ҷанги Мулло Ҷумъахон барномарезӣ, ҳадаф ва усули муносибе аз нигоҳи низомӣ вуҷуд надошт. Панҷ рӯз муқовимат кардан натиҷаи хирад ва тадбири ӯ набуд; нақши ҷуғрофияи Дарвоз ва ношинос будани Толибони ғайрибумӣ бо минтақа боис шуд, ки кор ба таъхир афтад. Вагарна ҳодисаи рӯзи чорум, ки боиси асир шудани Дашка, кушта ва асир шудани чаҳор нафари Ҷумъахон шуд, худ нишондиҳандаи ошно шудани Толибон бо минтақа буд, на қувват ва тадбири низомии ӯ.
Даҳум: Шикаст ва таслим шудани Ҷумъахон ҳеҷ гуна тавҷеҳ надорад ва ин барфи сиёҳро бар боми ҳеҷ ҷабҳа ва ҳеҷ ҷараёне напартоед! Интихоби Ҷумъахон то ҳамин мавқеъ ва ҳамин мартаба буд. Як низомӣ ва муборизи ҳақиқӣ ҳаргиз таслим намешавад. Усули музокирааш ҳам дигар аст. Агар Ҷумъахон ҳадаф ва интихоби дуруст медошт, ҷуғрофия, тағйири мавқеъ, муттаҳид кардани нерӯҳо дар як мавқеъ, ақибнишинӣ ба нуқтаҳои стратегӣ ва табдил додани ҷанги ҷабҳаӣ ба набардҳои партизанӣ метавонист идомаи муқовимати ӯро кафолат диҳад. Дар ин муддат сатҳи тааҳҳуд ва садоқати дигарон низ ошкор мешуд.
Дар ҳақиқат, Ҷумъа бар хилофи фарҳанги сиёсӣ ва муборизавии Дарвозҳо амал кард. Дарвоз сарзамини партизанҳо, муборизони шикастнопазир ва раҳбарону қаҳрамонони таърихист, ки рафтор ва амалкарди толибонаи Ҷумъахон ба он тааллуқ надорад. Дар фарҳанги Дарвоз инсон ду интихоб дорад: ё ба ҳадаф расидан ва ё дар роҳи тааҳҳуд ва андеша ҷон додан.
Ҷумъахон ҳеҷ интихоб ва ҳадафе надошт ва ҷанги бидуни ҳадаф танҳо мардумро саргардон мекунад ва фарҳанг ва арзишҳои муборизавиро ба музояда мегузорад.
Сангари бе паёми шоиста сазовори Дарвозҳо нест ва идомаи бозиҳои Ҷумъа низ интихоби мардум набуд. Ҳоло Дарвозҳо мисли уқобони захмӣ ҳамчунон ташнаи парвозанд ва эҷоди устуворӣ ва ин расмро ба ҷони худ пазируфтаанд. Хеле хуб шуд, ки таслимшудагон ба таърих пайвастанд ва сафҳои мардону озодагон низ аз ҳам ҷудо ва ошкор шуданд...






