Чӣ метавонад ҷойивазкунандаи SWIFT гардад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Аз моҳи феврали соли 2022 Русия бо миқдори зиёди таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ - беш аз 17 ҳазор таҳримҳо дучор гардидааст. Имконияти чунин таъсиррасонии Аврупо ба иқтисодиёти кишвари дигар сабаб шуд, ки бисёр давлатҳо сиёсати иқтисодии худро аз нав дида баромада, барои кам кардани вобастагӣ аз абзорҳои молиявии Аврупо чораҳо андешанд. Оё дар ин давра сиёсати иқтисодии Тоҷикистон тағйир ёфт ва умуман дар тамоми ҷаҳон имкони коҳиш додани нуфузи иқтисодии Амрико вуҷуд дорад? Дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.
ИМА алайҳи ин кишварҳо таҳримҳо ҷорӣ кардааст: Либия, Мянмар, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ, Судон, Ироқ, Лубнон, Либерия, Эрон, Сурия, Беларус, Бурунди, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Ҷумҳурии халқии демократии Корея, Конго, Кот-д'Ивуар, Русия, Молдова, Яман, Зимбабве, Куба, Венесуэла, Сербия, Черногория.
“Сиёсати таҳримии Ғарб нисбат ба Русия як зуҳури ошкорои ҷанги иқтисодии кишварҳои ин минтақа аст, ки саъй доранд, то нуфузи Русия ба равандҳои ҷаҳониро коҳиш диҳанд. Ва ин бешубҳа барои аксари кишварҳои ҷаҳон дарси ибрат шуд, зеро ҳар як кишвар бо чашмони худ дид, ки дар сурати муқовимат ИМА ва Иттиҳоди Аврупо метавонанд чораҳои ғайриинсониро истифода баранд, яъне онҳо дар бораи зарари модӣ ва иҷтимоие, ки дар натиҷаи ин чораҳо ба мардуми одии кишвар расонида мешавад, фикр намекунанд. Ҳавасмандии Аврупо ин итоаткории пурраи давлатҳои сеюм мебошад ва маълум аст, ки агар давлат аз ҷиҳати низомӣ ва иқтисодӣ заиф бошад, метавонад таҳти фишори иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва ИМА қарор гирад. Аз ин рӯ, бар он назарам, ки аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ин раванд барои худ хулосаҳои ҷиддӣ бароварданд” – мегӯяд дар аввали суҳбат ин коршинос.
Аммо ба андешаи Фаридун Усмонов, фикри он, ки як кишвари дигар метавонад сарнавишти равобити Русия бо Ғарбро такрор кунад, нодуруст аст, зеро таърихи ҳамкории онҳо беназир буда ва Русия дар фазои иқтисодӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунад: “Русия тайи 30 соли охир ба равандҳои иқтисодӣ бо ҷаҳони Ғарб хеле ҳамгиро ва воқеан ба ин минтақа нигаронида шудааст. Он таваҷҷуҳе, ки Русия ба робитаҳои иқтисодии берунӣ зоҳир кардааст, ба он оварда расонд, ки сиёсати таҳримии Ғарб ва чораҳои таъсиррасонии иқтисодии он дар аввал ба иқтисодиёти ин кишвар зарари ҷиддӣ расонид ва баъдан барои роҳандозии равандҳои дигаргунсозӣ ва таҷдиди самт водор сохт.
Вобастагии Тоҷикистон аз Ғарб дар масоили иқтисодӣ ночиз аст, ҳарчанд ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва ИМА (Бонки ҷаҳонӣ, БАТР ва ғайра) назорат карда мешаванд, дар равандҳои иқтисодии Тоҷикистон иштирок мекунанд, аммо кишвари мо ба равандҳои ҷаҳоние, ки онро аз абзорҳои иктисодии Ғарб вобаста мекунанд, ҳамгиро нест. Бешубҳа, Тоҷикистон низ дар сурати қарор гирифтан таҳти фишороварии иқтисодӣ зарар мебинад, зеро иқтисодиёти мо дар муқоиса бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ акнун ба роҳи рушди устувор қадам мегузорад ва дар муқобили таъсиррасонии омилҳои беруна хеле осебпазир аст. Яъне мо марҳилаи барқарорсозии баъдиҷангии иқтисодиётро аз сар гузаронидем, ки қариб 20 сол тӯл кашид”.
“Таҳримҳои зидди Русия то андозае ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва ҳамчунин қариб ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсир мерасонад. Дар ин шароит мо ҳадаф дорем, ки робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Русияро фаъол созем”, - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Қобили зикр аст, ки таҳримҳои зидди Русия ҳатто ба Тоҷикистон ба таври ғайримустақим таъсир расониданд. Дар ин бора роҳбарони вазоратҳо низ борҳо ибрози назар намуданд. Масалан, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба бархе аз бахшҳои иқтисодиёти кишвари мо, аз ҷумла саноати нафту газ ва ғалладона таъсири манфӣ гузоштааст. Маълум аст, ки Тоҷикистон аз он, ки маҷбурӣ ба бархе аз таҳримҳои зидди Русия дар бахши молия ҳамроҳ шуд, зарар дид. Бо вуҷуди ин, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Русия ва кӯшиши умумӣ барои расидан ба тартиботи ҷаҳонии одилона ва бисёрқутбӣ имконият фароҳам овард, ки ин оқибатҳои манфӣ то ҳадди ақал коҳиш дода шаванд.
Яке аз таҳримҳои қатъӣ алайҳи Русия – хориҷ кардани бонкҳои ин кишвар аз системаи SWIFT буд. Ин тасмим алайҳи чанд бонк аввал аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ қабул карда шуд ва баъдан Бонки марказии Русия аз қатъ кардани SWIFT аз интиқол дар дохили Русия хабар дод. SWIFT чист? Ин як низоми байналмилалии интиқоли маблағҳо байни бонкҳо мебошад, ки тавассути он, масалан, бонкҳо ба ҳамдигар дастурҳо оид ба интиқоли пулро ирсол мекунанд. Яъне тавассути SWIFT пул не, балки фақат ҳуҷҷатҳои пардохт интиқол дода мешаванд.
Вале Русия ин тадбирҳоро ҳамчун дастури амал қабул кард ва тасмим гирифт, ки ба таҷдиди системаи байналмилалии молиявӣ ва таъсиси аналоги системаи SWIFT оғоз кунад. Ҳамин тариқ, моҳи июни соли ҷорӣ маълум шуд, ки Вазорати молияи Русия лоиҳаи механизми пардохтҳои фаромарзиро дар асоси платформаи ҳисоббаробаркуниҳои BRICS Bridge таҳия карда истодааст ва он моҳи октябри соли ҷорӣ дар нишасти БРИКС дар шаҳри Қазон муаррифӣ хоҳад шуд. Системаи мазкур ҳисоббаробаркуниҳои фаврӣ ва хароҷоти ҳадди ақали пардохтҳоро дар бар мегирад. Аммо аз ҳама ҷолиб барои пардохтҳо дороиҳои молиявии рақамии аз ҷониби бонкҳои марказии кишварҳои иштирокчӣ баровардашуда истифода хоҳанд шуд. Эҳтимол аст, ки рубли рақамӣ дар соли 2025 пайдо шавад. Чин ва Ҳиндустон низ асъори худро таҳия мекунанд ва аввалин амалиётҳои санҷишӣ соли оянда пешбинӣ шудаанд, барои пурра ба ин система гузаштани тамоми кишварҳо на камтар аз 2 сол лозим аст.
Дар баробари ин, роҳҳои дигари таъмини дороиҳои молиявии платформа, аз қабили ашёи хом ё амволи ғайриманқул низ баррасӣ мешаванд, ки ин оқилонатар мебошад, зеро асъорҳои миллии аксари кишварҳои узви БРИКС дар бозори ҷаҳонӣ ба қадри кофӣ устувор нестанд.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: "BRICS Bridge акнун қадамҳои аввалини худро дар ҷаҳони бузурги молиявӣ мегузорад, аз ин рӯ, дар мавриди он, ки ин система то чӣ андоза муваффақ хоҳад шуд ва оё он метавонад алтернативаи системаи SWIFT гардад, ҳанӯз сухан рондан барвақт аст. Барои ташаккули системаи SWIFT даҳсолаҳо лозим шуд ва ҳамин раванд BRICS Bridge-ро низ интизор аст. Мусаллам аст, таъсиси шабеҳи системаи SWIFT ба он нигаронида шудааст, ки системаи молиявии ҷаҳонӣ берун аз таъсири давлатҳои алоҳида фаъолият ва рушд кунад. Албатта, ин вазифаи хеле пурифтихору мураккаб аст ва вақт нишон хоҳад дод, ки кишварҳои БРИКС аз уҳдаи он хоҳанд баромад ё не. Аммо аллакай маълум аст, бисёре аз давлатҳое, ки ба мақоми пешвоёни иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ даъво доранд, дарк мекунанд, ки вобастагӣ аз як система хатар дорад ва аз ин рӯ, бешубҳа, системаҳои алтернативӣ таъсис хоҳанд ёфт.
Тоҷикистон бо иштироки Ориёнбонк ва ширкати технологии Fantom Foundation пули рақамии худро таҳия мекунад.
Албатта, рушди технологияҳо имкон медиҳад, ки шабеҳи системаи SWIFT таъсис дода шавад, вале айни ҳол бонкҳои Тоҷикистон ба ин система тарҷеҳ медиҳанд, зеро имрӯз алтернативаи дигар вуҷуд надорад. Дигар ин ки дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо кишварҳое, ки аз SWIFT хориҷ шудаанд - сухан пеш аз ҳама дар бораи Русия меравад - муомилот бо рубл сурат мегирад. Барои чунин амалиётҳо системаи SWIFT лозим нест ва аналоги русии он истифода мешавад. Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба BRICS Bridge то чӣ андоза барои кишвари мо ҷолиб будани бозори БРИКС ва ҳамгиро шудани мо ба равандҳои иқтисодие, ки дар минтақаи иттиҳод ҷараён доранд, вобаста хоҳад буд. Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ шояд моҳияти системаи BRICS Bridge-ро пурра дарк накунад, зеро мустақиман дар ин созмон ҳузур надорад, балки танҳо бо кишварҳои алоҳидаи узви он ҳамкорӣ мекунад”.
Қобили зикр аст, ки ба ҳайати БРИКС 10 давлат (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Эфиопия ва Миср) шомиланд. Ин давлатҳо имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва нуфузи бузург доранд, зеро ба кишварҳои узви ин Созмон тақрибан 40 фоизи иқтисодиёти ҷаҳон рост меояд.
Агар ин созмонро ҳамчун як рақиби иқтисодӣ ба иттиҳодияҳои ғарбӣ баррасӣ кунем, тибқи маълумотҳои оморӣ, ки нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии БРИКС ва кишварҳои G7 муқоиса мекунад, имсол аз рӯи баробарии қобилияти харидорӣ ҳиссаи БРИКС дар ММД-и ҷаҳонӣ 37,3 %-ро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки ҳиссаи G7 камтар аз 30% аст. Захираҳои нафт низ қобили муқоиса нест: БРИКС 44% захираҳои ҷаҳонро дар ихтиёр дорад, G7 камтар аз 4%. Истеҳсоли алюминий дар БРИКС назар ба рақиби ғарбиаш 60 баробар ва истеҳсоли гандум 2,5 баробар зиёд аст.
Илова бар ин, дар доираи БРИКС мавқеи доллар хеле заиф шудааст - ҳамагӣ 29%. Бо вуҷуди ин, дар савдои ҷаҳонӣ мавқеи асъори амрикоӣ пешсаф боқӣ мемонад: 80% амалиётҳои тиҷоратӣ ва 60% захираҳои асъорӣ бо доллар анҷом дода мешаванд.
Дар соли 2014 Русия системаи интиқоли паёмҳои молиявии худро таъсис дода буд, ки ҳоло беш аз 500 бонк ва ширкатҳо аз 15 кишвари дунё ба ин система пайваст шудаанд.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Албатта, нақши доллар дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ назаррас аст, зеро тӯли 60 сол як низоми иқтисодӣ сохта шуд, ки ин асъорро ба кафили робитаҳои устувори иқтисодӣ дар ҷаҳон табдил дода. Аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Русия, Чин, Ҳиндустон, Бразилия, Аргентина ва бисёр дигар давлатҳо долларро ҳамчун абзори асосии савдои умумиҷаҳонӣ эътироф карда, ба таҳкими нақши он дар тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат намудаанд. Аммо раванди иваз кардани доллар бо асъори дигар (дедолларизатсия) кайҳо боз ногузир (наздик) шуда буд, зеро ҳангоми ба вуҷуд овардани монополия ба ҳама намуди маҳсулот, дар ҳар сурат монополист мехоҳад аз ҳуқуқи монополияи худ истифода бурда, барои дигар иштирокчиёни бозор қоидаҳои худро дикта кунад.
70% амалиётҳо дар БРИКС, 90% дар Бонки рушди АвруОсиё, 80% дар савдои мутақобилаи Тоҷикистону Русия бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд.
Ба бозингарони бузурги бозор ва кишварҳои дорои иқтисодиёти тараққикунанда, албатта, зарурати мустаҳкам кардани мавқеи асъори худ пеш омад, аз ин рӯ мо шоҳиди рушди фаъолонаи евро ва ҳамчун алтернатива ба доллар мавқеъ гирифтани он гардидем. Аммо барои кишварҳои дигар асъори худро ҳамчун алтернатива ба доллар ва евро ҷойгир кардан хеле душвор аст, барои ин анҷом додани амалҳои дастаҷамъона зарур мебошад. Ва ҳатто дар масъалаи иваз кардани ҳаҷми муайяни доллар ҳамкории мутақобилаи якчанд иқтисодҳои бузурги ҷаҳон, аз ҷумла ҳамкории Федератсияи Русия, Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Бразилия, Арабистони Саудӣ ва Ҷопон зарур ва муҳим аст. Ин раванд то андозае оғоз гардидааст ва дар коҳиш додани таъсири доллар ба равандҳои ҷаҳонӣ аллакай натиҷаҳои муайян ба даст оварда шудаанд, вале дар баробари ин, шумори зиёди кишварҳои ҷаҳон ҳамчун захира ҳанӯзам доллари ИМА-ро нигоҳ медоранд ва ба ин васила қурби онро мустаҳкам карда, ба таври ғайримустақим иқтисодиёти ИМА-ро дастгирӣ мекунанд.
Аз ин рӯ, то он даме, ки кишварҳои қудратманди ҷаҳон ва бозингарони минтақавӣ асъори алтернативӣ ва низоми молиявиро таъсис надиҳанд, дар нархгузории захираҳои энергетикӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва захираҳои истеҳсолӣ аз доллар дур гардида наметавонанд. Дар ин сурат, дар бораи коҳиш ёфтани таъсири доллар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ сухан рондан ҳанӯз барвақт аст”.