Чӣ тавр Русия ба Тоҷикистон дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ кӯмак мерасонад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Энергетика яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои стратегии Русия ва Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар шароити талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ ба захираҳои энергетикӣ, Маскав ва Душанбе лоиҳаҳои муштаракро, аз ҷумла дар соҳаҳои иктишофи геологӣ, истихроҷи нафту газ, сохтмони корхонаҳои коркардкунанда ва роҳандозии барномаҳои таълимӣ фаъолона пеш мебаранд. Ин ташаббусҳо на танҳо ба мустаҳкам кардани иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунанд, балки барои ҳамгироии минтақа ба меъмории умумии энергетикии Авруосиё такони иловагӣ мебахшанд.
Фаъолияти бароҳмондашуда
Русия шарики асосии Тоҷикистон дар бахши энергетика ва кафили амнияти энергетикии кишвари мо боқӣ мемонад. Ҳамкориҳои ду кишвар сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои барқи обӣ, таҳвили бефосилаи маҳсулоти нафтӣ ва содироти нерӯи барқро тариқи транзит тавассути кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ фаро мегирад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон мушкилоти норасоии нерӯи барқро бартараф намуда, ба садамаи системаи энергетикӣ роҳ надиҳем, ин дар навбати худ ба рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 28 кони нафт бо захираҳои тасдиқшудаи беш аз 2 миллион тонна нафт ба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳаҷми истихроҷи дохилӣ дар сатҳи паст боқӣ мемонад. Дар соли 2024 ҳудуди 16100 тонна нафт истихроҷ шудааст, ки ин барои таъмини кори 12 корхонаи коркардкунандаи кишвар кифоягӣ намекунад. Аз ин лиҳоз, ба ҷумҳурӣ нафт, маҳсулоти нафтӣ ва газ ворид карда мешавад. Байни Русия ва Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳвили маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ, мазут, битум ва омехтаи битум амал мекунад. Кишварҳо ҳамасола балансҳои индикативиро бо назардошти болоравии иқтисодиёти ҷумҳурӣ мувофиқат менамоянд.
Соли 2024 Тоҷикистон 450,8 ҳазор тонна бензин ба маблағи беш аз 336 миллион доллар ворид кардааст. Аз ин миқдор 45,8%-ро ширкати «Газпром нефт-Тоҷикистон» таҳвил кардааст. Ширкат ҳамчунин 45,3% сӯзишвории дизелӣ таъмин кардааст, ки ҳаҷми умумии воридоти он 502,4 ҳазор тоннаро ба маблағи 391,3 миллион доллар ташкил дод.
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов таъкид мекунад: "Бешубҳа, иштироки ширкатҳои русӣ дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ хеле муҳим аст. Чунин ҳамкорӣ барои таҳкими робитаҳои шарикӣ байни Русияву Тоҷикистон низ муфид хоҳад буд. Тавре медонем, Федератсияи Русия тӯли ин солҳо ҳамчун шарики боэътимод, чӣ аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ, чӣ аз ҷиҳати таъмини амният на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Миёна боқӣ мемонад.
Ва, албатта, дар баробари он, ки имрӯз Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст, раҳбарияти ду кишвар аллакай изҳор доштанд, ки дар робитаҳои мо дар соҳаи иқтисодиёт иқтидори бузурги истифоданашуда мавҷуд аст. Ва маҳз энергетика яке аз ҷузъҳои муҳимест, ки метавонад ба рушди минбаъдаи тиҷорат, болоравии иқтисодиёт ва ҷалби сармоягузориҳои Федератсияи Русия ба Тоҷикистон мусоидат намояд.
Қаблан ширкатҳои русӣ дар корҳои иктишофии геологӣ ва кӯшиши тадқиқи конҳои нафту гази Тоҷикистон аллакай таҷриба доштанд - гап дар бораи ширкати “Газпром нефт” меравад. Чанд сол пеш ин ширкат ба пармакунӣ машғул буд, вале дар ниҳоят фаъолияти худро дар ҷумҳурии мо қатъ кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон дар ин самт зарфият (иқтидори зарурӣ) надорад. Дар Тоҷикистон як қатор конҳои дигари то ҳол коркарднашуда низ ҳастанд, ки бешубҳа навбати худро интизоранд. Барои ин воситаҳои техникии махсус дар соҳаи пармакунии чуқур лозиманд. Ин на ба ҳама кишварҳо дастрас аст, аммо Русия аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки дорои салоҳиятҳо ва таҷҳизоти техникии зарурӣ мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Русия нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ беш аз 14 фоиз афзуда, 524 ҳазору 200 тоннаро ташкил додааст.
Тоҷикистон интизор дорад, ки ширкатҳои русӣ дар амалигардонии лоиҳаҳои муштарак боз ҳам фаъолтар иштирок хоҳанд кард. Ҷумҳурии мо, дар баробари Қирғизистон, яке аз кишварҳоест дар Осиёи Миёна, ки иқтидори саноати нафту гази он ҳанӯз ба қадри кофӣ омӯхта ва азхуд карда нашудааст. Чунин иқтидор дар кишвари мо вуҷуд дорад ва онро тавассути давом додани иктишофи геологӣ ва инкишофи истихроҷи нафту газ боз (ошкор) кардан муҳим аст».
Ташаббусҳо
Дарвоқеъ, тавре коршинос изҳор дошт, иқтидор бузург аст, аз ин рӯ, ҷумҳурии мо ширкатҳои русиро барои коркарди конҳои нафту газ ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикӣ фаъолона ҷалб мекунад. Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа аҳамияти иштироки шарикони рус, бахусус Тотористонро дар азхудкунии 22 кони ояндадори нафту гази умдатан дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар ҷойгиршуда таъкид кард. Барои азхудкунии ин конҳо иктишофи амиқ ва технологияҳои муосири пармакунӣ заруранд, ки дар ин кор ширкатҳои русӣ таҷрибаи калон доранд. Интизор меравад, ки дар соли ҷорӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки фаъолияти муштаракро муайян мекунанд, ва дар соли 2026 марҳилаҳои амалии татбиқи он оғоз мегардад.
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ: "Дар тарафи Афғонистон, дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон конҳои хеле хуб омӯхташуда мавҷуданд. Ин аз мавҷуд будани иқтидори бузург - ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар минтақаҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Ин корҳо комилан асоснок ва воқеӣ мебошанд".
Қаблан, дар охири соли 2024 бо иштироки ширкати русии “Татнефт” дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” як корхонаи коркарди нафт дар режими озмоишӣ ба кор дароварда шуд. Лоиҳаи мазкур намунаи ҳамкории муваффақ буда, имкониятҳои рушди минбаъдаи ташаббусҳои муштаракро дар соҳаи энергетика нишон медиҳад. Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳамкорӣ бо ширкати «Газпром», ки аллакай ҳамкориро бо сохторҳои давлатии энергетикии Тоҷикистон дар соҳаи иктишоф ва истихроҷи гази табиӣ оғоз кардааст, дода мешавад.
Тоҷикистон ҳамчунин имкони таъсис додани факултети муштараки иктишофи геологӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газро дар заминаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иктишофии геологии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе баррасӣ мекунад. Дар ин бора аллакай созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Факултети нав дар шаҳри Бӯстони (собиқ Чкаловски) вилояти Суғд воқеъ гардида, аз аввали соли таҳсили оянда ба қабули донишҷӯён шурӯъ мекунад. Дар ин факултет мутахассисони соҳаҳои геология, истихроҷ ва коркарди нафту газ, корҳои кӯҳӣ тайёр карда мешавад. Донишҷӯён ва омӯзгорони тоҷик метавонанд дар Маскав таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос гузаранд. Донишкадаи кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, бо 47 донишгоҳҳои хориҷӣ (бештари онҳо донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Русия мебошанд) фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Фаридун Усмонов чунин корҳоро дар соҳаи маориф дар ин масъала ҷонибдорӣ мекунад: «Дар заминаи кору нақшаҳои муштарак хоҳиши Тоҷикистон барои таъсис додани факултети муштарак оид ба иктишофи канданиҳои фоиданок дар қаламрави худ комилан асоснок аст.Ин самт аз лиҳози боз ҳам фаъолтар азхудкунӣ ва тадқиқи конҳо, аз ҷумла саноати газ, металлҳои нодири заминӣ ва дигар канданиҳои фоиданок хеле муҳим аст. Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос унсури асосии ин раванд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон барои омода кардани мутахассисон дар қаламрави худ кӯшиш мекунад тамоми шароитҳоро фароҳам оварад. Ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба мактабҳои олии Федератсияи Русия, аз ҷумла дар соҳаи геология фиристода мешаванд, аммо, албатта, барои ҳамаҷониба омода кардани мутахассисон кушодани факултети мувофиқ дар худи кишвар зарур аст”
Дар ояндаи наздик дар Душанбе гузаронидани як мизи мудаввар бо иштироки намояндагони соҳаи тиҷорат ва ниҳодҳои сармоягузории Русияву Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ҳадаф аз ин чорабинӣ - баррасии масъалаи ҷалби сармояҳои хусусӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикии кишвар мебошад.
Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар бахши энергетика торафт густариш (тавсеа) меёбад: аз таҳвили сӯзишворӣ ва сохтмони инфрасохтор то роҳандозии барномаҳои таълимӣ ва дастраскунии технологияҳо. Азхудкунии конҳои ояндадор, инкишоф додани истеҳсолоти муштарак ва тайёр кардани мутахассисон дар дохили кишвар – ҳамаи ин барои иқтисодиёти Тоҷикистон уфуқҳои нав боз мекунад. Бо дастгирии ширкатҳои русӣ ҷумҳурии мо ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ, рушди саноат ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар қадамҳои устувор мегузорад. Муҳим он аст, ки ин шарикӣ дарозмуддат ва мутақобилан судманд мебошад, пас ояндаи устувор дорад.