Оё солимии муҳити зист дар рӯзномаи ҳамкориҳо қарор дорад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Масъалаҳои экологӣ дар Осиёи Марказӣ на танҳо барои давлатҳои алоҳидаи минтақа, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Вазъияти экологии минтақаро мӯътадил номидан душвор аст, ва ин бо бисёр омилҳо – аз таназзули хок ва ифлосшавии ҳаво то обшавии пиряхҳо ва кам шудани захираҳои обӣ вобастагӣ дорад. Дар чунин шароит масъалаи экологӣ аллакай дуюмдараҷа намешавад, балки дар мадди аввал қарор мегирад. Яке аз кишварҳои ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим осебпазир Тоҷикистон аст - як ҷумҳурии кӯҳистоние, ки аз ҳисоби пиряхҳояш як қисми назарраси минтақаро бо оби тоза таъмин мекунад.
Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги обӣ мебошад - тақрибан 60% маҷрои дарёҳои тамоми ҳавзаи Амударё дар ҳудуди он ташаккул меёбад. Аммо тағйирёбии иқлим боиси обшавии пиряхҳо, тағйир ёфтани реҷаи дарёҳо ва зиёд шудани хатари офатҳои табиӣ – сел, обхезӣ, хушксолӣ мегардад. Хоҷагии қишлоқ, ки аз обтаъминкунии устувор вобастагӣ дорад, бо мушкилоти норасоии об ва таназзули хок дучор аст.
Дар Тоҷикистон тӯли як садсолаи охир тақрибан 30 фоизи пиряхҳо нобуд шудаанд. Пиряхи калонтарини континенталии ҷаҳон Ванҷях (собиқ Федченко) дар тӯли 70-80 соли охир беш аз 1 км ақиб гашта, ба андозаи 44 км² хурд шудааст.
Ба туфайли захираҳои маҳдуд ҷумҳурӣ имконият надорад, ки ба танҳоӣ ин мушкилотро рафъ кунад. Дар ин замина шарикии байни Русия ва Тоҷикистон намунаи ҳамкориҳои самараноки байналмилалӣ дар соҳаи рушди устувор мегардад. Кишварҳои мо бо муттаҳид кардани кӯшишҳо на танҳо оқибатҳои тағйирёбии иқлимро сабук мекунанд, балки барои дигаргунсозии сабзи иқтисодиётҳои худ, беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи табиат барои наслҳои оянда замина мегузоранд.
Русия дар ташаббусҳои минтақавӣ оид ба ҳифзи захираҳои обии фаромарзӣ, инчунин дар лоиҳаҳои экологӣ иштирок карда, ёрии мумайизӣ ва техникӣ мерасонад. Яке аз самтҳои ҳамкорӣ азнавсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва обтозакунӣ, аз он ҷумла дар маҳалҳои деҳотӣ мебошад. Дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ мутахассисони рус дар таҳияи стандартҳои экологӣ ва омода кардани кадрҳо барои сохторҳои ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Илова бар ин, муассисаҳои илмӣ ва таълимии Русия дар омода кардани мутахассисони соҳаи экология иштирок карда, ба донишҷӯёни тоҷик имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи Русияро фароҳам меоранд.
Яке аз механизмҳои асосӣ барномаи Бонки рушди АвруОсиё оид ба дастгирии гидроэнергетика дар Тоҷикистон гардидааст. Тибқи баҳодиҳии коршиносон, татбиқи ин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки талафоти захираҳои обӣ то 40 фоиз ва партовҳои гази карбон ҳамасола 5 миллион кам карда шавад.
Русия ташаббусҳои Тоҷикистонро, ки барои ҳифзи мавзеъҳои нодири табиӣ равона карда шудаанд, дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ мекунад. Аз ҷумла, сарвазири Русия Михаил Мишустин пешниҳоди Душанберо дар мавриди роҳандозии барномаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳои баландкӯҳи Авруосиё тасвиб кард. Русия ҳамчунин ҳайати Тоҷикистонро ба конфронс оид ба истифодаи муҳити зист ва экология, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Маскав баргузор мегардад, даъват намуд.
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов дар бораи саҳми Русия дар беҳбудии вазъи экологӣ дар минтақа ибрози назар кард.
"Масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамеша дар авлавият қарор доштанд. Ин мавзӯъҳо қариб ҳеҷ гоҳ аз рӯзномаи сиёсии раҳбарияти кишвар ва ҳаёти ҷамъиятӣ берун намондаанд. Бисёре аз мушкилотҳои экологии минтақа таърихи тӯлонӣ доранд – кифоя аст, ки вазъи баҳри Аралро, ки аз хушксолӣ ва камобӣ азият мекашад, мисол орем. Ин масъала давра ба давра дар ҷаласаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо иштироки Русия матраҳ мешавад, зеро муаммои хушкшавии баҳри Арал аҳамияти минтақавӣ дорад.
Соли 1993 панҷ кишвари Осиёи Марказӣ Фонди байналмилалии наҷоти Аралро таъсис доданд. Русия ҳамчун шарик ва донор дар ҳалли мушкилоти баҳри Арал фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Бо вуҷуди ин, барои зоҳир кардани таваҷҷӯҳи бештар ба рӯзномаи экологӣ, кишварҳои минтақа аввал бояд амнияти асосии сиёсиву иқтисодиро таъмин кунанд. Ва он ки вақтҳои охир дар мамлакатҳои Осиёи Миёна, аз чумла дар Тоҷикистон ба масъалаҳои экологӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекардагӣ шуданд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки то як дараҷаи муайян вазъи осоишта ва мӯътадил ба даст оварда шудааст, ва ин имкон медиҳад, ки мушкилотҳои экология ва муҳити зист ҳал карда шаванд.
Ба шарофати ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз қабили эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ташаббус оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби аксарияти мутлақи давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфта буд, имрӯз масъалаҳои экологӣ фаъолона муҳокима карда мешаванд. Ба ин муносибат аз 28 то 31 май дар шаҳри Душанбе як чорабинии бузурги байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Чорабинии мазкур бо дастгирии СММ баргузор гардида, теъдоди зиёди иштирокчиёнро аз тамоми ҷаҳон – сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ, фаъолони ҳифзи муҳити зист ва рӯзноманигоронро ҷамъ хоҳад овард. Ин як ташаббуси хеле муҳими байналмилалии Тоҷикистон аст.
Ёдовар мешавам, ки қаблан дар шаҳри Душанбе як ҳамоиши бузурги байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои оби тоза баргузор гардида буд. Ин боз як самти дигари рӯзномаи байналмилалӣ аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои дигар дар доираи СММ пеш бурда мешавад. Русия ин ташаббусҳоро фаъолона дастгирӣ намуда, дар татбиқи онҳо, аз ҷумла дар ташкили чорабиниҳои дахлдор ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Дар ин самт ҳамкории хеле зич байни кишварҳои мо ба назар мерасад.
Дар мавриди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи экология бояд гуфт, ки он дар чанд самт инкишоф меёбад. Давра ба давра конфронсҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки ташкилотҳои Русия ва Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Яке аз муҳимтарин ташаббусҳои муштарак лоиҳаи барқарорсозии анборҳо дар Табошар, минтақаҳои аз истихроҷи маъданҳои уран осебдида мебошад. Ҳадаф аз ин лоиҳа - барқарорсозии мувозинати экологӣ, тоза кардани замин аз осори радиоактивӣ ва барқарор кардани иқтидори табиии минтақа мебошад. Ин лоиҳа барои солҳои 2025-2028 пешбинӣ шуда, барои амнияти экологии як минтақаи бузурги Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад.
Соли 2012 барномаи байнидавлатӣ оид ба барқарорсозии минтақаҳои бо моддаҳои радиоактивӣ олудашуда роҳандозӣ карда шуд, ки дар он Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. 75% буҷаи фонд аз ҷониби Русия (Қазоқистон – 15%, Қирғизистон ва Тоҷикистон – 5%) саҳмгузорӣ шудааст. Соли 2024 Русия барои амалисозии лоиҳаҳои тозакунии замини Тоҷикистон аз осори уран дар давраи аз соли 2025 то соли 2028 иловатан 1 миллиарду 560 миллион рубл ихтисос додааст.
Илова бар ин, дар доираи фаъолияти сохторҳои тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон лоиҳаҳо дар соҳаи истифодаи об ва рушди кишоварзӣ амалӣ карда мешаванд, ки ин низ ба беҳбудии вазъи экологии кишвар мусоидат мекунад.
Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок мекунад. Ин иштирок дар шаклҳои гуногун сурат мегирад: ҳам дар сатҳи ҷомеа, коршиносон ва рӯзноманигорон, ҳам дар сатҳи давлатӣ – тавассути вазоратҳо ва ҳайатҳои ҳукуматӣ. Дар қатори чорабиниҳои дарпешистода, ки Тоҷикистон дар он иштирок хоҳад кард, Конгресси байналмилалии экологиро, ки санаҳои 22-23 май дар Санкт-Петербург баргузор мегардад, ва ҳамчунин конфронс оид ба истифодаи муҳити зист ва экологияро, ки моҳи июл дар Маскав баргузор мегардад, ном бурдан мумкин аст.
Санаҳои 22-23 майи соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург Конгресси XI байналмилалии экологӣ таҳти шиори «Сайёраи Замин: мутобиқати инсон ва табиат» баргузор мегардад. Яке аз ҳадафҳои баргузории ин чорабинӣ – мутобиқсозии қонунгузории экологии кишварҳои ИДМ ва рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори СММ мебошад. Дар форум қариб 1200 нафар вакилон иштирок хоҳанд кард.
Барои Тоҷикистон ин гуна минбарҳо ҳамчун имкони бори дигар дар сатҳи байналмилалӣ баён кардани нигаронӣ аз вазъи экологии минтақа хизмат мекунанд. Ташаббусҳои мо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таъмини дастрасӣ ба оби тоза аз доираи манфиатҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ фаротар буда, ба манфиати тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда шудаанд. Бо дарназардошти он, ки дар Русия ҷонибдорони пешбарии амнияти экологӣ, дастрасӣ ба оби тоза ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот хеле зиёданд, иштироки мутахассисони тоҷик дар форумҳои Русия як фурсати хуб барои табодули таҷриба ва муошират бо ҳамфикрон мебошад”.
Ҳамин тариқ, амнияти экологӣ ба як ҷузъи муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ва Русия бо захираҳо ва таҷрибаи бузурги худ метавонад дар рушди устувори минтақа нақши созанда бозад.