Дар соли 2025 дар Русия муҳоҷирони тоҷикро чӣ интизор аст?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Охири моҳи январи соли 2025 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия бахшида ба масъалаҳои муҳоҷират ва ба кор таъминкунӣ баргузор гардиданд. Ҷонибҳо масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта ворид карда шудаанд, инчунин, имзои протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русияро муҳокима намуданд. Илова бар ин, масоили гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари худ ва тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои дар Русия талаботнок низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тағйирот дар қонунгузорӣ
Аз санаи 5-уми феврали соли 2025 тағйирот ба қонуни федералӣ дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия эътибор пайдо кард, ки ҷорӣ кардани низоми махсуси депортатсияро пешбинӣ мекунад. Ба феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта шаҳрвандони хориҷие, ки қонунгузории муҳоҷиратро вайрон кардаанд, дохил карда мешаванд ва нисбати онҳо маҳдудиятҳо ва чораҳои назоратӣ татбиқ карда мешаванд.
Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки вазъи ҳуқуқии худро дар сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (mehnat.tj, migration.tj) ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (vkd.tj) тафтиш кунанд.
Зимни машваратҳои байниидоравии Русия ва Тоҷикистон ба масъалаи муоинаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо дар мавриди соддагардонии расмиёти гузаштани муоинаи тиббӣ ҳангоми гирифтани патент ва иҷозатномаи кор ба мувофиқа расиданд. Қарор аст, ки ин муоинаҳо бевосита дар ҳудуди Тоҷикистон гузаронида шаванд, ки ин ба муҳоҷирон имкон медиҳад, пеш аз сафар ба Русия расмиёти ҳатмии тиббиро зудтар ва осонтар анҷом диҳанд.
Дар доираи тавофуқҳои ҳосилшуда байни Русия ва Тоҷикистон, ҷонибҳо омодасозии муҳоҷирони кориро фаъолона густариш дода, ба онҳо дар азхуд кардани касбҳои дар бозори меҳнат талаботнок кумак мекунанд. Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» мутахассисонро аз рӯи беш аз 100 ихтисос, аз ҷумла челонгар, барқчӣ, рангмол, арматурчӣ, хиштчин, инчунин, мутахассисони соҳаи хидматрасониро, аз ҷумла пешхизмат ва сартарошро омода месозад. Омӯзиш ҳам дар курсҳои кӯтоҳмуддати пулакӣ, ки давомнокиаш тақрибан 12 рӯз ва арзишаш ба ҳисоби миёна 180 сомониро ташкил медиҳад ва ҳам дар курсҳои ройгони 2-3 моҳа дар доираи барномаи давлатии “Мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон” сурат мегирад.
Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ марказҳои омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар амал мекунанд, ки дар он ҷо мутахассисони дар бозори меҳнати берунӣ талаботнокро тайёр мекунанд. Ин марказҳо курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва кореягӣ, инчунин, омӯзиши касбҳои ба талаботи корфармоёни хориҷӣ ҷавобгӯро пешниҳод мекунанд. Чунин тадбирҳо ба баланд бардоштани тахассуси шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамгироии бомуваффақияти онҳо ба бозорҳои меҳнати хориҷӣ равона карда шудаанд, ки ин дар навбати худ ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.
Қоидаи нави дигар - моҳи декабри соли 2024 президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон дар сурати надонистани забони русӣ ба мактабҳо қабул карда намешаванд. Аз 1-уми апрели соли 2025 пеш аз ба муассисаҳои таълимӣ қабул кардани фарзандони муҳоҷирон барои муайян кардани сатҳи дониши забони русии онҳо санҷиш гузаранида мешавад. Маводҳои методӣ ва меъёрҳои баҳодиҳӣ аз ҷониби Рособрнадзор таҳия карда мешаванд. Илова бар ин, барои қабул шудан ба мактаб бояд ҳуҷҷатеро пешниҳод кунанд, ки қонунӣ будани будубоши кӯдакро дар қаламрави Русия тасдиқ мекунад. Ба гуфтаи муовини сарвазир Дмитрий Чернишенко, чунин санҷишҳо дар саросари кишвар аз 1-уми апрели соли 2025 оғоз мешаванд.
Ин навоварӣ ба вижа ба муҳоҷирони тоҷик, ки теъдоди хонаводаҳояшон дар Русия тайи чанд соли охир тамоюли афзоиш дорад, тааллуқ дорад. Волидон бояд пешакӣ фарзандони худро ба санҷиш омода кунанд, то ки онҳо имкони таҳсил дар мактабҳои русиро дошта бошанд.
Ниёз Мирзоев, сиёсатшинос, устоди кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қайд мекунад, ки Русия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ буда, робитаҳои онҳо дар сатҳи баланди эътимоду ҳамкорӣ сурат мегиранд: “Русия ҳамеша шарики муҳимми иқтисодӣ, сиёсӣ ва маърифатии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад. Муҳоҷират байни ду кишвар нақши муҳим дошта, ба ҳарду ҷониб манфиат меорад. Аксарияти муҳоҷирони корӣ сатҳи зиндагии хонаводаи худро беҳтар гардонида, бисёре аз онҳо дар касбу кори худ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштанд, шаҳрвандӣ гирифтанд ва ба ҷомеаи Русия ҳамгиро шуданд. Муҳимаш - қонунҳои кишвари иқоматро риоя кардан, қонунбардор будан ва маданияти баланд доштан. Барои он, ки бо муҳоҷирон муомилаи хуб кунанд, онҳо бояд урфу одат, анъанаҳо ва қонунҳои кишвари иқоматашонро эҳтиром кунанд”.
Коршинос ба масъалаи мутобиқшавии муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Ба назари ӯ донистани забони русӣ, таърих ва фарҳанги Русия на танҳо як шарти ҳатмӣ барои ҳамгироии муваффақ, балки гарави пайдо кардани ҷои кори муносиб мебошад: “Забони русӣ дар зиндагии муҳоҷирон нақши калидӣ мебозад. Бе донистани забон дар муҳити нав кору муошират кардан ва пеш рафтан ғайриимкон аст. Онҳое, ки забонро медонанд, имкониятҳои касбии бештар доранд ва ба зиндагӣ дар Русия зудтар мутобиқ мешаванд.
Илова бар ин, Русия ҳамчунон як маркази муҳимми таълимӣ барои ҷавонони тоҷик боқӣ мемонад. Таҳсилоти русӣ дар кишвари мо нуфузу эътибори калон дорад, зеро ба хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз ҳудуди он низ талабот зиёд аст. Дар донишгоҳҳои Русия теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд ва шумораи квотаҳо барои таҳсил сол то сол меафзояд».
Коршинос ҳамчунин, таъкид мекунад, ки Русия ҳамеша як кишвари бисёрмиллату байналмиллалӣ буд ва шахсан ӯ ҳеҷ гоҳ дар Русия ба озору фишороварӣ дучор нашудааст: “Ман тоҷикони зиёдеро медонам, ки дар Русия таҳсилу кор кардаанд ва то ҳол бо ҳамкасбон ва дӯстони русиягиашон робита доранд. Русҳо мардуми хеле инсондӯст ва озода ҳастанд”. Дар охир Ниёз Мирзоев таъкид намуд, ки муҳоҷирон бояд на танҳо аз ҷиҳати касбӣ, балки аз ҷиҳати фарҳангӣ низ мутобиқшуда бошанд. “Пеш аз ба кишвари дигар рафтан, инсон бояд ҳадди аққал як касби асосӣ дошта бошад ва ҳатман забонро донад”, - хулоса мекунад ӯ.
Манфиатҳои иқтисодӣ
Русия бозори асосии меҳнат барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ба шарофати кору фаъолият дар Русия муҳоҷирон имкон доранд, барои худ ва аҳли оилаашон зиндагии шоиста фароҳам созанд, ин аст ки сол аз сол некӯаҳволии мардум боло меравад. Соли 2023 ҳаҷми маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расида, 5,7 миллиард долларро ташкил дод, ки ин 48,2 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Ин назар ба соли 2022, ки ҳаҷми маблағҳои интиқолшуда 5,3 миллиард долларро ташкил дод, 6,6 фоиз зиёд аст. Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт - 56 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ. Аммо дар семоҳаи дуюм суръати афзоиш коҳиш ёфт.
Маблағҳои интиқолӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд ва барои бисёр хонаводаҳо ягона воситаи пешбурди зиндагӣ мебошанд. Қисми зиёди ин маблағхо барои хароҷоти рӯзгор, таҳсил ва ободонии манзил сарф карда мешавад.
Қобили зикр аст, аз 1-уми январи соли 2025 қоидаҳои нав эътибор пайдо мекунанд, ки мувофиқи он муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз 180 то 90 рӯз кам карда шуд. Илова бар ин, барои шахсоне, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, “реҷаи ихроҷкунӣ” ҷорӣ карда шудааст, ин маънои ворид карда шудани онҳо ба “феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта”-ро дорад, ки ин боиси маҳдудшавии баъзе ҳуқуқҳои онҳо ва баъдан ихроҷшавӣ аз кишвар мегардад. Дар натиҷа дар шаш моҳи соли 2024 ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон коҳиш ёфта, 392 ҳазор нафарро ташкил дод, дар ҳамин давраи соли 2023 467 ҳазор нафар буд.
Вале бояд гуфт, ки ин тадбирҳо ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шуда, ба шаҳрвандони хориҷие, ки қонунгузории Русияро риоя мекунанд, анъана ва фарҳанги ин кишварро эҳтиром мекунанд ва будубошашон дар ин кишвар қонунӣ аст, тааллуқ надоранд. Президенти Русия Владимир Путин муҳим будани донистани забони русӣ ва эҳтиром ба урфу одатҳои маҳаллиро барои ҳамгироии муваффақи муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия қайд кард.
Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии бо афзоиши аҳолӣ вобастабуда рӯ ба рӯ аст. Тибқи пешгӯии коршиносон то соли 2027 шумораи аҳолии кишвар ҳамасола тақрибан 2 фоиз афзоиш хоҳад ёфт, ки ин боиси ба 572 ҳазор нафар афзудани қувваи корӣ мегардад. Дар шароити маҳдуд будани шумораи ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар, муҳоҷирати меҳнатӣ барои миллионҳо шаҳрвандон ҳамчун воситаи асосии таъмини шуғл ва даромади устувор боқӣ мемонад.
Ҳамин тариқ, рушд додани барномаҳои касбомӯзӣ, соддагардонии расмиёти бо кор таъминкунӣ дар хориҷи кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷират вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, на танҳо ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ, балки таъмини устувории иқтисодии кишвар низ мусоидат мекунад.