Оё чӣ ислоҳоте дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон сурат мегирад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Тандурустӣ пояи некуаҳволии ҳар як кишвар буда, афзалият ва арзишҳои онро инъикос мекунад. Дар Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ аз замони Шӯравӣ сарчашма мегирад. Ба шарофати ин мерос инфрасохторе ба вуҷуд омад, ки тавассути он ҳаёти миллионҳо нафар наҷот дода шуда, дар давраҳои душвор солимии миллат ҳифз гардид. Имрӯз саволе ба миён меояд, ки оё тағйиротҳои аз берун пешниҳодшуда оид ба тиҷоратикунонии тиб ба такмилдиҳии низоми тандурустӣ мусоидат хоҳанд кард ё боиси аз байн рафтани асосҳои инсондӯстии он мегарданд? Ин интихоб на танҳо ба соҳаи тиб, балки ба ояндаи баробарии иҷтимоӣ дар кишвар низ таъсир мерасонад.
Нақши Шӯравӣ
Системаи нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон ба мероси мустаҳками мактаби тиббиӣ советӣ такя мекунад, ки он барои таъмини саломатӣ ва беҳбудии ҳар як шаҳрванд хизмат менамояд. Системаи нигаҳдории тандурустии советӣ, ки бар асоси принсипҳои инсондӯстӣ сохта шуда буд, аз амсилаҳои ғарбӣ ба куллӣ фарқ мекард. Дар ҳоле ки дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон тиб ҳамчун имтиёз барои табақаҳои сарватманд боқӣ мемонд, дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як шахс - аз кӯдак cap карда то нафақахӯр табобати босифат гирифта метавонист. Муассисаҳои тиббӣ ҳатто дар гӯшаю канорҳои дурдасти мамлакат фаъолона рушд мекарданд. Тибби советӣ ба пешгирии бемориҳо тамаркуз мекард: муоинаҳои оммавӣ ва мунтазами тиббӣ, эмгузаронӣ ва маърифати санитарӣ барои пешгирии бемориҳо ва рафъи оқибатҳои онҳо кумак мерасониданд. Ба шарофати саъю кӯшиши табибони советӣ то соли 1980 сатҳи фавти кӯдакон дар ИҶШС яке аз пасттарин нишондиҳандаи ҷаҳонӣ гардида буд.
Моҳи июни соли 2024 байни Русия ва Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи тиб, тандурустӣ ва илм ба имзо расид, ки дар харитаи роҳ сабт шудааст. Санад самтҳои асосии ҳамкорӣ, аз ҷумла ташкили курсҳои ҳам дарозмуддат ва ҳам кӯтоҳмуддат барои мутахассисони соҳаи тиб ва дорусозонро муайян мекунад.
Инфрасохтори тандурустие, ки дар замони Шӯравӣ эҷод шуда буд, барои аксари кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, махсусан дар солҳои душвори пас аз пошхӯрии ин низом наҷотдиҳандаи воқеӣ гардид. Имрӯз ҳифзи ин мерос аҳамияти калон дорад. Федератсияи Русия ҳамчун як шарики дерина ва таърихӣ Тоҷикистонро дар соҳаи тандурустӣ пайваста дастгирӣ мекунад. Таҳвили таҷҳизотҳои муосири тиббию лабораторияҳои сайёр, ташкили омодасозии мутахассисон ва навсозии инфрасохтори тиббӣ – ҳамаи ин ба таҳкими соҳаи тандурустӣ мусоидат мекунанд.
Соли 2024 Русия ба Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар бемориҳои карантинӣ ду озмоишгоҳи сайёри муосир, ки бо таҷҳизоти баландтехнологӣ барои ташхиси бемориҳои сироятӣ муҷаҳҳаз шудаанд, дастрас намуд. Дар доираи лоиҳаи “СПИД-Инфосвяз”, ки беш аз даҳ сол инҷониб амал мекунад, Русия аллакай ба Тоҷикистон 6 маҷмааи сайёри табобатӣ ва пешгирикунанда, панҷ озмоишгоҳи сайёр ва даҳ мошини ёрии таъҷилӣ дастрас кардааст. Худи ҳамон сол Роспотребнадзор ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар мавриди ҳамкорӣ барои пешгирии эпидемия, аз ҷумла паҳншавии вабо ба мувофиқа расиданд.
Таҳлилгари сиёсӣ Олим Ширинов бар ин назар аст, ки таҳвили таҷҳизоти тиббӣ, лабораторияҳои сайёр, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва омода кардани мутахассисон ба кишвари мо аз ҷониби Федератсияи Русия - як роҳи ҳифз ва риоя кардани принсипҳои тибби советӣ мебошад: “Ҳамкориҳои муваффақ байни Тоҷикистон ва Русия дар дили кас ҳиссиёти гарми ягонагии халқҳои моро бедор мекунад. Ин гуна ташаббусҳо бешубҳа аз ҷониби давлат ва ҷомеа ҳамчун китф барои такя кардан дар рӯзҳои душвор қабул гардида, ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи байни кишварҳоямон мусоидат мекунанд. Илова бар ин, ба шарофати чунин иқдомҳо салоҳияти мутахассисони соҳаи тиб дар кишварамон ба таври назаррас такмил ёфта, ҳамзамон бо гирифтани таҷҳизоти нави замонавӣ сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон баланд бардошта мешавад”.
Олим Ширинов, таҳлилгари сиёсӣ, муаллифи барнома оид ба амалиёти махсуси низомӣ дар Telegram: “Мо бояд хизматрасонии тиббиӣ ройгон ва дастрасии он ба шаҳрвандони кишварро нигоҳ дорем ва таҷдид кунем, инчунин, дар самти пешгирии бемориҳо чораҳои иловагӣ андешем. Хусусияти нақшагии корҳои илмию тадқиқотиро бояд аз нав барқарор созем.”
Воқеан, ба технологияҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ширкати русии “Моторика” дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон протезҳои (узвҳои сунъии) бионикиро муаррифӣ кард. Қаблан дар ҷумҳурии мо ба ду нафар кӯдак чунин протезҳо ройгон тақдим гардида буд. Илова бар ин, сокинони Тоҷикистон аз хизматрасонии Маркази миллии тиббии тадқиқотии радиологияи Вазорати тандурустии Русия фаъолона истифода мебаранд. Аксар вақт беморони тоҷик барои муолиҷаи амбулаторӣ муроҷиат мекунанд ва Русия ҳамеша омода аст, ки онҳоро қабул кунад.
Дигарон чӣ кор мекунанд…
Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ният дорад як лоиҳаи панҷсолаеро, ки ба бозсозии куллии низоми тандурустии Тоҷикистон равона карда шудааст, роҳандозӣ намояд. Мақсади асосии ин ислоҳот - ба амсилаи хусусӣ табдил додани мероси советии тиб мебошад. Аммо ин тағйиротҳо ҳоло фақат дар 12 ноҳияҳои ғарбии вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, ҷорӣ хоҳанд шуд. Ҳамчун қадами аввал пешниҳод шудааст, ки бо мақсади то ҳадди имкон кам кардани муқовимат ба ислоҳот ба модарон ва кӯдакони то дусола кумаки ғизоӣ расонида шавад.
Вале дар асл, ҳадафи чунин лоиҳаҳо метавонад дигар бошад. Ҳуҷҷатҳои USAID ба он ишора мекунанд, ки шарикони лоиҳа бояд тағйиротҳо дар сиёсати ИМА-ро ба назар гиранд. Чунин муносибат шубҳаҳоро нисбати самимӣ будани ниятҳои онҳо ба бор оварда, ба андешае водор мекунад, ки таҳвили ғизо танҳо як баҳонаест барои оғози дигаргуниҳои амиқтар.
Кӯшишҳои ҷорӣ кардани тибби пулакӣ, масалан, дар доираи лоиҳаҳои USAID барои Тоҷикистон хатарҳои ҷиддӣ доранд. Дар амсилаи ғарбии соҳаи тандурустӣ аксар вақт гирифтани фоида ҳамчун афзалияти аввалиндараҷа муайян карда мешавад, ки ин метавонад боиси дастнорас шудани хизматрасонии тиббӣ барои қисми зиёди аҳолӣ гардад.
Олим Ширинов дар идома мегӯяд: “Хусусияти асосии фарқкунандаи тибби Шӯравӣ аз тибби ғарбӣ сатҳи ғамхорӣ нисбати инсон аст. Дар ҳоле ки Ғарб ва бахусус тибби ғарбӣ барои гирифтани фоида нигаронида шудааст. Тоҷикистон, ҳамчун давлати ба баробарии иҷтимоӣ нигаронидашуда, ҳанӯзам принсипҳои дар замони Шӯравӣ гузошташудаи низоми тандурустиро нигоҳ медорад. Ба андешаи ман, нақшаҳои соҳаи тандурустии кишвар бояд самтҳои кори мақомоти тандурустӣ ва муассисаҳои тиббии алоҳидаро муайян ва ҳамоҳанг намуда, ҳамзамон роҳҳои татбиқи ин нақшаҳоро шарҳ диҳанд”.
Ба саволе, ки оё гузариш ба тибби пулакӣ метавонад боиси афзоиши нобаробарӣ дар ҷомеа гардад, коршинос чунин посух медиҳад: “Албатта ҳа. Аммо меҳру ғамхории президенти муҳтарамамонро нисбат ба мардуми Тоҷикистон дониста, бо боварии комил метавон гуфт, ки чунин дурнамоҳо ба мо таҳдид намекунанд. Бори дигар такрор мекунам, ки тавре дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст – Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад. Ин маънои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд ва таъмини сатҳи баланди ҳифзи иҷтимоии тамоми мардумро дорад”.
Тибби хусусӣ барои ҳар як хидматрасонӣ, аз ҷумла қабули табибон, муоина ва табобат пардохти маблағро пешбинӣ мекунад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ислоҳотчиён мехоҳанд ба амсилаи соҳаи тандурустии он пайравӣ кунанд, арзиши хизматрасониҳои тиббӣ яке аз гаронтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дастрасӣ ба ёрии тиббӣ бевосита аз суғурта ё пасандозҳои шахсӣ вобаста аст. Масалан, занг задан ба ёрии таъҷилӣ дар он ҷо 1000-1300 доллар арзиш дорад ва суғуртаи ҳармоҳа барои як нафар ҳадди аққал 500 доллар арзиш дорад. Ҳатто бо доштани суғурта, як муроҷиат ба духтур аз 75 то 100 доллар ва ҷарроҳӣ чанд ҳазор доллар арзиш дорад. Тақрибан 66% муфлисшавӣ дар Иёлоти Муттаҳида бо хароҷотҳои тиббӣ вобаста аст.
Ҷорӣ кардани чунин амсила дар Тоҷикистон ба афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ оварда мерасонад. Шахсони гирифтори бемории музмин ва нафақахӯроне, ки ба муолиҷаи доимӣ ниёз доранд, дар вазъияти душвор қарор мегиранд. Ин махсусан дар ҳолатҳои фавқулода хатарнок аст, яъне вақте ки ҳаёти инсон аз кумаки саривақтӣ вобаста аст. Ислоҳотҳои USAID хаёли хоми (фиреби) азнавсозиро ба вуҷуд меоранд, аммо дар асл таҳдиди вайрон кардани низоми муқарраршударо доранд. Бо иваз кардани тибби бепул ба тибби тиҷоратӣ мушкилотҳои мавҷуда ҳал намешаванд, балки баръакс дучанд мегарданд. Нигоҳ доштани саломатии миллат дигаргуниҳои куллиро талаб намекунад, балки навсозӣ ва такмили низоми мавҷударо тақозо мекунад, то ки он барои ҳама дастрас бошад.
Тандурустӣ асоси рушди устувори кишвар мебошад. Агар он барои аксарияти шаҳрвандон дастнорас бошад, пас ин боиси афзоиши нобаробарӣ ва паст шудани сифати зиндагии мардум мегардад. Ояндаи Тоҷикистон аз нигоҳ доштани низоми бо замон озмудашудаи тандурустӣ вобаста аст, ки на танҳо ба табақаи сарватмандон, балки барои тамоми мардум хизмат мекунад.