Суҳбати ихтисосии Сайҳун Кӯҳсор, хабарнигори “Хуросон Таймз” бо доктор Соҳибназар Муродӣ, таърихнигор ва нависанда (Афғонистон)
Манбаъ: “Хуросон таймс”
Дар таърихи муосири Хуросон-Афғонистон, буҳрони ҳувият ва машрӯъияти сохтори сиёсӣ заминасози таваллуди тайфе аз идеяҳои бадил барои таърифи дубораи ин сарзамин будааст.
Чор назарияи умда дар ин миён худнамоӣ мекунанд: паштунстонохоҳӣ, ки рӯзе ормони иттиҳоди ақвоми паштун дар ду сӯи марзи Дюрандро пайгирӣ мекард; ҳазористонхоҳӣ, ки бар ҳуқуқ ва худмухтории ҳазораҳо дар манотиқи марказӣ таъкид дорад; туркистонхоҳӣ, ки ба тозагӣ дар шимоли кишвар танинандоз шуда ва бар ҳувияти турктаборони минтақа ангушт мегузорад ва дар ниҳоят хуросонхоҳӣ, ки бо нафйи номҳои қавмӣ, роҳи ҳалро дар бозгашт ба як ҳувияти таърихӣ ва ғайриқавмӣ меҷӯяд.
Акнун ин пурсиши бунёдин матраҳ аст, ки оё роҳи ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва қавмӣ дар Хуросон-Афғонистон, таҷзияи ин кишвар ба сарзаминҳои кӯчаки худмухтор бар асоси ҳамин назарияҳост?
Барои посух ба ин савол, “Хуросон Таймз” бо доктор Соҳибназар Муродӣ, таърихнигор ва нависанда, гуфтугӯи тафсиле анҷом дод.
ХУРОСОН ТАЙМЗ: Оё роҳи ҳалли мушкилоти қавмӣ ва сиёсӣ дар Хуросон-Афғонистон, таҷзия ва тақсими ин кишвар ба сарзаминҳои кӯчаки худмухтор аст?
МУРОДӢ: На хайр! Роҳи ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва қавмӣ дар Хуросон-Афғонистон, ниёзманди як силсила ислоҳоти инсонгароёна ва инсондӯстона аст. Мо метавонем рӯйи роҳкорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки кишварро таҷзия накунад ва тафоҳум, ҳамдилӣ ва ҳамгароиро дар миёни ақвом ба вуҷуд оварад, такя кунем; чунин роҳкорҳоро дар ихтиёр дорем. Аммо мушкили асосӣ сарсахтӣ ва лаҷоҷати сиёсӣ аст, ки аз сӯи гурӯҳҳои қавммеҳвар ва ҳукуматҳои қавмӣ дар Хуросон-Афғонистон идома меёбад ва онҳо нисбат ба воқеиятҳои сайёли Хуросон-Афғонистон мунъатиф нестанд.
ХУРОСОН ТАЙМЗ: Дар гузашта идеяҳои паштунстонохоҳӣ, хуросонхоҳӣ ва ҳазористонхоҳӣ матраҳ будаанд. Ахиран назарияи чаҳоруме таҳти унвони “Туркистони ҷанубӣ” дар шимол ва шимолу шарқи Хуросон-Афғонистон матраҳ шудааст. Ин дидгоҳ аз лиҳози сиёсӣ аз куҷо нашъат гирифта ва аз назари бофти иҷтимоӣ то чӣ андоза қобили таҳаққуқ аст?
МУРОДӢ: Дар хусуси паштунстонохоҳӣ бояд арз кунам, ки Довудхон аз замони садорати худ, бо сохтани ниҳодҳои рангоранги сиёсӣ, бар масъалаи паштунстонохоҳӣ тамаркуз кард ва талош намуд бо шиори “Лару Бар”, ин тарафу он тарафи Диюрандро барои паштунҳо як хитта бисозад, аммо аз он ҷо ки қарордодҳои сиёсии ҷаҳон, атбои паштунро дар қаламрави ду кишвари ҷудогона ба расмият мешинохтанд, Довудхон натавонист механизме барои бурунрафт аз ин масъала пайдо кунад. Чунончи имзои хатти марзии Диюранд, ки дар давраи Абдурраҳмон ба имзо расид, пас аз ӯ низ панҷ подшоҳи дигар дар Хуросон-Афғонистон онро имзо гузоштанд ва таъйид карданд. Ин масъалаҳо сабаб шуданд, ки паштунстонохоҳӣ ба масобаи як нуқтаи таниш дар равобити Хуросон-Афғонистон ва Покистон ба вуҷуд ояд ва натиҷаи дигаре дар пай надошта бошад.
Ҳоло низ паштунстонохоҳӣ, ки бори дигар замзама мешавад, ба масобаи дарахти хушкшудаест, ки ҳар қадар онро обёрӣ кунед ва куди кимиёвӣ диҳед, дигар сабз нахоҳад шуд. Бинобар ин, ин шиор дар амал нокоромадии худро нишон дода ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар Хуросон-Афғонистон қобилияти интибоқ надорад.
Дар мавриди хуросонхоҳӣ бояд гуфт, ки ин алтернатива дақиқاً бадили номи Хуросон-Афғонистон аст. “Афғонистон” як номи ҷуғрофиёии қавмӣ аст, дар ҳоле ки “Хуросон” номи қавмӣ нест ва ба ҳеҷ қавми мушаххасе такя надорад. Ҳама шаҳрвандон хуросонӣ ҳастанд ва хуросонхоҳӣ барои ҳеҷ кас нисбат ба дигаре фазилати бартарӣ ё камбудӣ намебахшад.
Бар ин асос, хуросонхоҳӣ танҳо шиори тоҷикҳо нест. Масъалаест, ки ба умуми ақвоми кишвар тааллуқ дорад. Ин ҳам роҳи ҳалли мушкилоти кишвар аст ва ҳам нусхае барои тамоми касоне, ки “Афғонистон”-ро ҳамчун як ҳувияти таҳмилшуда намепазиранд.
Хуросон ҳам ҳувияти 1500-солаи таърихии кишвари мост ва ҳам номе ғайриқавмӣ мебошад. Ҳар қавме дар ин сарзамин, каму беш дар Хуросон зиндагӣ карда ва бо ифтихороти хуросониён пайванд дорад.
Аммо масъалаи ҳазористонхоҳӣ ва туркистонхоҳӣ низ ду номи қавмӣ ҳастанд. Ҳамин касоне, ки имрӯз шиори “Туркистони ҷанубӣ”-ро сар медиҳанд, бар ҳавзае такя мекунанд, ки ақвоми мухталифи зиёде дар он зиндагӣ мекунанд. Маънии ин кор чист? Вақте ки Афғонистон як номи қавмӣ аст, “Ҳазористон” ва “Туркистон” ҳам ду номи қавмии дигаранд. Шумо бо зудудани як номи қавмӣ ва ҷойгузин кардани номҳои қавмии дигар, наметавонед мушкилоти кишварро ҳал кунед.
Бинобар ин, беҳтар аст номе интихоб кунем, ки ба ҳеҷ қавме тааллуқ надошта бошад. Номи қавмӣ на мушкили Хуросон-Афғонистонро ҳал мекунад ва на қобили татбиқ аст.
ХУРОСОН ТАЙМЗ: Ба назари шумо, хуросонхоҳӣ чӣ тафовутҳое бо се дидгоҳи дигар, яъне “паштунистонохоҳӣ”, “ҳазористонхоҳӣ” ва “туркистонхоҳӣ” дорад?
МУРОДӢ: Хуросонхоҳӣ бо шиорҳои қавмӣ ва номҳои қавмӣ бар ҷуғрофиёи Хуросон-Афғонистон тафовути моҳавӣ дорад. Боз ҳам такрор мекунам, Хуросон номи қавмӣ нест, балки як ифтихори муштарак ва як махраҷи муштарак байни тамоми ақвоми бародари Хуросон-Афғонистон аст.
Ҳар ӯзбек, ҳар паштун, ҳар ҳазора ва тоҷик метавонад бо ифтихор бигӯяд, ки ман хуросонӣ ҳастам. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ин мушкил ва кашмакашҳое, ки дар қаламрави кишвар вуҷуд дорад, фардо дар қаламрави “Ҳазористон” ва “Туркистон” низ вуҷуд хоҳад дошт.
ХУРОСОН ТАЙМЗ: Оё хуросонхоҳӣ ба маънои таҷзияи Афғонистон аст?
МУРОДӢ: На хайр, ба сурати қатъӣ хайр. Зеро гуфтем вақте мо мехоҳем аз масъалаи таҷзияи Хуросон-Афғонистон берун шавем, бояд номҳои қавмиро напазирем ва бадиле, ки такягоҳи қавмӣ надорад, интихоб кунем. Ба ҳеҷ ваҷҳ кишвари мо бо ин кор таҷзия намешавад. Масалан, “Афғонистон” як номи қобили эътимод барои ваҳдати ақвоми кишвар нест. Ба ҳамин асос, номи “Туркистон” ва “Ҳазористон” низ номҳои қавмие ҳастанд, ки кашмакашҳои бештаре ба вуҷуд меоваранд. Агар мо мехоҳем аз таҷзия ҷилавгирӣ кунем, бояд ё номи Хуросонро интихоб кунем ё ҳар номи дигареро, ки собиқаи қавмӣ надошта бошад. Аммо аз он ҷо ки номи Хуросон дар манобеи таърихӣ, сафарномаҳо ва матнҳои нигоришӣ пешина дорад, агар мо ба Хуросон баргардем, дар ҳақиқат он мероси таърихиро ҳифз хоҳем кард.
Ба ин тартиб мо ба таҷзияи кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ алоқаманд нестем, вале агар чунин сарсахтиҳо ва тан надодан ба воқеиятҳои ноби кишвар идома ёбад, фикр мекунам, ки ин кишвар суботи доимии дигаре нахоҳад дошт.
ХУРОСОН ТАЙМЗ: Оё эҷод ва густариши андешаи “пантуркизм” дар Хуросон-Афғонистон ба нафъи манофеи миллӣ ва суботи ин кишвар аст?
МУРОДӢ: Ин ҳам на хайр! Мо медонем, ки пантуркизм як идеологияи қавмӣ ва таборӣ аст, дуруст монанди паштунизм. Дар кишварҳое, ки ақвоми мухталиф зиндагӣ мекунанд, набояд маразии қавмгароӣ чунон шуюъ пайдо кунад, ки манофеъ ва арзишҳои дигар ақвомро дар худ фурӯ барад ва саранҷом норизоиятҳо ва носозгориҳои фикрии фаровонеро ба вуҷуд оварад.
Пантуркизм як иддаои қавмӣ аст, ки ҳадди ақал дар сад соли ахир дар Осиёи Миёна, таърих, фарҳанг ва забони ақвоме, ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд ва ҳатто оину динашонро ҳазф кардааст.
Бар ин асос, акнун низ ин тафаккур реша дар беруни кишвар дорад. Касоне, ки даъвии туркистонхоҳӣ мекунанд, бояд бидонанд, ки агар ҳадаф аз туркистонхоҳӣ таҳаққуқи ҳуқуқи ақвом аст, ин ҳақро доранд, ки бар асоси мисоқҳои ҳаққи таъйини сарнавишти миллатҳо, то марҳилаи ҷудоӣ ва худмухторӣ барои тасовии ҳуқуқи худ иддао кунанд, аммо пантуркизм ва шиори “Туркистони ҷанубӣ” бо ин таъриф тафовут дорад.
Аввалан шимоли Хуросон-Афғонистон ҳеҷ вақт Туркистон набудааст. Дувум, дар шимоли Хуросон-Афғонистон, ғайр аз бародарони турк, ақвоми мухталифе чун тоҷик, ҳазора, паштун, қизилбош ва соири ақвом зиндагӣ мекунанд, ки дар муқоиса бо камияти ҷамъиятӣ, туркҳо дар ақалият воқеъ мешаванд.
Замоне ки онҳо дар ақалият ҳастанд, чӣ гуна ба худ ҷуръат медиҳанд, ки як номи қавмии ақалиятро бар аксарияти сокин дар шимоли Хуросон-Афғонистон татбиқ кунанд? Ин кор ба маънии об пошидан дар рангистон аст ва ба субот, ҳувият ва манофеи миллии ӯзбекҳо низ кӯмаке намекунад.
Ӯзбекҳо дар ҳоли ҳозир шароити бисёр вахим ва хатарноки дигаре доранд. Агар ин оқоён ғайрат ва шаҳомат доранд, бояд дар баробари султаи сиёҳ ва бунёдгароии гурӯҳи Толибон, ки аз дин гази ашколуд сохтаанд, ба ҳимояти мардуми шимол ва ӯзбекҳо мубориза кунанд. Аз санг садо бармеояд, аз ин оқоён не! Вале дар туркистонхоҳӣ бисёр бо шаҳомат ва фаъол ҳастанд.
Маънои ин рафтор ҳамин аст, ки ин шиорҳо аз ҷои дигаре содир мешаванд ва гирандагони онҳо ҳам бидуни тардид ҳаққуззаҳма дарёфт мекунанд.
ХУРОСОН ТАЙМЗ: Оё кишварҳои минтақа аз таҷзияи Хуросон-Афғонистон ҳимоят мекунанд ё ҳадди ақал тарафдори он ҳастанд?
МУРОДӢ: Ба назари ман, кишварҳои Эрон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, худашон аксаран бо мушкили Хуросон-Афғонистон мувоҷеҳ ҳастанд. Яъне дучори тааддуд ва касрати қавмӣ ҳастанд.
Ҳол агар онҳо аз таҷзияи Хуросон-Афғонистон ҳимоят кунанд, худашон дучори мушкилоти бештар хоҳанд шуд. Масалан, эҷоди Балучистони мустақил дар Покистон, бидуни таҷзияи Хуросон-Афғонистон ва Эрон мумкин нест.
ХУРОСОН ТАЙМЗ: Аз лиҳози таърихӣ, кадом ақвом бештар дар шимоли Афғонистон муттаваттин будаанд ва пешинаи таърихии шаҳрҳои ин минтақа чӣ гуна будааст?
МУРОДӢ: Аз лиҳози ахлоқи сиёсӣ наметавон ин масъаларо эълом кард, ки чӣ касоне зудтар омадаанд ва чӣ касоне баъдтар; мо мӯътақидем ҳар касе ки дар Хуросон-Афғонистон хуни нофаш ба замин рехта, шаҳрванди кишвари мо аст ва бо ҳама ақвоми дигар дорои ҳуқуқи мусовӣ мебошад.
Хуб, ба ҳар ҳол аз он ҷо ки шумо ин пурсишро матраҳ кардед, ман аз раҳгузари қидмати таърихӣ ба ин нукта ишора мекунам, ки таърихи бостон, қуруни миёна ва муосир нишон медиҳад, ки тоҷикҳо аз қадимитарин ақвоми сокин дар Хуросон-Афғонистон, бахусус дар шимоли Хуросон-Афғонистон будаанд.
Касоне, ки шиори пантуркизмро тарвиҷ мекунанд, ба таърихи кишвар аз лиҳози воқеиятҳои таърихӣ низ ҳурмат намегузоранд ва ба мусодираи ҳувиятҳои қавмӣ мутавассил мешаванд ва бидуни реша ва манбаи мушаххас, ҳарфҳои ҳавоӣ матраҳ мекунанд.
Таърихи имрӯз ба ҷуз мадорик ва санад, ба ҳарфҳои шифоҳӣ бовар надорад. Аввал даъвогарони туркистонхоҳӣ бояд ҷавоби тарҳи худро дар манобеи таърихӣ пайдо кунанд ва мушт дар ҳаво назананд.
ХУРОСОН ТАЙМЗ: Оё роҳкорҳои ҷойгузине барои ҳалли мушкилоти қавмӣ дар Хуросон-Афғонистон вуҷуд дорад, ки бидуни тақсими сарзаминӣ, мубтанӣ бар тамаркуззудоӣ ё низомҳои мушорикатӣ бошад?
МУРОДӢ: Бале, дар пурсиши нахуст ҳам матраҳ кардам, ки танҳо роҳи ҳал таҷзия нест. Аввалан дар таҷзияи Хуросон-Афғонистон як мушкили печида вуҷуд дорад ва далеле ҳам барои таҷзия намебинем.
Агар шиорҳои мандаровардии қавмгароёна ва паштунстонохоҳии бародарони паштун тағйир кунад, бахше аз мушкилоти кишвар ҳал мешавад. Пас аз он мо метавонем бо матраҳ кардани мушорикати сиёсӣ, ки мубтанӣ бар мундариҷоти ҳуқуқӣ ва нигоҳи инсонгароёна бошад, онро иҷро кунем.
Хуросон-Афғонистон имрӯз як кишвари қарни бисту якумӣ аст ва ҳаводис ва мушкилоти бисёреро дар ин ним қарн аз сар гузарондааст. Як низоми маҷлиси намояндагон ҳам метавонад мушкили кишварро ҳал кунад; низоме ки дар он баҳси ақалият ва аксарият матраҳ набошад, балки баҳси шаҳрвандӣ ва маданият матраҳ шавад.
Дар низоми сиёсие, ки бар асоси ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандӣ устувор бошад, аксарияти камхирад наметавонад ҳуқуқи ақалияти хирадмандро салб кунад. Масъалаи миллӣ дар дунё таҷрибаҳои одилонае дорад ва кишварҳои касирулқавм онро таҷриба кардаанд. Мо метавонем аз ин нусхаҳо истифода кунем. Масъалаи қавмии Хуросон-Афғонистон дар бозиҳои Фейсбукӣ ҳал намешавад ва ниёзманди як гуфтугӯи миллӣ аст.
Шахсиятҳои хирадманд бояд ҷамъ шаванд ва дар як ҳамоиши илмӣ ё симпозиум, ин масъалаҳоро бо истидлол баррасӣ кунанд ва якдигарро қонеъ созанд, то як роҳи бурунрафт аз мушкилот ба вуҷуд ояд. Бародароне, ки туркистонхоҳӣ ва ҳазористонхоҳӣ мекунанд, набояд ҳақашон салб шавад, аммо ин назарияҳо ва хостҳо дар моликияти мутлақи онҳо қобили таҳаққуқ аст, на дар сарзамини дигарон. Масалан, вақте “Туркистони ҷанубӣ” матраҳ мешавад, соири ақвоме, ки он ҷо сокин ҳастанд, куҷо бираванд? Агар соири ақвом дар зери ин пантуркизм қарор бигиранд, боз ҳам зулм бар зулм ва такрори иштибоҳоти гузашта аст.