“Сангар”: Анварулҳақ Аҳадӣ, собиқ вазири молия ва собиқ раиси ҳизби “Афғонмиллат” дар як мусоҳиба гуфт, ки фақат паштунҳо дар Афғонистон ҳҳақ ба ҳокимият доранд.
Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна, мутолиоти исломӣ ва фалсафаи исломӣ, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Суханони ҷаноби Аҳадӣ барои ман тааҷҷубовар набуд, зеро аз нигоҳи ҷомеашиносии сиёсӣ идеология ҳеҷ вақт ба манфиати як кишвар набуда ва нест, ба ҷуз гурӯҳи худи онҳо. Масалан, ҳизби сотсиализм дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, ё ҳизби нозӣ дар Олмон, ё аҳзоби гуногуни ростгаро ва чапгаро дар ҷаҳон.
Пуштунизм як идеологияест, ки ба манфиати як қавм аст ва дар тӯли таърих бо нодида гирифтани дигар қавмҳо боиси ақибмондагии кишвар шудааст. Пуштунизм фашизм нест, зеро пешшарти фашизм саноат ва қувваҳои бузурги ҳарбӣ аст, ки Афғонистон ҳаргиз надоштааст. Пуштунизм бар асоси тафаккури қабилавӣ бунёд ёфтааст ва аз ҳамин сабаб ҳеҷ гоҳ ба таври маданӣ фикр намекунад.
Баъд аз ин пешгуфтори кӯтоҳ бояд бидонем, ки кишвари Афғонистон як кишвари мусулмон аст ва дар ислом тафовуқи қавмҳо, забон ва нажод вуҷуд надорад. Дар ҳамин ҷост, ки афғонмиллатиҳо ва ҳавохоҳони пуштунизм дар Афғонистон бузургтарин иштибоҳи таърихиро мекунанд ва кардаанд.
Дар мақолаи «Издивоҷи номашрӯи қавму мазҳаб» ин масъалаҳои антропологӣ ва сотсиологии Афғонистон ба равшанӣ ташреҳ шудаанд. Паёмбари ислом, ки Қуръони Маҷид ӯро «раҳмат-ул-лил-ъоламин» хитоб кардааст, бузургтарин муваффақияти худро дар муттаҳид сохтани ақвоми араб ба даст овард ва аз онҳо як уммат сохт. Ӯ гуфт: араб бар аҷам бартарӣ надорад. Салмони Форсро, ки араб набуд, бародар хонд. Қуръон низ мегӯяд: «Иннамал-муъминун ихва», яъне мӯъминон дар дин бо ҳам бародару хоҳар ҳастанд.
Дар бораи ақвом Қуръон мегӯяд:
«Айюҳан-нос, инна халақнокум мин закарив ва унсо ва ҷаъалнокум шуъубан ва қабоила ли-таъорафу, инна акрамакум индаллоҳи атқокум, инналлоҳа ъалимун хабар».
Эй мардум! Мо шуморо аз як мард ва як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ба ростӣ, гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумост. Худованд доно ва огоҳ аст.
«Қолат-ил-аъробу оманно, қул лам туъмину валокин қулу асламно, ва ламмо ядхулил-имону фӣ қулубикум…»
Арабҳои бодиянишин гуфтанд: имон овардем. Бигӯ: шумо имон наёвардаед, балки бигӯед ислом овардем, зеро ҳанӯз имон ба дилҳои шумо дохил нашудааст.
Ба асоси оятҳои фавқ, афғонмиллатиҳо ва ҳавохоҳони пуштунизм дар Афғонистон ба Қуръон имони комил надоранд ва ашхосе монанди ҷаноби Аҳадӣ дар торикӣ ба сар мебаранд.
Ҷолиб аст, ки ин ашхос дар кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ таҳсил кардаанд, аммо ҳангоме ки вориди масҷид мешаванд, мебинанд, ки ҳамаи мусулмонон бидуни табъиз дар канори ҳам ба ибодати Худо иқтидо мекунанд.
Ислом нифоқро дӯст надорад ва ононе, ки нифоқро доман мезананд, ба меъёри Қуръон ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст. Қуръон мегӯяд: «Ло тафаррақу».
Мардум иштибоҳ ва хато мекунанд. Агар иштибоҳ шахсӣ бошад, бояд ба даргоҳи Худованд истиғфор кунанд. Аммо агар иштибоҳ ба уммати ислом марбут бошад, бояд нахуст аз мардум талаби бахшиш кунанд, зеро дар ин ҷо масъалаи ҳаққ-ул-ъабд ва ҳаққ-уллоҳ матраҳ мешавад.
Ҷаноби Аҳадӣ бояд аз ҳамаи мусулмонони кишвари Афғонистон узр бихоҳад.