Нависанда: Азиз Ориёнфар, сафири собиқи Афғонистон дар Қазоқистону Қирғизистон, директори Маркази мутолаоти Афғонистон дар Олмон (Франкфурт, Олмон)
Дар пайванд ба проекти урдуғонии пантуркистӣ/саҳюнистии ташкили ҷумҳурии хаёлӣ ва ҷаълии Туркистони Ҷанубӣ дар чанд рӯзи гузашта шуморе аз дӯстон пурсишҳое аз ин даст матраҳ кардаанд. Барои мисол:
Оё мардуми Ҳироти бостон ҳозиранд дар сурати ташкили Туркистони Ҷанубӣ зери дирафши ин давлат бираванд? Чанд дарсади мардуми Ҳирот туркизабонанд?
Оё касоне, ки проекти сохтани Туркистони Ҷанубиро, ки аз сӯи режими фошистии ихвонӣ/саҳюнистии Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳимоят ва тамвил мешавад, бо сар додани шиорҳои пуртамтроқ таблиғ мекунанд, дар ин замина бо мардуми Ҳирот машварат кардаанд ва пурсидаанд, ки оё шумо ҳозир ҳастед зери дирафши Туркистони Ҷанубӣ биёед? Оё шумо бо ин ном мувофиқ ҳастед? Оё ҳувияти туркиро мепазиред? Оё ин нақзи асли демократия нест?
Бе чуну чаро забони давлати /бигзор хаёлӣ ва воҳӣ/-и Туркистони Ҷанубӣ ӯзбекӣ хоҳад буд. Оё вилояте, ки забони аксарияти мутлақи он форсӣ аст, ҳозир аст забони ӯзбекиро ҳамчун забони расмии давлатӣ ва миллии худ бипазирад?
Айнан ҳамин пурсиш дар бораи мардуми Балху Тахор ва Бадахшону дигар вилоятҳои шимол низ матраҳ мегардад: Ҷолиб ин аст, вақте дар бораи сарнавишти даҳҳо миллион инсонҳои сокини шимол сухан гуфта мешавад, чаро дар ин замина бо онҳо машварат нашуда ва аз онҳо пурсида нашудааст, ки оё шумо бо ин тарҳ мувофиқ ҳастед ё на ва оё дар кулл мувофиқи таҷзияи кишвар ҳастед ё на? Оё дар бораи сохтори низом, чигунагии иштироки миллионҳо сокинони шимол дар чунин давлате суҳбат шудааст?
Беҳтар аст худи ҳиротиёни азизу бадахшониҳои азиз ва сокинони дигар вилоятҳои шимол посух диҳанд.
Посухи ман равшан аст. Ман аз даҳ–понздаҳ соли пеш ба ин сӯ шабу рӯз фаро расидани чунин рӯзеро ҳушдор медодам ва хатароти ҷиддии чунин проектро хотирнишон сохта будам. Борҳо ва борҳо навишта будам, ки пантуркизм рабте ба мардуми шариф ва наҷиби туркизабони мо надорад ва як проекти иртиҷоӣ ва сохтаву пардохтаи бегонагон аст, ки ба манзури доман задан ба нифоқ, шиқоқ ва тафриқа дар шимол ва дар кулл дар кишвар тарроҳӣ шуда ва аз сӯи маҳфилҳо ва ҳалқаҳои маълумулҳоли берунӣ ва аёдии дохилии онҳо пуштибонӣ ва тамвил мегардад. Агар ин фитна дар нутфа хунсо нашавад, метавонад дар оянда заминасози ҷангҳо ва хунрезиҳои бепоён гардад.
Дар робита ба ин ки оё кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аз ин проект ҳимоят хоҳанд кард ё на?
То ҷое ки ман бо сиёсатҳои кишварҳои туркизабони Осиёи Марказӣ ва Русия ошноӣ дорам /се сол дар Қазоқистон ва Қирғизистон сафир будам/, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаргиз зери дирафши Туркия — узви НАТО ва режими ихвонии Раҷаб Таййиб Эрдуғон — нахоҳанд рафт. Зеро манофеи олияи онҳо бо Русия ва Чин пайванд хӯрдааст.
Тоза худи Туркия гирифтори масоили бисёр печидаи дохилӣ ва берунӣ ва обистани гирудорҳои драматик дар пайванд ба масъалаи Курдистони Бузург аст ва тавони бозӣ кардани нақше монанди Русия ва Чинро надорад.
Ҳеҷ гоҳ ин кишварҳо аз тарҳи таҷзияи Афғонистон ва ташкили ҷумҳурии воҳӣ ва хаёлии Туркистони ҷаълии Ҷанубӣ ҳимоят нахоҳанд кард. Чун нек медонанд, ки бо ташкили кишвари Пуштунистони бузург бо хатари бисёр бузурге аз ҷануб рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ва Пуштунистони оянда ба зудӣ бо кӯмаки Чин ё Амрико ё кишварҳои арабӣ Туркистони Ҷанубиро ишғол ва аз нақшаи ҷуғрофиёи сиёсӣ хоҳад сутурд.
Раҳбарони кишварҳои туркизабони Осиёи Марказӣ риҷоли прагматик ва хирадварз ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ аз тарҳҳои моҷароҷӯёнаи маҳфилҳо ва ҳалқаҳои мармузи берунӣ пуштибонӣ нахоҳанд кард. Ҳеҷ гоҳ ҳам аз тарҳи эҷоди Туркистон/Турон ҳимоят нахоҳанд кард ва ҳозир нахоҳанд шуд зери дирафши режими ихвонии Эрдуғон бираванд. Чун бештар ба ҳувият ва истиқлоли миллии худ пойбанд ҳастанд.
Ин кишварҳо бо Русия даҳҳо қарордод ва паймон доранд ва ҳаргиз ҳозир нахоҳанд шуд бо андешаҳои воҳӣ ва хаёлӣ амният ва суботи худро дучори нооромӣ ва бесуботӣ созанд.
Тоза чунин тарҳе дар шимоли Афғонистон ҷангҳои бепоён ва хунбореро ба роҳ хоҳад андохт. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ хостори субот дар Афғонистон ва сармоягузорӣ ва кашидани роҳи оҳан ва лӯлаҳои интиқоли газ ба Покистон ва Ҳиндустон ҳастанд.
Русия низ иҷоза нахоҳад дод, ки Афғонистон таҷзия шавад. Зеро дар ин сурат пуштунҳоро комилан аз даст хоҳад дод ва давлати Пуштунистони бузурги оянда метавонад ба сӯи Ғарб ё Чин гароиш пайдо кунад ва барои Русия дардсарҳои бисёр бузурге биёфарад. Ташкили кишвари Туркистон бо ҳимояти Туркия ва Ғарб барои худи Русия ҳам бисёр хатарнок аст.
Хулоса, ташкили кишвари мустақили Туркистони Ҷанубӣ ғайриамалӣ аст. Яъне хоб асту хаёл асту ҷунун. Аммо дар шимол метавонад фитнаҳои бисёр бузургеро роҳ биандозад ва мушкилоти бисёр азимеро ба бор оварад.