Хабари рӯз

Агар Афғонистон гузинаи севумиро надошта бошанд, чора чист?

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Ба асоси як муоҳидаи нангин байни қувваҳои ишғолгар ва як гурӯҳи даҳшатафган, ки ҳар рӯз интиҳорӣ мекарданд ва барои ғасби қудрат мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонданд ва дар асари як муомила қудратро бидуни хунрезӣ ғасб карданд ва раисҷумҳури кишварро аз қудрат андохтанду фирорӣ шуд. 

Ба асоси меъёрҳои ҳукуматдорӣ низомҳои демократӣ бо ин ки дар Афғонистон як демократияи содиротӣ буд на ин ки худҷӯш буда бошад. Ин давраи қонун набуд ва дар айни замон фасоди идориву ҳукуматдорӣ фиғон мекард. Эътибори ҳукумат то хатми давраи раёсатиҷумҳурӣ метавонад қонунӣ ба шумор равад, зеро раисҷумҳур маҷбур сохта шуд, ки фирор кунад. Дар ин вақт буд, ки бояд муовини раисҷумҳур ифои вазифа мекард ва аммо Амруллоҳ Солеҳ ҳам роҳи фирорро ба пеш гирифт ва ахиран дар фазои маҷозӣ чунин гузориш дода шуд: "Амрулло Солеҳ, муовини аввали ҳукумати пешини Ҷумҳурии исломии Афғонистон, маъмурияти худро поёншуда эълом кард”.  

 Ӯ дар бахше аз матлабе дар сафҳаи Твитераш чунин навиштааст: "Поёни як давраву ташдиди мубориза барои раҳоии Афғонистон аз султаи малишаҳои Толибон. 

Пас аз суқути Кобул дар 15 августи 2021 (24 асади 1400), ман ба вилояти Панҷшер рафтам ва бар асоси Қонуни Асосӣ, худро ба унвони сарпарасти мақоми раёсати ҷумҳурии исломии Афғонистон эълом кардам. 

Эъломияи мазкур аз аҳамият ва арзиши таърихии бузурге бархурдор буд ва фурсатҳои нодир ва зудгузареро умдатан дар абъоди минтақаӣ ва байналмилалӣ эҷод намуд. Аммо ба далели набуди иттиҳод ва ҳамдилӣ дар миёни ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон, аз ин фурсатҳо ба дурустӣ ва дар ҳадди бузурги он истифода нашуд. 

Акнун бар асоси моддаи 61-и Қонуни Асосии Ҷумҳурии исломии Афғонистон, эътибори ин давра дар аввали ҷавзои 1403 хуршедӣ ба поён расид. Бар ин асос, лақаби “сарпарасти раёсати ҷумҳурии Афғонистон”-ро аз мукотиботи шахсӣ ва расмии худ ва ҳамчунин аз сафаҳоти иҷтимоии мутааллиқ ба банда ҳазф хоҳам кард." 

Дар 24 асади соли 1400 ҳиҷрӣ, бо вуруди нерӯҳои Толибон ба шаҳри Кобул, раисҷумҳур Ғанӣ бо кобинааш аз Афғонистон фирор карданд, Амрулло Солеҳ, ки худро ҷонишини раисҷумҳур эълон карда буд, дар Панҷшер ҳузур дошт, ӯ пас аз суқути Панҷшер Афғонистонро тарк ва ба кишвари номаълуме рафт. 

Давраи раёсати ҷумҳурии Ашраф Ғанӣ ҳам ба поён расид ва ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон дигар расмият надорад ва дар айни замон ҳаракати Толибон ҳам на машрӯъияти дохилӣ дорад ва на машрӯъияти байналмилалӣ. Пас, асосан ба асоси усули байналдувал Афғонистон фоқиди як ҳукумати машрӯъ аст ва махсусан, ки намояндаи СММ, ки расман аз Афғонистон намояндагӣ кунад, вуҷуд надорад. 

Як сол қабл дар барномаи ҷаноби Раззоқ Маъмун зери унвони "Ҷумҳурии панҷум" шумораи 373 пешбинӣ карда будем, ки аз имкон дур нест, ки Ашраф Ғанӣ ба Афғонистон баргардад... Ахиран ҷаноби Ғавс Ҷонбоз, муфассир ва коршиноси сиёсӣ, як матнро аз русӣ тарҷума кардааст, ки аз талоши Ашраф Ғанӣ барои эҳрози қудрат барои бори дувум парда бармедорад. Мавзӯе, ки мо қаблан гуфта будем. 

Дар шароити феълӣ ҳарду раисҷумҳур махлуъ талош доранд, ки як коре барои Афғонистон бикунанд ва дидорҳое бо ҷавониби зидахл ба шумули гурӯҳи Ҳаққонӣ доштаанд. Таҷрибаи мардум аз давраи Карзай - Ғанӣ ба ҷуз фасоди идорӣ ва лаҷомгусехтагии сиёсиву иҷтимоӣ чизи дигаре нест ва аммо бо он ҳам бо тамоми фасоди идориву қазоӣ, мардум озод буданд ва зери унвони суннату ҷамоат истисмори динӣ нашуда буданд. Ва диктаторӣ набуд. Агар Ғанӣ ё Карзай дубора қудратро бигиранд ва Афғонистон аз ин бунбаст раҳоӣ пайдо кунад, киро мардум тарҷеҳ медиҳанд? Кадом як беҳтар аст, толиб ё Ашраф Ғанӣ? 

Имом Ҷаъфари Содиқ, алайҳираҳма, сухани ҷолибе дорад, ки аз ду бад, бади хубтарро интихоб кунед. Дар ин сурат Ғанӣ барои мардум беҳтар аст, на толиб. Ин сухан ба тарафдории Ғанӣ нест ва аммо мардум гузинаи севумиро надошта бошанд, чора дар чист? 


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!