Толибон барои Амрико чӣ маъное дорад?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Се рӯзи қабл Ведонт Петл, муовин сухангӯи вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як нишасти хабарӣ, гурӯҳи Толибонро як созмони террористӣ хонд ва ба хабарнигорон гуфт: “Ман мутмаиٔнам, ки Толибон ба унвони як созмони террористӣ муаррифӣ шудааст.
Аммо мушаххас нашуд, ки оё ин сиёсати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико будааст ё назари шахсии муовини сухангӯйи вазорати хориҷаи Амрико буда.
Ба ҳар сурат, ман дар ин навишта мехоҳам ҷавониби мухталиферо ба таҳлил бигирам.
Иллате, ки амрикоиҳо аксуламали шадиде нишон медиҳанд ва нишон додаанд, ба назари ман, наздикии Толибон бо кишвари Чин ба далели истихроҷи маодин ва муомилоти транзитӣ, ҳамчунин равобити наздики Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия бо Толибон, аст. Ин вазъ шояд Иёлоти Муттаҳидаро водор карда бошад то чунин мавзеъеро иттихоз кунад.
Дар ин навишта, танҳо аз манзари ҳуқуқӣ ба баррасии ин мавзӯъ мепардозам ва назари мусбат ё манфии худро матраҳ намекунам. Аммо дар сурати таъйиди иддаои Иёлоти Муттаҳида мабнӣ бар террористӣ шинохтани Толибон, мумкин мушкилоти зайл домангири Толибон хоҳад шуд.
Чунончи ҳама медонем, замоне, ки давлате ба унвони "давлати террористӣ" тавассути Иёлоти Муттаҳида шинохта мешавад, маъмулан бо маҷмӯае аз иқдомот ва таҳримҳои байналмилалӣ мувоҷиҳ мешавад. Ин иқдомот метавонад шомили мавориди зер бошад:
1 - Таҳримҳои иқтисодӣ: маҳдудиятҳое бар содироту воридоти колоҳо, масдуд кардани дороиҳо ва манобеъи молӣ ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба системҳои молии байналмилалӣ.
2 - Маҳдудиятҳои дипломатӣ: коҳиш ё қатъи равобити дипломатӣ ва фишор ба дигар кишварҳо барои коҳиши таомулоти худ бо давлати мавриди назар.
3 - Фишорҳои байналмилалӣ: талош барои эҷоди иҷмоъи ҷаҳонӣ алайҳи давлати мазкур ва фишор ба созмонҳои байналмилалӣ барои иттихози иқдомоти мушобеҳ.
4 - Посухҳои низомӣ ва амниятӣ: дар бархе маворид, мумкин аст иқдомоте низомӣ ва амниятӣ ба манзури маҳдуд кардани нуфуз ё фаъолиятҳои давлати мавриди назар анҷом шавад.
Ин иқдомот метавонад таъсироти густурдае бар иқтисоду вазъияти иҷтимоии кишвари мавриди назар бигузорад, аммо натиҷагириҳои ҷаҳонӣ мумкин аст мутафовит бошад ва ба таомулоту сиёсатҳои кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ бастагӣ дорад.