Ҳикояти Ҳикматёр аз таъриху шикояти ӯ аз рӯзгор бо толиб.
Нависанда: доктор Фазлманаллоҳ Мумтоз, собиқ сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Оқои Ҳикматёр тибқи маъмул ҳеҷ гоҳ дар маросими иҷтимоӣ монанди фотиҳа, идмуборакӣ ва маҳофили арӯсии дуру наздик иштирок намекунад. Фақат ба як паёми тасалият ва хатти роҳдории ҷаннат иктифо менамояд.
Ҳар шахсе, ки назди эшон рӯи мушкилоти худ муроҷиа мекунад, монанди шайхҳои тариқат барояшон аҷру савобро саховатмандона тавзеъ менамояд, ки хизонаи он бисёр бузург аст ва ҳеҷ интиҳо надорад.
Муддати ду сол бештар мешавад, ки эшон дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад, ки дар таърихи муборизотии ӯ собиқа надорад, вақте аз изҳорот дар сафаҳоти иҷтимоӣ ва маҷозӣ мамнуъ аст.
Дар иди гузашта ба баҳонаи идмуборакӣ ба меҳмонхонаи Шайх Диловар рафта буд, то ҳавои берунро танаффус намояд. Тасодуфан як теъдод аз муҷриёни умури толиб ҳам ҳузур доштанд. Оқои Ҳикматёр бо истифода аз ин фурсат аз таърихи муборизоти худ мухтасаран ҳикоят намуд ва табъан аз ҷангҳои хонумонсӯзи танзимӣ ва ҷангҳои хунбори Кобул, кудатои Танай, эътилофи Дӯстум ва дигар шикастҳои худ ёдовар нашуд. Дар ахир илова намуд, ки ҳоло сабр намуда, мунтазир мебошад, ки оқибат чӣ хоҳад шуд?
Ин ҳикояти Ҳикматёр дар ҳақиқат шикоят ба мақомоти толиб буд, яъне, ки бо ин ҳама муборизот дар ивази он ки эшон ӯро тақдир намоянд, таъзиб намудаанд ва дар ҳабси хонагӣ қарор додаанд. Мизбонон дар ҷавоб барояш гуфтанд, ки Худованд бароятон аҷр бидиҳад.
Табъан аҷр ҷониби мусбату манфӣ дорад. Намедонам, ки дар нияти толиб кадоми он хоҳад буд. Сурати ҳоли ҳозири аҷр мақсуди манфӣ аст, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва муддати ду сол бештар мешавад, ки ҳатто аз адои намози иду ҷумъа ҳам маҳрум аст.
Оқои Ҳикматёр фаромӯш кардааст, ки омили аслии зуҳури толиб аст, лизо толиб бояд мамнуни эҳсонашон бошад. Толиб, ки имрӯз дар маснади сарвату қудрат қарор дорад, аз баракати ҷангҳои Ҳикматёр ва дигар нерӯҳои даргири Кобул баъд аз суқути ҳукумати Наҷиб аст.
Ҳамчунон оқои Ҳикматёр фаромӯш кардааст, ки омили ҳама бадбахтиҳои аъзои Ҳизби исломӣ, хусусан ва ҳама мардуми Афғонистон аст ва ҳол ниёзманди он аст, ки Ҳикматёр аз Худованд мағфират бихоҳад ва аз мардуми Афғонистон маъзарат. Агарчи ҳеҷ вақт маъзарати ӯ хисоротро ҷуброн нахоҳад кард, ақаллан як дарс барои ҳар инсони ҷаббор хоҳад буд.