Таҳқири панҷшериён аз сӯи Толибон ба куҷо хоҳад кашид?
Нависанда: Юсуфӣ, “Ҳашти субҳ”
Достони воқеӣ-1:
«Ҳамасола кӯчиҳо аз манотиқи гармсери ҷануб ва машриқӣ ба Панҷшер ва манотиқи моҳавл (атроф)-и он меоянд, то гӯсфандони худро дар алафчарҳои он ҷоҳо тағзия кунанд ва се-чаҳор моҳ баъд, бо рӯ ба сардӣ рафтани ҳаво ва пас аз парвор шудани ҳайвоноташон, ба даст овардани маҳсулоти лубиёӣ ва додуситад бо мардуми маҳаллӣ, дубора ба манотиқи аслии худ баргарданд. Рафтуомади кӯчиҳо ба Панҷшер дар бадтарин солҳо ҳам мутаваққиф нашудааст. Дар солҳои муқовимат ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд, ки Панҷшер амалан дар муҳосираи иқтисодӣ ва иҷтимоии Толибон қарор дошт, кӯчиҳо озодона ба Панҷшер рафтуомад мекарданд ва касе ба онҳо осебе намерасонд ва дар корашон халале эҷод намекард. Ҳоло бо сайтараи Толибон бар Панҷшер, вазъ тафовут пайдо кардааст. Инак, кӯчиҳо бо бепарвоӣ рамаҳои худро дар мазореъи мардум раҳо мекунанд ва аҳолии Панҷшер аз ин ноҳия дар ранҷу азобанд. Чанд бор, ки то кунун мардум бар ин кори кӯчиҳо эътироз кардаанд, натанҳо ба натиҷае даст наёфтаанд, балки ҳам кӯчиҳо ва ҳам Толибон бо боло андохтани шона дар ҷавоб гуфтаанд: “Шумо асири мо ҳастед ва асир ҳаққи эътироз надорад”.
Достони воқеӣ - 2:
“Дар вулусволии Обшори вилояти Панҷшер дар соҳаи Сангинхон, дар наздики масҷиди ҷомеъ, пуста (посгоҳ)-и Толибон қарор дорад. Аксар ҷангҷуёни ин пуста аз Зобул ва Ҳилманд ҳастанд ва форсиро ба сахтӣ гап мезананд. Бо он ки пустаи онҳо дар ҷавори масҷид қарор дорад, аммо дар намозҳо ширкат намекунанд. Баъзе аз аҳолӣ аз онҳо пурсидаанд, ки чаро шумо, ки дам аз дин ва Худо мезанед, дар намозҳо ҳузур намеёбед? Толибон дар ҷавоб бо хунсардӣ гуфтаанд: “Чун муллоимоми масҷид аз аҳолии минтақа аст, намози мо дар пушти муллоимоми асир (барда) ҷоиз нест”.
Ин ду моҷаро як нуқтаи меҳварӣ доранд: Толибон бо мардуми Панҷшер ба унвони мардуме, ки зодбумашонро ба зӯр фатҳ кардаанд, бархӯрд мекунанд ва ҳатто аҳкоми фиқҳиеро, ки бар сарзамини куффор ё тозамусулмонон ҷорӣ аст, бар Панҷшер ҷорӣ медонанд ва бо сокинони он, ба сурати одамҳое, ки арзиш ва аҳамияте надоранд, равия мекунанд.
Ба тозагӣ Толибон барои бори севум санги оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъудро тахриб карданд, то нишон диҳанд, ки илова бар зиндагон, бо мурдагон низ ба гунаи таҳқиромез рафтор ва уқдаи худро бар онҳо холӣ мекунанд. Муҳимтарин вижагии ҷангҷӯи толиб, рафтори хашин ва таҳқиромез бо касоне аст, ки фикр мекунанд аз мухолифони онҳо ҳастанд.
Истифода аз шигирди таҳқир дар баробари мардум, яке аз маъмултарин равишҳо дар миёни Толибон аст. Толибон бо мардум, махсусан, ононе, ки гумон мекунанд бо ҷабҳаи мухолифи онҳо нисбате доранд, бо таҳқир ва кӯчакшуморӣ рафтор мекунанд ва барои онҳо иззат ва каромате қоил нестанд. Зоҳиран Толибон ба ин тасаввуранд, ки бо шикастани иззати нафси мардум, камтарин тавони муқовиматро аз онҳо салб хоҳанд кард ва эҳтимоли шӯришро дар онҳо аз миён хоҳанд бурд.
Ба сурати мустамар гузоришҳое ба расонаҳо мерасад дар мавриди бархурди ваҳшиёна ва хашин Толибон бо афроде, ки ҳувияти панҷшерӣ доранд ё ба манотиқе мисли Андароб ва Тахор мутааллиқанд, ки камубеш муқовимати мусаллаҳона алайҳи Толибон дар онҳо ҷараён дорад. Ҳазорон тан аз мардумони ин манотиқ, ҳамин акнун ба баҳонаҳои воҳӣ дар зиндонҳои махуфи Толибон ба сар мебаранд ва шароити ҳақоратбор ва душвореро сипарӣ мекунанд. Оё Толибон бо таҳқири мардум метавонанд ҳукумат кунанд?
Шояд дар кӯтоҳмуддат Толибон битавонанд муқовимати мардумиро саркӯб кунанд, аммо рафтори таҳқиромез бо мардум дар дарозмуддат, уқдаҳоро анбошта мекунад ва рӯзе ин уқдаҳо ба наҳве сар боз хоҳад кард.
Равонковон мегӯянд, инсонҳо аз ҳамон замоне, ки чашм ба ҷаҳон мекушоянд, бештар аз ҳар чизи дигаре ниёзманди ин ҳастанд, ки арзиш дода шаванд ва ба унвони ашхосе, ки вуҷудашон боаҳамият аст, бо онҳо бархурд сурат гирад. Аммо агар шахс ё ашхосе ба иллати ҷинсият, тоифа ё нажодаш мавриди таҳқир қарор гиранд ва эҳсоси тардшудагӣ дар онҳо дарунӣ шавад, дар гоми нахуст, ин ашхос дар мавриди худашон эҳсоси манфӣ пайдо мекунанд ва худро беарзиш ба ҳисоб меоваранд ва дар гоми дувум, нисбат ба ҷомеа нигоҳи манфӣ пайдо мекунанд ва агар фурсаташ муҳайё шавад, шояд даст ба иқдомоти хатарноке нисбат ба ҷомеа бизананд. Ба баёни дигар, таҳқири афрод танҳо паёмадҳои фардӣ надорад, балки эҳтимол дорад ҷанбаҳои густурдаи иҷтимоӣ ҳам дошта бошад.
Фарде, ки мавриди таҳқир ва тахфиф воқеъ шавад, ба шахси ғайри қобили пешбинӣ табдил мешавад. Антон Чехов, достоннависи номвари рус, дар ҷое мегӯяд, ҳеҷ чизе дар ҷаҳон мисли таҳқир шудан барои инсон вайронгар нест. Таҳқир шудан бадтарин балое аст, ки мумкин аст бар инсон фуруд ояд. Инсон ҳангоме, ки каромат ва иззати нафс надошта бошад, зиндагӣ барояш бемаъно ва дар ҳадди нафас кашидан хулоса мешавад. Инсоне, ки эҳсоси беарзишӣ ва таҳқиршудагӣ дошта бошад, бебаҳра аз зисти инсонӣ хоҳад буд.
Агар Толибон ба ин гумон ҳастанд, ки бо зӯри сарнайза ва бо тавҳину таҳқири мардум метавонанд пояҳои ҳокимияти худро устувор нигаҳ доранд, сахт дар иштибоҳанд. Таҳқир шудан инсонро аз дарун ранҷ медиҳад ва хотироти он, то абад дар зеҳнаш боқӣ хоҳад монд. Фарди таҳқиршуда мумкин аст барои феълан натавонад коре сурат диҳад, аммо ба маҳзи ин ки фурсате барояш муяссар шавад, даст ба интиқом хоҳад зад. Агар раҳбарони Толибон дар пай онанд, ки бар қалбҳои мардум фармонравоӣ кунанд, лозим аст ба ҷангҷӯёни худ тарзи бархурди дуруст ва мӯҳтарамона бо мардумро ёд бидиҳанд. Ин ки фармондеҳони низомӣ ва раҳбарони Толибон, бо бепарвоӣ ба ҷиноятҳои ин гурӯҳ дар ҳаққи ғайринизомиён ва аҳолии манотиқе аз Афғонистон бархурд мекунанд, собит мекунад, ки кулли дастгоҳи Толибон дар ин ҷиноятҳо шариканд ва онро маврид таъйид қарор медиҳанд.
Он идда аз аҳолии Панҷшер, ки дар Панҷшер ва Кобул зиндагӣ мекунанд, ғолибан аз афроди мустазъаф ҳастанд ва ҳоло, ки имконоти берун шудан аз майдони маъракаро надоштаанд, маҷбуранд ҳар лаҳза гардани худро дар зери шамшери Толибон ҳис кунанд ва дар маърази бархурдҳои хашини онон қарор гиранд. Аз назари қавоиди ҳуқуқибашарӣ ва низ аз манзари усули динӣ, асл дар инсонҳо бароат аст, магар он ки хилофи он собит шавад. Дуруст нест бо ҳадсу гумон ва тахмин мардумро ба шаллоқ баст ва шиканҷа карду ба зиндон андохт. Агар ин рафторҳо идома пайдо кунад, шояд рӯзе бо аксуламале мувоҷеҳ шавад.
Мутаассифона, афкори умумӣ дар Афғонистон ба он чӣ бар сари панҷшериҳо мегузарад, таваҷҷуҳ надорад; гӯё ранҷи панҷшериҳо ранҷи инсони ин сарзамин нест ва гӯё Панҷшер мутааллиқ ба сарзамине дур аз мо аст. Агар дар ҳар маврид муҳосиботи қавмӣ ва самтӣ дахолат дошта бошад, дар қиболи мазлумияти инсонҳо набояд ин муҳосиботро дахил сохт. Толибон метавонанд ба хубӣ аз ихтилоф ва шиқоқе, ки дар миёни мардум ба вуҷуд меояд, ба нафъи худ истифода кунанд ва барномаҳои худро бо хаёли роҳат амалӣ кунанд. Пешшарти кӯшиш барои ҷилавгирӣ аз туғёни Толибон, ваҳдат ва якпорчагии нерӯҳои мухолиф аст.