Хабари рӯз

Авомили эҳтимолии тағйири сиёсати Ғарб дар баробари Русия

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари аршади умури байнулмилал, узви Шӯрои машвараи “Сангар”

Дар рӯзҳои ахир шоҳиди тағйир дар лаҳни Ғарб дар баробари Русия ҳастем. Яке аз авомили он ҳам эҷоди дудастагӣ дар робита ба ҷанги Украина дар идораи Байден аст ва ҳам ташдиди шигоф дар даруни Иттиҳодияи Аврупо.

Низомиёни Амрико ба вежа Луид Остин, вазири дифоъ ва Мак Мили, раиси ситоди муштараки артиши Амрико алоқаманди азсаргирии тамос бо Русия барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони Украинаанд ва вазорати хориҷаи Амрико, ки аз ҳимояти Маҷлиси намояндагон ва бахше аз Шӯрои амнияти миллӣ бархурдор будааст, тарафдори ташдиди фишор болои Русия.

Басиҷи нисбӣ ва ба вежа пайвастани довталабони зиёд аз саросари Русия ба ҷанг, гузори Русия ба ҳолати иқтисоди ҷангӣ ва эҷоди рӯҳияи башиддат миллигароӣ дар миёни низомиён ва ҳалқаҳои истихбороти русӣ навъи ҳушдори нигаронкунанда барои Амрико аст, ки чеҳраҳои бомасъулияти амрикоиро мутаваҷҷеҳи хатари ҷиддии оянда месозад.

Аз ин рӯ, тасаввур мешавад ҳифзи давлати Путинро беҳтар аз ташдиди рӯёрӯӣ мепиндоранд.

Путин низ аз тариқи вазорати хориҷааш сигналҳое барои омодагии музокира ба Ғарб мефиристад.

Аз сӯи дигар, пирӯзии ҳадди ақали ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагон боис мешавад, ки “чеки сафед” барои идораи Байден аз сӯи Конгресс ба содагӣ дода нашавад.

Муҳимтар аз ҳама мавзеъгирии Марк Мили ба ҳайси як низомии корозмуда ва бо тахассуси дипломатӣ аст, ки масъулияти ҳифзи ҷони ҳамватанонаш дар дохили Амрикоро нисбат ба буҳронисозии бештар дар равобит бо Русия тарҷеҳ медиҳад ва медонад ҷаҳонро сиёсатмадорони камтаҷриба ва моҷароҷӯи ғарбӣ ба партгоҳи ҷанги ҳастаӣ кашонида ва хатари осебпазирии Амрико башиддат афзоиш ёфтааст ба вежа, ки Русия дар силоҳҳои стратегии ҳастаии ҳиперсоник (ҳиперсадо) аз Амрико хеле ҷилав мебошад.

Мутобиқи асли лотинии “ҳама ҷангҳо ба музокира меанҷоманд”, талошҳое барои ёфтани роҳҳои музокира бо Русия оғоз шудааст.

Аз сӯи дигар, ба қавли профессор Дмитрий Саймс, дабири нашрияи “Нешнал интерест”, низомиёни Амрико дарёфтаанд, ки истерияи эҷодшудаи расонаии амрикоии дар ҳамкории Конгресс алайҳ Русия беш аз ҳадд ғайр воқеъбинона будааст.

Ҳафтаи пеш рӯзномаи Нюйорк Таймз, яъне забони гӯёи демократҳо, дар бораи лузуми музокирот миёни Маскав ва Киев мақола навишт ва рӯзи сешанбе 14 ноябр нашрия Politico ба гунаи муфассал дар бораи дудастагӣ дар даруни ҳукумати Байден таҳлил дод.

Дар ҷави ҷадиди эҷодшуда, Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико ба Киев рафт то дар бораи омодасозии Зеленски барои музокира бо Русия сӯҳбат кунад.

Ва Вилям Бернс, раиси созмони СиАйЭй (CIA) ба таърихи 14 ноябр дар Анқара, пойтахти Туркия бо Сергей Наришкин, раиси Хадамоти иктишофи хориҷии Русия дидор намуд.

Арчанд гуфта шуд, ки дар мулоқоти руасои истихборотӣ дар мавриди Украина баҳс нашуд, аммо рӯи нигарониҳои Амрико аз бобати истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русия ба гунаи ҷиддӣ сӯҳбат сурат гирифт.

 Боз ҳам дар 14 ноябр ва дар остонаи нишасти Ҷи20 дар Балии Индонезия, Ҷо Байден бо Ши Ҷин Пинг, раҳбари Чин, мулоқот ва рӯи мавзӯъи ҷанги Украина сӯҳбат намуд.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Олаф Шултз, нахуствазири Олмон бо Сергей Лавров мулоқот намуданд. Ва дар кулл ҳама ҷо лаҳни кишварҳои ғарбӣ дар баробари Русия хислати оштиҷӯёна доштааст. Ҳатто ду тараф дар нишасти Бали суханрониҳои ҳамдигарро таҳрим накарданд.

Чарои он дар чист?

Ман дар поёни навиштаи қаблиам [Амрико дар ҳоли муомилаи ақиби парда бо Русия?! ] изҳор намудам, ки пас аз интихоботи Амрико ҷаҳон шоҳиди таҳаввулот хоҳанд буд. Акнун чунин чизе дар ҳоли шаклгирӣ аст, зеро Ғарб бахши бузурги ҷаҳонро бо худаш дар баробари Русия натавонист басиҷ кунад. Ва ҳамчунон натавонист дар ҷанги Украина динамики дилхоҳ ба вуҷуд оварад.

 Агарчи баъзе коршиносон ин талошҳо барои тағйири сиёсатро тарфанде барои вақткушӣ ба нафъи Украина дар фасли зимистон медонанд, вале асли мавзӯъ амиқтар аз мавзӯъи ҷанг барои Ғарб аст.

- Ғарб мутаваҷҷеҳи афзоиши миллигароии интиқомҷӯ (реваншист) дар Русияи ҳастаӣ шудааст.

- Баракси Ғарб, Русия ба гунае бепешина мусаллаҳ мешавад ва мошини низомии он, яъне комплекси низомии Русия бо тамоми қувват ба кор афтодааст.

 - Рӯҳияи зиддиғарбӣ, зиддикапиталистӣ дар дохили Русия ба суръат шакл мегирад.

 - Ҷангталабӣ то марзи ҳамлаи ҳастаӣ болои хоки Иёлоти муттаҳида Амрико ба ҳайси душмани аслӣ ба суръат ба парадигмаи ҳокими Русия дар ҳоли густариш аст.

- Иқтисоди Русия ба суръат мутамаркиз ва давлатӣ мешавад.

- Ва билохира пирӯзии Ши Ҷин Пинг навъе умедро барои истодагӣ дар баробари Амрико ва Ғарб дар миёни миллатгароёни Русия эҷод кардааст.

Инҳо авомилеанд, ки низомиёни Амрикоро меларзонад, зеро Русияи интиқомҷӯ бо Чини пурқудрат дардисар на, балки рақиби хатарноки идеологӣ ва системии Ғарб хоҳад шуд.

Ши Ҷин Пинг дар мулоқот бо Байден бо сароҳат гуфт: ихтилофи мо бо Амрико идеологӣ аст. Чин сотсиализми бо вежагии чиниро месозад ва Амрико капитализмро.

Хулоса, ғарб мехоҳад бо суръат ҷангро дар Украина ба ҳамкорӣ бо Путин мунҷамид созад ва нагузорад дасти низомиён баланд шавад, чун пирӯзӣ ва ишғоли мукаммали Украина оғози буҳрони геополитикӣ дар Ғарб хоҳад буд, ки мумкин ба кӯмаки Путин ҷилави онро бигиранд.

Аммо равшан нест, ки оё Путин метавонад дар баробари мавҷи бузурги миллатгароии русӣ боистад ё хайр?!


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!