Хабари рӯз

Аврупо дигар “ҳаёти хилват”-и Амрико нахоҳад буд

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)

"Сангар": Ҷанг дар Украина ин воқеиятро комилан ошкор кард, ки "кишварҳои озод"-и Аврупо амалан мустамликаҳои Иёлоти Муттаҳида ҳастанд. Дар ҳоле, ки "дунёи мутамаддин", яъне Амрика ва Аврупо, ҳамвора кишварҳои пасошӯравиро вобаста ба Русия медонистанд, аммо ҳеҷ як аз онҳо расман дар канори Маскав набуд ва аз "амалиёти вежаи Русия дар Украина" ҳимоят накард. Аммо Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳоро эълом кард ва бо аз даст додани газ, нафт, кудҳои маъданӣ ва даҳҳо маводи хоми Русия, боиси таваррум ва буҳрони иқтисодӣ ба зарари худ шуд, ба истилоҳ, бар решаи худ теша зад, аммо ба дунболи Амрико рафт. Ин чӣ метавонад бошад?

 

Ба идомаи ҷобаҷоии се раиси ҳукумат дар арзи чанд моҳ дар Италия, суқути зудҳангоми ҳукумати Лиза Трас, нахуствазири чиҳилупанҷрӯзаи Инглис пас аз истеъфои ду садри аъзами дигар дар муддати фақат даҳ моҳ дар Инглистон ва эътирозоти миллионии аврупоиён бар сиёсатҳои ҷангталбона ва думболаравонаи ҳукуматҳояшон аз Амрико, қораи сабзи Аврупо бо ҳақоиқи сахте рӯбарӯ шудааст:

- Ҳақиқати нокоромадии низоми либерал-демократия дар баробари душвориҳои ҷидии сиёсӣ-иқтисодӣ;

- ҳақиқати инфлятсияи бесобиқа, ҳатто понздаҳдарсадӣ дар бархе кишварҳои аврупоӣ;

- ва ҳақиқати думболаравии зиёнбор аз сиёсатҳои судҷуёна ва харобкоронаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Ҷанги Украина, ки ҳаммонанди даргириҳои Шарқи Миёна, Ироқ, Сурия, Либия, Яман, Венесуэла, Эрон, Афғонистон ва ғайра бетардид ба таҳрики Амрико ба роҳ андохта шудааст, аврупоиёнро билохира ба ин андеша водоштааст, ки чаро бояд товони судҷӯиҳо ва тавсеаталабиҳои Амрикоро ҳамеша Аврупо ба дӯш бикашад? Чаро ва то чӣ замоне бояд аврупоиён аз сиёсатҳои такравона ва судҷӯёнаи Амрико пайравӣ намуда, дар пушти ҳар ҷанге боистанд, ки Амрико муғризона онро ба роҳ андохта ва доман задааст?

Тазоҳурот ва эътирозоти ҳафтаҳои ахири аврупоиён дар шаҳрҳои мухталиф ба хубӣ возеҳ сохт, ки: мардуми авоми Аврупо мухолифони сарсахти идомаи ирсоли таслиҳоти низомӣ ба Украина ва дар натиҷа оташ рехтани бештар ба равғани ин ҷанг ҳастанд. Хостҳои ҷиддии мардуми авоми Аврупо, оташбаси фаврӣ ва барқарории сулҳ дар Украина, таваққуфи ирсоли таслиҳоти низомӣ аз сӯи аврупоиён ба Киев, поёни думболаравии Аврупо аз сиёсатҳои муғризонаи Амрико ва адами ширкати давлатҳои аврупоӣ ба таҳримҳои зиддирусӣ аст.

Дар такя ба ҳақоиқи мавҷуд, ба назари бисёрии таҳлилгарон ва соҳибназарони аврупоӣ ва осиёӣ, яке аз натоиҷи бузурги ҷанги Украина ин хоҳад буд, ки дигар Аврупои сабз, "ҳаёти хилват"-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нахоҳад буд.

Мавзеъгирии ҷадиди Олаф Шултс ва Эммануэл Макрон, раҳбарони Олмон ва Фаронса дар баробари планҳои иқтисодии ғайриодилонаи Амрико нисбат ба ширкатҳои бузурги санъатӣ ва тиҷории Аврупо, гувоҳи равшане аз эъломи нидои истиқлолияти бештар дар Аврупо мебошад. Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Политико”, раҳбарони ду кишвари бузурги Аврупо ахиран дар нишасти Париж ба ин тарҳи ҳимоятии Амрико бо қотеъият “на” гуфтанд, ки он кишвар мехост бо ироа ва арзаи энержии арзонтар дар Амрико, ширкатҳои бузурги санъатии тиҷории Аврупоро ба интиқоли маҳалли фаъолияташон аз Аврупо ба Амрико ташвиқ намояд. “Политико” эълом кардааст, ки ду кишвар дар чорчӯби Иттиҳодияи Аврупо ба ин тафоҳум расидаанд, ки барои муқобила бо иқдомоти Амрико мабнӣ бар истифодаи суъ аз арзаи энежии арзон ба ширкатҳо, муттаҳидона амал намуда ва ба Амрико иҷоза надиҳанд то "нохуни афгор" гуфта, маҳалли фаъолияти ширкатҳои бузурги тавлидии тиҷории Аврупоро ба Амрико интиқол бидиҳад.

Агар боре Макрон пас аз хурӯҷи ногаҳонии Амрико аз Афғонистон бо ҷиддият хостори истиқлоли низомии Иттиҳодияи Аврупо аз Амрико шуда буд, акнун низ бисёрии раҳбарони қудратманди Аврупо ба сароҳат гуфтаанд, ки думболаравии онон аз хостҳои амниятӣ ва иқтисодии Амрико дар ҷанги Украина, ба нафъи миллатҳои онон нест ва ба он бояд хотима дода шавад.

Ба гумони ағлаб, поёни ҷанги Украина, ки миллатҳои Аврупоро ба сутӯҳ хоҳад овард, поёни итоат ва думболаравии кӯркӯронаи Аврупои сабз аз ниятҳои судҷуёна ва тавсеаталбонаи Амрико ҳам хоҳад буд...!


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!