Хабари рӯз

Расонаҳо дар истифода аз ин рӯзшумор бо зикри номи таҳиякунандагон, дасти озод доранд

Таҳия ва тартиб: Ҳомид Илмӣ, Ҳасиб Сангарӣ

 

Аввали ҳамали 1400 – 21 марти 2021

Вулусволии Чархи вилояти Лугар ба даст Толибон суқут намуд.

 

4 ҳамалии 1400 – 24 март 2021

Сади обии Камолхон дар вилояти Нимрӯз расман ифтитоҳ шуд.

 

4 ҳамалии 1400 – 24 март 2021

Толибон пул бузург вулусволии арғандобро мунҳадим сохтанд.

 

7 ҳамали 1400 – 27 марти 2021

Лавҳи ҷода, ки дар шаҳри Парижи кишвари Фаронса ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон номгузорӣ шуда буд, тайи маросиме рӯнамоӣ шуд.

 

 10 ҳамали 1400 – 30 марти 2021

 Нӯҳумин нишасти Қалби Осиё – прусаи Истамбул расман дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон кушоиш ёфт.

 

10 ҳамали 1400 – 30 марти 2021

Се корманди зани барномаи ваксини маризии полио дар шаҳри Ҷалолобод тавассути афроди мусаллаҳ кушта шуданд.

 

11 ҳамали 1400 – 31 марти 2021

Мавлавӣ Абдусамад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилояти Тахор ҳадафи як минаи миқнотисӣ дар шаҳри Толиқон қарор гирифта, ба шаҳодат расид.

 

15 ҳамали 1400 – 4 апрели 2021

Комиссия ба раёсати Муҳаммад Юнус Қонунӣ ҷиҳати таҳия ва тавҳиди мусаввадаи тарҳи сулҳи кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ ташкил гардид.

 

17 ҳамали 1400 – 6 апрели 2021

Аввалин бор дар саросари Афғонистон бошандагони вилояти Панҷшер пойи сандуқҳои раъй рафтанд то як вулусволи интихобӣ таъйин кунанд.

 

19 ҳамали 1400 – 8 апрели 2021

Ба ҳавопаймои ҳомили Асади Қайсар, раиси парлумони Покистон ба далели он чи мушкилоти амниятӣ дар майдони ҳавоии Кобул хонданд, иҷозаи нишаст дода нашуд.

 

22 ҳамали 1400 – 11 апрели 2021

Кумита, ки ба манзури таҳия ва тавҳиди тарҳи сулҳ ва ҷамъбандии назариёи таъйин шуда буд, корашро ба итмом расонид.

 

 24 ҳамали 1400 – 14 апрели 2021

Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки сарбозони он кишвар то ёздаҳуми моҳи сентябрии соли равон Афғонистонро тарк мекунанд.

 

26 ҳамали 1400 – 16 апрели 2021

Антони Блинкен, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Кобул сафар намуд ва бо раҳбарони ҳукумат дар заминаи хурӯҷи комили неруҳои он кишвар гуфтугӯ кард.

 

27 ҳамали 1400 – 17 апрели 2021

Аниса Шаҳид, хабарнигори телевизиони “Тулӯъ” ба унвони "Чеҳраи озодии баёни Афғонистон" аз сӯи расонаҳои Афғонистон шинохта шуд.

 

28 ҳамали 1400 – 18 апрели 2021

Нурия Тобиш капитани тими миллии гандболи кишвар дар вилояти Сарипул ба қатл расид.

 

Аввали саврии 1400 – 21 апрели 2021

Шифохонаи шахсии Муҳманд дар шаҳри Қандаҳор тавассути Муҳаммад Ашраф Ғанӣ расман ифтитоҳ шуд.

 

3 саври 1400 – 23 апрели 2021

Бошандагони вилояти Форёб дар эътироз бо тақррури волии ҷадид даст ба тазоҳуроти густурда заданд.

 

7 саври 1400 – 27 апрели 2021

Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иддае аз кормандони сафорати хеш дар Кобул иттилоъ дод то Афғонистонро тарк кунанд.

 

10 саври 1400 – 30 апрели 2021

Дар асари инфиҷори як мутари мамлув аз маводи инфиҷорӣ дар як меҳмонхонаи Пули Алам, маркази вилояти Лугар, ҳудуди сад‎у ‎чиҳил тан кушта ва захмӣ шуданд.

 

11 саври 1400 – аввали майи 2021

Дар як оташсӯзии муҳиб дар ақиби Кутали Хайрхонаи шаҳри Кобул даҳҳо танкери бензин ва мошини борбарӣ тхриб ва хонаҳои атроф он шадидан хисораманд шуд.

 

12 саври 1400 – 2 майи 2021

Пиримқул Зиёӣ, яке аз фармондеҳони собиқи муҷоҳидин, вакили парлумон ва раҳбари маҳаллии хезиши мардумии зиддитолибонӣ дар вулусволии Рустоқи вилояти Тахор дар асари инфиҷори минаи коргузоришуда ҷон бохт.

 

15 саври 1400 – 5 майи 2021

Вулусволии Буркаи вилояти Бағлон ба тасарруфи неруҳои Толибон даромад.

 

16 саври 1400 – 6 майи 2021

Неъмат Равон, гардонандаи пешини телевизиони Тулӯъ ва корманди вазорати молия дар вилояти Қандаҳор ба зарби гулӯлаи ашхоси ношинос ба шаҳодат расид.

 

18 саври 1400 – 8 майи 2021

Дар асари инфиҷор дар наздики мактаби Сайидулшуҳадо дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул дасти кам ду сад‎у ҳафтод тан, ки аксаран донишомӯзи духтар буданд, шаҳид ва захмӣ шуданд.

 

21 саври 1400 – 11 майи 2021

Ба хотири ҷон бохтани донишомӯзон дар Дашти Барчии Кобул ва Пули Алами Лугар азои умумӣ барои як рӯз эълон гардид.

 

24 саври 1400 – 14 майи 2021

Дар асари як инфиҷор дар масҷиди Шакардараи вилояти Кобул ҳангоми адои намози ҷумъа дасти кам сӣ тан, ба шумули муфтӣ Нӯъмон Фазлӣ шаҳид ва захмӣ шуданд.

 

25 саври 1400 – 15 майи 2021

Мулло Абдулманнон Ниёзӣ, фармондеҳи пешини Толибон, ки дар асари задухӯрд бо гурӯҳи дигар аз Толибон дар Ҳирот захм бардошта буд, дар бемористоне дар Кобул ҷон дод.

 

25 саври 1400 – 15 майи 2021

Тазоҳуроти густурдае дар шаҳри Майманаи вилояти Форёб алайҳи тақаррури волии ҷадид ба роҳ афтод.

 

29 саври 1400 – 19 майи 2021

Вулусволии Давлатшоҳи вилояти Лағмон ба дасти Толибон суқут намуд.

 

31 саври 1400 – 21 майи 2021

Толибон вулусволии Ҷалрези вилояти Майдон Вардакро тасарруф карданд.

 

Аввали ҷавзои 1400 – 22 майи 2021

Толибон ҳамалоти васеъеро барои тасарруфи шаҳри Меҳтарлом, маркази вилояти Лағмон оғоз карданд.

 

2 ҷавзои 1400 – 23 майи 2021

Интихоботи маҳаллӣ барои гузиниши волии ҷадид дар Форёб ба ибтикори мардум ва ниҳодҳои маданӣ - сиёсӣ баргузор шуд.

 

3 ҷавзои 1400 – 24 майи 2021

Ба думболи эътирозоти густурдаи мардум дар вилояти Форёб ҳукумат волиро, ки таъйин карда буд, ба Кобул хоста ва ба ҷои вай муовини вилоятро ба ҳайси сарпараст муаррифӣ намуд.

 

8 ҷавзои 1400 – 29 майи 2021

Дар асари инфиҷори минаи канори ҷода, ки дар масири мошини ҳомили устодони Донишгоҳи ал-Берунии вилояти Кописо ҷосозӣ шуда буд, понздаҳ тан кушта ва захмӣ шуданд.

 

11 ҷавзои 1400 – аввал июни 2021

Минаҳои ҷосозишуда дар ду автобуси шаҳрӣ дар минтақаи Деҳбури шаҳри Кобул ҳадди ақал бист қурбонӣ гирифт.

 

16 ҷавзои 1400 – 6 июни 2021

Амалиёти густурда болои вулусволиҳо ва пойгоҳҳои амниятии ҳукумат дар саросари Афғонистон оғоз гардид, ки тай он даҳҳо вулусволӣ даст ба даст шуданд.

 

18 ҷавзои 1400 – 8 июни 2021

Дар тазоҳуроти аҳолии Бадахшон дастикам панҷоҳ тан кушта ва захмӣ шуданд.

 

19 ҷавзои 1400 – 9 июни 2021

Мардони мусаллаҳ бар коркунони муассисаи минарубии Ҳейло Траст дар вулусволии Бағлони Марказӣ ҳамла карда, беш аз бисту шаш тан, ки бештарашон марбути гурӯҳи қавмии ҳазора мешудандро тирборон карданд.

 

24 ҷавзои 1400 – 14 июни 2021

Қозӣ Муҳаммад Амин Ваққод, раҳбари ҷиҳодии Афғонистон ба умри ҳафтоду ҳаштсолагӣ дар Кобул вафот намуд.

 

25 ҷавзои 1400 – 15 июни 2021

Дар ҳодисоти ҷудогона мардони ношинос бар ваксинатурҳои фалаҷи атфол дар шаҳри Ҷалолобод ҳамла карда, нуҳ танро кушта ва захмӣ сохтанд.

 

29 ҷавзои 1400 – 19 июни 2021

Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва Абдуссаттор Мирзаквол ба ҳайси сарпарастони вазоратҳои дифоъ ва дохила муаррифӣ шуданд.

 

4 саратони 1400 – 25 июни 2021

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Қасри Сафед бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот карданд.

 

10 саратони 1400 – аввал июли 2021

Як паҳподи ношинос бар маҳалли ҷаласаи раҳбарони басичи мардумӣ дар манзили Ато Муҳаммади Нур дар шаҳри Мазори Шариф гулӯла партоб кард, ки дар асари он чаҳор тан захмӣ шуданд.

 

11 саратони 1400 – 2 июли 2021

Сарбозони амрикоӣ пойгоҳи низомӣ дар майдони ҳавоии Багромро тахлия намуданд.

 

12 саратони 1400 – 3 июли 2021

Доктор Муҳаммад Қосим Вафоизода ба ҳайси сарпарасти вазорати иттилоот ва фарҳанг муаррифӣ гардид.

 

19 саратони 1400 – 10 июли 2021

Майдони ҳавоии шаҳри Хӯст баъд аз бозсозӣ тавассути доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури исломии Афғонистон ифтитоҳ гардид.

 

26 – 27 саратони 1400 – 17 – 18 июли 2021

Даври ҷадиди музокирот миёни намояндагони давлат ва Толибон дар Доха баргузор шуд.

 

29 саратони 1400 – 20 июли 2021

Чандин ракета дар наздикии Арг замоне исобат кард, ки раисҷумҳур ва мақомоти олирутбаи давлат масруфи адои намози ид буданд.

 

2 асади 1400 – 24 июли 2021

Ба хотири ҷилавгирӣ аз нуфузи Толибон дар тамоми вилоёт ба истиснои Кобул, Нангарҳор ва Панҷшер қуюди шабгардӣ вазъ гардид.

 

8 асади 1400 – 30 июли 2021

Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида қонуни изтирориро, ки бар асоси он ҳашт ҳазор визаи изофӣ ва ҳазина барои интиқоли ҳамкорони неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон фароҳам хоҳад шудро имзо кард.

 

11 асади 1400 – 2 августи 2021

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури исломии Афғонистон нишасти фавқулодаи парлумонро дар ҳимоят аз нерӯҳои амниятӣ ва мардумӣ баргузор кард.

 

11 асади 1400 – 2 августи 2021

Аҳолии вилояти Ҳирот бо наъраҳои "Аллоҳу Акбар" мухолифаташонро бо таҳоҷуми Толибон ба ин вилоят иброз карданд.

 

12 асади 1400 – 3 августи 2021

Шаҳрвандони шаҳри Кобул, вулусволиҳо ва аксар вилоёти Афғонистон ба таври ҳамоҳанг соати нуҳи шаб "Аллоҳу акбар" гӯён мухолифаташонро бо таҳоҷуми Толибон иброз карда ва аз нерӯҳои дифоъӣ ва амниятии кишвар пуштибонӣ намуданд.

 

12 асади 1400 – 3 августи 2021

Чаҳор муҳоҷими интиҳорӣ ба манзили Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, сарпарасти вазорати дифоъ дар минтақаи Ширпури шаҳри Кобул ҳамла бурда, бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

 

15 асади 1400 – 6 августи 2021

Шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз ва вулусволиҳои он ба дасти Толибон афтод.

 

15 асади 1400 – 6 августи 2021

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи фавқулодаро дар бораи вазъи амниятии Афғонистон баргузор намуд.

 

15 асади 1400 – 6 августи 2021

Давохон Минапол, раиси маркази расонаҳои ҳукумат тавассути Толибон дар Кобул террор шуд.

 

21 асади 1400 – 12 августи 2021

Муҳаммад Довуд Лағмонӣ, волии вилояти Ғазнӣ, маркази вилоятро таслими Толибон намуда, ба Кобул фирор кард.

 

21 асади 1400 – 12 августи 2021

Шаҳри Ҳирот ба дасти Толибон афтод.

 

22 асади 1400 – 13 августи 2021

Муҳаммад Исмоилхон дар вилояти Ҳирот асири Толибон гардид.

 

22 асади 1400 – 13 августи 2021

Вилоёти Қандаҳор, Ҳилманд, Бодғис, Зобул, Урузгон ва Лугар ба дасти Толибон афтоданд.

 

22 асади 1400 – 13 августи 2021

Нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёӣ ба майдонҳои ҳавоии Кобул ва Багром пиёда шуданд.

 

23 асади 1400 – 14 августи 2021

Вилоёти Балх, Форёб, Лағмон, Пактиё ва Пактико ба дасти Толибон афтод.

 

24 асади 1400 – 15 августи 2021

Марокизи вилоёти Нангарҳор, Хӯст, Бомиён, Нуристон, Парвон, Дойкундӣ ва Майдон - Вардак ба тасарруфи Толибон даромаданд.

 

24 асади 1400 – 15 августи 2021 (2:15 баъд аз зӯҳр)

Доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури исломии Афғонистон бо иддае аз афроди вафодораш савор бар чархболҳо Аргро тарк карда, ба сӯи Узбакистон фирор намуд.

 

24 асади 1400 – 15 августи 2021 (4 баъд аз зӯҳр)

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин тайи паём ба мардуми шаҳри Кобул аз таъмини амният итминон дод.

 

24 асади 1400 – 15 августи 2021 (8 шаб)

Нерӯҳои Толибон вориди Арги раёсатиҷумҳурӣ шуданд.

 

24 асади 1400 – 15 августи 2021

Зиндони Пуличархӣ ба дасти Толибон афтода, тамоми зиндониён озод шуданд.

 

24 асади 1400 – 15 августи 2021

Дафтари раисҷумҳури пешин эълон намуд, ки ҳайати сенафарӣ бо таркиби Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳа ва Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон муваззаф шуданд то қудратро расман ба Толибон таслим кунанд.

 

24 асади 1400 – 15 августи 2021

Ҳазорон тан аз шаҳрвандони Афғонистон ва хориҷиҳои муқими Кобул ба сӯи майдонҳои ҳавоии Кобул ва Багром юриш бурда, то бо истифода аз тайёроти низомӣ - мулкӣ кишварро тарк кунанд.

 

25 асади 1400 – 16 августи 2021

Дар дараи Панҷшер Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд – раҳбари Муқовимати Аввал (1996-2001), эъломи мавҷудият кард

Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи фавқулодаро дар бораи Афғонистон доир намуданд.

 

25 асади 1400 – 16 августи 2021

Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико суханронии муфассалро дар Қасри Сафед мабнӣ бар чарои хурӯҷи нерӯҳои он кишвар аз Афғонистон эрод намуд.

 

27 асади 1400 - 18 августи 2021

Амороти Муттаҳидаи Араб эълон намуд, ки Муҳаммад Ашраф Ғаниро назар ба далоили "башардӯстона" дар кишварашон паноҳ додаанд.

 

27 асади 1400 – 18 августи 2021

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар як паёми видеоӣ гуфт, баъд аз пай бурдан ба як дасисаи бузург ба Амороти Муттаҳидаи Араб паноҳ бурда, то ба гуфтаи вай, аз хунрезии бештар дар кишвар ҷилавгирӣ шавад.

 

31 асади 1400 – 22 августи 2021

Ҷаласаи фавқулодаи Созмони кишварҳои исломӣ дар пайванд ба авзоъи Афғонистон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир гардид.

 

2 сунбулаи 1400 – 24 августи 2021

Нишасти изтирории сарони гурӯҳи ҳафт дар бораи буҳрони Афғонистон ба таври маҷозӣ доир гардид.

 

4 сунбулаи 1400 – 26 августи 2021

Инфиҷоре дар миёни анбӯҳе аз мардум дар наздики дарвозаи вурудии майдони ҳавоии Кобул рух дод, ки дар асари он ба шумул сездаҳ сарбози амрикоӣ дасти кам сесад тан кушта ва захмӣ шуданд.

 

8 сунбулаи 1400 – 30 августи 2021

Аввалин даргириҳо миёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар Андаробҳо ва атрофи Панҷшер шуруъ ва бо ақибнишинии Толибон ба анҷом расиданд.

Аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи фавқулода пешнависи қатъномаи кишварҳои Биритониё ва Фаронса дар мавриди эҷоди минтақаи амн дар Афғонистонро тасвиб карданд.

 

9 сунбулаи 1400 – 31 августи 2021 (12:30 шаб)

Бо парвози охирин ҳавопаймои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз майдони ҳавоии байналамилалии Кобул, ҳузури бистсолаи он кишвар дар Афғонистон поён ёфт.

 

11 сунбулаи 1400 – 2 сентябри 2021

2 сентябр Толибон барқу телефон ва интернети Панҷшерро қатъ карданд.

Шуморе аз занони мӯътариз дар муқобили сохтмони вилояти Ҳирот бар ҳифзи дастовардҳо ва ҳуқуқи занони Афғонистон тазоҳурот намуданд.

 

12 сунбулаи 1400 – 3 сентябри 2021

Бонувони шаҳри Кобул даст ба тазоҳурот зада, хоҳони ҳифзи ҳуқуқашон дар ҳукумати Толибон шуданд.

 

12 сунбулаи 1400 – 3 сентябри 2021

Дасти кам шаст тан дар пайи шилликҳои ҳавоии Толибон, ки гуфта мешуд, ба хотири таҷлил аз пирӯзиашон буд, дар Кобул кушта ва захмӣ шуданд.

 

13 сунбулаи 1400 – 4 сентябри 2021

Генерал Файз Ҳамид, раиси идораи истихбороти низомии Покистон минҳайси нахустин меҳмони хориҷӣ баъд аз тасарруфи Кобул ба дасти Толибон аз Афғонистон дидан намуд.

 

14 сунбулаи 1400 – 5 сентябри 2021

Фаҳими Даштӣ, сухангӯ ва Абдулвадуди Зара, масъулини Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон аз сӯи Толибон ба шаҳодат расиданд.

 

15 – 16 сунбулаи 1400 – 6 - 7 сентябри 2021

Толибон хатти аввали набард дар атрофи Панҷшер шикаста, аз тамоми истиқоматҳо вориди дара шуданд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба дараҳои канорӣ ақибнишинӣ карданд. Панҷшер суқут кард.

 

17 сунбулаи 1400 – 8 сентябри 2021

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар баёнияе аз мардуми Афғонистон маъзарат хоста гуфт, ки кораш бо фоҷиа поён ёфт.

 

16 сунбулаи 1400 – 7 сентябри 2021

Кобинаи ҷадиди Толибон эълон гардид.

 

17 сунбулаи 1400 – 8 сентябри 2021

Толибон номи майдони ҳавоии байналамилалии Ҳомид Карзайро ба "Майдони ҳавоии байналмилалии Кобул" тағйир доданд.

 

19 сунбулаи 1400 – 10 сентябри 2021

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон идомаи мақовимат алайҳи Толибонро эълон кард

 

26 сунбулаи 1400 – 17 сентябри 2021

Толибон вазорати умури занонро ба вазорати даъват ва иршод, амр билмаъруф ва наҳйан алмункар табдил карданд.

 

 27 сунбулаи 1400 – 18 сентябри 2021

 Созмони Милали Муттаҳид маъмурияти ЮНАМО-ро барои шаш моҳи дигар тамдид кард.

 

29 сунбулаи 1400 – 20 сентябри 2021

 Толибон номи Донишгоҳи шаҳид устод Бурҳонуддин Раббониро ба Пуҳантуни таълим ва тарбия табдил карданд.

 

31 сунбулаи 1400 – 22 сентябри 2021

Намояндагони панҷ узви доимии Шӯрои Амният дар ҳошияи маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълом карданд, ки ин кишварҳо аз ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ҳимоят мекунанд.

 

3 мизони 1400 – 25 сентябри 2021

Чаҳор тан ба иттиҳоми даст доштан дар қазоёи ихтитоф дар шаҳри Ҳирот ба дор овезон шуданд.

 

11 мизони 1400 – 3 октябри 2021

Инфиҷоре дар як маросими фотиҳагирӣ дар масҷиди Идгоҳи шаҳри Кобул изофа аз сӣ кушта ва захмӣ аз худ ба ҷо гузошт.

 

16 мизони 1400 – 8 октябри 2021

Дар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар масҷиди аҳли ташайюъ дар вилояти Кундуз изофа аз дусад тан кушта ва захмӣ шуданд.

 

23 мизони 1400 – 15 октябри 2021

Инфиҷор дар масҷиди аҳли ташайюъ шаҳри Кандаҳор рух дод, ки дар асари он дасти кам як саду бист тан кушта ва захмӣ шуданд.

 

25 мизони 1400 – 17 октябри 2021

Инҷинер Аҳмадшоҳ Аҳмадзай, нахуствазири пешин Афғонистон ба умри ҳафтоду ҳафтсолагӣ дар Кобул вафот намуд.

 

27 мизони 1400 – 19 октябри 2021

Залмай Халилзод, намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Афғонистон аз симаташ барканор шуд.

 

28 мизони 1400 – 20 октябри 2021

Нишасте ба иштироки Афғонистон, ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа зери унвони "Формати Маскав" дар он шаҳр доир шуд.

 

5 ақраби 1400 – 27 октябри 2021

Конфронсе ба иштироки вузарои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шумули Русия дар Теҳрон баргузор шуд.

 

11 ақраби 1400 – 2 ноябри 2021

Панҷ муҳоҷими интиҳорӣ ба шифохонаи Чаҳорсадбистари шаҳри Кобул юриш бурда, ки дар асари он беш аз ҳафтод тан кушта ва захмӣ шуданд.

 

21 ақраби 1400 – 13 ноябри 2021

Инфиҷор дар вулусволии Спинғари вилояти Нангарҳор ҳангоми адои намози ҷумъа рух дод. Дастикам сӣ тан кушта ва захмӣ аз худ ба ҷо гузошт.

 

22 ақраби 1400 – 13 ноябри 2021

Инфиҷор дар Дашти Барчии шаҳри Кобул рух дод, ки дар асари он изофа аз понздаҳ тан кушта ва захмӣ шуданд.

 

10 қавси 1400 – аввали декабри 2021

Даргирии хафифи мусаллаҳона миёни нерӯҳои марзии Толибон ва Эрон дар вилояти Нимрӯз рух дод.

 

10 қавси 1400 – аввал декабри 2021

Аъзои кумита нуҳ узви ташхиси эътибори Созмони Милали Муттаҳид вогузарии курсии Афғонистон ба намояндаи Толибонро ба таъвиқ андохтанд.

 

28 қавси 1400– 19 декабри  2021

Нишасти фавқулодаи намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ дар бораи Афғонистон дар бораи баррасии вазъияти кишвар дар Исломобод баргузор шуд.

 

Аввали ҷадйи 1400 – 22 декабри  2021

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тасҳили кӯмак ба Афғонистонро тасвиб кард.

 

18 ҷадйи 1400 - 8 январи 2022

Аввалин музокироти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо Толибон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.

 

23 ҷадйи 1400 – 13 январи 2022

Толибони ӯзбектабор дар шаҳри Майманаи вилояти Форёб дар пайванд ба боздошти як фармондеҳашон даст ба эътирозоти густурда заданд.

 

3 - 5 далви 1400 – 23 - 25 январи 2022

Нишаст миёни намояндагони Толибон ва кишварҳои ғарбӣ дар Осло пойтахти Норвегия баргузор шуд.

 

6 далви 1400 – 26 январи 2022

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди авзоъи Афғонистон ҷаласаи фавқулодаро доир кард.

 

12 далви 1400 – аввали феврали 2022

Парлумони Аврупо ҷаласаеро зери унвони "Рӯзҳои занони Афғонистон" дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар ва занон дар Брюссел, пойтахти Белгия баргузор намуд.

 

5 ҳути 1400 – 24 феврали 2022

Даҳ тан аз кормандони барномаи ваксини полио дар вилоёти Тахор ва Кундуз тавассути афроди мусаллаҳи ношинос кушта шуданд.

 

11 ҳути 1400 – 2 марти 2022

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид нишасти вежаро дар мавриди вазъияти Афғонистон баргузор кард.

 

20 ҳути 1400 – 11 марти 2022

Нишасти маҷмаъи дипломатияи Анталия бо ҳузури вазирони хориҷаи кишварҳои ҷаҳон ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ дар Туркия баргузор шуд.

 

25 ҳути 1400 – 16 марти 2022

Комиссия ба ҳадафи таъмини иртиботот бо чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ташкил шуд.

 

26 ҳути 1400 – 17 март 2022

Шӯрои амният бо раъйи мумтанеъи Русия ба тамдиди маъмурияти сиёсии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ё ЮНАМО раъй дод.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!