Кӯмаки наҷотбахш ба убури Амонуллоҳ аз ҳолати муҳосира ба берун бозтоб наёфт, аммо ин иқдом ба сэр Ҳамфрис (Francis Humphrys) сафири Инглис дар Кобул эътибор бахшид. Аз назари нозирони бритониёӣ, ҳазимати Амонуллоҳ дар он шароит барои барқарории амнияти Кобул дар кӯтоҳмуддат зарурӣ буд ва хатароти ҷиддиро, ки сафорати Инглис дар Кобул дар фосилаи байни ду оташ миёни ду ҷиноҳи мухолиф бо он рӯ ба рӯ шуда буд, марфӯъ кард.
Муаллиф: РАЗЗОҚИ МАЪМУН,
аз китоби “Шабҳои Рим”
Як пажӯҳишгари инглис навишт:
“Ба эҳтимоли зиёд, сэр Ҳамфрис маҳз ба хотири вуқӯъи ҳаводис дар қалби пойтахт ба таври мустамар «даст ба кор шуд» то бачаи Сақоро водор кунад, бе он ки ҳаводоронаш мутталеъ шаванд ба таври махфӣ ба хурӯҷи масуни Амонуллоҳхон аз Кобул иҷозат диҳад. Замоне, ки бачаи Сақо дар Кобул эъдом шуд, шуморе аз тарафдорони пешин, ӯро муттаҳам мекарданд, ки вай нисбат ба фирори Амонуллоҳ ва Иноятуллоҳ аз Кобул равиши иғмоз дар пеш гирифта буд. (7)
Мавҷи дувуми ҷанги Амонуллоҳ аз масири ҷануб барои фатҳи дубораи тоҷу тахт чандон корсоз аз об дарнаёмад.
Авзоъ ва нигоҳи мардум нисбат ба пӯёии шоҳи шикастхӯрда дар Қандаҳор, бас ошуфта ва нобасомон буд. Мардуми Қандаҳор «аз доштани аслиҳа инкор мекарданд, ки сиҳат набуд. Онҳо аксаран аслиҳа доштанд ва бо изҳори омодагӣ ба муқобили Ҳабибуллоҳ мехостанд дигар туфанг ҳосил намоянд”.*
*Хотироти ҳаштод соли зиндагии як афғон, Амируддин Шансаб, чопи дувум 1380, Пешовар, сафҳаи 54.
Дар фирқаи аскарӣ (типи размӣ) аз шумори се ҳазор сипоҳ ва афсар, сирф се-чаҳорсад нафар ҳузури нопойдор доштанд. Боқии афрод баъд аз бардошти пул аз хазонаи «саркор» ба хонаҳои хеш мерафтанд. Фармондеҳи типи размӣ “аз наздиктарин” бастагони модари Шоҳ Амонуллоҳ буд, ки аз рӯи хиёнат “тамоми будҷаи фирқаро ҳайфу майл мекард”. Дар “сартосари мамлакат хиёнат” ҷорӣ буд.
Дар ҷанги чаҳормоҳаи лашкариёни Қандаҳор бо воҳидҳои шибҳи низомии Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ва дастаҷоти довталаби қавми сулаймонхел дар овардгоҳи Ғазнӣ, мавҷи шоеа ва эҳтимоли хиёнат аз дохили шибҳи низомиёни тоза мусаллаҳшуда таҳти фармони Амонуллоҳ, сареътар аз ҳама чиз, мағзи Шоҳ Амонуллоҳро зеру забар карда буд. Ӯ аз вуқӯъи эҳтимолии як зарба аз дарун, ба ҳарос андар шуда буд. *
*Дар 15 моҳи майи 1929 лашкари таҳти фармони Шоҳ Амонуллоҳ дар муҳози Ғазнӣ дучори ихтилол шуда буд. Як рӯзномаи ғарбӣ навишт: “Амонуллоҳ ҳатто замоне, ки нерӯҳояшро фармондеҳӣ мекард, эҳсоси ваҳшат барояш даст дода буд”. Манбаъ: Oakland Tribune-Friday- 24 may 1929.
Аносири вафодор ба Инглис дар сафи лашкарҳои дар ҳоли ҷанг, овозаҳоро дар ҷиҳати эҳтимоли дастгирии шоҳ ва таҳвили вай ба нафароти Ҳабибуллоҳ, пайоянд пахш мекарданд. Рӯзномаи инглисии “Гардиан” бар бунёди «Телеграми маркази хабар - Бомбаи сешанбе» навишт: гузоришҳои аввалия аз Пешовар ҳокӣ аст, ки бачаи Сақо раҳбари шӯришён на танҳо Кобулро қабза карда, балки Шоҳ Амонуллоҳ ва шоҳи ҷадид Иноятуллоҳхонро дар ихтиёри худ дорад. Таъйиди ин хабар дар шароити ҷангии Афғонистон ҳанӯз сурат нагирифтааст. (8)
Ҳадаф аз танзими ин шоеъот дарзандозии бештар бар обгинаи умеди шоҳ барои бозгашт ба майдони ҷанг буд. Пайоянди ин овозаҳо фоҷиа бор овард. *
*Як амонисти омӯзишдида дар Олмон, ки дар ҷабҳаи ҷанги Ғазнӣ ҳузур дошт, навиштааст, ки дар замони муҳосираи Ғазнӣ Яъқуб, вазири дарбор ба шоҳ хабар оварда буд, ки душман нақша дорад, ки аълоҳазратро ба сипаҳсолор Пурдили Сақовӣ таҳвил бидиҳад. Чӣ касоне ба Яъқуб, вазири дарбор иттилоъчаконӣ карда буданд?
Иттилоъи вазири дарбор иродаи шоҳро саду ҳаштод дараҷа тағйир дод. «Аълоҳазрат гуфта буд, роҳи Қандаҳор ва Ғазнӣ қатъ шудааст, аввал бояд амнияти роҳ қоим гардад. Бояд ба Мақар (маҳалле дар вилояти Ғанӣ) баргашт ва бо аҳолии сари роҳ ҷиргаи қавмӣ намуд. Онҳоро бо худ сохт ва боз ба кӯмаки онҳо, ки амнияти роҳро зиммадор шуданд, ҳамларо муваффақона болои Кобул мебарем”.
Хотироти ҳаштод соли зиндагии як афғон, Амируддин Шансаб, чопи дувум 1380, Пешовар, сафҳаи 63
Шоҳ аз эҳтимоли таҳоҷуми ногаҳонӣ аз ақабаи лашкар дар масири Ғазнӣ то Қандаҳор ҳаросон шуда буд. Вай ба ногоҳ фармон дод, ки ситоди фармондеҳӣ ва раҳбарии ҷанг, аз наздикии хатти ҷанг ба нуқтае дур ба самти ҷануб вопаснишинӣ кунад.
Як гувоҳи саҳна дар ҷабҳа навишт: «Як рӯз ба вақти шом, амр шуд тамоми қувои низомӣ ва қавмӣ ба вақти даҳи шаб, ба оромӣ ва назму дисиплин ҷониби Мақар баргарданд. Бо расидани он амр қиёмат барпо шуда, идора, назму дисиплин дар хориҷи аскару низом аз байн рафта буд. Ҳар кас ва ҷамъият мехост зудтар аз саҳна баромада, ҷон ба саломат бибарад. Ин бадтарин файсала буд. Ифшои он назария ба назди ҳама, шикаст дар муқобили душман қабул гардида буд ва беназмии мутлақро бор оварда буд”. (9)
Шоҳ пеш аз дигарон бо гурӯҳи ҳамроҳон, аз наздики ҷабҳаи ҷанг ба рустои Шерхон дар шаҳристони Қарабоғ ақиб нишаст. Вай дар се рӯзи иқомат дар он ҷо, бо бузургон ва афроди бонуфузи минтақа ба музокира ва машварат пардохт, аммо дидору гуфтугӯ бо мардуми Қарабоғ, ҳеҷ чароғи умеде дар мағзи шоҳ равшан накард. З-он пас, ба ҳашам фармон дод, ки роҳи минтақаи Мақарро дар пеш гиранд. Андар он ҳаволӣ низ бо бузургону саршиносон ба муҷоласат нишаст, ки саранҷом, шоҳро нисбат ба пайомади кор бештар бимнок гардонид.*
*Ба ҳаволаи ёддоштҳои муҳандис Амируддин Шансаб – нозири айнӣ дар лашкари шоҳ, “мардум, ки ӯро шикастхӯрдаи дасти душман ва шонси муваффақияти ӯро дар муқобили душман камтар медонистанд ва аҳолӣ пурра мутталеъ буданд, ки душман ӯро таъқиб мекард, онҳо чолу фиреб бо ӯ карда, ҳаву наи қатъӣ намегуфтанд. Музокираро ба тӯл меанҷомиданд то ин, ки расидани душман аз тарафи урду кашф гардид. Амонуллоҳхон ба аҷала тартиботи кӯчро ҷониб Калот ҳидоят дода буд ва ба зудӣ равонаи об сӯ гардид.
Музокироти Амонуллоҳхон бо бузургони қавмӣ ва аҳолӣ тамом нагардида, натиҷа ҳам маълум набуд. Вазъияти дифоъии ӯ равнақе надошт, ки иттилоъ расида, ки ду-се рӯз баъд, душман ба Калот мерасад.
Хотироти ҳаштод соли зиндагии як афғон, Амируддин Шансаб, чопи дувум 1380, Пешовар, баргҳои 66 – 67.
Ба назар мерасад шоҳ баъд аз нахустин шикаст дар тасхири қалъаи Ғазнӣ, ояндаро дар зеҳни худ тарсим карда буд. Бо вуруди сипаҳсолор Пурдил, фармондеҳи Сақовӣ ба овардгоҳ ва ҳамзамон интишори овозаҳо барои дастгирии шоҳ дар Ғазнӣ гузинаи фирорро “бо ҷузъиёт тарҳ намуда буд”.
Чунон ки аз ноҳияи Мақар як гоми дигар ақиб нишаст ва маркази фармондеҳиро ба Калот интиқол дод. Шоҳ дар охирин шаб дар Калот, бо бузургони қавмӣ ва афсарони олимартаба дар боргоҳи хеш ба мизбонӣ нишаст. Дар ҷараёни зиёфат, вай аз рӯи тарфанд ба ҳуззор ёдовар шуд, ки “чархи идора дар Қандаҳор хуб кор намекунад. Ман ба шаҳр рафта идораи умумиро шахсан ба даст мегирам ва Алӣ Аҳмадхонро ба Калот мефиристам то идораи умур ва кор дуруст шавад.” Корвони шоҳ бедиранг ба сӯи Қандаҳор ба ҳаракат афтод.
Шансаб менависад: он гуфторҳо маҳз барои пур хоб додан буд то касе шӯр нахӯрад. Дар ҳақиқат он ҳама сохтакориҳо барои фош нашудани фирори ӯ буд. Аксар муовинин шаб ба он назария мухолифат карда буданд. Бо вуҷуди он, аълоҳазрат тасмими худро, ки гирифта буд, амалӣ кард. Дар қарор-қарории ҳамон шаб бо чанд мутари лории аскарӣ ҷониби Қандаҳор фирор карда буд. (10)
Баъд аз фирори шоҳ аз Калот ба сӯи Қандаҳор, фурӯпошӣ ва ғорати созубарги урдуи шоҳӣ чунон шитоб гирифт, ки на дар маёдини разм, ки ҳатто дар паҳндашти Мақар то Калот, нишоне аз сипоҳи амонӣ вуҷуд надошт.
Саранҷом манобеъи иттилоотӣ дар Ҳинд, иттилоъ доданд, ки шоҳи пешин - Амонуллоҳ - бо убур аз марзи ҷанубии Афғонистон ба сӯи Бомбай равон аст.
Сипас “Телеграм Ройтерз” ба Симла мувосилат кард. Бад-ин шарҳ:
“Баъд аз шикасти лашкарҳои Амонуллоҳ дар подагони Калоти ғилзоӣ ба василаи урдуи Ҳабибуллоҳ муташаккил аз ғилҷоиҳо ба фармондеҳии генерал Абдулқаюм, Амонуллоҳ ҳамроҳ бо хонаводааш ба рӯзи панҷшанбе 23 майи 1929 баъд аз зӯҳр, бидуни обу нон худро ба сӯи ноҳияи Чаман - нуқтаи марзии Ҳинди инглисӣ - расониданд. Саргурд Вейнгот фаврӣ раҳсипори истгоҳи марзии Чаман шуд то ба Шоҳ Амонуллоҳ ва ҳамроҳонаш тасҳилот фароҳам кунад.
Манобеъ:
- Тардиди шоеъоти ботилаи шоҳи махлуъ, чопи сангӣ, матбааи Кобул - 1309, барг 11. Ҳарчанд номи нависанда Муҳаммад Амин Хугёнӣ зикр шуда, дар ривоёти баъдӣ аз Файз Муҳаммадхон Зикриё, шоиру нависндаи дарбори нодиршоҳӣ ба ҳайси нависандаи он ҷавобияи расмӣ ном бурда шудааст.
- Чашми дувуми таърих, Раззоқ Маъмун, чопи аввал, баҳори соли 1398, интишороти “Саид” - Кобул, барги 272.
- Ҳамон асар, барги 373.
- The Brooklyn Daily Eagle, New York, Tuesday, March 19, 1929
- The Brooklyn Daily Eagle, New York, Tuesday, March 19, 1929
- The Brooklyn Daily Eagle, New York, Tuesday, March 19, 1929
- Аmanullah - ex-king of Afghanistan, by Ronald Wild, late special, correspondent for the Daily Mail in Afghanistan, printed 1939, page 27.
- The Guardian, Fri, Jan 18, 1929
- Хотироти ҳаштод соли зиндагии як афғон, Амируддин Шансаб, чопи дувум 1380, Пешовар, барги 63
- Хотироти ҳаштод соли зиндагии як афғон, Амируддин Шансаб, чопи дувум 1380, Пешовар, барги 67.