Хабари рӯз

Вай мехост нерӯҳои амрикоиро аз Покистон берун кунад.

Нависанда: Муҳаммад Аюб Азимӣ

Матлаби аслӣ: نخستین صدر اعظم پاکستان

Лиёқат Алӣ Хон, нахустин вазири аъзами мунтахаби Покистон, навоб* ва заминдори шаҳри Карнали Ҳиндустон буд. Беш аз сад нафар нӯкар дошт. Замоне, ки дар Донишгоҳи Оксфорди Бритониё таҳсил мекард, ронанда, ошпаз ва мустахдимҳои шахсӣ ва хонасомон дар хидмат дошт. Як либосро ду бор намепӯшид.

Баъд аз ташкили Покистон ба Карочӣ омад ва вориди сиёсат гардид. Аз ҳама дороӣ ва молу ҳашам даст бардошт. Ҳатто оиди пайдовори заминҳои хешро нагирифт ва гуфт, бояд миёни навоб будан ва вазир аъзам будан якеро интихоб кунам.

Се шиму пероҳан дошт ва ду болопӯши шимҳо пина ва пайванд шуда, ки пинаҳо зери болопӯш пинҳон мешуд.

Хонумш рӯзе аз надоштани сарпаноҳ, пули пасандоз ва либоси нав барояш, ки вазири аъзами як кишвар аст, шикоят кард. Дар ҷавоб гуфт, ман вазири аъзами як кишвари фақир астам, оё тамомии покистониҳо либос доранд? Оё тамомии покистониҳо сарпаноҳ доранд? Оё тамомии покистониҳо пули пасандоз доранд?

Замоне, ки террор шуд ва ҷасадаш барои таҳқиқ бурда шуд, диданд, ки ҷӯробҳояш кӯҳна ва сӯрох-сӯрох, зери либос зерпӯшӣ ҳам надорад.

Он навобу навобзода дар хонае, ки аз давлат барояш дода шуда буд, зиндагӣ мекард, пуле барои кафан ва дафн надошт: на ҳисоби банкӣ дошт ва не ҷойдод. Аз дӯкондори хӯрокафурӯш қарздор, замони нахуствазирӣ маошӣ моҳворӣ худаш фақат як рупия буд.

Раисҷумҳури Амрико Трумен барояш тилфонӣ ихтор дод, то амри номбурдаро дар қисмати тасоҳуби нафти Эрон иҷро кунад, аммо ҳамин вазири аъзами навобзодаи фақир ба ҷавоб гуфт: "Ман ба дӯстонам хиёнат намекунам. На танҳо амри туро қабул надорам, балки ба ту ихтор медиҳам, дар бисту чаҳор соат пойгоҳи ҳавоиатро дар хокам мебандам, ҷангандаҳоятро хориҷ кун”.

Ҳоло муддаиёни зимомдори мусулмонон, ба шумули Покистон ва Туркия, дар умум ҷаҳони ислом хайри чунин шаҳомат ва эҳсоси масъулият дар муқобили шаҳрвандони кишварашонро доранд?

Тазаккур: Навобзода Лиёқат Алӣ Хон, писари навоб Рустам Алӣ Хон, мулаққаб ба Рукнуддавла Шамшерҷанг Баҳодур (ин лақабро инглисҳо ба ӯ додаанд), силсила нисбаташон ба Нӯширвони Одил мерасад. Дар қарни понздаҳи мелодӣ аз Форс ба Ҳинд кӯчиданд. Лиёқат Алӣ Хон ба забони форсӣ мусаллат буд.

Падараш Рустам Алӣ Хон навоб ва заминдор дар Карнал ва Музаффарнагари Ҳинд буд.

Лаёқат Алӣ Хон таърихи аввали октябри 1895 дар шаҳри Карнали Ҳинд таваллуд ва шонздаҳи октябри 1951 мелодӣ дар Кампании Боғ (ҳоло Лиёқат Боғ)-и шаҳри Ровалпинди дар як дасиса ҳангоми суханронӣ террор гардид. Зорибро Сайидакбар писари Бабрак Ҷадрон муаррифӣ намуданд.

*Навоб - як унвони шоҳона дар шибҳи қораи Ҳинд будааст. Дар замонҳои дур, ин унвон тавассути хоқони муғул ба ҳокимони нимахудмухтори мусулмони бахшҳои фаръӣ ё аёлатҳои шоҳзода дар шибҳи қораи Ҳинди вафодор ба хоқони муғул, барои мисол навобҳои Бангол, таъйид ва эъто мешуд. Ҳарчанд "навоб" ҷамъи "ноиб" аст, аммо дар Ҳиндустон исми муфрад қаламдод мешавад.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!