Тоҷикистон ва Русия аз гузаштаи муштарак ба ояндаи муштарак!
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Русия ва Тоҷикистон бештар аз иттифоқчиён ҳастанд. Сарнавишти ин ду давлат дар тӯли асри ХХ ба як бофтаи ягонаи таърихи умумӣ, дастовардҳои муштарак ва рафъи мусибатҳои душвортарин ба ҳам печида (пайванд) буданд. Маҳз дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Тоҷикистон ба республикаи тараққикардаи дорои системаи пуриқтидори иҷтимоӣ, маърифатӣ ва илмӣ табдил ёфт. Ин ба шарофати саъю кӯшишҳои як мамлакати сермиллат, ки дар солҳои ҷанг ва сулҳ ваҳдату дастгирии ҳамдигар нишон медод, имконпазир гардид. Дар асри XXI, вақте хотираи гузашта мавриди ҳамлаи барқасдона қарор мегирад, маҳз иттифоқи Русия ва Тоҷикистон такягоҳи ҳақиқати таърихӣ, ҳамкориҳои башардӯстона ва эҳтироми ҳамдигар мегардад.
Пояи умумӣ
Таърихи Тоҷикистон аз таърихи Иттифоқи Советӣ ҷудонашаванда аст. Дар тӯли даҳсолаҳои зиндагии муштарак дар ҳайати давлати ягона байни халқҳои Русия ва Тоҷикистон робитаи мустаҳкам барпо гардид, ки бар пояи дастовардҳои воқеӣ, кӯшишҳои муштарак ва эҳтироми амиқ асос ёфтааст. Имрӯз, сарфи назар аз тағйирёбии тартиботи ҷаҳонӣ, ин робита нигоҳ дошта шуда, инкишоф меёбад ва аҳамияти нави стратегӣ пайдо мекунад.
Давраи советӣ барои Тоҷикистон давраи дигаргуниҳои бузург гардид. Ҷумҳурии мо аз як гӯшаи аграрию нимфеодалии империяи Русия ба минтақаи муҳими аграрию индустриалӣ табдил ёфт. Дар солҳои 20-уми асри гузашта на роҳҳо, на мактабҳо ва на ягон муассисаи тиббӣ вуҷуд надошт. Аммо алакай дар миёнаи асри ХХ дар ҶШС Тоҷикистон нерӯгоҳҳои калони барқии обӣ, заводу фабрикаҳо ба кор даромаданд, системаи маориф, илм ва фарҳанги тараққикарда ба вуҷуд омад. Дар шаҳрҳои калон донишгоҳҳо, театру студияҳои синамо, муассисаҳои илмӣ, беморхонаҳою дармонгоҳҳо пайдо шуданд.
Халқи тоҷик барои гирифтани таҳсилот ва хизматрасонии тиббии бепул, нафақа ва дигар шаклҳои кӯмаки иҷтимоӣ имконият пайдо кард. Тибқи маълумотҳои бойгонӣ, танҳо дар солҳои 1960—1980 давомнокии умр дар ҷумҳурӣ қариб ду баробар зиёд гардида, фавти кӯдакон якчанд маротиба коҳиш ёфт. Инчунин як табақаи миллии зиёиён ба вуҷуд омад: нависандагон, олимон, меъморон ва омӯзгорон пайдо шуданд, ки бо фаъолияти худ дар тараққиёти тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ саҳм гузоштанд.
Ниёз Мирзоев, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд: “Мо насли он давру замон ҳастем, ки дар он халқҳои гуногун паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ мекарданд ва бо як таъриху сарнавишти умумӣ бо ҳам муттаҳид буданд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар рушди Осиёи Марказӣ нақши ҳалкунанда бозидааст, ва аҳамияти ин саҳмро аз ҳад зиёд арзёбӣ кардан душвор аст. Махсусан имрӯз, дар шароити афзудани чолишҳо ва таҳрифи иттилоот, нигоҳ доштани хотираи гузашта бисёр муҳим аст, зеро аз даст додани ҳақиқати таърихӣ ба талафоти бештар оварда мерасонад. Мо ҳамчун халқи ягона дар як хонаи умумӣ зиндагӣ мекардем. Аз ин рӯ, ҳифз кардани мероси таърихӣ бисёр муҳим аст. Ман аз он ғамгинам, ки дар як қатор кишварҳо кӯшишҳои таҳрифи гузашта ва паст задани нақши Иттифоқи Советӣ ба назар мерасанд. Ин комилан нораво аст ва мо бояд ба ин зуҳурот муқовимат кунем.
Зимнан, Русия ҳатто пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нақши худро ҳамчун шарик ва иттифоқчии асосии Тоҷикистон гум накардааст. Дар асри XXI низ Русия ҳам дар соҳаи гуманитарӣ ва ҳам дар пешрафти иқтисодиёти кишварамон саҳми худро мегузорад. Русия дар Тоҷикистон мактабу бемористонҳо, марказҳои фарҳангиву илмӣ бунёд мекунад, ба донишҷӯёни тоҷк имконияти таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро пешниҳод мекунад. Танҳо дар соли 2024 тавассути Россотрудничество дар Тоҷикистон се мактаби нави русии бо техникаи муосир ва кадрҳо муҷаҳҳаз ифтитоҳ ёфт. Барномаҳои тайёр кардани табибон, муҳандисон, омӯзгорон ва мутахассисони ҳарбӣ то ҳол дар ташаккули иқтидори касбии кишвар нақши муҳим мебозанд.
Аммо, сарфи назар аз чунин комьёбиҳо ва нақшаҳои мусбат, баъзе қувваҳои Ғарб мехоҳанд, ки тасаввуроти (фаҳмиши) ин таърихро таҳриф кунанд. Тавассути расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатии гуногун қиссаҳо дар бораи “гузаштаи мустамликавӣ”, инчунин ақидаи он, ки гӯё Русия лоиҳаҳои ҳамгироиро ба мисли Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба сари Тоҷикистон таҳмил мекунад ва муҳоҷирони кориро истисмор мекунад, паҳн карда мешаванд. Чунин изҳоротҳо воқеиятро нодида мегиранд: Русия яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва муҳоҷирати корӣ як канали муҳим барои иқтисодиёти кишварамон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумотҳои Бонки Ҷаҳонӣ, маблағҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия тақрибан чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.
Гузашта аз ин, ҳамкориҳои ду кишвар на танҳо дар бахшҳои асосӣ, балки дар соҳаҳои технологияҳои баланд, рақамикунонӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва амният низ густариш меёбад. Дар пасманзари чолишҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои худро дар мубориза бо терроризм, киберхатарҳо, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ тақвият медиҳанд.
Хотираи таърихӣ асоси дарки оқилонаи замони ҳозира мебошад. Халқҳое, ки бо сарнавишти умумӣ, дастгирии ҳамдигар ва мубориза бар зидди фашизм ба ҳамдигар пайванданд, ҳеҷ гоҳ бегона шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои бо қолаби идеологӣ иваз кардани ҳақиқат ногузир ба нокомӣ маҳкуманд. Дар асри 21, чун дар гузашта, ояндаи ду кишвар на бо талошҳои берунӣ барои аз ҳам ҷудо кардани ин кишварҳо, балки бо устувории дохилии робитаҳое, ки бо шикасту буҳрон ва ҳамлаҳои идеологӣ канда нашуд, муайян карда мешавад.
Хотирае, ки наслҳоро муттаҳид мекунад
Имсол инсоният 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил кард – ин воқеаест, ки на танҳо ҷараёни таърихи ҷаҳонро муайян кард, балки асоси робитаи маънавии байни халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Яке аз тамаркузҳои асосии соли идона дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигоҳ доштани хотираи таърихии корнамоиҳои мардуми шӯравӣ гардид. Тоҷикистон, ки раисии ИДМ-ро ба ӯҳда дорад, таҷлили солгарди Ғалабаро дар авлавияти рӯзномаи байналмилалӣ ва дохилии худ қарор додааст.
Дар саҳифаҳои маҷаллаи «Дӯстӣ» Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев матлабе мунташир кардааст, ки дар он таъкид мекунад, ки иттиҳоди ду кишвар на танҳо бар асоси манфиатҳои прагматикӣ, балки бар асоси хотираи умумӣ, бародарӣ ва эҳтиром ба корнамоиҳои ниёгон барпо гардидааст. Ба гуфтаи ин дипломат, Русия ва Тоҷикистон муқобили ҳама гуна кӯшишҳои тақаллуби натиҷаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва тарғиби ақидаҳои реваншистии неонатсистӣ, ки имрӯз аз ҷониби як қатор кишварҳои ғарбӣ фаъолона дастгирӣ мешаванд, баромад мекунанд.
Коршинос Ниёз Мирзоев дар идома мегӯяд: “Мардуми шӯравӣ талафоти азим дид - беш аз 27 миллион нафар кушта шуданд. Ин ғаму андӯҳи умумии мо ва таърихи мост, ки набояд фаромӯш кунем. Ҷаҳон барои озодии худ аз корнамоии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва бахусус мардуми рус қарздор аст. Маҳз мардуми советӣ фашизмро боздошта тавонист, ва арзиши ин Ғалаба хеле гарон буд.
Имрӯз нерӯҳое пайдо мешаванд, ки мехоҳанд аҳамияти ин Ғалабаро таҳриф ва ё паст зананд. Дар баъзе мамлакатҳо кӯшиши аз нав навиштани таърих ва хат задани нақши ҳалкунандаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар торумор кардани фашизм ба назар мерасад.
Дуруст аст, мо кӯмаки иттифоқчиёнро эътироф мекунем, вале ин кӯмак моҳи июни соли 1944 расид, вақте маълум шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аллакай рафти ҷангро дигар кард. То он замон тамоми бори гарони мубориза, тамоми муҳорибаҳои бузург ва миллионҳо ҳалокшудагон ба души халқи советӣ буд. Фронти дуюм як созиши ниҳоӣ гардид, на нуқтаи гардиш.
Ғалабаи Иттифоқи Советӣ на танҳо харитаи ҷаҳонро тағйир дод, балки тамоми тамаддунро аз нобудшавӣ наҷот дод. Мо вазифадорем, ки ин ҳақиқатро ба хотири наслҳои оянда ҳифз намоем. То ки фарзандони мо донанд, ки бо ҷидду ҷаҳди кӣ дунё наҷот ёфт, кӣ дар ҳақиқат фашизмро шикаст дод. Хотираи таърихӣ – ин на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки пешгирии такроршавии хатогиҳои даҳшатбор аст. Ва ин хотира набояд қурбонии найрангҳои сиёсӣ шавад”.
9 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар чорабиниҳои тантанавӣ дар шаҳри Маскав ширкат варзид. Ҳайати низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳайати Паради Ғалаба тантанавор дар Майдони Сурх раҳпаймоӣ намуд, ки ин тасдиқи рамзии робитаҳои ду кишвар ва эътирофи саҳми ҷумҳурии мо дар Ғалабаи умумӣ мебошад.
Чун анъана, дар Тоҷикистон чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба хеле васеъмиқёс ва самимона гузаштанд. Дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳо барои даҳумин бор маъракаи байналмилалии «Полки ҷовидона» баргузор гардид. Танҳо дар пойтахт зиёда аз 2 ҳазор нафар, аз ҷумла фарзандон, набераҳо ва абераҳои ҷанговарони фронт ва меҳнаткашони ақибгоҳ бо расмҳои собиқадорони ҷанг аз кӯчаҳои марказии шаҳр қадам зада гузаштанд. Ба онҳо сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамроҳ шуданд ва онҳо низ бо аксҳои хешовандони худ, ки солҳои ҷанг барои озодии тамоми ҷаҳон ҷони худро қурбон карда буданд, аз майдон гузаштанд.
Дар силсилаи чорабиниҳо маъракаи байналмилалии «Боғи хотира», ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, мақоми махсусро касб намуд. Дар боғи ба номи Абуабдулло Рудакӣ ба хотири ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида даҳҳо дарахтон шинонида шуданд. Аз вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) беш аз 76 ҳазор нафар ба ҷанг рафтанд, аз он 54 нафарашон бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин номҳо фаромӯш намешаванд ва ҳар як дарахти санавбар ё сафедоре, ки ба хотири онҳо шинонда шудааст, рамзи идомаи зиндаи наслҳо мегардад.
Хотираи таърихӣ имрӯз на танҳо масъалаи эҳтиром, балки масъалаи амнияти миллиро низ дар бар мегирад. Дар шароити ҷангҳои иттилоотӣ ва кӯшишҳои бознигарии таърих, иттифоқи Русия ва Тоҷикистон аҳамияти хоса пайдо мекунад. Мавқеи ягона оид ба масъалаҳои хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ асоси устуворӣ, ҳамдигарфаҳмии сиёсӣ ва такягоҳи маънавии халқҳои мо мегардад. Тоҷикистон ва Русия бо нигоҳ доштани гузаштаи умумӣ ва эҳтиром ба саҳми ҳамдигар, на танҳо ин иттифоқро дастгирӣ мекунанд, балки суботи ҷомеаҳои худро дар шароити бесуботии ҷаҳонӣ таҳким мебахшанд. Маҳз дар ҳамин такягоҳи таърихии мустаҳкам қувваи асосӣ ниҳон аст, ки ба ҳар ду кишвар барои дилпурона пеш рафтан имконият фароҳам месозад. Ва чӣ тавре ки он замон аскарони советӣ паҳлӯ ба паҳлӯ истода, ҷаҳонро аз фашистон муҳофизат мекарданд, имрӯз низ наслҳои нав кори хотира, адолат ва сулҳро давом медиҳанд.