Хабари рӯз

Муқовимат ягона гузина барои саркӯби гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон аст.

Нависанда: Люк Кофи, узви аршади муассисаи Ҳодсон

Манбаъ: Хабаргузории Араб Нюс

Чаҳордаҳумин гузориши тими назоратии Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди сулҳу амният дар Афғонистон дар моҳи ҷорӣ нашр шуд, ки бар асоси ин гузориш, сатҳи таҳдидоти терроризми фаромиллӣ аз замони қудратгирии Толибон дар Афғонистон ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Ин гузориш мерасонад, ки гурӯҳи Толибон тавофуқномаи давлати Трамп бо ин гурӯҳро ба сурати ҷиддӣ нақз кардаанд. Дар тавофуқнома омада буд, ки Толибон ба ҳеҷ унвон иҷоза намедиҳанд, ки гуруҳҳои террористӣ аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои минтақаву ҷаҳон, бахусус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳампаймононаш фаъолият намоянд. Воқеияти имрӯз дар Афғонистон чунин аст, ки гурӯҳҳои террористӣ ба унвони таҳдид алайҳи кишварҳои ҷаҳон дар Афғонистон ҳузур доранд.

Тахмин зада мешавад, ки 21 гурӯҳи мухталифи террористӣ озодона дар Афғонистон фаъолият мекунанд. Бархе ин гурӯҳҳо дар садади ҷо боз кардан барои худашон дар сатҳи ҷаҳон ҳастанд, дар ҳоле, ки аксарашон мутамаркиз ба тасаллут бар минтақа ҳастанд.

Аксар фаъолиятҳои ин гурӯҳ аз ҳимояти ҷиддии Толибон бархӯрдор аст. Аз миёни ин 21 гурӯҳ ду гурӯҳи хатарнок, ки минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунад Ал-қоъида ва ДОЪИШ аст, ки бар акси тавофуқномаи Доҳа ҳеҷ фаъолияте ғарази таваққуфи фаъолиятҳои ин гурӯҳҳо аз ҷониби Толибон анҷом нашудааст. Қабл аз қудрат гирифтани Толибон террористон иҷозаи фаъолияти озодонаро дар Афғонистон надоштаанд, вале бо қудратгирии Толибон аъзои аршади Алқоида дар Афғонистон озодона гаштугузор менамоянд.

Ҳузури дубораи Алқоида дар Афғонистон замоне барҷаста шуд, ки раҳбари ин гурӯҳ Аймон Алзавоҳирӣ, тобистони гузашта дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар Кобул кушта шуд.

Бар асоси охирин гузориши Созмони Миллали Муттаҳид, Алқоида "ваҷҳаи поине дорад ва бар истифода аз ин кишвар ба унвони як маркази идеологӣ ва логистикӣ барои басиҷ ва истихдоми ҷангҷӯёни ҷадид ва дар айни ҳол бозсозии махфиёнаи тавоноии амалиёти хориҷии худ тамаркуз дорад."

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки равобити байни Толибон ва Ал-қоъида ногусастанӣ аст, тавре, ки ин гурӯҳ Афғонистони таҳти ситраи Толибонро як паноҳгоҳи амн барои ҳузур ва фаъолиятҳояшон медонанд. Ин гурӯҳ дар 9 вилояти ҷанубӣ ва шарқии Афғонистон фаъолият мекунанд ва бар асоси гузориши Созмони Милал ҳудуди 400 узви аршади гурӯҳи Алқоида бо ҳисоби аъзои хонаводаашон дар Афғонистон ҳузур доранд. Ва ҳомиёнашон ба теъдоди  2000 нафар афзоиш меёбад.

Гурӯҳи дигаре, ки аз қудратгирии Толибон суд бурдааст, ДОИШ аст. ДОИШ баъди аз даст додани пойгоҳҳои амалиётии худ дар Сурияву Ироқ ба Афғонистон ба унвони маркази аслии фаъолиятҳои худ рӯй овардааст. Бар асоси гузориши Созмони Милал амалиёти анҷомшуда, тавассути ДОИШ дар Афғонистон бамаротиб печидатар ва кушандатар аз гузашта аст. Толибон қодир ба ҷилавгирӣ аз аксар ҳамалоти гурӯҳи ДОИШ, ки боиси талафоти ҷамъии ғайринизомиён мегардад, нест.

Ҳамчунон теъдоди бешуморе аз гурӯҳҳои террористӣ, ки нуқтаи тамаркузашон кишварҳои минтақа аст, дар Афғонистон фаъолият мекунанд. Покистон нигарониҳои машрӯъе дорад мабни бар ин ки Толибон аъзои ТиТиПиро, ки як гурӯҳи террористӣ ба ҳадафи сарнагунии давлати Покистон аст, иҷоза медиҳад то аз Афғонистон ба унвони паноҳгоҳҳои амн истифода намоянд.

Манотиқе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар бар он дар Афғонистон таваҷҷуҳ дорад, марзҳои шимолу ҷануби ин кишвар аст, ки дар шимол тавассути Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки муташаккил аз тундравҳои қавмии ӯзбек ва тоҷиктабор аст давлатҳои машрӯъ ва қонунии Тошканд ва Душанбе мавриди таҳдид ва дар маърази хатари сарнагунӣ қарор мегиранд. Дар марзи ҷанубӣ низ ТиТиПи як хатари ҷиддӣ барои давлати Покистон аст, ҳар ду гурӯҳ дар шимол ва ҷануби Афғонистон бо қудратгирии Толибон ба шиддат фаъол шудаанд.

Дар ҳоле, ки вазъият дар Афғонистон тираву тор аст, се рӯйкард вуҷуд дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад дар мавриди таҳдиди террористӣ анҷом диҳад; Аввал, таҳримҳои кунунии Созмони Милал алайҳи мақомоти Толибон бояд ба қуввати худ боқӣ бимонад ва таомул бо Кобул бояд бо чашмони боз анҷом шавад.

Ҳамчунин бояд як имтиноъи ҷаҳонӣ аз ба расмият шинохтани Толибон ба унвони давлати қонунии Афғонистон вуҷуд дошта бошад. Ҳукумати Толибон такқавмӣ ва ғайри ҳамашумул аст.

Толибон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба расмият шинохта шавад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳар коре, ки метавонад барои ҷилавгирӣ аз ин амр анҷом диҳад, сониян, ҷомеаи байналмилалӣ бояд гурӯҳҳои ғайриифротие, ки моил ба мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористӣ мебошанд, шиносоӣ ва мавриди ҳимоят қарор диҳад, ки дар ҳоли ҳозир Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон пештозтарин ва бартарини ҷабҳаи зидди гурӯҳҳои террористӣ мебошад.

Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд, танҳо муқовамати воқеӣ дар баробари Толибон ва соири гурӯҳҳои террористӣ монанди Алқоида, ДОИШ ва Ҷамоати Ансоруллоҳ аст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо кишвари Тоҷикистон, ки аз кишварҳои ба шиддат мунтақиди Толибон ва аз ҳомиёни сарсахт гурӯҳҳои зиддитолибон аст таомул дошта бошад. Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки бештарин осеб тавассути гурӯҳҳои террористии мавҷуд дар Афғонистон мутаваҷҷеҳ ин кишвар аст. Дар даҳаи 1990, Тоҷикистон нақши муҳимме дар ҳимоят аз муқовамат алайҳи Толибон ва Ал-қоъида дошт.

Дар ниҳоят, ҷомеаи байнулмилал бояд бештар бо кишварҳои минтақа, монанди Тоҷикистон таомул дошта бошад. Аз миёни тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон бештарин интиқодро нисбат ба Толибон дошта ва ба бештарин фишор аз сӯи гурӯҳҳои террористии фаромиллии фаъол дар Афғонистон мувоҷеҳ шудааст. Дар даҳаи 1990, Тоҷикистон нақши муҳимме дар ҳимоят аз муқовимат алайҳи Толибон ва Алқоида дошт. Бо мизони саҳеҳи таомули мӯҳтотона дар сатҳи боло, касоне дар ҷомеа байналмилалӣ, ки муштоқи муқобила бо таҳдиди террористии дар ҳоли зуҳур дар Афғонистон ҳастанд, мумкин аст шарике дар Душанбе пайдо кунанд.

Бо наздик шудан ба дусолагии суқути Кобул, ҷаҳон набояд чашмони худро ба вазъияти ғамангези Афғонистон бипӯшад. Бо таҳоҷуми Русия ба Украина ва тадовуми ҷангталабии Эрон дар Ховари Миёна, нодида гирифтан - ё ҳатто фаромӯш кардани Афғонистон осон аст. Аммо таърих нишон медиҳад, ки он чӣ дар Афғонистон иттифоқ меафтад, метавонад бар бақияи ҷаҳон таъсир бигузорад. Сиёсатгузорон ба ҷои дафни сарҳои худ дар рег, бояд аз чолишҳои ношӣ аз Афғонистони таҳти контроли Толибон бедор шаванд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!