Хабари рӯз

Чаро ва чӣ гуна Вазиристони Шимолӣ ба Афғонистон кӯч мекунад?

Нависанда: Форуқ  Фардо, таҳлилгар

Вазиристон ба ду қисмат - Вазиристони Шимолӣ ва Вазиристони Ҷанубӣ - тақсим шудааст. Вазиристони Шимолӣ бештар кӯҳӣ ва қабилаӣ аст. Ин минтақа замини зироатии камтар дорад ва мардуми он то дер солҳо аз тариқи дом(чорво)парварӣ имрори маишат мекарданду акнун низ барои бархе мардум домпарварӣ ва боғдорӣ манбаъи оид шумурда мешавад. То соли 1893, ки ҳанӯз хатти Дюранд кашида нашуда буд, Вазиристон ба ҳайси минтақаи озод шумурда мешуд. Бархеҳо ба ин боваранд, ки ин минтақа ба Афғонистон ва ба Ҳинди Бритониёӣ марбут набуд. Мардуми он ҷангҷӯ, далер ва бисёр мардсолоранд.

Бо эҷоди Покистон дар соли 1947 Вазиристони Шимолӣ бо Покистон мулҳақ гашт. Кишвари Покистон ба манзури тобеъ кардани мардуми Вазиристон чандин бор ба он тараф лашкаркашӣ кард ва дар натиҷаи ин лашкаркашиҳо, ҷангҳои хунине миёнашон сурат гирифтааст. Билохира, давлати Покистон бо зӯри аслиҳа ва урдуи қавӣ ин хоку мардумро тасарруф кард ва саъй ба харҷ дод, то бо анҷоми бархе корҳои рифоҳь битавонад дили ононро ба даст орад. Бурдани барқу сохтани рощ бар зиндагии мардум бисёр асар гузошт.

Мардуми ин сарзамин аз ду қабила ташкил ёфтаанд, ки яке он усмонзайиҳоянд ва дигараш аҳмадзайиҳо. Бо он ки миёни онон чандон дӯстӣ ба мушоҳида намерасад, вале забонашон пашту ва лаҳҷаашон гӯиши вижа дорад. Лаҳҷаи мардуми Вазиристони Шимолӣ бо лаҳҷаи вазириҳои Афғонистон, ки дар имтидоди Сафедкӯҳ воқеъанд, мутафовит аст. Мардуми Вазиристон ҳуруфи “вов”-у алиф, “вов”-у “ё”-ро ба ҷойи ҳам ба кор мебаранд. Ҳамаашон кашдор ва оҳангин сӯҳбат мекунанд ва ин амр сабаб шудааст, ки ширинии лаҳҷаи Вазиристон бо лаҳҷаҳои дигари забони пашту, ки шумори он ба даҳҳо мерасад, мутафовит бошад.

Шаҳри  Мироншоҳ, ки бо вилояти Хӯсти Афғонистон ҳамсарҳад аст,  маркази Вазиристони Шимолӣ ёд мешавад. Ёдамон бошад, ки ин Мироншоҳ бо номи  Мироншоҳ,  фарзанди Темур вобастагӣ надорад, зеро Мироншоҳ, ки севумини фарзанди Темур буд, умдатан дар манотиқи шимоли Эрон, бавижа  Озарбойҷон ҳукмронӣ дошт, на дар ин манотиқ.

Вазиристон аз лиҳози ҷангӣ нуқоти стратегӣ дорад. Покистон ба сабаби ду ҳадаф Вазиристон Шимолиро ба манзури густариши мадорис интихоб кардааст: яке, бо истифода аз эҳсосоти диндории ин мардум ва дигар ба баҳонаи мадорис тамаркузи неруҳои мусаллаҳ дар ин нуқта ба манзури тобеъ нигаҳ доштани бошандагони сарзамини Вазиристони Шимолӣ.

Дар Вазиристони Шимолӣ то чанд соли пеш, ки аз он ҷо дидоре доштам, панҷ ҳазор мадраса вуҷуд дошт. Мадрасаҳои Вазиристони Шимолӣ аз сатҳи масоҷид оғоз мегардад ва то мадориси бо сохтмонҳои муосири дорои хобгоҳҳое барои донишомӯзҳо ва донишҷуён имтидод меёбад.

Мақомоти покистонӣ мадориси махфӣ барои ҷавонони ғайрминтақаиро дар нуқоти нисбатан торикпеч ва хамдори кӯҳҳо бино кардаанд. Убуру мурури мардум ом ва ҳатто муҳассилони покистонӣ ва афғонӣ ба ин мадорис мамнуъ аст. Омӯзандагони мадориси махфӣ низ ҳақ надоранд, ки аз сохтмонҳои худ ба дидори муҳассилони дигар бираванд ва ё баракс. Вазъияти амниятӣ дар ин соҳаҳо бисёр изтирорӣ менамояд.

Ҳазорон ҷавон дар ин мадорис таҳти тарбия қарор доранд. Устодон покистонӣ, арабӣ ва атбои дигар кишварҳои зиалоқа мебошанд. Муллову мавлавӣ ва низомиёни мутахассис дар ин мадорис тадрис мекунанд.

Шеваҳои омӯзиш дар ин мадорис ҳам гунаи вижа дорад. Шогирдон аз ду тариқ ба ин мадорис роҳ меёбанд. Тариқаи аввали он гузинаи фарзандони муҳоҷирин ва мардуми маҳалланд, ба шумули бархе нуқоти дигари Покистон, аз ҷумла атбои ҳарду Кашмир. Бачаҳо аз кӯдакӣ ба масоҷид ҷазб мегарданд ва гом ба гом боло мераванд. Аксарияти интиҳориҳо аз ҳамин масоҷид баргузида мешаванд ва ба манзури парваришҳои баъдӣ муаррифӣ мегарданд. Ҳар масҷид бояд солона назар ба шумори шогирдонаш саҳмияи худро ба маркази интиҳорӣ омода кунад. Интиҳориҳоро аз миёни фарзандони муҳоҷирин ва мардуми худи маҳал  бармегузинанд, на аз фарзандони покистониҳо.

Маркази интиҳорӣ дар Вазиристони Шимолӣ омӯзишгоҳи алоҳида дорад, гарчи ҳар мадрасаи олӣ дорои майдонҳои тамринотианд, вале мадрасаи интиҳорӣ бисёр муҷаҳҳаз аст. Шумулият ё шогирд шудан дар он мадраса раванде печида дорад. Бо вуҷуди он ки дар тӯли омӯзиши кӯдак дар масҷид баррасиҳои фаровоне сурат мегирад, вале замоне, ки дар листи баргузидагони шомил мегарданд, истихбороти Покистон собиқаи хонаводагии ононро бо диққат баррасӣ мекунад ва баромидан аз он натанҳо ба қурбонии интихобшуда, балки ба хонаводааш ҳам авоқиби ногувор медошта бошад.

Дар мадрасаи интиҳорӣ афзун бар тамриноти рафтан ба ҷаннат, инфиҷор, интиҳор ва бозӣ бо аслиҳа, филмҳое аз ҷаннат ва ишқбозиҳои ҳурони лухт ҳам ба намоиш гузошта мешавад ва навҷавонону ҷавононро ба таҳрики шаҳват тарғиб мекунанд. Ин марказ довталабонро ба категорияҳои аввал, дувум ва севум тақсим кардааст. Афроде, ки бо бисёр диққату таваҷҷуҳ омода мегарданд, роҳи баргашт надоранд. Аъзои онон бо  ғизо дар мадориси дигар тафовут дорад. Ба шогирдони мадрасаи интиҳорӣ талқин шудааст, ки шаҳодати баландтарин мартабатӣ аст, ки Худо худ бо шаҳид дидор мекунад. Ба онон гуфта шудааст, ки ғизоҳояшон аз ҷаннат оварда мешавад ва Худо худи онро барояшон ирсол мекунад. Вақте ки он ҷо бирасанд ин ғизоҳо ба василаи ҳурҳо барояшон сервис мегардад.

Афроди дигар аз мадориси масҷидӣ, ибтидо ба мадориси мутавассита интиқол меёбанд. Навҷавонони мадориси минтақа дар моҳ ду бор ҳақ доранд ба хонаҳояшон рухсатӣ бираванд. Калонсолтарҳо, ки аз озмунҳо гузаштаанд, метавонанд зиёдтар авқот ба хона бираванд, аммо хориҷиҳо ҳаққ надоранд, зеро хона ва ҷое ҳам ба рафтан надоранд.

Тариқи дувум таврест, ки навҷавонон ва ҷавонон аз кишварҳои Эрон, кишварҳои арабӣ, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, уйғурҳои Чин, Судон, Сомалӣ, Марокаш ва манотиқи Қафқози Русия баргузида мешавад. Ин ҷавонон ба василаи гурӯҳҳои таблиғӣ нишонӣ ва дар бадали 500 то як ҳазор доллар аз хонаводаҳояшон ба номи садақаву хайрот ва туҳфаи худовандӣ харидорӣ мешаванд ва эҳсоне ҳам бар онон гузошта мешавад, ки вориди раҳмати ҳақ шавед, ки фарзандатон баргузида шуд. Дар замони таҳсил ҳам гаҳ-гоҳ миқдоре пул ба хонаводаҳои онон, ки гӯё лангар ва баракат барояшон таҳия карда, ирсол мегардад. Ин амал бар дигар хонаводаҳои фақиру бедаромад ҳам асар мегузорад, то ҷавононашонро ба манзури эъзом ба ин мадорис алоқаманд кунанд.

Фориғони покистонии ин мадорис дар шӯроҳои уламои динии Покистон, дар масоҷид ба ҷойи муллоҳои бетаҳсил ва ҳатто то хадамаҳо ва муаззинҳо муқаррар мегарданд. Нухбаҳояшон то ҳадди фатво додан дар назди давлат қадр, иззат ва манзилат меёбанд ва барояшон минбар дода мешавад. Ҷавонони маҳал вориди гурӯҳҳои толибӣ ва ҳастаҳои ташаддуд мегарданд ва ғоилаҳои истифода аз динро гарм нигаҳ медоранд, то таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро дар ҳимоят аз ин марокиз мунҳариф дошта бошанд.

Фарзандони муҳоҷиру хориҷиҳо пас аз омӯзиш дар каминанд, ки чӣ вақт ба кишварҳояшон баргарданд ва ба манзури таъсиси ҳукуматҳои исломӣ ва хилофатҳо вориди набардҳои истишҳодӣ гарданд. Шуморашон, ки заминаҳои баргашт пайдо мекунанд, оҷилан даст ба таъсиси аҳзоби исломӣ мезананд ва дар миёни мардуми мусулмони кишварҳояшон сарбозгирӣ мекунанд. Шуморе, ки аз ҳузурашон дар кишварҳои худ иҷолатан нигаронӣ доранд, дар гурӯҳҳои террористии Алқоида, Толибон, шохаҳои мухталифи ДОИШ, салафиҳо ва соири гурӯҳҳои дигар танзим мегарданд. Аксари раҳбарони Ҳизб ут-таҳрир, ки дар Шимоли Афғонистон ва Осиёи Миёна ҳузури густурда дорад, низ фориғони ин мадорисанд.

Посухи ин савол равшан аст, ки Покистон чаро мехоҳад шабакаҳои омӯзиши террористҳо ва исломистҳои тундрав  дар Афғонистонро таҳти назар дошта бошад.

Вазиристони Шимолӣ ба масобаи маркази омӯзишҳои терроризм ва фундаментализм дар ҷаҳон бисёр бадном шуд. Ҳиндустон дар шинохти ин минтақа ба ҷаҳониён нақши боризеро ифо кард, зеро чандин террорист ва вайронкори мусулмон, ки дар Ҳиндустон дастгир шуданд, фориғони ҳамин мадорис буданд.

Дар ҳоли ҳозир аз як тараф кӯмакҳои ҷаҳонӣ бар Покистон тақлил ёфтааст ва аз тарафи дигар фориғони диниву террористии ин мадорис ба худи давлати Покистон ҳам ба манбаи хатар мубаддал шудаанд. Аз ин рӯ, низомиёни покистонӣ ба идомаи ин мадорис дилчаспии камтар нишон медиҳанд.

Вазиристонсозии шимоли Афғонистон, бино бар далоили равшане аз Покистон оғоз шудааст. Толибон доранд ин корро ба баҳонаи ноқилину муҳоҷирин анҷом медиҳад ва омадани вазиристониҳоро дар замони ҳукумати Карзай ва Ғанӣ баҳона мегирад. Ба ростӣ, ин кор дар замони ҳукумати Карзай ва Ашраф Ғанӣ шурӯъ шуда буд, дар бархе ҷоҳо таҳти шароит буданд ва дар бархе нуқот бидуни шароит. Шуморе, ки тақрибан шаш ҳазор нафар мешавад, дар вулустволии Гурбузи вилояти Хӯст дар хаймаҳо буданд. Кампе барояшон сохта шуда буд. Ин мардум дар ҳоли ҳозир барои худашон хонаҳо обод кардаанд, чоҳҳо ҳафр кардаанд ва кору боре сар ба роҳ кардаанд.

Вулустволиҳои ҳамсарҳад ба Читрол дар вилояти Кунар ба баҳонаи муҳоҷират аз ин мардум пур аст. Паштунҳои он тарафи хатти Дюранд аз манотиқи мухталиф бо лаҳҷаҳои мухталифи вазирӣ, читролӣ ва маҳсуд, ибтидо ба ҳайси муҳоҷир кӯч карданд, мардуми Кунар аз онон истиқбол карданд, вале инҳо муҳоҷир набуданду нестанд. Дар вақти Ғанӣ аз доштани аслиҳа ибо меварзиданд, аммо акнун ҳар фарди ҷавонашон бо ду мил аслиҳа гаштугузор мекунад. Ин аслиҳа аз куҷо ба дасти онон расид? Инҳо аз куҷо мусаллаҳ мешаванд? Ин дар ҳолест, ки тозаворидҳои ин мардум дар кӯчу борашон фаровон аслиҳа низ интиқол медиҳанд ва мардуми маҳал наметавонанд барояшон чизе бигӯянд. Ҳамакнун бо вуҷуди ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳангӣ, мардуми басо нуқоти Кунар аз дасти онон ба сутӯҳ омадаанд.

Толибон мехоҳанд шимоли Афғонистонро ба ду ҳадаф таҳти таъсир қарор диҳанд. Ҳадафи сиёсӣ ин аст, ки шимолро дар кулл ба василаи онон якдаст кунанд. Бо зӯр ва аслиҳаи онон зиндагии ороми мардумро дар гарави амри ин афрод мусаллаҳ қарор диҳанд. То бошад бо ин васила, заминаи эъмори мадорис муҳайё гардад ва имкони интиқоли террорист, мулло ва интиҳориҳо ба Осиёи Миёна ва Чин осон гардад.

Муҳоҷират таҳти шароите анҷом меёбад, аммо Афғонистон қонуни муҳоҷират надорад ва сарзамини Афғонистон назар ба теъдоди нуфуси кишвар ҷое барои муҳоҷирату далел ба ин амр надорад. Аммо Толибон мехоҳанд бо ҷобаҷоии террористҳо зери номи муҳоҷир ва интиқоли мадорис аз Вазиристон ба шимоли кишвар ба манзури мақосиди сиёсиашон ба ин кор идома диҳанд. Ин кори содда несту агар толиб  намедонад, як ҷиҳати қазия бояд фаҳмонда шавад ва агар медонад бояд ҳар гунае, ки мешавад ҷилави амалкардаш гирифта шавад. Ин ҷобаҷоӣ авоқиби вахим дорад, агар имрӯз кас фикрашро намекунад, дар ояндаҳои наздику дур чунон наслкушӣ дар Афғонистон равнақ ёбад, ки таърих пешинаи онро ба ёд нахоҳад дошт.

Ҳамзамон бо он фарҳангкушӣ низ оғоз мегардад ва то анҷом давом меёбад, бо аз байн бурдани наслҳо, ифтихороти таърихии мардуми ин сарзамин низ бо хоку дуд яксон хоҳад гашт. Наврӯз ба дор овехта мешавад, ном бурдан аз Мавлоно, Абу Алӣ Сино, Робияи Балхӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Саноии Ғазнавӣ, Заҳири Форёбӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Ибни Ямин, Амир Алишер Навоӣ, Гавҳар Тоҷбегим ва ғайра, куфр шумурда хоҳад шуд. Чӣ расад бар номҳои Аҳмадшоҳ Абдолӣ, Мирвайсхон Ҳутаккӣ, Мулло Мушколам, Муҳаммадҷонхон Вардак, Мир Масҷидхон, Муҳаммадҷонхон Дарвозӣ, доктор Наҷибуллоҳ, ки ҳамакнун хатт кашидаанд.

Бархе нозирон ба ин боваранд, ки Толибон дар назар доранд ҳатто дар вилоятҳои паштуннишин ҳам ин мардумро ҷобаҷо кунанд. Ин корро ба хотире мекунанд, ки барномаи Толибону Покистон дар ниҳоят ин аст, ки ибтидо заминаи Конфератсияи Афғонстону Покистон татбиқ гардад. Ин конфедератсияро замоне Гулбиддин Ҳикматёр бо Покистон муомила карда буд. Агар Ҳикматёр дар соли 1993 дар ҷангҳои миёнитанзимӣ муваффақ мешуд ва ба Арг мерасид, масъалаи конфератсияро сурат медод, он гоҳ ниёз дида намешуд, ки гурӯҳи толиб эҷод гардад. Ҳамон гоҳ Ҳикматёру Покистон ба комашон мерасиданд ва қазия ба заъми худашон ҳал шуда буд. Аммо акнун Покистон ин фурсатро муносиб мебинад, пас аз конфератсия, хатти Дюранд бардошта мешавад ва хоки Афғонистон дар қаламрави Покистон шомил мегардад.

Аз Афғонистон интиқоли терроризм ба Осиёи Миёна оғоз мегардад. Кишварҳои ин хитта аз сарнавишти чиҳилсолаи Афғонистон истиқбол хоҳанд кард. Хонаҷангӣ ва бародаркӯшии густурда хоҳад шуд, Русия ҳар қадр нерӯманд ҳам бошад, тавони оромиши кулли Осиёи Миёнаро нахоҳад дошт, зеро ин кишварҳо ба манобеи масрафӣ мубаддал хоҳанд шуд ва Русия аз таъмини онон оҷиз хоҳад буд. Аз сӯйи дигар, дардисари Осиёи Миёна то мағзи устухони Русия ҳам сироят хоҳад кард ва таваққӯъ доштани ин кишварҳо аз Русия ҳам ба он маънӣ хоҳад буд, ки гӯсфанд дар ғами ҷон кандан ва қассоб дар ғам чарбу.

Магар ин, ки равшанфикрони Афғонистон ба майдони қурбонӣ ҳозир шаванд, тамоми мухолифатҳои салиқаиро канор бигузоранд ва ба манзури наҷоти кишвар иқдом кунанд. Дар ин росто кишварҳои Осиёи Миёна бавижа мукаллафанд, ки нерӯҳои равшанфикриеро, ки бар по мехезанд, ба манзури наҷоти худу Афғонистон ҳимояту ҳамкорӣ кунанд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!