Хабари рӯз

Русия аз як ривояти машкуки амниятӣ чӣ гуна сенариясозӣ мекунад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Матлаби аслӣ: چهره خطرناک ‌بازی روسیه در افغانستان

Андрей Белоусов, вазири дифоъи Русия, дар нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳушдор додааст, ки хатари таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон ҳамчунон побарҷост ва раванди интиқоли шибҳинизомиёни тундрав аз Сурия ба Афғонистон, камокон идома дорад. Ин дар ҳолест, ки худи Русия дар қиболи ин таҳдидот, рафтори шаффоф ва содиқона надоштааст.

Маскав бо гурӯҳи Толибон таомули сиёсӣ дорад, сафири ин гурӯҳро дар Маскав пазируфта, номи Толибонро аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳазф карда ва дар айни ҳол сафорати Русия дар Кобул яке аз фаъолтарин намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар Афғонистон аст. Ҳол пурсиши асосӣ ин ҷост: бояд кадом ривоятро ҷиддӣ бигирем? Ҳушдорҳои амниятии Русия дар бораи таҳдидоти террористӣ дар Афғонистон, ё ҳамсӯии бе қайду шарти ин кишвар бо Толибон?

Истифодаи абзорӣ аз таҳдидоти амниятӣ

Таҳлили амиқтари ин изҳорот нишон медиҳад, ки Русия таҳдидоти ношӣ аз Афғонистонро на сирфан ба унвони як хатар, балки ба масобаи абзоре барои пешбурди манофеъи геополитикии худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ талаққӣ мекунад. Ишораи Белоусов ба интиқоли шабҳинизомиён аз Сурия ба Афғонистон, бештар ба як сенариясозии ҳадафманди амниятӣ шабоҳат дорад то як гузориши бетарафонаи иттилоотӣ.

Маскав дар талош аст то бо барҷастасозии таҳдидоти террористӣ, фазои равонии “хатари мудовим аз ҷануб”-ро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод карда ва дар натиҷа, ин кишварҳоро ба самти вобастагии амниятии бештар ба Русия савқ диҳад. Ин раванд амалан проекте барои эҳёи назми амниятии даврони Шӯравӣ аст, ки дар он меҳвари тасмимгирӣ дар Маскав мутамаркиз бошад.

Муқобила бо ҳалқаҳои нуфузи руқабои геополитикӣ

Русия аз се меҳвари геополитикӣ дар ҳаёти хилвати худ таҳти фишор қарор дорад:

1  - Меҳвари аввал: густариши НАТО аз тариқи шарқи Аврупо ва буҳрони Украина, ки талоши Русия барои раҳоӣ аз муҳосираи ғарбиро намоён сохтааст;

2 - Меҳвари дувум: нуфузи иқтисодӣ ва зерсохтии Чин дар Осиёи Марказӣ, ки барои Маскав нигаронкунанда аст, зеро ин нуфуз на танҳо иқтисодӣ, балки тадриҷан сиёсӣ-амниятӣ хоҳад шуд;

3 - Меҳвари севум: фаъол шудани Туркия ба унвони бозигарии ҷадид дар Осиёи Миёна ва Қафқоз, ки аз тариқи пайвандҳои фарҳангӣ ва забонӣ бо кишварҳои турктабор, дар ҳоли шаклдиҳӣ ба як ҳавзаи нуфузи мувозӣ бо Русия аст.

Дар чунин шароите Русия таҳдидоти ношӣ аз Афғонистонро ҳамчун аҳруми мувозинасози геополитикӣ ба кор мебарад.

Воқеияти таҳдид; Бузургнамоӣ ё тавҷеҳ?

Бетардид Афғонистон пас аз тасаллути Толибон, ба паноҳгоҳи амне барои террористҳои чандмиллиятӣ бадал шудааст. Аммо додаҳои майдонӣ нишон медиҳанд, ки дар чаҳор соли гузашта, ин гурӯҳҳо тавони амалиётии қобили таваҷҷуҳе дар марзҳои Осиёи Марказӣ ё Қафқоз надоштаанд. Бинобарин, ривояти Русия аз шиддат гирифтани таҳдид, бештар ба назар мерасад абзоре барои тавҷеҳи мудохила ва таҳмили чорчӯби амниятии матлуби Маскав ба кишварҳои минтақа бошад.

Маскав аз ин фазои таҳдид дар ду ҷиҳат баҳрабардорӣ мекунад:

1 - Татмиъи давлатҳои минтақаӣ барои пазириши сохторҳои амниятии вобаста ба Русия таҳти унвони "ҳамкории пешгирона".

2 - Эҷоди машғулияти равонӣ ва амниятӣ дар миёни раҳбарони минтақа то монеъ аз наздикии онҳо ба Чин, Туркия ё НАТО шавад.

Русия бо ин сенария мехоҳад ба кишварҳои Осиёи Миёна илқо кунад, ки танҳо чорчӯби амниятии қобили эътимод таҳти раҳбарии Маскав имконпазир аст, то дар баробари таҳдиди инчунинӣ, муқобилаи билфеъл кунад.

Муомила бо Толибон; Бозии дугона ва хатарнок

Дар ҳоле ки Толибон худ бистари аслии рушд ва густариши гурӯҳҳои ифротгаро дар Афғонистонанд, Русия аз таҳдиди терроризм барои тавҷеҳи нақши амниятиаш дар минтақа баҳра мегирад, аммо ҳамзамон бо Толибон дар сутуҳи мухталифи дипломатӣ ва амниятӣ ҳамкорӣ дорад. Ин рафтори дугонаи Русияро метавон чунин тафсир кард:

"Толибон ҳам таҳдид аст, ҳам абзор. Ҳам бояд аз он тарсид, ҳам бояд аз он истифода кард."

Русия на барои нобудии таҳдид, балки барои контрол ва маҳори он ҷиҳати муомила бо руқабо ва таъмини манофеъи худ, бо Толибон ҳамкорӣ мекунад.

Натиҷагирии роҳбурдӣ

Русҳо дар ҳоли тарроҳии як бозии чандлояи амниятӣ-иттилоотӣ перомуни Афғонистонанд. Интиқоли воқеӣ ё сохтагии шабҳинизомиён аз Ховари Миёна баҳонае барои тақвияти ҷойгоҳи минтақаии Маскав дар рақобат бо Чин, Туркия ва НАТО аст.

Агар ин таҳдид воқеӣ бошад, нишон аз як шабакаи печида ва созмонёфта бо ҳимояти давлатҳо дорад; Ва агар сохтагӣ бошад, абзорест барои тавҷеҳи ҳузур, нуфуз ва аъмоли султаи онҳо.

Дар ҳар ду ҳолат Русия суд мебарад. Ва ин ҳамон чеҳраи хатарноки бозии амниятии ҷадиди Маскав аст; Бозие, ки на танҳо сарнавишти Афғонистон, балки муодилоти Осиёи Миёна, Қафқоз ва ҳатто мувозинаи ҷаҳонии қудратро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!