Хабари рӯз

Мӯсо ва Муҳаммад зинда мебуданд, Исроил ва Толибонро лаънат мекарданд.

Нависанда: Маҳмуд Сайқал, дипломат, собиқ намояндаи Афғонистон дар СММ

Матлаби аслӣ: صهیونیسم و طالبانیسم - دو روی یک سکه

Миёни саҳюнизм ва толибонизм шабоҳатҳои зиёде вуҷуд дорад:

Ҳар ду зоҳиран реша дар ифротгароии динӣ доранд; яке таълимоти Таврот ва ҳазрати Мӯсо (а)‐ро бозӣ мекунад ва дигаре таълимоти Қуръон ва ҳазрати Муҳаммад (с)‐ро таҳриф менамояд. Дар парчами яке ситораи Довуд ва дар парчами дигаре калимаи шаҳодат нақш бастааст.

Ҳар ду худкома, бартарипараст, инҳисоргаро, таҷовузкор ва ишғолгар ҳастанд. Яке бо ҳилаву макру зӯр сарзамини мардуми Фаластинро ишғол кардааст ва дигаре бо ҳамон найрангҳо сарзамини мардуми Афғонистонро. Дар ин кор, ҳар ду аз силоҳу пули бемаҳдуди Амрико, ки дар ихтиёрашон қарор гирифтааст, баҳра бурдаанд.

Ҳар ду дар нақзи қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ҳеҷ ҳадду марзеро намешиносанд. Аҳдоф ва усули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва асосномаҳои додгоҳҳои байналмилалӣ барои онҳо ҳеҷ маъно надоранд. Вагарна, Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дар Ҳаага ҳукми боздошти раҳбарони ҳар ду гуруҳро содир кардааст. Додгоҳи адолати байналмилалӣ низ ба Исроил дастур додааст, ки пеши роҳи наслкушии Ғазаро бигирад ва ишғоли навори Ғаза, Каронаи Бохтарӣ ва Қудси Шарқиро ғайриқонунӣ хондааст. Чанд кишвари дигар низ иқдомоти қонунӣ барои кашондани Толибон ба додгоҳи байналмилалиро оғоз кардаанд.

Ҷаҳон дар расман шинохтани ҳукуматҳои ҳар ду ба мушкил рӯ ба рӯст. Бо гузашти 77 сол аз таъсиси Исроил, то ҳол тақрибан сӣ кишвари узви СММ онро ба расмият нашинохтаанд ва баъзеҳое ҳам, ки шинохтаанд, дар садади бознигарии он қарор доранд. Дар давраи аввалини ҳукумати Толибон, танҳо се кишвар ҳокимияти онҳоро ба расмият шинохтанд, ки баъдтар дутоашон пушаймон шуда, тасмимашонро пас гирифтанд. Бо гузашти чаҳор сол аз бозгашти Толибон, то ҳол танҳо як кишвар онҳоро ба расмият шинохтааст, он ҳам ба хотири бозии геополитикӣ дар баробари рақиби ҷаҳониаш!

Ҳар ду сиёсати кӯчонидан ва ғасб доранд; яке шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтар ва навори Ғазаро пеш мебарад, дигаре ғасби моликият, кӯчи иҷборӣ ва тақсими заминҳоро дар шимоли Афғонистон, хусусан дар канораҳои Қӯштеппа амалӣ мекунад.

Ҳар ду дар содир кардани ҷиноятҳо худро мазлум нишон медиҳанд; яке Ҳолокост, талафоти муқобили муқовимати Фаластин ва дастрасии Эрон ба силоҳи ҳастаиро баҳона карда, хуношомтар аз Ҳитлер амал мекунад ва дигаре Дашти Лайлӣ ва бомбборони Амрикоро, ки худаш шароити онро фароҳам сохтааст, баҳона карда, даҳҳо ҳазор ҳамватани моро қурбонии инфиҷору интиҳор ва ҷиноятҳои ҷангии худ кардааст.

Бар хилофи ҳамаи меъёрҳои байналмилалӣ, яке ба баҳонаи интиқом аз ҳамлаи Ҳамос, бо шадидтарин бераҳмӣ, чандин давраи қатлу куштор, вайронасозӣ, муҳосираи ғизоӣ ва таҳқири бесобиқа ба шарафи инсонро дар Ғаза анҷом дода ва бо таҷовузи ошкор, кишварҳои мухталифи Ховари Миёнаро ба хоку хун кашидааст. Дигаре бошад, ҷиноятҳои бесобиқа дар таърихи башар, аз ҷумла табдил додани кишвари мо ба маркази терроризм, апартеиди ҷинсӣ ва ҳукмронии ваҳшату ҷаҳолатро ба анҷом расонидаанд.

Дар шароити кунунӣ, мардуми Афғонистон, хусусан миллионҳо муҳоҷири мо дар Эрон, миёни зулм, таҷовуз ва вайронии толибонизм ва саҳюнизм қарор гирифтаанд. Яке кишвари худро ишғол кардааст ва дигаре кишвари ҳамсоя ва мизбони онҳоро мавриди ҳамла қарор дода ва баҳонаи ихроҷи иҷбории онҳоро фароҳам намудааст.

Ҳар ду ба ҳар гуна эътироз бо зӯр, зулм ва силоҳ посух медиҳанд. Сиёсати ҳазфу саркӯб хоси ҳар ду аст. Аммо тарафдорону тарроҳони онҳо даъво доранд, ки «тағйири мусбат» бояд аз тариқи «муомила» бо саҳюнизм ва толибонизм сурат гирад. Ғофил аз он ки ҳар ду «тағйири мусбат» ва озодии мардумонро таҳдиди вуҷудии худ медонанд. Ҳар мушкиле, ки дар сиёсатҳои дохилии кишварҳо бошад – чӣ Афғонистон, чӣ Фаластин ва чӣ Эрон – ислоҳи он бо толибонизм ва саҳюнизм заҳри ҳалоккунандаи ҷомеа хоҳад буд!

Ҳар ду аз заминаи ду қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар соли 1947 барои таъсиси ду кишвар ба номи дин (Исроил ба номи яҳудият ва Покистон ба номи ислом), ки асосан аз сӯи Бритониё тарҳрезӣ шуда буд, сар бардоштанд. Исроил ба саҳюнизм ҷон дод ва Покистон толибонизмро зоид! Ҷолиб ин ки ҳар ду кишвари ягонаанд, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрикоро барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел номзад кардаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҷиноятҳои ҳар ду дар чанд соли охир, огоҳии ҷаҳонӣ аз моҳияти аслии онҳо хеле боло рафтааст ва ҳар ду мавриди нафрати аксари мардумони ҷаҳон қарор доранд. Ин ки парокандагии ҷиноҳи ҳақ, давраи пасоҳақиқат ва бозиҳои ҳирсиёнаи геополитикии қудратҳои бузург имкони бақои онҳоро фароҳам кардааст, мавзӯи ҷудогона аст.

Агар пайғамбарони бузург, Мӯсо (а) ва Муҳаммад (с) зинда мебуданд ва медиданд, ки ба номи паёми илоҳӣ ва раҳнамоии онҳо, саҳюнизм ва толибонизм чӣ ҷиноятҳое дар Ховари Миёна ва қалби Осиё анҷом додаанд, бешак ҳар ду онҳоро лаънат мекарданд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!