Расонаҳои наздик ба гуруҳи террористии Толибон аз эҷоди Таҳрики Толибони Тоҷикистон ба раҳбарии шахсе ба номи “Маҳдӣ Арсалон” хабар доданд. Амрико, Покистон ва кишварҳои араб чӣ мехоҳанд?
Нависанда: Умар Муҳаммадӣ, таҳлилгар, махсус барои Сангар
Толибон аз назари идеологӣ тафовути моҳиятӣ бо ДОЪИШ, Алқоида ва бақия гурӯҳҳои террористӣ надорад. Ҳамаи ин гурӯҳҳо мӯътақиданд, ки марзҳои мавҷуд миёни кишварҳо ва миллатҳои минтақаи мо хаткашиҳои истеъморӣ ва иҷборӣ миёни «уммат воҳиди муслима” аст, ки як рӯзе бояд аз миён бардошта шаванд.
Ҳарчанд Толибони Афғонистон то муддати зиёде натавонистанд ё нахостанд, ки аз марзҳои қавмӣ (паштунӣ) берун шуда ва ҳаракати худро фароқавмӣ ва фаромиллӣ бисозанд, аммо ин амр ба маънои радди идеологияе нест, ки Толибон бо бақия гурӯҳҳои террористӣ дар он шарик ҳастанд.
Метавон гуфт, ки бо зуҳури ДОЪИШ, Толибон бештар ташвиқ ва васваса шуда, то ба “корзори тавсеаи қаламрави ҳокимияти динӣ” бипайванданд, ки бахши аслии идеологияи гурӯҳҳои террористии зода аз исломи сиёсии тундрав дониста мешавад. Далели ин амр ин аст, ки аз як сӯ Толибон бо бемайлӣ ба пайвастан ба ин корзор ангезаи ҷангӣ ва ҷиҳодии нафароти худро анҷомшуда талаққӣ мекунанд ва ҳарос доранд, аз ин ки бақия гурӯҳҳои террористии рақиб нафароти ононро ба баҳонаи густариши қаламрави исломӣ шикор кунанд, аз сӯи дигар, аммо кишварҳои ҳомии Толибон, ДОЪИШ ва Алқоида (Покистон дар ҳампаймонӣ бо Амрикову Инглис ва бархе аз аъзои НАТО), ки аз тариқи шабакаҳои истихборотии худ ба тақвияту тавсеаи гурӯҳҳои террористӣ иқдом мекунанд, ниёз ба идеологияи тавсеаталабу ҷаҳонгустар доранд.
Дарвоқеъ, кишварҳои ғарбӣ барои таҳаққуқи аҳдофи тавсеаталабонаи худ дар Осиёву Африқо ниёз ба идеологияе доранд, ки тавсеаталаб бошад. Идологияи исломи сиёсӣ, ки тавсеаи қаламрави “ҳокимияти Аллоҳ”-ро дар сарлавҳаи аҳдофи худ қарор дода ва ҷиҳод (ҷанг) бо ҳар неруе барои таҳаққуқи ин ҳадафро муқаддас меангорад, барои кишварҳое, ки андешаи тавеаталабӣ доранд, боби майл аст ва ҳозиранд, ки аз ин ангеза ҳимояти ҳамаҷониба намоянд.
Ба иборати дигар, барои қарни ҷадид, ки идеологияҳои сиёсии мухталиф кашишу ҷозибаи худро барои таҳрики инсонҳо ба ҷанг аз даст дода, идеологияи исломи сиёсӣ бо иддаои тавсеаи қаламрави “ҳокимият динӣ”, мавриди таваҷҷуҳи хоси кишварҳои қудратманди ғарбӣ қарор гирифта ва онон дар садади баҳрабардорӣ аз ин идеологияанд. Ҳар ҷанге ниёз ба ақида ва абзор дорад. Ақидаро гурӯҳҳои террористӣ аз дин истихроҷ мекунанд ва абзор (аслиҳа, муҳиммот, пул, омӯзиши низомӣ ва...)-ро ғарбиҳо фароҳам месозанд.
Бо таваҷҷуҳ ба нукоти боло, ташкили гурӯҳи мавсум ба Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ)* ба раҳбарии Маҳдӣ Арсалон як амри қобили пешбинӣ буд/ҳаст. Толибон ва ҳар гурӯҳи террористии дигар, барои бақо ниёз ба ҷанг дорад. Толибон муфт ва маҷҷонӣ қудратро дар Афғонистон таслим шуданд ва ҳоло бисёре аз афроди ин гурӯҳ худро беҳадаф ва бекора талаққӣ мекунанд ва майли замин гузоштани аслиҳаро доранд. Бояд як ҷанги дигаре ба номи дин ва ислом шурӯъ шавад, то Толибон битавонанд ба басиҷи нерӯ иқдом кунанд ва ангезаву ақидаи ҷангро дар афроди худ эҳё кунанд. Ин амр эҷоб мекунад, ки гурӯҳҳои дигаре бо пешванд ва пасванди Толибон дар минтақа зуҳур кунад.
Ҷамоати Ансоруллоҳ* худ як гурӯҳи террористии ҳампаймон ва ҳамкори Толибон аст, ки аз дер ба ин сӯ зери чатри Толибон фаъолият мекунад. Бо имзои тавофуқномаи Доҳа байни Толибони Афғонистон ва Амрико, гуфта мешавад, ки Толибон тавофуқоти пинҳонӣ бо гурӯҳҳои террористии зери чатри худ, назири Ҷамоати Ансоруллоҳ низ имзо кардаанд, ки бар асоси ин тавофуқот Толибони Афғонистон мутааҳҳид шуда, ки дар сурат гирифтани қудрати сиёсӣ, на танҳо монеъи фаъолияти гурӯҳҳои террористии дигар намешавад, балки ба ин гурӯҳҳо низ кӯмак мекунад, то ҳукуматҳои динии худро дар сарзаминҳои худ (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Қазоқистон ва... ) низ эҷод намоянд. Ташкили гурӯҳи Толибони Тоҷикистон бахше аз тавофуқоти қаблӣ аст, ки дар ҳоли иҷро аст.
Бино ба гузоришҳо, Маҳдӣ Арсалон дар ҳоли ҳозир беш аз 300 ҷангҷӯ дорад. Гурӯҳи террористии Толибони Афғонистон ахиран масъулияти таъмини амнияти 5 вулусволии наздики марзи Тоҷикистонро ба Арсалон раҳбари гурӯҳи террористии Ҷамоати Ансоруллоҳ вогузар кардааст. Ин гурӯҳҳо дар ҳоли сарбозгирӣ ва омода шудан барои ҷанг дар Осиёи Миёна ҳастанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин амр, агар давлатҳои Осиёи Миёна аз хоби замистонӣ бедор нашаванд ва иқдомоти ҷиддиро ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши қаламрави ҳокимияти толибонӣ нагиранд, дер ё зуд дучори ошубҳо ва буҳронҳое мешаванд, ки маҳори он барояшон хеле душвор хоҳад буд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.
**“Маҳдӣ Арсалон” лақаби Муҳаммад Шарипов, сокини ноҳияи Нурободи Тоҷикистон, дар асл ҳеҷ гоҳ раҳбари “Ҷамоати Ансоруллоҳ” нест. Шахсе ба лақаби “Салмон”, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки роҳбари ин гуруҳи террористӣ аст. Барои шӯҳраташ “Маҳдӣ Арсалон” бояд аз расонаҳои амрикоӣ миннатдор бошад, ки бар асоси иттилоъ ва “чеҳрасозӣ” – и онҳо истихбороти Ғарб ба ӯ таваҷҷӯҳ кардаанд.